ҲИЛОЛИЁН АСКАР 25 марти соли 1923 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таваллуд шудааст. Солҳои 1929-1938 дар мактаб ва Омӯзишгоҳи тибби Машҳад, баъдан дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров таҳсил кардааст. Аз соли 1948 машғули фаъолияти босамари рӯзноманигорӣ будааст. Оғози фаъолияташ дар соҳаи адабиёт ба соли 1942 рост омада, муааллифи китобҳои «Аз Мастчоҳ ба Мастчоҳ» […]Идома...
АЪЛОХОН АФСАҲЗОД 10 ноябри соли 1935 дар деҳаи Ворӯи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Аз 5-солагӣ, ҳамроҳи мардуми синну солашон гуногун, дар «курси маҳви бесаводӣ» таҳсил карда, якбора ба синфи чаҳоруми мактаби навтаъсиси шӯроӣ гузаштааст. Баъдан, солҳои 1954-1955, дар сафи Артиши Шӯравӣ адои хидмати ҳарбӣ, солҳои 1956-1960 муаллимӣ, солҳои 1960-1961 дар Совети Олии РСС […]Идома...
АБДУСАЛОМ АТОБОЕВ 20 апрели соли 1934 дар деҳаи Қалъачаи Мазори ноҳияи Исфара ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории Конибодом чанде дар зодгоҳаш муаллимӣ кардааст. Соли 1958 факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченкоро ба поён расондааст. Муддате дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» ва маҷаллаи «Машъал» кор кадааст, чанде сармуҳаррири бахши репертуари Вазорати […]Идома...
ҶӮРА БАҚОЗОДА 22 сентябри соли 1937 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1962 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии Самарқандро хатм карда, барои идомаи таҳсилу фаъолияти илмӣ ба ИЗА ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (Душанбе) омадааст. Солҳои 1965-1968 дар аспирантураи Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав), солҳои 1974-1980 дар курси мунаққидони ҳамин донишкада таҳсил кардааст. Номзади […]Идома...
ХУРШЕДИ АТОВУЛЛО 10 сентябри соли 1973 дар деҳаи Дашти Қозии ноҳияи Панҷакенти вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №49 зодгоҳаш вориди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуда, соли 1996 бомуваффақият хатмаш кардааст. Солҳои 1996-1999 мухбири рӯзномаи «Чархи гардун», солҳои 1999-2001 мудири шуъбаи рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», солҳои 2001-2003 ҷонишини […]Идома...
ҶӮРАҚУЛ АҶИБ 5 октябри соли 1950 дар деҳаи Чолтоши ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Пас аз итмоми мактаб-интернати №1 ноҳия, соли 1965, вориди Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб шуда, соли 1969 хатмаш кардааст. Солҳои 1969-1971 дар хизмати ҳарбӣ буда, баъдан омӯзгорӣ кардааст. Соли 1975 – Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро (ғоибона) хатм кардааст. Аз соли 1990 бо […]Идома...
АБДУЛМАҶИДИ БОХТАРӢ (Достиев Абдулмаҷид Салимович) 10 майи соли 1946 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон таваллуд ёфта, соли 1965 мактаб-интернати №4 ноҳия, соли 1974 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон, соли 1987 Мактаби олии ҳизбии Тошкандро ба итмом расондааст. Аз декабри соли 1965 то декабри 1968 дар Округи ҳарбии «Приволжск» хизмати аскариро ба ҷой овардааст. Аз январи соли 1969 […]Идома...
ИРЖИ БЕЧКА ховаршиноси маъруфи чех, доктори илмҳои адлия ва фалсафа 16 октябри соли 1915 дар Прага ба ҷаҳон омадааст. Соли 1945 Донишгоҳи Карли шаҳри Прагаро хатм карда, корманди Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Чехословакия шудааст. Ҳамчун шогирди сазовори ховаршиноси машҳур Ян Рипка дар таҳқиқу тарғибу омӯзиши адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Доир ба ҷанбаҳои […]Идома...
ЮРИЙ БОБОЕВ (Бобоев Юрий Израилович) 2 ноябри соли 1917 дар шаҳри Самарқанд таваллуд ёфтааст. Соли 1945 шуъбаи забон ва адабиёти руси факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Ӯзбекистонро ба итмом расонда, ба Душанбе омадааст. Муддате дар идораи рӯзномаҳо хидмат карда, сипас дар вазифаи котиби илмии Пажӯҳишгоҳи таърих, забон ва адабиёти Филиали Тоҷикистонии Академияи илмҳои СССР ва […]Идома...
ИОСИФ БРАГИНСКИЙ 18 июни соли 1905 дар шаҳри Боку ба ҷаҳон омадааст. Соли 1931 Донишгоҳи шарқшиносии Наримоновро (дар Маскав) хатм карда, дар ҳамон ҷой аз забони урду дарс гуфтааст. Баъдан мудири қисми таълим ва шуъбаи забоншиносии донишгоҳи мазкур будааст. Соли 1933 ба Тоҷикистон омада, дар вазифаҳои сардори шуъбаи сиёсии совхози «Данғара», мудири шуъбаи тарғиботи КМ […]Идома...



