Имрӯз, ки рӯзи ҷашни шоир бошад…

 Имрӯз, ки рӯзи ҷашни шоир бошад…

(Ҷиддӣ ниму шӯхӣ ним дар 80-солагии Аскар Ҳаким)

Соҳибҷашни муҳтарам!

Мо, ҳаводорони адибону адабиёт огоҳем, ки дар қадим шеърро афшураи ҳикмат медонистанд ва шоирро аксаран ҳаким мегуфтанд. Масалан, ҳаким Фирдавсӣ, ҳаким Анварӣ, ҳаким Низомӣ ва ғайра ва ҳатто имрӯз Ҳаким Абудуллоҳи Раҳнамо дорем, ки ҳакимона кору эҷод мекунад. Банда ҳайрон аст, ки чаро дар мавриди Аскар Ҳаким ин вожаи воло пас аз номи шоир омадааст? Таклиф мекунам, ки минбаъд Ҳаким Аскар Ҳаким гуфта шавад.

Лекин, ба гумонам, ҷои вожаи ифтихорӣ муҳим нест, муҳим он аст,  ки он асли шоиру шеърашро ифода бикунад. «Ҳаким» бозгӯи матну батни сухану амал, ҷустуҷӯву бозёфт ва ҳадафу ормони Шумост. Оре, Шумо аз роҳи ҳикмат вориди адабиёт шудаед – муддати тулонӣ сирру асрори сухан омӯхтед, шеъри қадиму ҷадидамонро тадқиқ кардед, тавассути таҳқиқи пурбор ба хонанда ёрӣ намудед, ки шеъри асилро бишносад. Аз ин нигоҳ хидмати Шумо дар нақду баррасии шеър ва умуман сухани ҳикматноки бадеӣ сазовору мондагор аст. Бемуболиға, китобҳои нақду адабиётшиносиатон – «Шеър ва замон», «Дар қаламрави сухан», «Сухан аз шеъру адаб», «Анвои шеъри ғиноӣ», «Пажуҳиш ва нақди шеър» аз боиси истеҳкому равонии сухан ҳамчун шеър мутолиа мешаванд ва бинобар умқу дақиқии андеша хонандаро  чун шеър мутаассир мекунанд.

Танҳо баъди ин кору осори муҳим, ҷиддӣ ба эҷоди шеър рӯ овардед ва дар ин кор ҳам муҳаббат ба сухан, садоқат ба суннатҳои шеъри овозадорамон, майли мунтазам ҷустуҷӯ ва бозёфтҳои пайваста ҳамдаму ҳамсафаратон буд. Китобҳои манзуматон – аз нахустмаҷмуаи «Раҳнавард» то 7-ҷилдаи «Маҷмуаи осор» инро равшан бозгӯ мекунанд.

Ашъори Шумо зодаи андешаи амиқу мушоҳидаи дақиқ ва ҳатман пайгири ҳикматест, ки хонандаро фаро мегираду ба андеша вомедорад.

Гул ҳамоғӯш ба хоре рустаст,
Аҳд гӯё ки ба ёре бастаст.
Лек хораш тани гул озорад,
Ҳар нафас ранҷи наваш боз орад.
Теша бар решаи он гар бизанӣ,
Ҳосил он аст, ки гулро биканӣ.

Ин пора яке аз тазодҳои бунёдии зиндагӣ, андарҳамии неку бад, зишту зебо ва гоҳе имконнопазирии дарку ташхиси онҳоро зебо баён кардааст. Чун ин рубоиятон, ки аз шеваи рӯзгор дар аҷаб аст ва тааҷҷуби барҷояш ба ягон дил беасар намемонад:

Ҳар меваи норасе ба авҷ аст макин,
Чун пухт, фитад зи шоха бар хок яқин.
З-ин шеваи рӯзгор дорам аҷабе,
Хоме ба само, пухта нагунсори замин.

Ё худ, ҳикмати деринаеро, ки борҳо шеър шудааст, чӣ пурбору муассир паҳлу гардондаед:

Ростии қомати деворҳо
Рост дорад қомати меъморҳо.

Ҳикмати дигарро ҳам устодона паҳлу гардонда, маънии тозаи муассире берун овардаед:

Афсус, ки нест Каъбаро пойи равон,
Мебуд агар, тавофи дил меомад.

Баррасии андешамандонаи тазодҳои умр Шуморо борҳо ба ашъори хоссаи амиқхулоса расонидааст:

Чӣ аҷаб зиндагиест,
Ки ҷавони-м ба даъвии хирадмандӣ рафт,
Лек пиронасар акнун дорам
Дар саропардаи ишқ афту дарафт.

Ё худ:

Аҷабам ояд беш,
З-он кӣ аз ҳар ду ҷаҳон норозист,
Лек розист зи хеш.

Бевосита шоир не, ҳикмати амиқи шоир, диди андешамандонаи шоир хонандаро раҳнамун мешавад, ки:

Офтоби ту агар пушти сар аст,
Доимо соя зи ту пештар аст.
Сояат то ки нагирад ба гарав,
Рӯ ба хуршед бирав!

Шоирӣ, чун ҳар навъи ҳикмат, аз тариқи одам шинохтани олам аст ва Шумо бо зикри оламҳои сағиру кабир хонандаро ба андеша оид ба мақому манзалати аслии инсон водор мекунед ва бовар мебахшед, ки воқеан «ҳар яки мо ҷамоа мебошад»:

Боист шинохт оламу одамро,
Садрангии ҷовидони бешу камро.
Ин даҳр тиҳӣ буд ба шаш милярдаш,
Ман омадаам, ки пур кунам оламро.

Дар ашъори Шумо чунин инсон натанҳо ному мақоми воло, балки рисолату масъулияти рӯзафзун дорад:

Тифле, ки ба як сол баровард забон,
Сад сол нигаҳ доштанаш омӯзад.

Маҳз барои талқини ҳамин рисолат аст, ки шоир ҳазорон табу тоби умри пуразобро таҳаммул мекунад:

Баъд аз сари ман, ки шеъри ман хоҳад монд,
Шеърам ба дили халқи Ватан хоҳад монд.
Аз неши халида бар дили хунинам
Гулғунчаи рангини сухан хоҳад монд.

Шумо, соҳибҷашни арҷманд, беш аз ҳар кас медонед, ки яке аз мавзуъҳои меҳварии ҳар адабиёт Ватан аст, миллат аст, забони миллат аст, ҳуввияти миллист. Ин мавзуъ ба тарзу тариқаҳои гуногун зикр мешавад ва беҳтарин зикраш он аст, ки на муҷаррад ва ба хотири мавзуъ, балки ҳадафманду асаргузор сурат бигирад. Чунон ки чор даҳсола пеш дар шеъри «Ғуссаи Хуҷанд»-и Шумо рух дода буд ва ормонҳои шоиру он шеър бо фарорасии Истиқлоли Ватан ба амал пайвастанд:

Эй шаҳри Хуҷанди бостонӣ,
Донӣ, ки маро ба ҷойи ҷонӣ.
Аммо ба ту шеъри ғам нависам,
Ҳарчанд ки хонию нахонӣ.
Мункиршудае зи номи хешӣ
Бо он ҳама шуҳрати ҷаҳонӣ.
Темурмалик магар набудат,
Санге чу ба ёди ӯ намонӣ.
Чун Хоҷа Камол тарк кардат,
Ту қадри сухан дигар чи донӣ!
Аз Хоҷа нишонаат намонда,
Ҳарчанд варо ту худ нишонӣ.
Донам, ки ба дил ғами манат нест,
Аммо ба дилам чу ғам бимонӣ.

Соҳибҷашни гиромӣ, муаллифи ашъори машҳуру мондагори «Аробаи куҳна», «Марде аз балкон», «Ду ташналаб», «Тоқии Мирзову попохи Расул», «Оинаи нур» ва ғайра, Шумо ҳам сарояндаи шеърҳои зиёди мухтасар ва ҳам гӯяндаи достонҳои муфассалед ва ҳар кадом ба қадри зарфи ҳарфаш ҳадафи инсониву шоириатонро равшан ифода кардааст. Муҳим он аст, ки мавзуи дилрас ҳадафманду мантиқӣ ва ҳикматнок иброз мешавад.

Достони «Нону имон»-и Шумо мутаассириест аз қисмати ҷавони тоҷик Талбак Лолаев, ки барои ҳифзи гандумзор ҷони ҷавон бохтааст. Вале мантиқу ҳикмати мавзуъ шуморо ба Ленингради солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бурда, роқими қисмати талхи духтарчаи рус Таня Богданова месозад, ки дар муҳосираи фашистон бо азоби гушнагӣ ба ҳалокат расидааст. Номаи пешазмаргии он вуҷуди нокомро бе ларзиши дилу оби чашмон хондан имконнопазир аст:

Менависам, баски медонам, ки маргам дур нест,
Дар ҷаҳон аз гушна мурдан дарду ранҷи зӯр нест.
Дар сари ман модарам шабзиндадорӣ мекунад,
Бо тани бемори худ бемордорӣ мекунад.
Додаронам лоғару беҳолу гушна рӯзу шаб,
Дар фироқи як лаби нон ҷонашон омад ба лаб.
Медиҳанд аммо зи ҳаққи нони худ кам-кам ба ман,
Дар сипоси меҳри онон аз куҷо ёбам сухан.
Ман чунон аз гушнагӣ ворафтам аз ҳолу мадор,
Ки ба ҷуз маргам наояд чораи дигар ба кор.
Гул кунад пушти тиреза шохаи нахли ҷавон,
Ман вале дар навда овезон чу як барги хазон.
Дина рӯйи осмонро дида будам беғубор,
Осмони дидаи ман буд аммо ашкбор.
Як нафас мехостам берун равам чун дигарон,
Хостам аз ҷо бихезам, буд ҷунбидан гарон.
Бурд берун модарам дар рӯйи дастонаш маро,
Мефишурд ӯ ҳар замон бар сина чун ҷонаш маро.
Гушнагию дардҳо бурда рамақ аз ҷони ман,
Аз давоми умри ман набвад дигар ҷойи сухан.
Ҷон, падарҷони азизам, рафт як моҳи тамом,
Номаи худро накардам ман вале ҳоло тамом.
Баски онро менависам аз заифӣ ҳарф-ҳарф,
Об мегардам сари ҳар ҳарф мисли барф, барф.
Боз баъди як-ду сатре меравад ҳушам зи сар,
Менависам, чун ба ҳуш оям, ду-се сатри дигар.
Гар зи дарду ғусса гирям, дасту поям раг кашад,
Дард гӯё аз заминам бар чаҳи бетаг кашад.
З-ин сабаб аз гиря метарсам, ки ногаҳ ҷон диҳам,
То намонад ҳамчу умрам нотамом ин нома ҳам

Яъне, «яке достон аст пуроби чашм» ва воқеаҳои сӣ сол қабли Тоҷикистон, ҳамчунон вазъи ҳазорон кӯдакони мо ин лавҳаро дар хотирҳо боз зинда кард: яъне, адабиёт натанҳо умумият бахшидани хулқу хислатҳои бадеӣ, балки бозгӯи дарду ормонҳои муштараки ҳамаи одамон ва ҳамаи давру замонҳост.

Ҷиҳати дигари шахсу эҷоди Шумо, соҳибҷашни азиз, лутфи инсониву шоирии шумост, ки бо тақозои мавқеъ гоҳ шакарханд асту гоҳ заҳрханд. Албатта, аввалӣ бештар аст. Ва ҳангоме ки маъшуқаи чоқ дархости бардошта ба ошёнаи чорум бурданашро мекунаду шоир дар дил бурдани он бори латофатро дархӯрди ҳол мешуморад ва ё шахсе аз шоир хоҳиши барои маҳбубааш шеър навиштан менамояду маҳбубаи соҳибдил, шеърро хонда, ӯро неву шоирро меинтихобад, хонанда беихтиёр ба шакарханди Шумо ҳамовоз мешавад.

Худ бигӯед, ки ба чунин хоҳиши шоирона кӣ шарик намешавад:

Хоҳам ин лаҳза, ки аз хеш фаромӯш кунам,
То дами субҳ туро танг дар оғӯш кунам.
Баски дунёст пур аз валвалаи беҳуда,
Кош танҳо нафасу набзи туро гӯш кунам.

Ё ба ин ҳасрати ширин:

Чун ҷавонии ман аз ман бигузашт
Бе ту дар бехудиву бехабарӣ,
Аз ҷавонии ту ман метарсам,
Ки зи ман ҳамчу ҷавонӣ гузарӣ.

Ё кадом дилдода орзуи чунин ҳунари воло намекунад:

Байни соҳибҳунарон
Ба чи нозам, ки дар ин даври қамар
Ҷуз зи ҷон дӯсттарат доштанам,
Дигарам нест ҳунар.

Ё ин манзараи тасвири зебои воқеӣ киро мафтун намесозад:

Эй хуш ин чашмони бодомӣ
Бо нигоҳе гарму афсунгар
Аз паси найзори мижгон
Бешаи бодомҳои талхро ҳатто
Аз шакар ҳам карда ширинтар.

Лутфи Шумо гоҳе сифати дигар касб мекунад, вале ҳамоно нишонрасу коргар аст. Чун ин пора, ки ҷуз қаҳрамонаш ҳамаро ба табассуми пурмаъно вомедорад:

То кай мезорӣ,
Гӯё ки надорӣ
Вақти сархорӣ.
То ту сар хорӣ,
Аввал бояд дид,
Оё сар дорӣ?!

Ё худ гуфтаед, ки шеъре аз шеъри худ беҳ бибинед, ҳасад не, ҳавасатон меояд. Ҳама бояд ба ҳаваси Шумо ҳасад бибарад!

Ва, ниҳоят, фармудаи худатонро иҷро мекунем, ки:

Гумном набошам, ки маро ном диҳед,
Ноком набошам, ки маро ком диҳед.
Имрӯз, ки рӯзи ҷашни шоир бошад,
Ин ҷома гузореду маро ҷом диҳед.

Шумо ном ҳам дореду ком ҳам. Мо ҷомаи урфӣ, ба қавле хилъат ё халатро ҳам яксӯ гузоштем, то ки чун дӯсти бузургворатон Расул Ғамзатов нагӯед, ки «халатное отношение» шуд ва бароятон ҷоми хайёмие орзу мекунем, ки аз хушиву илҳом саршор бошад.

Муҳтарам Ҳаким Аскар Ҳаким! Шумо ҳамчун румонӣ дили беғубору ошкор доред ва ягон гапро дар дилатон пинҳон карда наметавонед. Ман ҳам аз шарофати шумо кам-кам румонӣ шудаам ва ин лаҳза мехоҳам як сирратонро ошкор кунам. Иҷозат?

Дӯстони азиз, сӣ соли умри устод Аскар Ҳаким дар Иттифоқи нависандагон гузаштааст – аз корманди нашрияҳо то раиси созмон. Ва, хушбахтона, имрӯз зуд-зуд ба он даргоҳ меоянд, ба маҳфилҳои адабӣ маънову сафо меоранд. Боре омаданду гуфтанд: «чунон саросема омадам, ки як светофорро сурх гузаштам!» Ман ҳамоҳанги сухани румониёнаашон маслиҳат додам, ки «парво накунед, аз ин тараф дар ягон светофори сабз меистед, ҷуброн мешавад!» Азбаски мо ҳам дар он қоидавайронкунии аввалини устод шарикем, ҷаримаашро низ ҳамроҳ мепардозем ва орзу мекунем, ки роҳи шоири шофири мо сафеду светофорҳои роҳашон ҳамеша сабз бошад!

Низом ҚОСИМ,
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

 

Дигар хабарҳо