ШОИРИ МАКТАБИ КУҲАНДИДА…

 ШОИРИ МАКТАБИ КУҲАНДИДА…

Корбурди анвоъи суннатӣ, ба вижа ғазал, дар осори шоироне чун Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Аминҷон Шукўҳӣ, Муъмин Қаноат, Тилло Пўлодӣ, Мастон Шералӣ, Лоиқ Шералӣ ва дигарон, ки бо рўҳи пурзўру навоварона арзи вуҷуд кардааст, аз таҷрибаи андўхташон аз адабиёти гузашта дарак медод.

Ғазал дар солҳои 60-ум дар осори бисёре аз шоирон истифодаи фаровон дошт. Дар ин солҳо шоироне буданд, ки бештар аз ҳар навъи шеърии дигар ба ғазал рў овардаанд. Рағбати тамом доштани Тилло Пўлодӣ низ дар гуфтани ғазал бармалост. Корбурди ғазал дар шеъри ў аз ҳар анвои шеърии дигар дида ошкору чашмгир аст.

Тилло Пўлодӣ яке аз шоирони боистеъдод дар адабиёти муосири тоҷик аст, ки дар арсаи шеъри солҳои 50-60-уми садаи ХХ бо офаридаҳои худ мақом пайдо кардааст. Оғози фаъолияти адабии Тилло Пўлодиро аз соли 1935 рақам задаанд ва ин ба он маъност, ки шеъри ў аз ин муддат ба баъд дар радифи ашъори вассофони дигаргуниҳои бузурги шўроӣ қарор гирифтааст. Яъне, шеъри ў аз ин ба баъд рангу равнақи дигарро соҳиб гардида, дарунмояи худро аз мавзуъоти асосии онвақта, — муҳаббат ба партия, тараннуми дўстии халқҳо, меҳнати садоқатмандонаи колхозчиён, васфи қаҳрамониҳои сарбозони шўравӣ дар ҷабҳа, тавсифи Ленин ва ғайра пур мегардонад. Аммо ман аминам, ки фаъолияти эҷодии ў хеле барвақт аз ин нишондод оғоз гардидааст ва аз мутолиаи ашъораш равшан мегардад, ки Тилло Пўлодӣ солҳо пеш аз ин мактаби суннатии шеъри тоҷикӣ-форсиро хатм кардааст ва бо тамоми маъно мактабдидаи шеъри классикии тоҷик аст. Тилло Пўлодӣ ба қавли Муҳиддин Фарҳат “аз овони хурдсолӣ асарҳои ҷовидонаи саромадони адабиёти ҳазорсолаамон Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Низомӣ, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Ҷомӣ, Навоӣ, Ҳилолӣ ва дигаронро такрор ба такрор хонда, завқи бадеии худро парвариш медод… Камоли Хуҷандӣ ва Ҳилолиро қариб ба тамом ҳифз кардааст”.

Дарвоқеъ таъсири ин мактаби бузург болои шеъри Тилло Пўлодӣ бисёр густарда ва амиқ ба назар мерасад. Пурборӣ ва нафосату назокату зебогии шеъри ин шоир низ аз баракати ҳамон мактаби шеъри классикист. Рўй бар ғазал овардани ў низ аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад. Вале муҳит ўро водор намуда, ки ашъори худро таҷдиди назар кунад ва дар идомаи бисёре аз ғазалвораҳои худ, ки таровиши шеъри суннатиро доранду таҷассумкунандаи ахлоқи баланди инсонӣ, башардўстӣ ва дорои лирикаи баланди ишқӣ мебошанд, абёте мувофиқ ба идеологияи замонро илқо намояд. Барои мисол чанд байт аз ғазали “Ваъдаи дидор”:

Ҷонона, биё ваъдаи дидор шуд, охир,

Чашмам суйи раҳ з-омаданат чор шуд, охир.

Айёми баҳор омаду олам шуда гулпўш,

Булбул ба наво дохили гулзор шуд охир.

Фикрам шуда монанди ду зулфи ту парешон,

Дил дар ҳаваси рўйи ту хуншор шуд охир.

Мехостам осуда шавам аз ғами ту, лек

Дил дар хами зулфи ту гирифтор шуд охир.

Ҳуш аз сару сабр аз дилу хоб аз басарам рафт,

Ишқам ба ту сад таънаи ағёр шуд охир.

Гуфтам, санамо, кай ба висолат бирасам ман?

К-аз чашми тарам ашк гуҳарбор шуд, охир.

Дар идомаи ин ғазал абётеро мехонем, ки ғолибан баъд илқо шудаанд ва натиҷаи як интизорӣ, як ҳаҷри зебову ошиқонаро ба ин андоза камрангу беҳосил кардаанд:

Гуфтӣ, ки пас аз муҳлати иҷрои пулонам!

Фахрам, ки туро фатҳу зафар ёр шуд охир.

Аз меҳнати шоистаи таҳсини ту кишвар,

Бо номи шарафнок сазовор шуд охир…

 Мулҳақот дар шеъри ин шоирон, ки мактаби шеъри классикиро гузаштаанд ва бо таъсири мактаби замони нав иҷборан маҷрои шеъри худро ба рўдхонаи шеъри идеологии вақт тобондаанд, хеле зиёд дида мешавад ва ниёз ба як баррасии муфассал дорад. Тилло Пўлодӣ бо он табъ ва бардошти амиқе ки аз шеъри гузашта доштааст, агарчи баъдҳо мавзуи шеъри худро ҳамоҳанг бо сиёсати партия кардааст, вале рўҳи шеъри гузашта аз аҷзои бештарини ғазалвораҳояш бурузи равшан дорад. Барои мисол чанд байт аз шеъри “Ҳадя ба духтари санъаткор”:

Дишаб аз хона бурун дилбари ҷонон гардид,

Бо дили шод суи кор шитобон гардид.

Гуфтам, эй зуҳраҷабин, аз шарафи меҳнати ту

Боғи пурмеваи санъат чаманистон гардид.

Нахли уммеди ту дар давраи мо бор гирифт,

Бахти фирўзи ту дар саҳна дурахшон гардид.

Гул ба пеши рухи зебои ту сар хам дорад,

Шаккарин лаъли лабат рашки найистон гардид…

Бо вуҷуди ин, бисёр дида мешавад, ки бештари ғазалҳои ў агарчи забону баёни шеъри классикиро дар худ ба хубӣ ҳифз кардаанд, аммо аз лиҳози дарунмоя, мавзуъ ва тасвири манзара фарогири рўҳияи замони муосиранд, ки хонанда ба хубӣ шеъри шоири муосир будани онҳор пай мебарад:

Саъй кун, мадеҳ аз даст номаи камолатро,

Як ба як шумор аввал рўзу моҳу солатро

Соли даҳ зи умри ту дар талоши хондан рафт,

Вақти имтиҳон омад, шарҳ деҳ саволатро.

Меҳнати муаллимро ҳар замон ба ёд овар,

Пеши ў аён бинмо меҳнати ҳалолатро.

Вақтро ғанимат дон, дарсҳои худро хон!

Аз ғубори нодонӣ тоза кун хаёлатро.

 Тасвири ин манзара хонандаро пушти мизи мактаб менишонад ва хоҳу нохоҳ таъкидҳое, ки барои дарс хондан ва имтиҳонро пеши муаллим сарбаландона супоридан аз падару модар ва касони наздики худ шунида буд, дубора дар зеҳнаш бедор мешаванд. Гузашта аз ин, ғазалҳои Тилло Пўлодӣ дар худ тозагиҳоеро муҷассам кардаанд, ки дар омехтагӣ бо мавзуъҳое чун рангрезии баҳор, ишқу зебоӣ, инсондўстӣ, муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба меҳнат тараннум меёбанд ва ин мавзуъҳо аз муҳимтарин мавзуъҳои ғазали ўянд. Ҳамчунин дар бархе абёти ғазалҳои ў ангезаҳое аз осори мардумӣ дида мешавад. Масалан, байти зер аз ҳамон ҳикмати мардумӣ, ки гуфтаанд сари хам нишони пурборӣ ва хирадмандиву заковати иннсон аст, шаҳодат медиҳад:

Дар ҷаҳони хоксорӣ ёфтам  қадри баланд,

Сархамиро аз дарахти мевадор омўхтам.

Мардумон инсони пуртамкину сархамро пурбору оқил арзёбӣ мекунанд ва барои тақвияти андешаи худ, дарахти пурмеваро мисол меоранд, ки шохаҳои хамзадаи он на нишони сарпастӣ, балки нишони пурборӣ, ман- фиатбахшии он аст. Дар баробари ин ғазалҳои Тилло Пўлодӣ бо корбурди тасвирҳои шоирона низ шеърияти худро ҳифз намудаанд. Дар идомаи ғазали матраҳшуда мо байтеро мехонем, ки дар он ҳолати ботинии ошиқ дар мисоли дарунсўз шудани чанор ифода ёфтааст:

Бар сари роҳат нишастан, эй маҳи номеҳрубон,

Сўхтан дар дохили худ аз чанор омўхтам.

Дарунсўз шудани чанор як амри табиист, ки инсон метавонад онро дар муҳити худ бубинад. Аммо ба шеър кашидани он ва ҳолати дарунии худро шабеҳи ин чанори дарунсўзшуда донистан воқеан шоирона аст.

Ҳамин гуна тасвирҳои шоиронаро дар ашъори Тилло Пўлодӣ ба фаровонӣ дидан мумкин аст, ки ағлаб шоҳиди тозакориҳои хосси худи ўянд.

Ғузашта аз ин, муҳимтарин аноси- ре, ки ғазали ўро бо ғазали суннатӣ пайванди амиқ мебахшад, таркибу ибораҳои шеъри гузашта аст, ки ба фаровонӣ корбаст шудаанд. Аз ҷумла, дар ғазалҳои ў таркибу ибораҳоеро ба мисли «шамъу парвона», «гулу шабнам», «дурру марҷон» ва амсоли ин дидан мумкин аст, ки дар ғазали суннатӣ корбурди фаровон доранд:

Шўхчашмам зулфаконро шона кард,

Тори мў бар гарданам завлона кард.

Сурма бар чашмони шаҳлояш кашид,

Бо нигоҳи худ маро девона кард…

Ақлу фикру ҳуш аз дастам рабуд,

Гирди шамъи рўи худ парвона кард

Ин ғазал дар зеҳни хонанда ҳамон рўҳияи сабки хуросониро бедор мекунад, ки бо содагии баён ва забони равони худ арзи ҳастӣ намуда буд. Гўё дар ин ғазал тасвири наву тозае ба чашм намерасад. Таркибу ибораҳое ба мисли «завлона кардани мўй бар гардани ёр», «сурма задан ба чашм», «гирди шамъи рўй парвона шудани ақлу ҳуши ошиқ» ҳамагӣ тасвирҳои маъмуле ҳастанд, ки дар адабиёти ҳазорсолаи мо арзи вуҷуд карда буданд. Аммо муҳимтарин вижагии ин ғазал ҳам дар содагии баёни он аст, ки баъди ба майдон омадани ду сабки адабӣ ба мисли ироқӣ ва ҳиндӣ, ки яке аз дигаре печидатару мубҳамтар мебошанд ва ниҳоят арзи ҳастӣ кардани шеъри нимоӣ бо орои таркибу вожаҳои замонӣ, тавонистааст бо сабки хуросонӣ пайванди амиқ пайдо кунад. Тилло Пўлодӣ дар гуфтани ғазал ҳамсафари роҳи Нодир Шанбезода, Носирҷон Маъсумӣ, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода ва Аминҷон Шукўҳӣ аст. Ин шоирон низ дар шеваи нигориш ва баёни андеша тозакориҳое доранд, ки аз ҳам мутафовитанд ва ҳар кадоме чун Тилло Пўлодӣ мақомеро дар гуфтани шеър соҳиб гардидаанд. Кўшишҳои навоваронаи Тилло Пўлодӣ натанҳо дар навъи ғазал, балки дар қитъа, маснавӣ, дубайтӣ ва рубоиҳояш низ фаровон ба чашм мерасад, ки баррасии густардаеро тақозо мекунанд.

Аз Тилло Пўлодӣ маҷмуаҳои «Ба- дахшони озод» (1948), «Номаи бахт» (1958), «Баҳори шодӣ» (1962), «Ленин ҳамеша бо мост!» (1963), «Таронаи Октябр» (1967), «Субҳи кишвари ман» (1970), «Меваи Октябр» (1972), «Рози дил» (1982) ва ғ. ба ёдгор мондааст, ки бештар фарогири анвои ғазал мебошанд.

Инак ба солрўзи ин шоири боистеъдод 110 сол пур мегардад ва хуб аст, ки аз ному осори ин шахсият, ки дар замони зиндагиаш аз мадди назарҳо дур афтода ва имрўз низ барои хонандаи тоҷик ноошно мондааст, бештар ёд шавад ва осораш мавриди омўзиши бештар қарор бигирад.

Муҳриддин САБУРӢ

Дигар хабарҳо