ДАВЛАТ ШУДАН

 ДАВЛАТ ШУДАН

Мулоҳизаҳои ҷамъбастӣ дар 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ин навишта роҳи паймуда ва ҷойи расидаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар 35 соли истиқлоли давлатӣ бо равиши илмиву оммавӣ ва бо забони сода баррасӣ менамояд. Андешаи марказии он мафҳуми «давлат шудан» буда, дар атрофи ин мафҳум сифатҳо ва аломатҳои асосии як давлати устувору пойдор шудани Тоҷикистон нишон дода мешавад. Навиштаи зер чорчӯба ва фалсафаи вазъиятро ифода карда, дар он аз баршумории мисолу омори зиёд худдорӣ шудааст, зеро барои арзёбии моҳияти дастовардҳо муҳим аст, ки аввал манзараи умумӣ, мантиқи роҳи паймуда ва хулосаи вазъият тасвиру тасаввур карда шавад. Пас аз он ҳар бахши матлабро метавон бо даҳҳо мисолу омори дастрас таҳкиму тасдиқ намуд.

Чунин матн ва чунин арзёбии манзараи умумии давлат шудани Тоҷикистон барои омӯзгорон, сиёсатшиносон, таҳлилгарон, ҷомеашиносон, хизматчиёни давлатӣ ва хоса, фаъолону тарғибгарони дастовардҳои давлативу миллӣ дар ин марҳала хеле зарур мебошад. зеро дарки умумимиллии он, ки аз куҷо ба куҷо расидаем, ҳоло дар кадом марҳала ҳастем ва барои ояндаи рӯшан чӣ заминаву имкониятҳо дорем, бовари ҳар фард ва кулли ҷомеаро ба имрӯз ва ояндаи кишвар бештар месозад.

***

Соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии худро баргузор намуд. Он ҳанӯз аз омодагиҳои тулонии иштирокдорони чорабиниҳои тантанавӣ, бунёду кушодани ҳазорон иншооти бузурги ҷашнӣ ва қадрдонии намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа бо унвону нишонҳои давлатӣ оғоз шуда, бо ҷашну гузаштҳои азими низомиву шаҳрвандӣ, ҳамоиши байналмилалии тоҷикону форсизабонони ҷаҳон, ҷаласаву барномаи баланди идона дар театри миллӣ ва намоиши бошукӯҳ дар варзишгоҳи нав ба авҷи худ расида, бо баргузории садҳо нишасти таҳлиливу таҷлилӣ дар корхонаву муассисаҳо ва роҳандозии ҷашнҳои оммавӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар идома ёфт. Як падидаи бисёр муҳимми ин ҷашн то сатҳи ҷамоату деҳаҳо ва маҳаллаву хонаҳои мардум фаро рафтани он буд, ки дар саросари ҷумҳурӣ мушоҳида мешуд.

Баргузории ин силсилаи азими ҷашну чорабиниҳо, сатҳи баланду миқёси бузургу мазмуни хоссаи онҳо, тавони кофии дастгоҳи давлат дар ташкилу таъмину идоракунии шоистаи онҳо ва, муҳимтар аз он, роҳи паймуда ва дастовардҳои беназири кишвар дар 35 соли Истиқлолро аз дидгоҳи меъёрҳои илми сиёсатшиносӣ баррасиву ҷамъбаст намуда, метавон ба таври қатъӣ хулоса ва эълон намуд, ки Тоҷикистон ба тамоми маъно давлат шуд, давлати миллии тоҷикон акнун ба тамоми маънояш барқарору устувор гашт.

Албатта, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи нахусти таъсисаш давлат буд. Эъломияи Истиқлол ва эътирофи байналмилалӣ аз ҳамон рӯзҳо аввал ба Тоҷикистон мақоми расмии як давлатро дода буд. Аммо мо дар забони тоҷикӣ ҳатто нисбати одам, ки аз лаҳзаи таваллудаш одам аст, истилоҳи «одам шудан»-ро ба кор мебарем. Ба ин маъно, ки ба камол расид, рӯйи пои худ шуд, худро шинохт ё ҷойгоҳи шоистаи инсонии худро пайдо кард. Ба ҳама маъно одам шуд. Дар ибораҳои машҳури «одамӣ ҳам пеш аз он, к-одам шавад» ё «одамӣ одам набинад, аз куҷо одам шавад» низ калимаи одам аввал ба маънои зотию моҳиятӣ ва сипас ба маънои сифатию камолотӣ корбурд ёфтааст.

Давлат шудан низ чунин аст. Як давлати навпо аз лаҳзаи таъсиси расмӣ то марҳалаи камолу устуворӣ бояд роҳеро паймояд, сифатҳоеро касб намояд ва масъалаҳоеро ҳал кунад, то ба маънои комили ин мафҳум давлат шавад. Ва Тоҷикистон дар ин 35 сол маҳз ҳамин масирро паймуда, ба ҳамин сатҳ расид.

Барои ифодаи вазъу мақоми давлатҳои нобарор сиёсатшиносон аз истилоҳи калидии «давлати ноком» истифода менамоянд, ки шакли русии он «несостоявшееся государство» ва шакли англисияш «failed state» мебошад. Яъне, агар давлате дар марҳалаи муайяни ташаккулёбии худ ба ҳалли масъалаҳои усулии милливу таърихиву сиёсиву иҷтимоиву арзишиву амниятии худ ноил нагашта, устувории вуҷудӣ ва ҷойгоҳи минтақавию ҷаҳонии худро касб карда натавонад, давлати ноком ё варшикаста дониста мешавад. Давлати осебпазир бо ҷойгоҳ, самт ва ояндаи норӯшан, ки ҳастиву бақову дурнамои он ҳанӯз зери савол аст. Ин ҳолат ҳам дурнамои дохилӣ ва ҳам ташаккули маҷмуаи муносибатҳои хориҷии давлатро дар ҳолати мубҳам қарор медиҳад.

Ва арзёбии ҳамаҷонибаи сатҳу вазъи имрӯза нишон медиҳад, ки дар 35 соли Истиқлоли худ Тоҷикистон аз марҳалаи осебпазирии вуҷудӣ (экзистенсиалӣ) берун шуда, ҳамаи сифату унсурҳои як давлати устувору доиршударо касб кард. Яъне, ба ҳама маъно давлат шуд.

Банда ҳанӯз дар ҷамъбасти 30-солагии Истиқлоли кишвар маводе тақрибан ба ҳамин мазмун ироа дошта будам, аммо он бештар натиҷагирии ақлию мантиқӣ буд. Ҳоло бошад, давлати баркамоли тоҷикро мушоҳида мекунем, мебинем, эҳсос мекунем, бар он яқин дорем. Яқини ақлӣ, эҳсосӣ, таҷрибӣ ва тахассусӣ.

Роҳи душвори давлат шудани Тоҷикистон чӣ гуна буд? Ҳалли кадом масъалаҳо Тоҷикистонро ба давлати устувору баркамол табдил дод? Кадом аломату сифатҳои Тоҷикистони имрӯз иҷозат медиҳад, ки мо дар бораи як давлати тамому доиршуда сухан гӯем? Барои исботи ин хулосаи қатъӣ, бояд роҳи паймудаи давлат ва миллат дар ин давра ва дастовардҳои бунёдии онро аз нигоҳи чигунагии вазъ ва ҳалли масъалаҳои асосии таъминкунандаи бақову устуворию дурнамои як давлат баррасӣ намуд.

Нахустмасъалае, ки дар масири мураккаби давлат шудан ҳалли муносиби худро пайдо кард, худи аз суқут ва нобудӣ наҷот ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати навини тоҷикон буд. Ҷанги дохилӣ, низову парокандагии миллӣ, фалаҷшавии аксари ниҳодҳои давлатӣ ва тарҳу дахолатҳои ҳадафманди берунӣ дар солҳои 1991-1993 имкони аз байн рафтани Тоҷикистонро бисёр боло бурда буданд. Хосса аз нимаи дуюми соли 1992 давлат дигар ҳамчун низоми сиёсию идорӣ эҳсос намешуд ва тавони иҷрои вазифаҳои иҷтимоиву амниятии худро пурра аз даст дода буд. Ҳатто пойтахти он нақши меҳвари муттаҳидкунандаи миллат ва маркази судури қудрати давлатиро аз даст дода буд. Марказҳои таҳлилии дохиливу хориҷӣ низ барои Тоҷикистон бештар дурнамои тираро пешбинӣ менамуданд.

Аммо дар натиҷаи мавқеи қатъӣ ва талошҳои ҷиддии роҳбарияти нави ҷумҳурӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи Хуҷанд интихоб гашт, ин раванди хатарноки таърихӣ пешгирӣ шуда, давлати ҷавони тоҷикон аз нобудӣ наҷот ёфт. Ин бузургтарин дастоварди милливу таърихии даврони истиқлол буд. Дастоварде, ки бунёди ҳамаи комёбиҳои дигар гашт. Ҷузъиёти чигунагии ин раванд пеши илм ошкор ва пеши таърих пурра маҳфуз аст, аммо чун хулоса метавон гуфт, ки насле, ки бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли ин масъалаи усулӣ ва таърихӣ, яъне, наҷоти давлат аз нобудӣ, ноил гашт, бегумон, як насли қаҳрамон аст.

Масъалаи дувуме, ки ҳалли он идомаи ҳастии Ҷумҳурии Тоҷикистонро имконпазир намуд, барқарории ягонагии ҳудудии кишвар буд. Дар солҳои 1992-1994 равандҳои марказгурез дар дохил ба ҳадде қувват мегирифтанд, ки нухбагони ҳудуди даҳ минтақаи кишвар барои таъсиси сохторҳои идориву сиёсии мустақил аз маркази кишвар, ҷудо шудан аз Тоҷикистон ва ҳатто пайвастан ба кишварҳои дигар тасмимҳои сиёсию ҳуқуқӣ гирифта буданд. Ин раванд аз сӯи баъзе қувваҳои сиёсии дохилӣ ва баъзе доираҳои хориҷӣ пурра ҳимоят меёфт.

Аммо талошҳои пайвастаи роҳбарияти нави ҷумҳурӣ боис гашт, ки давлати амалан дар ҳоли фурӯпошӣ қарордошта дубора ҷамъоварӣ шуда, ягонагии ҳудудии он таъмин гардад. Дар ин раванд гоҳе бо нухбагони онрӯзаи баъзе аз минтақаҳои кишвар ё роҳбарони неруҳои сиёсии дохилӣ чун бо намояндагони давлати хориҷӣ музокираву муомила кардан зарур омада буд. Ҳар як талоши ҷудошавӣ ва ҳар як раванди ҳамроҳсозии дубора дар таъриху санадҳо сабт аст. Аммо муҳим ин аст, ки Тоҷикистон яке аз ҷиддитарин таҳдидҳо ба мавҷудият ва яке аз ҷиддитарин монеаҳои роҳи давлат шудани худро пушти сар гузошта, дар шаклу ҳудуди имрӯзааш ҳифз шуд.

Масъалаи сеюме, ки раванди давлат шудан ҳалли онро тақозо дошт, то охир муайян шудан ва расмияти сиёсию ҳуқуқии байналмилалӣ гирифтани марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Зеро баробари касби Истиқлоли давлатӣ, Тоҷикистон дар тамоми тули сарҳадҳояш мушкилаву баҳсҳои ҷиддии марзиро ба мерос гирифта буд: марзҳои он бо ҳар чор ҳамсояаш расмияти зарурӣ надоштанд.

Ин буд, ки дар пайи даҳсолаҳои талош масъалаҳои ҳуқуқию ҳудудии марзҳои давлатӣ бо Чин, Узбекистон ва Қирғизистон ҳалли ниҳоӣ ёфта, вазъи марзҳо бо Афғонистон дар доираи шартномаҳои пешин эътироф гардид. Танҳо соли 2024 ба Тоҷикистон муяссар гашт, ки ба тамоми баҳсҳои марзӣ нуқта гузошта, ба мамлакати дорои сарҳадҳои расмии аз назари байналмилалӣ эътирофшуда табдил ёбад. Дар ин раванд пурра ба ихтиёри ҳокимияти миллии Тоҷикистон гузаштани масъулияту нигаҳбонии марзҳояш низ як қадами муҳимми таърихӣ буд.

Илова бар ин, дар шароити имрӯзи минтақавӣ, рақибони таърихиву тамаддунию идеологии миллату давлати мо метавонистанд бо истифода аз идомаи баҳсҳои марзӣ буҳрони хатарнокеро эҷод кунанд, ки амнияту мавҷудияти давлати моро бо таҳдиди ҷиддӣ рӯбарӯ созад. Аз ин рӯ, новобаста аз печидагиву бурду бохтҳои ин раванд, расмият ёфтану миллишавии марзҳо як пирӯзии бузурги таърихиву сиёсии Тоҷикистон дар масири давлат шудан буд. Бе ҳалли ниҳоии ин масъала осебпазирии ҳаётии давлат ва нотамомии истиқлоли он ҳамчунон идома меёфт.

Масъалаи чоруме, ки дар раванди давлатшавӣ ҳал шуд, барқарории сохтору аркон ва ниҳодҳои давлатдорӣ буд. Яъне, ҳамзамон бо ҳифзи ҳуқуқию ҳудудӣ, давлати миллии мо бояд ҳамчун низоми сиёсию идории муосиру муассир барқарор мегашт, то маҷмуи вазифаҳои зотии худро иҷро намояд. Дар он давра агар баъзе аз бахшҳои низоми сиёсию идории ҷумҳурӣ чун зербахшҳои ноқисе аз ниҳодҳои умумишуравӣ боқӣ монда бошанд, бахшҳои дигаре чун Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои хориҷӣ ва ғайра умуман вуҷуд надоштанд. Дар умум, институти давлат корношоям ва низоми идоракунӣ фалаҷ гашта, пайванди амудиву уфуқии қудрат фурӯ рехта буд.

Хушбахтона, дар натиҷаи талошу ислоҳоти тулонии такмилӣ, хосса бо татбиқи чанд ислоҳи сохториву конститутсионӣ, дар ниҳоят шакли комилу муассири низоми идории кишвар шакл гирифта, ин масъала низ ҳалли худро пайдо кард. Акнун Тоҷикистон низоми бисёр устувори сиёсию идории худро дошта, ниҳоди давлат пурра барқарор ва механизми кори давлат пурра муназзам мебошад. Давлат барои иҷрои тамоми масъулиятҳои дохиливу хориҷии худ қодир гашта, нуфузу қудрати давлати ягона дар саросари кишвар, аз маркази ҷумҳурӣ то дурдасттарин гӯшаҳои он пурра таъмин аст. Бе ҳалли ин масъала низ давлат аз осебпазирии вуҷудӣ берун намеомад.

Масъалаи панҷум, ки сарнавишти Тоҷикистон дар гарави ҳалли он қарор дошт, барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар буд. Зеро ҷанги шаҳрвандӣ миллатро пораву пароканда карда, ҳизбу ҳаракату идеологияву дидгоҳҳои мухталиф ва маҳаллу минтақаҳои гуногуни кишвар дар муқобили ҳам қарор гирифта буданд. Илова бар ин, беш аз 20 дарсад аз аҳолӣ ба хориҷи кишвар гуреза шуда, 20 дарсади дигар дар дохил овораву беҷо гашта буданд. Теъдоди қурбониён низ қариб то 4%-и аҳолӣ мерасид. Яъне, дар раванди ҷанг натанҳо хатари нобудии фарҳангию сиёсии миллат, балки дар сурати идомаи он, хатари нобудии физикию биологии он низ пеш омада буд.

Дар канори ин, идомаи ҷанги шаҳрвандӣ ҳастии худи давлат ва ягонагии ҳудудии онро низ бо таҳдид рӯбарӯ сохта буд.

Хушбахтона, дар натиҷаи амалӣ шудани сиёсати барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ин таҳдиди бузург бартараф гашт. Пас аз музокироти печидаи чорсола ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёфта, сулҳ ва ваҳдати миллӣ барқарор шуд. Тамоми муҳоҷирону гурезагон ба ҷойҳои зиндагии худ баргашта, неруҳои сиёсию низомии мухолифи давлат ба баданаи низоми давлат ҳамоиш ёфтанд. Дар раванди барқарории баъдиҷангӣ барномаҳои бузурги бозсозии иҷтимоӣ ва ваҳдатсозии миллӣ амалӣ шуда, аксари аҳли ҷомеа дар атрофи арзишҳо ва манфиатҳои умумӣ муттаҳид карда шуд. Хатми ҷанг ва барқарории сулҳу ваҳдат дарвоқеъ, эҳёи дубораи Тоҷикистон буд.

Маҳз бо дарназардошти ин воқеият, муҳандиси ин тарҳи таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи сулҳ ва оштии миллии соли 1997-ро аз назари аҳаммият ба Эъломияи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар соли 1991 ҳамрадиф хондааст. Ин пирӯзии таърихӣ низ қадами дигари ҷиддӣ ба сӯи давлати устувор шудани Тоҷикистон буд.

Масъалаи шашуме, ки бояд дар ин масир ҳал мешуд, таҳкими худшиносӣ ва эҳёи миллӣ буд. Гарчи миллати тоҷик соҳиби таърихи тулонӣ, фарҳангу тамаддуни бузург, маҷмуаи арзишҳо ва сиришти миллии шаклгирифта мебошад, аммо дар марҳалаи муайяни таърихӣ он осеби ҷиддӣ ёфта, қишрҳои васеи ҷомеа аз фарҳангу асолати миллӣ дур гашта буданд. Худшиносии миллӣ аз ҳар ҷиҳат заиф шуда буд. Бинобар ин, бояд бо роҳандозии як раванди худшиносӣ ва эҳёи миллӣ, ки аз тарафи давлат мудирият шавад, пайванди миллат бо тамаддуну фарҳанги бузургаш пурра барқарор мешуд.

Дар ин раванд бо татбиқи силсилаи барномаҳои ҳадафманд эҳсосу худшиносии миллӣ таҳким ёфта, ваҳдати фарҳангиву арзишии миллат барқарор карда шуд. Силсилаи иқдомҳое чун устуворсозии ҷойгоҳи забони давлатӣ, ҷашнвораю ёдвораҳои бузургони миллат, солгарди шаҳру ноҳияҳои таърихии кишвар, эҳёи ҷашнҳои бостонӣ ва расму оинҳои асили миллӣ, ҳимояти давлатӣ аз эҳёи фарҳангу ҳунару мусиқии миллӣ, барқарории зерсохторҳои фарҳангии дар саросари ҷумҳурӣ, таъмини авлавияти арзишҳои миллӣ дар ҷомеа, муаррифии  фарҳанги миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ғайра маҳз дар доираи ин ҳадафи бузурги милливу давлатӣ сурат гирифтанд. Ҳоло метавон гуфт, ки акнун тоҷикон чун миллати ягонаи худшинос дубора эҳё шуда, арзишҳои миллӣ ва ҷойгоҳи тамаддунии худро дуруст мешиносанд, онҳоро пос медоранд ва бо онҳо ифтихор мекунанд ва ба фарзандони худ интиқол медиҳанд. Ин ҳолат таҳдиди ҳалшавию нобудии миллиро ҳамчун соҳибу пояи асосии давлати миллӣ то ҳадди зиёде бартараф намуд.

Албатта, дар ин самт ҳанӯз бояд корҳои ҷиддие анҷом шаванд, то худшиносии комили миллӣ шакл гирад. Худи дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат «Соли таҳкими худшиносии миллӣ» эълон шудани соли 2026 натанҳо нишонаи таваҷҷуҳи олии давлат ба ин мавзӯъ, балки нишонгари ноқаноатмандӣ аз вазъияти масъала ва эҳсоси зарурати ҷиддӣ барои тақвияти корҳо дар ин самт низ мебошад.

Масъалаи ҳафтум, ки бе ҳалли он устувории масири таърихии давлатдориву миллатсозӣ номумкин мегашт, интихоб ва ташаккули модели навини сохториву арзишии давлатдории миллии муосири тоҷикон буд. Дар ин самт гоҳе эҳсос мешавад, ки баъзе масъулони соҳавӣ ва коршиносон бо ишора ба банди 8-уми Сарқонуни кишвар, ки барқарории идеологияи ҳокими давлатиро раво намедорад, суҳбат дар боби модели арзишии давлати навини тоҷикон ва идеологияи меҳварии онро ҷоиз намедонанд. Аммо аз мазмуни Сарқонун ва раванди шаклгирифтаи таърихию ҷамъиятӣ метавон хулоса баровард, ки бунёди давлати ягонаи ҳуқуқбунёди демократии дунявӣ бо уҳдадориҳои ҷиддии миллию арзишию иҷтимоӣ ва сиёсати манфиатбунёду сулҳомези берунӣ, ки низ аз матну мазмуни Сарқонун бармеояд, худ ба модели нави давлатдорӣ ва идеяи машаххасу устувори миллӣ табдил гаштааст. Он дар асл модели давлатдории миллии муосири тоҷикон аст, ки метавонад барои ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ шароит фароҳам сохта, манфиатҳои миллиро таъмин намуда, зиндагии шоистаи ҳар шаҳрвандро кафолат диҳад. Яъне, ин модели арзишиву сохторӣ на ҳамчун идеологияи қишр ё гурӯҳи ҷомеа, балки ҳамчун ифодаи манфиати омми ҳамаи шаҳрвандон бартарӣ ёфтааст. Бе ҳалли ин масъала дурнамои раванди давлатшавии мо бисёр ноқис ва осебпазир боқӣ мемонад.

Сабаби таъкиди махсус ба масъалаи ташаккули модели навини давлатдории миллию муосири тоҷикон дар он аст, ки натанҳо вазъияти имрӯзи давлат, балки дурнамои рушди устувории давлатдории миллии мо ба он вобаста аст. Аммо дар самти татбиқи ҳамаи зарфиятҳои ин модели давлатдорӣ ва ба ҷомеа дуруст расонидани моҳияту аҳаммияти он ҳамчун манфиати умумӣ бояд корҳои басе ҷиддитар анҷом дода шаванд. Аз ҷумла, дастгоҳи идеологию иттилоотии давлатӣ бояд моҳият ва бартариҳои низоми дунявӣ ва аҳаммияту имтиёзҳои воқеии он барои ҳифзи давлат, миллат, дин, фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои фарзиву ҳамагониро ба мардум дуруст расонида тавонад. Дар ғайри он, неруҳои мухолифи ин сохти пурзарфияти давлатдорӣ онро дар афкори умумӣ манфӣ нишон дода, барои сохти давлатдорӣ ва давлати миллӣ таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод карда метавонанд.

Масъалаи ҳаштуми роҳи давлат шудан, ки дар сатҳи бисёр боиста ҳалли худро пайдо кард, таъмини суботи устувор ва амнияти миллии пойдор дар кишвар буд. Дар пайи мушкилоти ёдшудаи солҳои нахусти истиқлол ва хосса ҷанги шаҳрвандӣ, ноамнӣ ба як таҳдиди бузурги миллӣ табдил гашта буд. Он натанҳо фаъолияти давлат, балки тартиботи ҷамъиятӣ ва зиндагии одии шаҳрвандонро низ бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ сохта буд… Аммо талошҳои бунёдии роҳбарияти давлат боис гашт, ки дар ин давра амнияти Тоҷикистон натанҳо пурра барқарор шавад, балки кишвари мо аз ҷониби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ яке аз амнтарин давлатҳои ҷаҳон эътироф гардад ва пойтахти он шаҳри Душанбе ба шумори даҳгонаи пойтахтҳои осудатарини ҷаҳон ворид шавад. Барои кишваре, ки чанд сол пештар ҷанги дохилиро аз сар гузаронд, ин дастоварди муҳимму беназир ба ҳисоб меояд.

Барқарории амният дар Тоҷикистон, аз як сӯ, дар барқарории комили сохтор ва салоҳиятҳои ниҳодҳои таъмини суботу амният (1) ва аз сӯи дигар, дар барқарории суботи комили сиёсӣ ва назми комили ҷамъиятӣ (2) ифода мегардад. Дар баробари ин, дарку таърифи дурусту ҳимояи шоистаи манфиатҳои миллӣ дар сатҳи милливу байналмилалӣ ва пешгирии таҳдидҳои бунёдӣ барои субот ва мавҷудияти кишвар низ нишондиҳандаи муҳимми барқарории амнияти комил ба ҳисоб мераванд.

Ҳоло, ки амнияти бунёдӣ таъмин аст, акнун навбати таҳкими амнияти арзишӣ, амнияти иттилоотӣ, амнияти зеҳнӣ ва амнияти иҷтимоии ҷомеа аст, ки дар ин самт барномаҳои мушаххас татбиқ мегарданд.

Албатта, барқарории амният танҳо сифати дохилии давлат набуда, он боиси барқарории эътимоди байналмилалӣ нисбат ба давлат, рушди ҳамкориҳои байналхалқӣ, ҷалби сармояҳои хориҷӣ, рушди сайёҳӣ ба Тоҷикистон ва дар кул, омили муҳимми рушди босуръати худи кишвар гаштааст. Дар фазои амну осуда баргузор шудани худи чорабиниҳои азими ҷашнӣ низ имтиҳоне барои низоми амниятии Тоҷикистон ва исботи амнияти комили он буд.

Масъалаи нуҳум, ки ҳалли он ба яке аз омилҳои асосии таъмини суботи дохилӣ ва устувории давлат табдил гашт, раҳоии кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад. Бале, Тоҷикистон ҳанӯз кишвари пешрафтаи иқтисодиву технологии ҷаҳони муосир нест, аммо дар айни замон ҳоло дигар кишвари фақиру осебпазир низ намебошад. Хосса дар муқоиса бо замони буҳронии даҳсолаи аввали истиқлол, ҳоло сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 85 дарсад то 15 дарсад поин омада, суботи иқтисодиву иҷтимоӣ барқарор гашта, ҳам руҳияи прогрессивӣ ва ҳам раванди рушди босуръат идома дорад.

Ҳамзамон бо ин, барномаҳо ва зарфиятҳои иқтисодӣ нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон тамоми имкониятҳои рушдро дошта, дар сурати ҳифзи суботи сиёсӣ ва таъмини суръати рушди иқтисодӣ дар даҳсолаҳои оянда метавонад ба кишвари пешрафтаи иқтисодиву саноатӣ табдил шавад. Танҳо дар ин сурат фароҳам сохтани шароити муносиби иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон, ки яке аз вазифаҳои асосии давлати миллии муосири мо ба ҳисоб меравад, имконпазир мегардад.

Масъалаи даҳум, ки дар роҳи давлат шудан бо комёбии хосса ҳал гашт, таъмини ҷойгоҳи байналмилалии давлат ва миллати тоҷик буд. Барои давлати навпо зарур буд, ки сараввал эътирофи ҳуқуқии мавҷудияти худро дар низоми байналмилалӣ таъмин намояд ва сипас ҷойгоҳи сиёсии худро дар фазои ҷаҳонӣ касб кунад. Ин роҳи мураккабу тулоние буд, ки тамоми ин севуним даҳсола тул кашид. Акнун вақте гуфта мешавад, ки Тоҷикистон бо 180 кишвари ҷаҳон робитаҳои расмии дипломатӣ дошта, узви беш аз 60 ташкилоти байналмилалӣ, аз ҷумла СММ мебошад, пеш аз ҳама, ба он маъност, ки давлати миллию мустақили тоҷикон – Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҳамин миқдор давлату созмон эътирофи расмӣ ёфтааст. Ин вуруду эътирофи комил дар низоми ҳуқуқии байналмилалии муосир аст. Бе ҳалли ин масъала бақову дурнамои давлати мо ҳамчунон осебпазир боқӣ мемонд.

Дар канори ин, дар масъалаи ташаккули ҷойгоҳи сиёсӣ ва симои мусбати давлати навини тоҷикон дар фазои ҷаҳонӣ низ таҳаввули ҷиддӣ ҳосил шуд. Чунин ҷойгоҳи кишвар агар, аз як сӯ, бо ташаббусҳои фаъоли ҷаҳонии роҳбарияти давлат дар бахши обу иқлим ва сулҳи ҷаҳонию амнияти минтақавӣ ҳосил шуда бошад, аз сӯи дигар, бо муаррифӣ ва таъмини эътрофи байналмилалии осору ёдгориву арзишҳои асили фарҳанги миллии тоҷикон ба даст омадааст.

Ҳамзамон бо ин ду дастовард, талошҳои давлат барои муаррифии худи миллати тоҷик чун миллати бостониву соҳибтамаддун ва бахши сарбаланду баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ низ бисёр муҳим буд. Ва хушбахтона, имрӯз шинохти ҷаҳонии тоҷикон ва омезиши тоҷикон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муқоиса бо солҳои нахусти Истиқлол дар сатҳи бисёр боло қарор дорад. Акнун ҷаҳониён миллати тоҷик, фарҳанги бостонии он ва давлати ҷавону зебои онро ба хубӣ мешиносанд. Таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба таъриху фарҳангу табиату зебоиҳои Тоҷикистон худ як сармояи миллист, ки дар ин раванд анбошта шудааст. Дар канори ҷанбаи фарҳангиву симосозӣ, он метавонад ба як омили муҳимми рушди иқтисодии кишвар низ табдил гардад.

***

Агар тамоми ин нуктаҳоро дар як банд ҷамъбаст намоем, бо боварӣ метавон гуфт, ки дар се даҳсолаи аввали Истиқлоли худ ба давлат ва миллати Тоҷикистон муяссар гаштааст, ки аз ҷумла давлати худро соҳибӣ карда, аз вартаи нобудӣ наҷот диҳанд (1), тамомияти ҳудудии давлатро таъмин намоянд (2), марзҳои давлатии худро расмию миллию устувор созанд (3), аркони идориву сиёсии давлатро барқарор намоянд (4), сулҳу ваҳдати миллиро ба даст оранд(5), раванди эҳёи арзишӣ ва сиёсии миллиро оғоз ва суръат бахшанд (6), модели ояндаи давлати миллию муосири тоҷиконро муайян созанд (7), суботу амнияти комилу устуворро таъмин кунанд (8), аз буҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ берун оянд (9) ва ҷойгоҳи устувори давлат ва миллати худро дар низоми байналмилалӣ таъмин намоянд (10).

Бо ҳал шудани ин масъалаҳои бунёдӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми аломату сифатҳои як давлати миллии муосирро соҳиб гашта, аз марҳалаи душвортарини ташаккул гузашта, ба марҳалаи устуворӣ расид. Ҳам халқ ва ҳам роҳбарияти давлат рисолати азими миллию таърихию давлатсозии худро ба ҷой овард. Бешубҳа, пас аз дастёбӣ ба истиқлоли давлатӣ (1) ва барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ (2), ин комёбӣ ё давлат шудан, севумин дастоварди бузурги таърихи муосири халқи тоҷик ба шумор меравад.

Акнун ҳеҷ хатари мустақими вуҷудӣ ба ҳастии кишвар таҳдид намекунад. Акнун барои будан, зистан ва идома доштан ва пеш рафтан тамоми шароит фароҳам шудааст. Акнун ҳеҷ кас мавҷудият ва дурнамои Тоҷикистонро зери суол бурда наметавонад. Ин аст ҷамъбасти 35 соли Истиқлол.

Аҳаммияти давлат шудан ва давлат доштан барои халқи тоҷик, пеш аз ҳама, дар он аст, ки дар шароити нави таърихӣ ва минтақавӣ танҳо давлати худӣ метавонад кафили таъмини бақои тоҷикон ҳамчун миллат бошад. Танҳо дар шароити давлати миллии худ тоҷикон метавонанд забону фарҳанги худ, арзишҳои худ, ҳуқуқу озодиҳои худ, манфиатҳои миллии худ ва ҳастии милливу тамаддунии худро ҳифз намоянд. Зеро дар ҳамаи сарзаминҳои таърихие, ки тоҷикон ҳокимияти сиёсӣ ва давлати миллиро аз даст додаанд, аз аксари ҳуқуқҳои милливу мадании худ маҳрум гашта, зери фишорҳои бузурги арзишӣ қарор гирифта, бо таҳдиди инҳилолу нобудӣ рӯбарӯ мебошанд. То ҷое ки дар сад соли охир танҳо дар Осиёи Марказӣ беш аз 25 миллион тоҷик инҳилол гаштааст ва сарнавишти ҳудуди 20 миллион тоҷики Хуросон низ зери чунин таҳдид аст. Ҳоло шароити асри миёна нест, ки миллатҳо дур аз таъсири амиқи давлату тамаддуну арзишҳо дар ҳошияҳо маҳфуз бимонанд. Ҳоло нуфузи умумиятбахши давлатҳо бисёр амиқу фарогир аст.

Пас, дар шароити имрӯзаи сиёсию арзишию идеологию амниятии минтақавӣ, танҳо давлат шароити ҳифз ва рушди як миллат ва арзишҳои онро таъмин намуда метавонад. Аз ин рӯ, акнун ин ҳақиқат бисёр рӯшан аст, ки имрӯз мавҷудият ва бақои тоҷикон ҳамчун миллат бо мавҷудият ва бақои Тоҷикистон ҳамчун давлати миллии онҳо пайванду вобастагии амиқ пайдо кардааст: агар Тоҷикистон ҳамчун давлати миллии тоҷикон осеб бинад, сарнавишти тоҷикон ҳамчун миллат мустақиман зери таҳдиду саволҳои ҷиддӣ қарор мегирад.

Чунин аҳаммияти Тоҷикистон ҳамчун давлати кафолатдиҳандаи бақову рушди тоҷикон натанҳо барои тоҷикони дохилӣ, балки барои тамоми тоҷикони ҷаҳон ва низ форсизабонони дунё, новобаста аз ҷои сукунати онҳо муҳим мебошад. Зеро мавҷудияти давлати тоҷикон ва дар он таъмин шудани шароити шоистаи бақову рушди миллати тоҷик ва ҳифзу ҳокимияти арзишҳои тамаддунии он ба тамоми ҳавзаи ҷуғрофию фарҳангиву арзишии тоҷикону форсизабонон таъсири бисёр ҷиддиву мусбат мегузорад. Дар айни замон, татбиқи сиёсати робитаҳои васеъ ва масъулият дар баробари сарнавишти ҳамватанони бурунмарзӣ, ки дар сатҳи Қонуни асосии Тоҷикистон сабт гаштааст, Тоҷикистонро дар амал низ ба меҳвари асосии ҳавзаи тоҷикӣ ва хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон табдил додааст. Агар имрӯз бо сабабҳои мушаххаси таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологӣ ва технологӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон он нақши боистаи ҳимоятиву ҳидоятии худро ҳанӯз пурра ба ҷой оварда натавонад, аммо рушди босуръати сиёсию иқтисодии кишвар метавонад ҷойгоҳи ояндаи Тоҷикистонро дар тавозуни қудрати минтақавӣ ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ тағйир дода, таъсиру тавоноиҳои онро дар самти ҳамкориву ҳимояти ҳамзабонон ва соҳибиву рушди арзишҳои тамаддунии форсиву тоҷикӣ хеле болотар барад. Ҳаракат ба сӯи ин таҳаввул ва ин ҷойгоҳ бисёр зарурӣ ва комилан имконпазир аст. Маҳз дастёбӣ ба он натанҳо сарнавишти Тоҷикистонро ҳамчун давлат, балки сарнавишти таърихии тоҷиконро ҳамчун миллат муайян хоҳад кард.

***

Албатта, дар ҷамъбасти мавзуъ ин саволи табиӣ ба миён меояд, ки аз назари марҳалабандии масири рушд ҳоло мо дар куҷо қарор дорем? Акнун бо камоли эътимод метавон эълон дошт, ки имрӯз давлат ва мардуми Тоҷикистон марҳалаи эҳё ва барқарории давлатдории миллиро пурра ҷамъбаст намуда, тамоми масъалаҳои хосси ин давраро бомуваффақият ҳал карда, ба марҳалаи нави давлатдории худ, яъне ба марҳалаи рушди устувор гузаштааст. Яъне, акнун Тоҷикистон вориди марҳалаи рушди устувори худ шуд.

Табиист, ки марҳалаи рушди устувор рӯзномаву вазифаҳои хоси худро дорад. Дар он мо бояд дар баробари ҳифзи ҳатмии пояҳои давлат ва дастовардҳои марҳалаи давлатсозӣ, рӯи силсилаи масъалаҳое таваҷҷуҳ намоем, ки ҳалли онҳо рушди устувори давлат, таъмини манфиатҳои миллии кишвар ва шароити зиндагии шоистаи мардумро фароҳам меоранд. Муҳимтарини онҳо таҳкиму ҳамагонӣ сохтани афкори давлатмеҳвариву соҳибватанӣ (1), оммависозӣ ва таъмини бартарияти арзишҳои миллӣ (2), дастёбӣ ба ҳадафҳои мушаххаси стратегии мамлакат (3), дастёбӣ ба рушди саноативу технологии кишвар (4), ислоҳу муосирсозии низоми маорифи миллӣ (5), ташдиди мубориза бо фасоди молию идорӣ (6), таҳкими адолати иҷтимоӣ (7), такмили вазъи ҳуқуқу озодиҳои ҷамъию фардӣ (8), бознигарии консепсияҳои кору муҳоҷирати аҳолӣ (9), муосирсозии низоми таъмини амнияти миллӣ (10), таҳкими ҷойгоҳи минтақавии давлати миллӣ (11) ва ғайра мебошанд. Ин маҷмуи вазифаю масъалаҳо моҳияти рӯзномаи ояндаи давлат ва ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки миллати бузурге, ки масъалаҳои бисёр мушкил ва ҳаётии марҳалаи давлатсозиро бо сарбаландӣ ҳал кард, тавони комили ҳалли силсилаи масъалаҳои давраи рушдро низ дорад.

Дар як сухан, акнун навбати оянда аст. Навбати ба кор андохтани зарфиятҳои азими кишвар ва миллат барои рушди устувор, ҷойгоҳи сазовор ва таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон. Ҳамаи омору таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳам ҳудуд, ҳам сарватҳои табиӣ, ҳам ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва ҳам зарфиятҳои сиёсиву идории Тоҷикистон барои рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоиву технологии кишвар ва таъмини зиндагии шоистаи мардум кофӣ мебошанд. Дар ин самт зикри як рақам кофист, ки миёни 200 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон аз назари ҳудудӣ дар ҷойи 94-ум қарор дошта, дар ҷаҳон беш аз 100 кишвари хурдтар аз Тоҷикистон вуҷуд доранд. Ва Тоҷикистон аз ин назар аз кишварҳои пешрафтаву сарватманде чун Қатар, Исроил, Баҳрайн, Амороти Арабӣ, Сингапур, Маҷористон, Озарбойҷон, кишварҳои Соҳили Балтик ва ғайра басе бузургтар аст. Сарзамини Тоҷикистон саросар аз кӯҳҳои ганҷу сарват иборат мебошад, ки ҳамагӣ дар интизори донишу технологияву коркарду корбурд истодаанд. Суботи устувор ва амнияти пойдори кишвар низ заминаи муносиби чунин рушдро фароҳам сохтааст. Илова бар ин, мавҷудияти аҳолии ҷавон, ҷамъияти босавод ва миллати фарҳангиву куҳанбунёд чун неруи бузурги созанда метавонад омили муҳимми дигари таъминкунандаи чунин рушд ва ояндаи рӯшани давлату миллат бошад.

Яъне, ҳоло тамоми заминаҳои рушд таъмин буда, дигар ҳеҷ сабабе барои пасмондагӣ ё ҳеҷ баҳонае барои вомондагӣ боқӣ намондааст. Ва тавре, ки дар Паёми имсоли Роҳбари давлат расман эълон шуд, акнун ҳадафи олии давлат таъмини зиндагии шоистаи мардум аст. Бале, миллате, ки ҷабри бузурги таърихӣ, фишорҳои бузурги минтақавию байналмилалӣ, рӯзҳои тира ва шароити печидаи иҷтимоиро бо сарбаландӣ пушти сар гузошта, Ватан, Истиқлол ва Давлати миллии худро соҳибӣ кардааст, бешубҳа, сазовори зиндагии шоиста ва ояндаи рӯшан дар Ватани худ мебошад.

Худсолориву устуворӣ пояндаву хуҷаста бод!

Абдуллоҳи РАҲНАМО,
сиёсатшинос

 

Дигар хабарҳо