ЛАРИСА ДЕМИДЧИК

ЛАРИСА ДЕМИДЧИК  12 августи соли 1927 дар шаҳри Самарқанд зода шудааст.

Соли 1953 шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм карда, дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ РСС Тоҷикистон ба кор пардохтааст ва солҳои тӯлонӣ корманди илмии он будааст.

Баъдан дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарс гуфтааст.

Доктори илми филология (1973), профессор.

Дар мавзӯъҳои насру драматургияи муосири тоҷик тадқиқот бурдааст.

Аз ҷумла, соли 1957, рисолаи «Тавлид ва такомули драмаи тоҷик», соли 1965 рисолаи «Драмаи солҳои 40-50-уми тоҷик»-ро ба табъ расондааст.

Китоби «Насри Ҷалол Икромӣ» (ҳамроҳи М.Шакурӣ, 1979), маҷмӯаи мақолаҳои «Аз ҳақиқати ҳаёт ба ҳақиқати адабиёт (1985), «Эъҷози ҳунар» (маҷмӯаи дастҷамъӣ, 1991) ва ғ. зодаи қалами ӯстанд.

Мақолаҳои пурарзишеро дар боби ҳаёту эҷодиёти Устод Айнӣ, А.Лоҳутӣ, М. Турсунзода, М.Миршакар, Саид Нафисӣ, ҳамчунин санъати театрии Тоҷикистон, дар бисёре аз нашрияҳои Душанбе, Маскав, Боку ва ғ. мунташир сохтааст.

Дар офариниши «Очеркҳои таърихи адабиёти советии тоҷик» (Маскав, 1961), «Таърихи адабиёти гуногунмиллати советӣ» (дар 6 ҷилд, солҳои 1970-1975), «Драматургияи тоҷик» (1978) ҳисса гузоштааст.

Достони мардумии «Алпомиш» (1959), бобҳои алоҳидаи «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш (1957, 1960, 1976, 1984), рисолаи «Адабиёти бачагонаи тоҷик»-и Р.Амонов (1980), қиссаву ҳикояҳои алоҳидаи Р.Ҷалил, А.Баҳорӣ, В.Асрорӣ, Р.Амонов ва дигаронро ба русӣ гардондааст.

Бо ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.

Аз соли 1967 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо