Посдори арзишҳои миллӣ

 Посдори арзишҳои миллӣ

Бо ибтикори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода конфронси илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Салимшо Ҳалимшо – эҳёгари тамаддуни ориёӣ дар адабиёт» ба ифтихори 90-солагии шоир баргузор шуд.

Ба ҷамъомад Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз хотираҳояш дар бораи Салимшо Ҳалимшо ёд кард. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки камоли ҳамнишинӣ бо устод Салимшо Ҳалимшо ҳанӯз дар овони донишҷӯӣ барояш муяссар шудааст. Давраи таҷрибаомӯзӣ дар идораи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият»), ки устод он ҷо фаъолият дошт, оғози шиносоии онҳо буд. Ӯ гуфт, ки Салимшо Ҳалимшо дар иншои қасида дасти тавоно дошт ва ин жанри адабиро дубора эҳё кард. Мавсуф достони «Киштии инқилоб»-и шоирро намуна овард.

Гардонандаи маҳфил сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» Ато Мирхоҷа камоли эҷоди шоирро таҳлил кард.

Ба андешаи Ҳаким Давлатзод, вакили Маҷлиси намояндагон чунин маҳфил нишонаи арҷгузорӣ ба аҳли илму адаб ва талоши пайваста барои ҳифзи мероси адабию фарҳангии миллат аст. Ӯ Салимшо Ҳалимшоро аз ҷумлаи адибоне номид, ки умри худро сарфи хидмат ба адабиёт, матбуот ва фарҳанги миллӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ: «Бузургдошти адиб, пеш аз ҳама, бузургдошти сухан, андеша, фарҳанг ва хотираи таърихии миллат аст».

Дар доираи чорабинӣ рӯнамоии китобҳои тозанашри Салимшо Ҳалимшо аз ҷониби духтараш Заррина Ҳалимшоева доир шуд ва овозхонҳои маъруф Исмоил Назриев, Ширинмоҳ Ниҳолова, Шуҳрат Сайнаков ва Соҳиба Давлатшоева бо сурудҳо аз ашъори шоир хотири ҳозиринро шод гардониданд.

Аммо қисми асосии илмии маҳфилро чор маърузаи бунёдӣ ташкил дод, ки ҳар кадомаш як паҳлуи ориёигароии Салимшо Ҳалимшоро боз кард. Таҳлили ин маърузаҳо нишон медиҳад, ки чаро имрӯз Салимшо Ҳалимшоро барҳақ эҳёгари тамаддуни ориёӣ меноманд.

Маърузаи номзади илми филология Беҳрузи Забеҳулло «Симои Фирдавсӣ дар як қасидаи Салимшо Ҳалимшо» ба қасидаи  «Марги Ҳаким Фирдавсӣ ё рӯзи мотами Худо» бахшида шуд.

Суоли калидии маърузачӣ ин аст: Чаро шоир рӯзи марги Фирдавсиро рӯзи мотами Худо номидааст? Ҷавоб дар фалсафаи Сухан аст. Беҳрӯзи Забеҳулло таъкид кард: дар адёни бостонии ориёӣ Худованд оламро бо Хирад офаридааст, дар Инҷил омадааст «Сначала было Слово…», яъне, Худо ва шоир ҳарду бо Сухан меофаранд. Аз ин рӯ, марги соҳиби Сухан барои Офаридгор мотам аст:

Бирафт меҳр паси кӯҳу рӯй пинҳон кард,
Ба даҳр мӯи сияҳ золи шаб парешон кард.

Маърузагар ин қасидаро дар радифи ягона қасидаи дигари мукаммал дар ситоиши Фирдавсӣ – қасидаи Малик-уш-шуаро Баҳор гузошт.

Маърузаи докторанти Донишгоҳи Хуҷанд Моҳрӯ Қурбонзода асотиршиносӣ буд. Ӯ таъкид кард, ки Ҷамшед (Йима дар Ведаҳо) решаи ҳиндуэронӣ дошта, дар «Авасто», «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома», «Осор-ул-боқия»-и Берунӣ тасвир шудааст. Артур Кристенсен ӯро «нахустин инсон ва нахустин шаҳриёр» номидааст.

Навоварии Салимшо дар чист?

Шоир мотивҳои «фарри Ҷам», «найи Ҷам», «қадамгоҳи Ҷамшед»-ро на ҳамчун талмеҳ, балки бо усули ремифологизатсия, яъне бозофарии пурраи устура – истифода кардааст: Дар шеъри «Хонаи некон» «Вар»-и Вандидод (паноҳгоҳи сохтаи Ҷамшед аз зимистони марговар ба амри Аҳурамаздо) ба «хонаи некон» табдил ёфтааст. Шоир ба он найнавозӣ илова мекунад: «Гӯяд ба саҷда рафт чу Ҷам бо навои най», ки дар сарчашма нест ва ба образ хусусияти ирфонӣ медиҳад. Ин «вар» ҳамчун архетипи киштии Нуҳ маънои нави ахлоқӣ мегирад.

Хулосаи Моҳрӯ Қурбонзода ин аст: Дар назми Салимшо Ҷамшед аз симои анъанавӣ ба рамзи худшиносии миллӣ табдил ёфтааст.

Маърузаи дотсенти Донишгоҳи Хоруғ Лаълҷуба Мирзоҳасан – «Муроҷиат ба офариниш ва фалсафаи аҷзои олам» амиқтарин маърузаи фалсафӣ буд. Муаллиф таъкид кард, ки Салимшо донандаи барҷастаи «Авасто» буда, худаш гуфтааст:

Шудам зи хона ба ҳар хонае дар пайи илм,
Бидидаам сари минбар, ки пири садсола
Зи ибтидои ҷаҳони куҳан диҳад ахбор.

Меҳвари таҳлил шеъри «Чор бурҷи дунё» буд, ки дар он фалсафаи Сухан баён шудааст: Сухан аз Худост ва ҳар ашё бо Сухан соҳиби ном мешавад:

Шоир мегӯяд: Сухан бо бод омехт бод ба рақс омад, булбул шайдо шуд; бо об даромехт, об умри бақо ёфт; бо борони Наврӯзӣ ба Помир расид, лаъл рӯид; аз боғи биҳишт ба Одам омад забон шоҳпули хирад шуд. 

Маърузачӣ ин фалсафаро бо суннати зиндаи Помир пайваст кард: арғунчакбозии духтарон дар Наврӯз, ки рози дилро ба «боди мурод» мегӯянд. Инро ӯ идомаи бовари қадимӣ ба «забони бод» номид.

Маърузаи шоир Ховари Абдулҳай «Ошёни Симурғ» эмотсионалӣ ва ҳамзамон назариявию бадеӣ буд. Ӯ Салимшо Ҳалимшоро натанҳо шоир, балки шахсияти намоён бо хислатҳои ҷавонмардӣ, шикастанафсӣ, ростқавлӣ ва дур аз ҳирси мансаб номид.

Агар Баҳрӯзи Забеҳулло исбот кард, ки Салимшо Фирдавсиро ҳамчун меъёри ҳувият ва паймон эҳё кардааст, Моҳрӯ Қурбонзода нишон дод, ки ӯ Ҷамшедро аз устура ба рамзи фарҳангсозӣ ва худшиносӣ табдил додааст. Лаълҷуба Мирзоҳасан фаҳмонд, ки фалсафаи ӯ бар Сухан ва Авасто ва топонимияи зиндаи Помир асос ёфтааст, Ховари Абдулҳай хулоса кард, ки қуллаи ин эҳё Симурғ – Модар ва Қоф – Боми Ҷаҳон аст.

Яъне, Салимшо Ҳалимшо бозгӯкунандаи хушки таърих нест, балки маъноофарин ва образсоз аст. Ӯ дар заминаи куҳан маънои нав мегӯяд.

Мероси Салимшо Ҳалимшо – ҳамон «қалами қисматнавис» имрӯз ба насли ҷавон меомӯзонад, ки чӣ гуна нависандаи сарнавишти худ бошад. Аз ин рӯ, шоир барҳақ посдори арзишҳои миллӣ дар адабиёти муосири тоҷик аст.

Алӣ ҶӮРА

Дигар хабарҳо