ЛУТФУЛЛО БУЗУРГЗОДА 28 декабри соли 1909 дар деҳаи Навгилеми ноҳияи Исфара зода шудааст. Баъди хатми Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ (1930) муддате муаллимӣ кардааст. Соли 1936 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм карда, чанде муҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон, корманди илмии Академияи илмҳо, устоди Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе будааст. Соли 1941 ба ҷабҳа рафта, дар муҳорибаҳои Маскав, Ленинград ва Белоруссия […]Идома...
ҚУРБОН ВОСЕЪ 2 июли соли 1942 дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи деҳа Омӯзишгоҳи омӯзгории Хуҷандро ба итмом расонда, солҳои 1962-1964 дар зодгоҳаш омӯзгорӣ кардааст. Соли 1964 донишомӯзи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шудааст. Моҳи ноябри ҳамон сол барои хидмати ҳарбӣ даъват шуда, 3 сол […]Идома...
РАЗЗОҚ ҒАФФОРОВ 15 январи соли 1932 дар деҳаи Хоҷағуломи ҷамоати деҳоти Хаймари ноҳияи Самарқанд таваллуд ёфтааст. Баъди гирифтани маълумоти миёна, соли 1947, ба шуъбаи забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории тоҷикии Самарқанд дохил гардида, соли 1949 хатмаш кардааст. Солҳои 1949-1951 дар мактабҳои миёнаи деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Соли 1951 шомили Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд гардида, соли 1958 […]Идома...
УСМОНҶОН ҒАФФОРОВ 30 январи соли 1945 дар ҷамоати деҳоти Қистакӯз (имрӯза Хистеварз)-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, дар оилаи зиёӣ – яке аз бунёдгузорони маорифи халқи ҷумҳурӣ Абдуғаффор Ҳасанов, таваллуд ёфтааст. Баъди хатми шуъбаи таърихи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин соли 1967 дар кафедраи таърихи халқи тоҷики донишгоҳ ба фаъолияти меҳнатӣ […]Идома...
ЗАМИРА ҒАФФОРОВА 3 майи соли 1967 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Баъди мактаби миёна дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин таҳсил карда, соли 1989 бо дипломи аъло хатмаш намудааст. Солҳои 1987-1988 дар Ҳиндустон, дар факултаи забоншиносии Донишгоҳи Ҷавоҳирлаъл Неҳру (Деҳлӣ) таҳсил кардааст. Ходими хурди илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи […]Идома...
АБДУВАЛӢ ДАВРОНОВ 29 майи соли 1957 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара зода шудааст. Соли 1978 Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм кардааст. Корманди илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, аспиранти Пажӯҳишгоҳи адабиёти Арманистон ва коромӯзи Донишгоҳи давлатии Маскав, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия будааст. Номзади илми филология, дотсент, Аълочии маорифи Тоҷикистон (1997). Ба […]Идома...
ЛАРИСА ДЕМИДЧИК 12 августи соли 1927 дар шаҳри Самарқанд зода шудааст. Соли 1953 шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм карда, дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ РСС Тоҷикистон ба кор пардохтааст ва солҳои тӯлонӣ корманди илмии он будааст. Баъдан дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарс гуфтааст. Доктори илми филология (1973), профессор. Дар […]Идома...
МАҲМАДЮСУФ ИМОМОВ 28 апрели соли 1959 дар шаҳраки Совети ноҳияи Совет (ҳозира Темурмалик)-и вилояти Хатлон таваллуд шуда, баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатияш аз лаборанти калони Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҶТ оғоз гашта, баъдан муҳаққиқ-коромӯзи Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи Максим […]Идома...
ҶОНОН КАРИМ (Ҷонон Бобокалонова) 13 сентябри соли 1929 дар деҳаи Пӯлодони ноҳияи Конибодом таваллуд ёфтааст. Соли 1945 шунавандаи шуъбаи тайёрии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе гардида, соли 1946 донишҷӯи факултаи филология шудааст. Донишкадаро соли 1949 бо дипломи «аъло» ба итмом расонда, ҳамон сол дар мактаби миёнаи ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳайси муаллим ва, ҳамзамон, дар […]Идома...
АЛАМХОН КӮЧАРОВ 4 феврали соли 1946 дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст. Пас аз хатми мактаб-интернат, соли 1964, донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1969 ба итмом расондааст ва дар кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба фаъолият пардохта, дар давоми солҳои 1969-1972 муаллим, […]Идома...



