АБДУВАЛӢ ДАВРОНОВ

АБДУВАЛӢ ДАВРОНОВ 29 майи соли 1957 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара зода шудааст.

Соли 1978 Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм кардааст.

Корманди илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, аспиранти Пажӯҳишгоҳи адабиёти Арманистон ва коромӯзи Донишгоҳи давлатии Маскав, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия будааст.

Номзади илми филология, дотсент, Аълочии маорифи Тоҷикистон (1997).

Ба таҳқиқи адабиёти шӯравии тоҷик ва пайванди адабии халқҳо шуғл меварзид.

Муаллифи мақолаҳои пурарзиш аст, ки дар матбуоти Тоҷикистону Арманистон ва Энсиклопедияи советии тоҷик ба табъ расидаанд.

Китобҳояш бо номи «Пайванди замонҳо ва қисмати адабиёт» (1993), «Мушкилоти пайванди адабӣ» (1995), «Уфуқҳои равобити адабӣ» (русӣ, 1995), «Шеърияти зиндагӣ» (1995), «Адабиёт ва замон» (1996), «Пайвандҳои адабии халқи тоҷик» (дар ҳамқаламии Ҳ.Шодиқулов, 2003) дастраси хонандагон гардидаанд.

Аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Арманистон аст.

4 январи соли 2013 вафот кард.

Дигар хабарҳо