ҶОНОН КАРИМ

ҶОНОН КАРИМ (Ҷонон Бобокалонова) 13 сентябри соли 1929 дар деҳаи Пӯлодони ноҳияи Конибодом таваллуд ёфтааст. Соли 1945 шунавандаи шуъбаи тайёрии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе гардида, соли 1946 донишҷӯи факултаи филология шудааст. Донишкадаро соли 1949 бо дипломи «аъло» ба итмом расонда, ҳамон сол дар мактаби миёнаи ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳайси муаллим ва, ҳамзамон, дар маҷаллаи «Пионери Тоҷикистон» ба ҳайси мудири шуъба ба кор пардохтааст.

Аз соли 1950 дар аспирантураи Институти давлатии омӯзгории Душанбе таҳсил карда, соли 1958 дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург дар мавзӯи «Эҷодиёти Мирсаид Миршакар барои бачагон» бомуваффаққият рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Баъдан омӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик буда, ба зинаҳои доктори илми филология, профессор, мудири кафедраи адабиёти тоҷик расидааст.

Муаллифи мақолаҳои зиёди илмиву оммавӣ буда, нахустин «Хрестоматия-китоби дарсӣ оид ба адабиёти бачагонаи советии тоҷик; 1971), «Материалҳо оид ба адабиёти бачагонаи тоҷик» (1975), рисолаҳои «Мирсаид Миршакар – шоири бачагон» (1976), «Таджикская детская литература» (1982), «Герой и время» (1991), «Аз баландиҳои кӯҳи сарбаланд» (1992) «Офтоби сари кӯҳ» (1998), «Нақши занон дар номаи шоҳон» (1998), «Боли ҳунар» (1999) ва ғ. зодаи заҳмати чандинсолаи ӯстанд.

Дар таҳриру таҳияи «Тазкираи адабиёти бачагон» (иборат аз 5 ҷилд, 1979-1984) фаъолона ширкат варзида, дар давоми чанд соли ахир 10 асари худ – «Симои занон дар адабиёти форсу тоҷик» (иборат аз 5 ҷилд), «Алломаи ҳунар», «Назаре ба таърихи танқиди адабии тоҷику форс» ва маҷмӯаи мақолаҳои «Некӣ бимонад ёдгор…..»-ро барои чоп омода намудааст.

Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1971), Аълочии мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1994) дорандаи медали «Барои меҳнати шоён» (1970) ва чандин ифтихорнома.

Соли 1991 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

17 июни соли 2005 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо