• 12.08.2026

ҲАСАД. Ҳикоя

Гоҳ-гоҳе ба ёдам мерасид, баҳри аёдат мерафтам. Дар ҳақиқат аввалин будан душвориҳои зиёдро пеш меовардааст, гўён аз дил мегузарондам. Вале солҳо паси сар шуданду ин занги телефонро интизор мегаштам. Инак, он садо дод. Таъкид карданд, ки пагоҳ дўстатонро гирифта баред…

Азбас қаду қоматашро медонистам, шиму костюм, куртаву галстук, пайпоқу туфлӣ харида, рафтам ба истиқболи ў…

Баъди тахминан понздаҳ дақиқа ўро ба ҳуҷраи кори сардухтур оварданд. Нигоҳаш андак карахтӣ дошт, аммо ришаш тоза тарошида, мўйҳояш шона зада, либоси тоза ба тану ҷуссаи назаррасаш мезебид. Чанд лаҳза, одами ба қавле шифоёфта, ҳайрону хомўш истод. Сонӣ гуфт:

– Шумо кӣ?

– Ман ҳамкоратон, – посух додам, дасту по гум накарда.

– Ман кӣ?

– Шумо рассом, одами машҳур…

Дўстам, дўсти ранҷу азоб, таҳқир, хориву зорӣ дидаам, сукут кард. Худ ба худ хандид.

– Не, мана бин, – ба шиму костюми баоҳараш ишора намуд, – ман домоди навбаромад.  Арусам кай мебиёяд?

Ман ба тааҷҷуб афтодам.

Савори мошини куҳнаи сабукрав соате пас ба шаҳр расида, ғизои нисфирўзӣ хўрдем.  Зоҳиран сиҳат метофт.

– Акнун шуморо ба сайру гашти ҷойҳои бароятон ошнову азиз мебарам.

Вай ҳарфе ба забон наовард. Лаҳзаи ба остонаи бинои Иттифоқ пой гузоштан пурсид:

– Ин хонаи кӣ?

– Чӣ, магар фаромўш кардед? Ин Иттифоқи рассомон-ку, раис будед…

Боз сукут варзид. Гўё чизе дар хотираш шуъла зад.

– Майлаш, масхара кардан гиред.

Ба кабинети кораш бурдам. Эҳсос намудам, ки ба назараш ҳама чизу муҳит комилан ношиносу бегонаанд.

– Наход ягон лаҳза дар хотиратон нақш набастааст? – пурсидам ва аз суоли беҷои хеш ба хиҷолат афтодам.

Ин дам ҷавони сабзинаи хушқади айнакӣ берун омад. Дўстам кунҷковона аз нўги по то мўи сараш синчакунон назар афканду пурсид:

– Ин одами нағз кӣ?

– Раиси нави Иттифоқ…

Соҳиби мансаб ё фурсат наёфт ё дўстамро нашинохт, ки кўтоҳ салом- алейк карду аз пайи ташвиши худ рафт.

Ба ҳуҷраи корам ворид шудем. Ба курсии мулоим шинондам. Ба мусаввараҳои дар девор овезон, аз ҷумла чанд кори худаш мутлақо бепарво монд.

Тааҷҷубам ҳар дафъа меафзуд.

Ба пешаш албоми рангаи «Нигористони Третяков»-ро гузошта:

– Варақ зада, тамошо кунед, – гуфтам.

Вонамуд сохтам, ки андармони кори худ ҳастам, лек ба мушоҳида гирифтам: мусаввараи худро, ки дар албоми галереяи ҷаҳонӣ акс ёфтааст, мешиносад ё не?

Тирам хок хўрд – ба он офаридаи пурҷозибааш як нигоҳ давонду вассалом! Фаҳмидам, – олам барояш бегона аст!

– Канӣ, аз ҷой хезед, – хоҳиш кардам. – Ин ҷо биёед!

Наздам омад. Дар девор портрети нодири Рўдакиву Ибни Синоро махсус овехта будам, шояд… Бо ҳазор умед суол додам:

– Ин одамро мешиносед?

– Ҳа… Дилам ба ларза даромад.

– Худоро шукр…

– Ду мўйсафед! – ғайриинтизор баланд гап зад.

Тарбузам аз бағал афтод.

– Ин ҳар ду аз корҳои ҷаҳонии шумо… Шумо ин симоҳоро ба вуҷуд овардаед… – дигар лаб фурў бастам.

– Ин мўйсафедон ошноҳои ман не…

Дўстам баргашта ба роҳат-курсӣ нишаст…

Дар мавҷи хаёлам сияҳномаҳои ба боло фиристодаи ҳамкору шогирдонаш, ки ба Иттифоқ пазируфта буд, падидор шуданд.

Маҳз он айём ду портрети офаридааш пайиҳам обрўю эътибори ҷаҳонӣ ёфтанду аз ҷониби созмонҳои байналхалқӣ чун эъҷоз эътироф гардиданд.

Пеши роҳи бадгўйҳо одамони нек мисли садди қавӣ рост истоданд. Вале мардуми бахилу тангназар илоҷи дигар мекофтанд… Хайрият, ки шояд ба хости осмонҳо ин марди аз ёдҳо дурафтода ҳамаашро фаромўш кардааст. Ё худаш хат зада бошад аз лавҳи дилу хотир…

Сайругаштро идома дода, ба устохонааш бурдам. Бидуни истиҳола қадам зада, ворид гардид. Устохона рўшан, озода, миёни он молберти худашро ба нияте монда будам. Ба дасташ ду-се мўқалам додам.

– Ин ҷо устохонаатон. Кор мекунед?… Аз гапи гуфтаам шарм доштам.

Дўстам ҳамоно ҳайратзада рост меистод.

Шояд гузаштаашро ёд меорад…

Хаёлам ба дуриҳо рафт.

Ў ин ҷо пайи мусаввараҳои бисёр бедорхобиҳо кашидааст…

Ҳар саҳар занону духтарон ба ин маҳал шир меоварданд. Ва рассом шир мехарид. Он дафъа низ… аммо якбора доду фарёд мезанад духтарак… ҳамаро ба сар мебардорад. Милисаҳо дарҳол ҳозир мешаванд.

Бонуи ширфурўш ариза менависад, ки «ба ман дарафтоду таҷовуз карданӣ шуд… маҷбур имдод хостам…».

Онҳо танҳо, каси дигар набуд. Танҳо ба Худо маълум, ки чӣ рух доду чӣ шуд… Аммо рассомро ба маҳбас андохтанд. Дертар, се сол пас, қилро аз хамир ҷудо карданд, ҳайҳот, кор аз кор гузаштаву обрў рехта… Ҳасадхўрон зафар ёфтанд… Бар замми ин, болои мурда сад чўб, ҳамсараш низ хонаашро фурўхта, «тоқати шармандагӣ надорам» гўён баҳона карда, ба куҷое кўчида рафт.

Вақте аз маҳбас «бегуноҳ будааст» гуфта, хатти озодӣ доданд, дунёро холӣ дид.

Касе ту кӣ yамегуфт. Сарпаноҳаш барбод рафта буд. Зану духтараш гумном… Як муддат дар ҳамин устохона истод. Баъд руҳаш шикаст, худро бохт, одамон девона пиндоштанд… Не, бо мурури солҳо, ҳатто як саҳифаро ҳам ба ёд оварда натавонист. Ё қудрате наёфт.

– Берун, равем, биё, зудтар! – якбора ба ҳарос афтод дўстам.

– Чаро? – ҳайрон шудам.

– Метарсам… Ҳаво гулўямро мефишорад.

Бори нахуст дидам, ки чӣ сон чашмони одамро ҳарос фаро мегирифтааст…

Мо аз он манзили наҳс ба фазои озод баромадем.

Офтоб бепарво нурафшонӣ дошт.

Абдуғаффор Абдуҷаббор

Дигар хабарҳо