РАЗЗОҚ ҒАФФОРОВ

РАЗЗОҚ ҒАФФОРОВ 15 январи соли 1932 дар деҳаи Хоҷағуломи ҷамоати деҳоти Хаймари ноҳияи Самарқанд таваллуд ёфтааст.

Баъди гирифтани маълумоти миёна, соли 1947, ба шуъбаи забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории тоҷикии Самарқанд дохил гардида, соли 1949 хатмаш кардааст.

Солҳои 1949-1951 дар мактабҳои миёнаи деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи

Соли 1951 шомили Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд гардида, соли 1958 Исфара ва қарияи Оҳалики ноҳияи Самарқанд аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтааст.онро ба итмом расонидаву ба зодгоҳаш баргаштааст ва дар шуъбаи маорифи ноҳияи Самарқанд ба ҳайси инспектор ифои вазифа кардааст.

Соли 1954 ба риштаи тоҷикии Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба кор даъват шуда, қариб 7 сол аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфта, сарнавишти минбаъдаи худро ба ҳамин соҳа алоқаманд сохтааст.

Аввалин мақолаҳои илмию танқидию методии ӯ дар ҳамин давра ба майдон омадаанд.

Соли 1959 бо даъвати маъмурияти Интитути забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Душанбе омада, дар шуъбаи забони адабии тоҷик ба сифати ходими хурди илмӣ ба кор пардохтааст.

Дар ин муассисаи собиқадори илмӣ ба тадқиқи масъалаҳои забони адабиёти бадеӣ машғул шуда, перомуни забон ва услуби навиштаҳои Раҳим Ҷалил силсилаи осори тадқиқотӣ таълиф намуда, соли 1964 сазовори дараҷаи илмии номзади илми филология гардидааст.

Соли 1965 мудири шуъбаи лаҳҷашиносии институти номбурда таъин гардида, дар зарфи қариб сӣ сол (1965-1992) мудирии онро уҳдадорӣ кардааст.

Барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи шевашиносӣ ва таълифи асари дастҷамъии бунёди панҷҷилдаи «Шеваҳои ҷанубии забони тоҷикӣ» (1989; ҳамроҳи чанд тан аз ҳамкорону шогирдонаш) сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино гардидааст.

Солҳои 1989-1993 раиси Шӯрои дифоъи дисертатсияҳои докторӣ дар ҳузури Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ Тоҷикистон будааст.

Соли 1992 маъмурияти Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ ӯро барои таҳкими шуъбаи филологияи тоҷик ба кор даъват намуда, то рӯзҳои вопасини умраш мудирии кафедраи забони тоҷикии дорулфунуни номбурдаро бар уҳда доштааст.

Соли 1986 ба дарёфти унвони профессори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, соли 1992 ба гирифтани унвони фахрии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» шарафёб гардидааст.

Соли 1991 узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 2000 дар зодгоҳаш аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо