АСЛИДДИН ҚАМАРЗОДА 28 июни соли 1940 дар деҳаи Шалғамони ҷамоати деҳоти Даштаки Болои ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаби миёна соле муҳосибӣ ва хаткашонӣ кардааст. Сипас вориди бахши забон ва адабиёти тоҷики факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд шуда, соли 1963 бо дипломи имтиёзнок хатмаш кардааст. Ҳамзамон, солҳои 1958-1961, дар нашриёти донишгоҳ […]Идома...
АБДУЛҲАЙИ ҚАЛАНДАР 20 марти соли 1944 дар деҳаи Табариёни ноҳияи Ховалинг таваллуд ёфтааст. Соли 1961 Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамойии ноҳияи Рӯдакӣ, соли 1966 факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро бо дипломи аъло фарҷом бахшидааст. Солҳои 1966-1974 муаллим, муаллими калон ва мудири кафедраи адабиёти тоҷики донишкадаи мазкур буда, соли 1974 […]Идома...
ЛЕВ ҚАНДИНОВ соли 1932 дар шаҳри Фарғона ба ҷаҳон омадааст. Соли 1955 факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар идораҳо, маҷаллаҳо ва студияҳои гуногуни давлатии кишварамон босамар кор кардааст. Феълан дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иқомат дорад. Тақризу мақолаҳои зиёдаш дар бораи театру драматургони алоҳидаи тоҷик дар расонаҳои ахбори маҳаллию марказӣ ба табъ расидаанд. […]Идома...
АНЗУРАТИ МАЛИКЗОД 15 апрели соли 1975 дар деҳаи Хуфари ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё ба ҷаҳон омадааст. Соли 1992 мактаби таҳсилоти ҳамагонии №8 зодгоҳашро хатм карда, соли 1997 ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳуҷҷат супурда, бо ихтисоси филолог ба итмомаш расонидааст. Сипас, бо роҳхати донишгоҳ ва тавсияи раиси имтиҳони давлатӣ профессор Расул Ҳодизода, барои идомаи таҳсил ба […]Идома...
АБДУҚОДИР МАНИЁЗОВ 10 августи соли 1930 дар шаҳри Конибодом ба ҷаҳон омадааст. Соли 1953 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ҳамзамон, солҳои таҳсил гӯяндаи шуъбаи хориҷии радиои тоҷик будааст. Баъди хатми аспирантура (1956) ходими илмӣ, муовини директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, муовини сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, (1969-1972), […]Идома...
НОСИРҶОН МАЪСУМӢ 2 майи соли 1915 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Ҳисор ба ҷаҳон омадааст. Соли 1930 курси дусолаи муаллимини Самарқандро хатм карда, шаш сол дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент муаллим будааст. Соли 1940 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо ба итмом расонда, солиёне дар ҳамин ҷой муаллим ва мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик (1940-1953), проректор […]Идома...
САИДҚУЛ МИРАЛИЗОДА (Сабзаев Саидқул Миралиевич) 31 декабри соли 1947 дар деҳаи Лархобии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1962, пас аз хатми мактаби ҳаштсолаи деҳа, вориди Омӯзишгоҳи пешаҳои техникии Кӯлоб шуда, ҳамзамон, дар мактаби миёнаи шабонаи коргарҷавонон таҳсил кардааст. Соли 1964 донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб шуда, соли 1968 донишкадаро бо […]Идома...
АБДУЛҒАНӢ МИРЗОЕВ 22 ноябри соли 1908 дар шаҳри Китоби вилояти Қашқадарё зода шудааст. Соли 1918 мактаби миёнаро хатм карда, дар навоҳии гуногун дар вазифаҳои котиб ва мудири шуъбаи кумитаи иҷроия фаъолият бурдааст. Дар КИМ РСС Тоҷикистон низ кор кардааст. Хабарнигори рӯзномаи «Овози тоҷик», мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» будааст. Соли 1939 факултаи шарқшиносии Донишкадаи давлатии […]Идома...
ХОЛИҚ МИРЗОЗОДА 11 майи соли 1911 дар деҳаи Равонаки ноҳияи Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1935 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқандро хатм кардааст. Баъдан муаллим, мудири кафедраи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе, ходими калони илмӣ ва мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи илмҳои омӯзгории Тоҷикистон будааст. Соли 1946 дар мавзӯи эҷодиёти Шоҳин рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Муддати мадиде […]Идома...
МАТЛУБАИ МИРЗОЮНУС (Хоҷаева Матлуба Юнусовна) 7 сентябри соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиро соли 1980, баъди хатми факултаи забон ва адабиёти руси Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С. М. Киров (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров) ба сифати лаборанти калони кафедраи инкишофи нутқ оғоз намуда, солҳои 1980-1981 коромӯзи […]Идома...



