• 19.09.2026

Шеърпайванд

 Шеърпайванд

Санаи 8-уми сентябр бо ибтикори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» дар толори хурди ин иттиҳодияи эҷодӣ маҳфили адабӣ баргузор шуд.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим зимни ифтитоҳи ҷамъомад меҳмононро ба ин даргоҳи муқаддаси устодони адабиёти тоҷик хайрамақдам гуфта, онҳоро ба ҷашни Истиқлол табрик кард.

Мавсуф ҳамзамон ба маълумоти меҳмонон расонд, ки дар Иттифоқи нависандагон шуъбаҳое чун наср, назм, нақди адабӣ, адабиёти кӯдакону наврасон, тарҷума ва робитаҳои адабӣ фаъол ҳастанд, ки дар нигоҳдории муносибатҳои адабии мо бо ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва кишварҳои ҳамзабон нақши калидӣ доранд.

Ба иттилои ӯ, бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳ сол қабл дар назди Иттифоқи нависандагон Маркази тарҷумаи бадеӣ таъсис ёфт, ки аз забони тоҷикӣ ба чандин забони дунё, аз ҷумла англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, русӣ, арабӣ, туркӣ осори адибонамонро тарҷума мекунанд ва аз он забонҳо асарҳои беҳтаринро ба забони тоҷикӣ бармегардонад. Дар Иттифоқи нависандагон маҷаллаи «Садои Шарқ» ба нашр мерасад, ки соли оянда 100-сола мешавад, Ин маҷалла қаблан бо номҳои «Шарқи сурх» ва «Раҳбари дониш» ба нашр мерасид. Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» низ мунтазам чоп шуда истодааст, ки беҳтарин намунаҳои адабиёти муосирро пешкаши хонандагон мекунад. Маҷаллаи машҳури дигари мо – «Помир», ки ба наздикӣ 60-сола мешавад, таърихи адабиёти русизабони Тоҷикистон аст.

– Шодем, ки дар ин маҳфил яке аз муаллифони деринаи «Помир» Мария Некрасова ҳузур дорад, ки таърихи маҷалларо хуб медонад ва ҳамкориҳои зиёд кардааст, – гуфт дар идома Низом Қосим ва афзуд, ки ин бону дар Тоҷикистон ба дунё омада, ҳамчун шоир ба воя расидааст ва як қисми ашъори ӯ ба Тоҷикистон бахшида шудааст. Ҳарчанд ҳоло дар Маскав кору зиндагӣ дорад, аммо ҳушу ёдаш ҳамеша бо ёди Тоҷикистон аст.

Зикр шуд, ки 47-сол қабл аз ин Мария Георгиевна дар ҳамин толор дар қатори Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Султон Шоҳзода, Ато Ҳамдам, ки ҳамаашон шоиру нависандагони машҳур гаштанд, ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул гардида буд.

Пас аз муаррифӣ Мария Георгиевна ба сухан баромада, бо изҳори миннатдорӣ гуфт, ки Тоҷикистонро дӯст медорад ва ҳифзи марз аз ҷумлаи мавзуъҳоест, ки аз замони шуравӣ таваҷҷуҳи ӯро ба худ ҷалб кардааст. Ин албатта, сабаб дорад, зеро падараш афсари марзбон буду хидматро дар Маскав шуруъ кард.

Баъдан ӯро ба Помир, ба марзи Тоҷикистону Афғонистон фиристоданд, ки оромии ин ҷойро ҳифз мекард. Ӯ чанд шеъри ба Тоҷикистон бахшидаи худро бо орзуи оромии ҳар ду тарафи марз барои аҳли маҳфил хонд.

Сипас Саидризо Муҳаммадӣ, шоири афғонистонии муқими Британия, ки даҳ сол пеш дар ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ширкат варзида, хонандаи тоҷикро ошиқи шеъраш карда буд, риштаи суханро ба даст гирифта, чанд шеърашро қироат намуд:

Ҳар касе форсӣ сухан гӯяд,
Бо Хуҷанду Душанбе ҳамхун аст.
Мардуми сарзамини Тоҷикон
Як саду бисту панҷ милюн аст

Дар давоми маҳфил раиси Конуни нависандагони Эрон, раиси бунёди «Бедил» Ҳодӣ Саидии Киёсарӣ сухан гуфт: – Бисёр хурсандам, ки бахт ёри ман буд ва ин иқболро доштам, ки имрӯз дар ин лаҳзаҳо, дар ин ҷамъ ҳузур дошта бошам. Солгарди Истиқлоли Тоҷикистони азизро ба ҳамаи худамон ва мардуми Тоҷикистон ва Раҳбари хирадмандаш табрик арз мекунам. Орзуҳоямон ин аст, ки мардум ба оромиш ва дар ниҳояти иқтидор ва дар авҷи шукуфоӣ, фарҳангӣ, фикрӣ, маданӣ ҳар лаҳзаву ҳар рӯзашонро дурахшонтар аз қабл сипарӣ кунанд.

Киёсарӣ ба ҳозирин як намунаи маҷаллаи шеъри форсиро, ки дар Эрон ба табъ мерасад, муаррифӣ кард, ки яке аз аввалин минбарҳоест, дар тарғиби ашъори шоирони муосири тоҷик. Дар суҳбат ин донишманд гуфт: – Аз Рӯдакӣ то ба имрӯз бузургони фикру фарҳанги мо ҷаҳонро омӯзгорӣ мекунанд, яъне ҷаҳонро аз гумроҳӣ ба самти роҳи дуруст ҳидоят мекунанд ва мо миллати хушбахте ҳастем, ки падарони мо, бузургони мо, омӯзгорони мо  Ҳаким Рӯдакӣ, Ҳаким Саноӣ, Унсурӣ ва дигарон ҳастанд. Дар ин сарзаминҳо шоир ба манзалати паёмбарӣ эътироф шудааст. Ҳаким Низомӣ мегӯяд:

Пешу пасе баст сафи кибриё,
Пас шуаро омаду пеш анбиё.

Мо бояд аз самими ҷон дар мазори ҳазрати Рӯдакӣ намоз гузорем.

Шумо, ки дар садри сухани форсӣ қарор доред, ин мисраъҳоро фикр мекунед, ки ҳамин алъон як шоири имрӯза гуфтааст:

Замона панде озодвор дод маро,
Замонаро чу накӯ бингарӣ, ҳама панд аст.
Бар рӯзи неки касон, гуфт, ғам махур зинҳор,
Басо касо, ки ба рӯзи ту орзуманд аст.

Шоирон нигаҳбонони ҳақиқии забон ва забон ватани ҳақиқии мост.

Фориғ аз марзҳо забони форсӣ ин бахтро дошта, мисли ин ки рӯдхона коми ҳамаи ақвомро шодоб мекунад. Дар ҳар ҷо, ки забони форсӣ зам-зама мешавад, шеър тавлид меёбад. Шеър калиди ҷодуии пирӯзиҳои забони форсӣ буду ҳаст. Ватани ҳақиқии мо забони форсист. Танҳо касоне, ки хонаи маънавии моро ҳифз мекунанд, шоиронанд. Ҳар касе, ки марзбони ин забон бошад, барои мо азиз аст, зеро ин пешрафту рушду шукуфоӣ, ки дар ин сарзамин имрӯз дорем, ҳама аз баракати забони мост».

Гардонандаи маҳфил Низом Қосим дар тақвияти суханони ин донишманд ва шоири Эрон гуфт, ки қаламрави шеъри форсӣ хеле густурда аст ва дар густариши он дар сарзамини Ҳиндустон ҳам корҳои хеле дурахшон ба сомон расидаанд ва хушбахтона, имрӯз низ ҳамин анъана идома дорад.

Дар идома шоир ва донишманди Ҳинд Алӣ Акбаршо бо эҳтиром аз бузургию фасоҳати забони форсӣ ёдовар шуд:

– Бисёр хурсанд ҳастам, ки дар ҷамъи шоирон ва адибон аз ҳавза ва тамаддуни забону адабиёти форсӣ аз Афғонистон гирифта, то ба Узбекистону Тоҷикистону Эрон ва Ҳинду Покистон даври ҳам ҷамъ ҳастем, ки ин фоли нек аст барои забону адаби форсӣ, барои ёде аз таърихи дурахшони ин забон ва эҳёи ин мероси маънавӣ. Аз мо, ки аз кишвари Ҳиндустон, маъмулан дар ҷамъи форсизабонон ҳастем, мепурсанд, ки мо ҳам шаҳрванде дорем, бо забони форсӣ сухан гӯяд. Устодон медонанд, вале насли ҷавон ҳам бояд бидонад, давоми ҳафтсад сол аз қарни XIII то XIX-и мелодӣ забони расмии мо форсӣ будааст. Шояд тааҷҷуб кунанд, ки нахустин тазкираи шоирони форсӣ «Лубоб-ул-албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар Ҳинд ва нахустин китобҳои форсӣ дар Калкутта навишта шудааст.

Мо як собиқаи бисёр дурахшоне дар сарзамини Ҳиндустон, шомили Покистону Бангладеш ҳам дорем ва акнун бузургтарин ганҷинаи форсӣ дар Ҳинд аст. Замоне буд, ки тамоми шоирону нависандагон орзуи сафар ба Ҳиндустонро доштанд, зеро дар даврони шоҳони Темурӣ аҳли эҷод қадрдонии зиёде мешуд.

Ашъори шоирро, ки сазовор буд, бо тилло иваз мекарданд. Аммо баъд аз соли 1857-и мелодӣ пас аз инқирози давлати Темурӣ забони форсӣ ба таври расмӣ шинохти худашро аз даст дод, вале дар сатҳи донишгоҳҳою мадрасаҳо боқӣ монд. Ҳоло дар беш аз 60 донишкадаи Ҳиндустон форсӣ тадрис мешавад ва дар 3 донишгоҳ курсҳои забони форсӣ фаъоланд ва фаъолияти аҳли эҷод давом дорад. Барои ҳамин дӯстон фикр кардаанд, ки агар намояндагии Ҳиндустон набошад, шояд ин базм ноқис бошад. Хоҳишам ин аст, ки ҳамон ҷамъе, ки мо ин ҷо тавонистем тартиб диҳем, як анҷумане ташкил диҳем, ки ин гирдиҳамоиҳоро ҳам дар Самарқанду Теҳрон ва ҳам Кобулу Деҳлӣ дошта бошем. Бояд дар канори ҳам бошем ва дар эҳёи ин мероси маънавӣ саҳм бигирем».

Низом Қосим дар ҷараёни маҳфил ба нақл аз суханони Пешвои миллат дар Анҷуман зикр кард, ки дар давраи ҷанги таҳмилӣ бисёр намояндагони касбу кори гуногун аз Тоҷикистон рафтанд. Хушбахтона, бисёре аз онҳо номбардори Тоҷикистон дар он давлатҳо буданд, аз ҷумла чанд нафар аз аҳли сухан.

Дар ин қатор донишманди маъруф Сафар Абдулло дар Қазоқистон ва шоири шинохта Сиёвуш дар Қирғизистон буданд, ки хушбахтона, имрӯз ба Тоҷикистон баргаштанд ва алъон дар ин маҳфил ҳузур доранд.

Ҳамин тавр, дар рафти маҳфил Сафар Абдулло, Сиёвуш, ҳамчунин Паймон, Саодат Сангин, Абдулло Субҳон, Муҳаммад Шодӣ (шоирони тоҷики муқими Узбекистон) Муҳаммадшариф Саидӣ (Афғонистон), Саиднақӣ Аббос (Ҳиндустон), Ҳорун Роъун (шоири афғонистонии муқими Канада) ва дигарон андешаронӣ карда, намунае аз ашъори хешро ба самъи ҳозирин расониданд.

Пас аз шунидани шеъри ҷавонон Мафтуна, Шукрона ва Шодмон Раиси Конуни нависандагони Эрон Ҳодӣ Саидии Киёсарӣ пешниҳод кард, ки бо истифода аз имкониятҳои имрӯз метавон як барномаи онлайнӣ таъсис дод, ки ҷавонон тавонанд дар вақти муайян дар он иштирок карда, аз эҷодиёти тозаи ҳамдигар огоҳ шаванд.

Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб дар интиҳои ҷамъомад ба сухан баромада, аз ҷумла гуфт, ки робитаҳои ҳамкории адибони қаламрави форсӣ тақвият бахшида шавад.

Бо ҳамин маҳфили адибони ҳамзабон ба анҷом расид.

Алӣ ҶӮРА

Дигар хабарҳо