КАМОЛ АЙНӢ 15 майи соли 1928 дар шаҳри Самарқанд, дар хонадони Устод Айнӣ, ба ҷаҳон омадааст. Соли 1949 факултаи ховаршиносии Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм кардааст. Баъдан корманди илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, мудири шуъбаи дастнависҳои шарқии Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, ҷонишини раиси Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва форизабонони ҷаҳон «Пайванд» будааст. […]Идома...
МУБАШШИР АКБАРЗОД 25 июли соли 1969 дар деҳаи Кулолии ноҳияи Панҷакент ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш, соли 1986, вориди факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1992 хатм кардааст. Солҳои 1992-1994 ходими илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҷумҳурӣ будааст. Солҳои 1994-1999 муаллими мактаби миёна, 1999-2002 ходими […]Идома...
ЮСУФИ АКБАРЗОДА 1 майи соли 1938 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст. Соли 1953 мактаби ҳафтсолаи деҳа, соли 1956 мактаби миёнаи деҳаи Ғӯсарро хатм кардааст. Соли 1961 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро ба итмом расонда, корманди Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҷумҳурӣ шудааст. Солҳои 1963-1964 дар сафи […]Идома...
АЗИМ АМИН 11 майи соли 1951 дар Душанбе ба ҷаҳон омадааст. Соли 1974 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Чанде корманди илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, баъдан аспиранти Донишкадаи адабиёти ҷаҳони ба номи Максим Горкий (Маскав) буда, дар ҳамон ҷой рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Солҳои 1981-1998 […]Идома...
МИРАҲМАДИ АМИРШОҲ 10 апрели соли 1956 дар деҳаи Кафтари ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст. Соли 1973 мактаби миёна, соли 1977 Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро ба фарҷом расондааст. Фаъолияти кориро дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Кӯлоб» (1977) оғоз карда, сипас дар ҳафтаномаҳои шаҳрии «Роҳи Ленинӣ» ва «Ҳақиқати Кӯлоб» идома додааст. Айни замон дар Кумитаи телевизион […]Идома...
АНОРА (Остонова Норинисо) 2 декабри соли 1939 дар шаҳри Душанбе ба ҷаҳон омадааст. Соли 1962 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои тӯлонӣ дар нашриёти «Ирфон» адои вазифа намудааст. Мудири шуъба ва ҷонишини сармуҳаррир будааст. Чанд сол муовинии раиси Кумитаи табъу нашри ҷумҳуриро бар уҳда доштааст. Чанде сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги […]Идома...
РАҶАБ АМОНОВ 1 августи соли 1923 дар шаҳри Ӯротеппа таваллуд ёфтааст. Соли 1938 Омӯзишгоҳи педагогиро хатм карда, соли 1939 донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко шудааст. Аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ даъват шуда, дар муҳорибаҳо ҷасурона ширкат варзидааст. Соли 1947 факултаи филологияи донишкадаи номбурдаро ба итмом расонда, соли […]Идома...
НАСРУЛЛОҲИ АСАДУЛЛО 14 августи соли 1951 дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ба ҷаҳон омадааст. Соли 1973 шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Баъдан корманди рӯзномаву ҳафтаномаҳои «Тоҷикистони Советӣ», «Коммунист Таджикистана», «Комсомольская правда», «Маданияти Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», «Литературная газета» ва Ҳукумати ҷумҳурӣ будааст. Муаллифи маҷмӯаи ҳикояҳои ҳаҷвии «Имтиҳон» […]Идома...
ХУДОЙНАЗАР АСОЗОДА 25 декабри соли 1941 дар деҳаи Момайии ноҳияи Балҷувони вилояти Кӯлоб (ҳозира Хатлон) ба ҷаҳон омадааст. Соли 1960 Омӯзишгоҳи педагогии Кӯлобро хатм намуда, муддати се сол (1960-63) дар мактаби миёнаи шаҳраки Ҷилликӯли ноҳияи Колхозобод муаллимӣ кардааст. Баъдан ба Душанбе омада таҳсилро, дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин идома дода, […]Идома...
ВОҲИД АСРОРӢ 7 ноябри соли 1917 дар шаҳри Хуҷанд зода шудааст. Соли 1938 факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи муаллимини Тошкандро ба итмом расонда, дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Душанбе муаллимӣ кардааст. Солҳои 1942-1944 сарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ будааст. Баъди ҷанг аввал дар Вазорати давлатии назорати ҷумҳурӣ кор карда, сипас сармуҳаррири рӯзномаи «Пионерии Тоҷикистон» таъин шудааст. Соли 1949 […]Идома...



