Озмуни Истиқлол дар арафаи ҷамъбаст

Тавре огоҳӣ доред, бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  дар байни адибон озмуни беҳтарини шеър, ҳикоя ва асарҳои кӯдакона эълон карда буд. Ҳадафи он эҷоду пешниҳоди асарҳои шоиста дар васфу тараннуми арзишҳои миллӣ, дастовардҳои замони истиқлол, саҳми Пешвои гиромии  миллат дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллат мебошад.

Муаллифон асарҳояшонро бояд то 1-уми августи соли 2026 бо рамзи «Ба озмуни Истиқлол» (ш. Душанбе, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 8 (почтаи электронӣ: adibon_2011@mail.ru) ирсол менамуданд.

Бинобар дархости муаллифон муҳлати ниҳоии қабули мавод барои ин озмун то рӯзи 10-уми август тамдид карда мешавад.

Хотирнишон месозем, ки шеърҳо бояд аз 100 сатр, ҳикоя ва асарҳои кӯдакона (шеър, ҳикоя, афсона) аз 10 саҳифаи А-4 (фосилаи байни сатрҳо 1) зиёд набошанд.

Барои ғолибони озмун ҷоизаҳои зерин муқаррар шудаанд:

Дар бахши шеър:

Барои ҷойи аввал — 3000 сомонӣ;

Барои ҷойи дуюм — 2000 сомонӣ;

Барои ҷойи сеюм — 1000 сомонӣ.

 

Дар бахши ҳикоя:

барои ҷойи аввал — 3000 сомонӣ;

Барои ҷойи дуюм — 2000 сомонӣ;

Барои ҷойи сеюм — 1000 сомонӣ.

 

Дар бахши адабиёти кӯдакон ва наврасон:

барои ҷойи аввал — 3000 сомонӣ;

Барои ҷойи дуюм — 2000 сомонӣ;

Барои ҷойи сеюм — 1000 сомонӣ.

Дигар хабарҳо