БАҲРОМ МИРСАИДОВ 20 декабри соли 1976 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст. Солҳои 1984-1994 дар мактаби миёнаи ба номи М. Горкийи деҳа таҳсил карда, бо медали тилло ба итмом расондааст. Солҳои 1994-1999 дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров донишомӯзӣ ва бо дипломи аъло хатмаш кардааст. Солҳои 2000-2003 […]Идома...
МИРЗО МУЛЛОАҲМАД 20 феврали соли 1948 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Соли 1969 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба поён расондааст. Аз соли 1969 дар зерсохторҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон дар вазифаҳои ходими хурду калони илмӣ, мудири шуъбаи эроншиносӣ ва ҳиндшиносӣ, муовини директори Институти шарқшиносӣ, аз соли 1993 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи […]Идома...
ЭММОНУИЛ МУЛЛОҚАНДОВ 2 июни соли 1912 дар шаҳри Самарқанд зода шудааст. Дар Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе таҳсил (нопурра) кардааст. Аз соли 1930 мусаҳхеҳ, баъдан тарҷумони рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх», мудири шуъбаи Нашриёти давлатии Тоҷикистон будааст. Баъди таҳсил дар Маскав боз ба тарҷумонӣ пардохтааст. Иштирокчии Ҷанги […]Идома...
ҲАСАНИ МУҲАММАДӢ 30 октябри соли 1940 дар маҳаллаи Баландпояи шаҳристони Дарбанди ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё таваллуд ёфтааст. Соли 1959 мактаби миёнаи деҳа, соли 1964 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқандро бо дипломи сурх хатм карда, баъди хидмати яксола дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шуравӣ ба Душанбе омада, дар кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба номи […]Идома...
АБДУХОЛИҚ НАБАВӢ (Набиев Абдухолиқ) 20 ноябри соли 1946 дар деҳаи Ревади ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1963, пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш, донишҷуйи факултаи таъриху филологияи Институти педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) гардида, баъди хатми он дар ҳамин донишгоҳ ба кор пазируфта […]Идома...
НАЗРУЛЛОҲИ НАЗАР 30 январи соли 1949 дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Соли 1963, баъди хатми миктаби 7-солаи деҳа, вориди Омӯзишгоҳи педогогии Панҷакент шуда, соли 1967, баъди хатми он, дар факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (шуъбаи арабӣ) таҳсил кардааст. Солҳои 1975-1978 корманди аршади Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои мадании Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, 1978-1982 […]Идома...
ҶӮРАБЕК НАЗРӢ 23 июни соли 1946 дар деҳаи Наврӯҳои ноҳияи Ховалинг ба ҷаҳон омадааст. Волидайнаш аз деҳоти Ғожу Тоғмайи воҳаи Дарвоз ба Хатлон омадаанд, ки сабабаш муҳити носозгори соли 1937 будааст. Баъдан, тобистони соли 1954, хонадонашон ба шаҳри Сталинобод (Душанбеи кунунӣ) кӯч бастааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №23 ноҳияи Роҳи оҳан (ҳозира Шоҳмансур) – шаҳри […]Идома...
ЯКОВ НАЛСКИЙ 23 августи соли 1923 дар деҳаи Хлестановшинаи ноҳияи Жигаловски вилояти Иркутск ба ҷаҳон омадааст. Аз 14-солагӣ ба фаъолияти меҳнатӣ сар карда, заминков, ҷӯяндаи сарватҳои зеризаминӣ, корманди чопхона будааст. Соли 1953 Мактаби олии коммунистии Ленинградро хатм карда бо роҳхати комсомол ба Тоҷикистон омадааст. Котиби созмонҳои комсомолии навоҳии Файзободу Ҷиликӯл ва корманди масъули КМ ЛКСМ […]Идома...
МИСБОҲИДДИНИ НАРЗИҚУЛ 19-уми сентябри 1970 дар деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакенти вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) дар оилаи рӯҳонӣ таваллуд шудааст. Соли 1993 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо дипломи аъло хатм карда, худи ҳамон сол, бо тавсияи ҳайати комиссияи имтиҳоноти давлатӣ, ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи назди ДДТ дохил шудааст. Соли 1997 рисолаи […]Идома...
АБДУЛМАННОНИ НАСРИДДИН 20 ноябри соли 1953 дар деҳаи Ёваи ноҳияи Хуҷанд (ҳозира Бобоҷон Ғафуров) ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаби миёна дар факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинобод таҳсил карда соли 1974 ба итмом расондааст. Аз ҳамон сол дар донишкада ба ҳайси муҳаррири рӯзномаи «Маҳорати педагогӣ» (1975-1976), лаборант, ассистент (1978-1982), сармуаллим (1982-1983), дотсент (1983-1987) […]Идома...



