Боиси таассуф аст, ки нақди адабӣ дар умум ва хосса нақди наср дар адабиёти тоҷик дар чанд даҳсолаи охир ҷойгоҳ ва дар натиҷа таъсири худро гум кардааст. Ин амр, ба назари ман, чанд омил ва сабаб дорад, ки куҳулати сол ва фавти адабиётшиносон ва мунтақидони маъруфи мо (М. Шакурӣ, С. Табаров, А. Сайфуллоев, Ҷ. Бақозода, […]
Ба муносибати 100-солагии Жола Бадеъ Хонандаи тоҷик бо ном ва осори Жола Бадеъ ва ё Жолаи Исфаҳонӣ ба хубӣ ошно мебошад. Ин шоири муҳоҷири эронӣ, мисли устод Лоҳутӣ пас аз муҳоҷират аз меҳани аслиаш Эрон, Тоҷикистонро ба унвони меҳани дувуми худ ихтиёр намуда ва дўст дошта буд. Жола Бадеъ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд, бо […]Идома...
(Мусоҳибаи адиб ва рўзноманигор Абдурауф Муродӣ бо Шоири халқии Тоҷикистон, котиби масъули бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аҳмадҷони Раҳматзод) — Тибқи анъана нахустсуоли тоҷикон ҳангоми вохўрӣ чунин аст: корҳо чӣ тавр? Ҳоло мехоҳам ин суоли маъмулро дар оғози суҳбатамон ба гунаи зер тарҳрезӣ бикунам: вазъи корҳо дар бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти […]Идома...
(Абдулҳамид Самад. Ёр дар бари ёр. – Душанбе, “Адиб”, 2019, 192 саҳ.) Одамият чист? Худро дур аз шар доштан…. Саъдӣ Замони муосир дар қатори музаффарияту муваффақиятҳояш, пешравиҳои бузурги илмиву техникиаш, дастовардҳои чашмраси моддиаш, оқибатҳои ногувори маънавӣ низ ба бор оварда истодааст. Костагиҳои маънавии ҷамъияти инсонӣ, ки маҳсули ҷаҳонишавии босуръат, бозоришавии иҷтимоъ, болоравии қимати моддӣ […]Идома...
Ба муносибати 70-солагии нависанда Бо нависанда Муҳаммадраҳими Сайдар аз даврони мактабхонӣ ошноӣ доштам. Аммаи ў дар деҳаи мо мезист ва ў ҳамроҳи падараш зуд-зуд ба аёдати вай меомад. Муҳаммадраҳим аз мо се-чор сол калонтар буд. Даврони донишҷўӣ рафтуомадамон зиёдтар шуд. Вай баъди ду соли хатми мактаби миёна ба донишкада дохил шуд. Гоҳи фориғ аз дарс […]Идома...
Рустам ВАҲҲОБЗОДА Адабиёти тоҷик, бахусус назму наср, нақди адабӣ ва драматургия дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба дигаргуниҳои ҷиддӣ ва касби сабку равиш, инчунин услубҳои тозаву рангин комёб гардид. Дар Анҷумани навбатии нависандагони Тоҷикистон роҷеъ ба ин падидаву пешрафтҳо гуфтугўи амиқу густарда ба миён омад. Аз ин лиҳоз ҳафтаномаи мо тасмим гирифтааст, ки оид ба шеваҳои нақду […]Идома...
Адаш ИСТАД Самарқанд дар аввали асри XX мактаби адабии неруманде дошт. Дар ин мактаби адабӣ Нақибхони Туғрал, Саидаҳмади Васлӣ, Фахриддини Роҷӣ, Саидаҳмади Аҷзӣ, Сипандӣ ва Писандӣ, Гулханӣ ва Ҷавдат барин шоирони машҳур гирд омада буданд. Дар бораи обрўи баланди мактаби адабии Самарқанди аввали асри XX Тамҳид дар як шеъраш гуфтааст: Бувад табъи баландашро баназму наср […]Идома...
«Оташи тасвир» унвони китоби тозаи ашъори Шоири халқии Тоҷикистон устод Низом Қосим аст, ки нашриёти «Хуросон»-и шаҳри Хуҷанд чанде пеш ба табъ расонд. Дар ин китоб, дар баробари шеърҳои нав, ашъори солҳои гуногун сурудаи шоир аз маҷмўаҳои пешинаш гулчин шудаанд. Метавон гуфт, ки он беҳтарин шеърҳои шоирро фаро гирифта ва аз ҳар дидгоҳ ҳунари шоирии […]Идома...
Холиқ Мирзозода Соли равон ба нашри «Қишлоқи тиллоӣ», достони машҳуру дилписанди Шоири халқии Тоҷикистон устод Мирсаид Миршакар, ки вирди забони хонандагони тоҷик гардидааст, 80 сол пур мешавад. Достони мазкур орзуву омоли гузаштагони моро таҷассум менамояд ва ҳаёти осудаву сулҳу дўстиро тараннум карда, хотимаи он амалӣ гардидани ниятҳои ҳаётдўстонаро бозгў месозад. Устод аз аввалин адибони тоҷик […]Идома...
Абдулҳамид САМАД Сари иншои ин мақола ва ба нашр супоридани он хеле андешидам: зарур бошад ё не? Кирои посух додан мекунад? Магар муҳаққиқе аз сари инсоф ба ҳукмҳои сарсарӣ ва баҳсангези профессор Абдунабӣ Сатторзода оид ба романи дуҷилдаи «Гардиши девбод» посухи мунсифона медода бошад? Чун андешаҳои эътирознамо дар дил ба туғён омаданд, беҳтар донистам, ки […]Идома...