Номаи шодбошии ИНТ ба адиби шинохта, профессор Сулаймон Анварӣ
Муҳтарам Сулаймон Анварӣ!
Шумо фаъолияти эҷодии худро аз айёми донишҷӯйӣ дар факултаи забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) дар жанрҳои мақолаву очерк ва лавҳаву мутоибот дар нашрияи донишҷӯён – “Педагоги ҷавон” ва рӯзномаи “Ҳақиқати Комсомолобод” оғоз кардаед. Баъди хатм (соли 1969) ба ҳайси омӯзгори кафедраи забони тоҷикии донишгоҳи номбурда пазируфта шудед ва дар зимни кори омӯзгорӣ фаъолияти илмӣ-эҷодиатонро низ идома бахшидед. Эҳсос мешавад, ки ҳузури устодони забардаст дар ҳавзаи адабии факулта, чун Холиқ Мирзозода, Носирҷон Маъсумӣ, Тилло Пӯлодӣ, Абдулғанӣ Эшонҷонов, дар рушду завқи эҷодии Шумо асаргузор будааст, ки ба таълифи рисолаи илмии хеш – “Вожаҳои низомии “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ” (соли 1980) маҳдуд намонда, силсилапажуҳишҳоеро доир ба масоили гуногуни забон ва адабиёту фарҳанг анҷом додаед.
Мақолаву тақризҳоятон аз соли 1972 ба ин сӯ дар рӯзномаву маҷаллаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар интишор ёфтаанд. Пиромуни мушкилоти луғату имло, забон ва шеваи баёни адибони классику муосир, арзиши фарҳангии сухан беш аз 360 мақолаву рисола ва дастур ба табъ расондаед.
Рисолаҳои илмиву адабии Шумо аз ин қароранд: “Луғати ҳарбии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ” (ба забони русӣ, 1980), “Вожаҳои низомӣ дар “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ” (1994), “Забони аҳди Сомониён ва арзиши сухан” (1999), “Дар ҷустуҷӯйи сухани зебо” (2000), “Ҷойгоҳи сухан дар осори тоҷикӣ-форсӣ” (2005), “Сухан бифканад минбару дорро…” (2008), “Ҳоҷӣ Ҳусайн ва арзиши сухан” (2013), “Арзиши бадеии сухан” (2017), “Нақди масоили суханшиносӣ” (2017), “Шоҳнома – ганҷинаи сухан” (2021), “Пажуҳиш ва дарёфти сухан” (2026), “Нақд ва баёни саҳеҳ” (2026) ва “Терминологические особенности языка “Шахнаме” Фирдавси” (2026).
Дар эҷоди осори публитсистӣ ҳам саҳм доред. Доир ба масоилу чеҳраҳои машҳури адабиёт ва ҳунар китобҳои зерин аз зери қалами Шумо ба нашр расидаанд “Суруди Зафар” (1994), “Ромишгари мумтоз” (2000), “Сухани бузургон” (2008), “Тӯфон дар ғунча” (2009), “Сухан дар коми ӯ меёфт сайқал…” (2011), “Зафари нотакрор” (2010), “Зафари таронапардоз” (2017), “Ҳамнавои рӯзгор” (2017) ва “Ҳамнафас бо набзи забон” (2026).
Ҷуз пажуҳишҳои илмӣ Шумо дар таълифи дастурҳо барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишгоҳҳо низ саҳмгузор ҳастед.
Ҳамқалами гиромӣ, Шумо аз ҷумлаи қаламкашони хушиқболе ҳастед, ки дар Рӯзи забон ба дунё омадаед. Ба ин хотир, Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шуморо ба ифтихори 80-солагии зодрӯз ва ҷашни фархундаи Рӯзи забон самимона муборакбод мегӯяд. Дар боқии умр саломат бошед!
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон



