Ҳувияти адабӣ дар осори Муъмин Қаноат

Ҳувияти адабӣ дар осори Муъмин Қаноат

Рустам ВАҲҲОБЗОДА

Вақте дар хусуси адабиёт дар таъмин ва ҳифзи ҳувияти миллӣ сухан меравад, масъала танҳо вобаста ба ҷанбаи мавзуӣ ё ҳудуди мавзуъҳои мушаххаси ба ин масъала маҳдуд намебошад. Балки дар кулл ва ба сурати маҷмуъ худи адабиёт, осори адабии асил дар нафси худ, бо ҳама бофту матоъи суварӣ ва маънавии худ воҳиди ҳувият аст.

Ҳамчунин ҳувият дар адабиёт арзиши танҳо иҷтимоӣ, маънавӣ ё сиёсӣ нест, балки арзиш ва унсури ҳунарӣ ва эстетикӣ низ мебошад. Ба таъбири дигар, ҳувият дар адабиёт шохиси ҳунарӣ ҳам ҳаст. Шохиси ҳунарии ҳувияти адабӣ фаротар ва ҷомеътар аз сабк, саноеъи адабӣ, навъҳо ва жанрҳои адабӣ ва ҳатто забони адабиёт мебошад. Аз ин ҷост, ки миллияти як адабиёт дар тарҷума ба забонҳои дигар низ ҳифз мешавад. Ҳар қадар ин ҳувият нерумандтар, ғанитар ва рангинтар бошад дар сурати ҳифзи он дар тарҷума, бозгӯии он ба забонҳои дигар ва ҳатто гунаҳои дигари як забони муштарак асари бадеӣ дилпазиртар воқеъ мегардад, ба ҳамон мизон, ки таҷассуми бадеии воқеиятҳои мушаххас ва симоҳои мушаххас (на мавҳуму бесурат). Акси ин рафтор корест, ки дар зарбулмасалҳои “Зира ба Кирмон бурдан” ва “Тӯтӣ ба Ҳиндустон бурдан” хулоса мешавад. Шуҳрати камназири осори Расул Ғамзатов, Чингиз Айтматов ва ё романҳои Америкаи Лотинӣ дар қарни бист дар ҳамин буд. Назми ҷаҳоншумули устод Мирзо Турсунзода низ аз ин вижагии ҳунарӣ ба хубӣ бархурдор мебошад. Ин вижагии назми устод Мирзо Турсунзода дар ин банди шеъри “Ватан” сурати барҷаста зоҳир гардидааст:

Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту,

Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту.

Агарчи дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо буданд,

Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту.

Хонанда бегумон дармёбад, ки дар ин қитъаи шеър агар уқёнус намоди паҳнои ҷаҳон бошад, рӯд рамзи сарзамини мушаххас, маҳди ҳувияти шоир мебошад. Забон, лаҳн, сабк низ барои ин намод маҳди муносиб ҳастанд.

Вақте мо адабиёти тоҷик, шеъри тоҷик (ё тоҷикӣ) мегӯем, табъан ва ба таври табиӣ хонанда, чи тоҷик ва чи ғайритоҷик аз он ҷӯёи вижагиҳои тоҷикӣ ва унсурҳои тоҷикият мешавад. Ин ҳувияти тоҷикӣ аз ҷумла метавонад дар унсурҳои зерин таҷассум шавад:

Забони тоҷикӣ;

Лаҳни тоҷикӣ;

Фарҳанг, одоб ва русуми тоҷикӣ;

Шабакаи сувари хаёл (образҳо);

Эътиқодот ва асотир;

Ормонҳои миллӣ;

Мушаххасаҳои ҷамъии ҷаҳонбинӣ;

Эстетика (ҷамолшиносии) миллӣ.

Дар ашъор ва достонҳои Муъмин Қаноат бо таваҷҷуҳ ба ҳамаи ин шохисҳо ҳувияти миллии адабӣ ба таври барҷаста зуҳур намудааст. Ҳам аз лиҳози мавзуӣ, ҳам лаҳну сабк, ҳам шабакаи сувари хаёлу асотир, ҳам вижагиҳои забону баён ва ҳам диди шоиронаву эстетикӣ.

Дар яке аз нахустин ашъоре, ки аз нигоҳи мавзуӣ ҳам ба ин масъала мустақиман назар шудааст, яъне шеъри “Ба ҳаводори забони тоҷикӣ” (1963) шоир ба баҳсу мушоҷара, вале бо лаҳни самимона ва бо зарофату зиракии хос қариб 55 сол пеш аз ин мавзуъеро тарҳ ва комилан ҳал мекунад, ки баҳсҳои дар асл сиёсӣ рӯйи он то кунун ба ҳассосият ва пархош идома дорад:

Қанд ҷӯӣ, панд ҷӯӣ, эй ҷаноб,

                             Ҳар чи меҷӯӣ, биҷӯ.

Форсӣ гӯӣ, дарӣ гӯӣ варо,

                             Ҳар чи мегӯӣ, бигӯ.

Лафзи шеъру дилбарӣ гӯӣ варо,

                             Ҳар чи мегӯӣ, бигӯ.

Баҳри ман танҳо забони модарист,

                              Ҳамчу шири модар аст,

Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,

                             Чунки меҳри модар аст.

З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам

                             Дӯст медорам варо,

Чун навозишҳои гарми модарам

                               Дӯст медорам варо.

Ин шеъри ба зоҳир сода идомаи шоистаи мақолаҳои олимона ва доҳиёнаи устод Айнӣ дар бораи истилоҳоти “тоҷик” ва “забони тоҷикӣ” мебошад. Фалсафааш ин аст, ки “забони тоҷикӣ” ҳувияти бумӣ (сарзаминӣ) дорад. Мазҳари сарзамин (ватан-модар) чун ҳамеша дар шеъри устод Муъмин Қаноат дар симои модар ва нисбати “модарӣ” падидор мегардад. Форсӣ ва то ҷое дарӣ ҳам истилоҳоти куллие ҳастанд, ки айни ҳамин забони дар кулл ягонаро ифода менамоянд, аммо фаротар аз ҳувияти нажодӣ мебошанд. Бисёре аз ононе, ки баҳсҳои ихтилофангези забонро барои мо матраҳ мекарданд (эй ҷаноб) ховаршиносон ва форсидононе буданд, ки агар ин забон барояшон забони кору тахассус ҳам буд, забони модариашон набуд, онро дар мактабу донишгоҳ ёд мегирифтанд ва ҳанӯз чунин аст ва аксаран маншаи ин ихтилофҳо эшон ҳастанд. Аз тарафи дигар, дар як марҳалаи ҳассоси таърихӣ зарурати ҳаётие пеш омад, ки номи забони модарии тоҷикҳо бо номи таъйинкунандаи ҳувияти нажодии бумӣ (тоҷик) яке бошад, (агарчи ин падида пеш аз шуруи ихтилофоти сиёсӣ сурат гирифта буд) то асари даъвои комилан ноҳақ ва беадолатонаи касоне, ки асолат ва бумӣ будани миллати тоҷик дар Мовароуннаҳрро инкор мекарданд, аз байн бурда шавад. Ин зарурат ҳанӯз боқист ва ҳанӯз ин шеър шиори рӯз аст.

Ҳувияти миллии адабии тоҷикӣ дар он қисм аз осори устод Муъмин Қаноат, ки махсус ба мавзуъҳои дигар ва мавзеъҳои дигар (ғайр аз сарзамини худаш) ҳастанд, низ ба дурахши тамом зоҳир мегардад. Достони “Мавҷҳои Днепр” (1966) чунин оғоз мегардад:

Эй Днепро, модари поки Тарас,

Назди ту даҳрӯза меҳмон омадам.

Аз лаби дарёи Панҷи беқарор,

Аз Бадахшон, аз Бадахшон омадам.

Ва бо марсияи пурсӯз вале хушбинона (Мавҷҳои бародарӣ) дар сӯги бародараш Абдулло, ки дар он сарзамин (Украина) шаҳид шудааст, хатм меёбад. Ин фасл бо вуҷуди навовариҳои шоиста, аз беҳтарин суннатҳои шеъри рисоии тоҷикӣ бархурдор аст.

Шоҳкори устод Муъмин Қаноат достони “Сурӯши Сталинград” саршор аз руҳиёт, андеша, эҳсосот, русуму одобу одот ва сувари хаёлу асотири миллӣ аст. Ин вижагӣ бевосита аз номи достон шуруъ мегардад. Сурӯш, ба ҷуз маънои фариштаи паёмрасон маънои садои ғайбӣ ва осмониро низ дорад. Ҷанбаи олӣ ва фавқулода маънавии ин достон ба вуҷуди ин калима, ки беш аз ҳама дар ашъори малакутии Ҳофиз истифода шудааст, ҳақ медиҳад. Дар тарҷумаи русӣ қаринаи дақиқаш пайдо нашуда ва онро “Голоса Сталинграда” тарҷума кардаанд. Ҳамчунин, ҷо-ҷо мушоҳида мешавад, ки жарфо ва зарофати бисёр миллии ин достон аз иҳотаи тасаллути тарҷумон хориҷ мемонад, бо вуҷуди он ки яке аз намунаҳои беҳтарини тарҷума аст.

Аз ҷумла дар “Суруши модарон дар хоки фарзандон” вақте модари рус дар оромгоҳи рамзии сарбозони гумном нишони фарзанди худро ҷустуҷӯ мекунад, шоири тоҷик ба вай хитоб намуда мегӯяд:

Чаро ҳарфе намегӯӣ,ба чашми хира меҷӯӣ,

Ва чун пироҳани Юсуф дар ин ҷо сабза мебӯӣ?

“Ба чашми хира пироҳани Юсуф бӯйидан” корбурди комилан тозаи шоирона аз як устураи машҳури адабиёти миллист, ки чизе беҳтар аз он дар ин лаҳза мақоми олии маънавии модарро ифода карда наметавонад. Шоир комилан тоҷикона ӯро тасаллӣ медиҳад:

Бигир аз дасти ман бо дасти ларзонат,

Асоят ман,

Талабгори дуоят ман.

Достони “Ситораи Исмат” (1989), ки ҳамчунин аз мазмунҳои он ҷанги ҷаҳонӣ фароҳам омадааст, як ҳамосаи комилан миллӣ аст. Симои қаҳрамони он Исмат Шарифов бо равшантарин рангҳои фарҳанг ва русуму суннатҳои миллии тоҷикӣ ороста аст. Андешаи миллии мардумӣ зимни бозгӯии муколамаҳои ботинии ӯ падидор мегардад. Аз ҷумла вақте ки Исмат дар боғи София муҷассамаҳои асотири машҳури юнониро мебинад ва аз ҳамяроқи худ Егоров маънидоди онҳоро мешунавад, аз дили худ андешаҳоеро мегузаронад, ки ифодаи фалсафаи мардумии тоҷикӣ аст:

Ҳамон Геракл бошад, раҳкушои ростон бошад,

Ки аз гаҳворагӣ ӯ паҳлавони достон бошад.

Ки ӯ бо аждаҳо ҷангид, то имрӯз меҷангад,

Муроди разми ӯ некӣ бувад, пирӯз меҷангад…

Даме одам ғуломи нафс гардад,  аждаҳо гардад,

Бигардад аз ҳақу ҷӯёи ганҷи бебақо гардад…

Саҳнаи бисёр шоиронаи дигар ин аст, ки Исмати тирхӯрда, сар рӯйи зонуи (муҷассамаи) Зуҳра, ин устураи муштараки ориёиву юнонии исмат ба хоб меравад (беҳуш мегардад), ва ин хоби ӯ ба иштибоҳ марг таъбир мешавад. Ин ҷо мо омезаи пурмаъное аз ҳамосаҳои адабӣ ва афсонаҳои тоҷикиро мушоҳида менамоем.

Дар оғози “Достони оташ” (1966)мехонем:

 Вахш,

Рукнободи кӯҳистони ман,

Қиссаи ман, аввалу анҷоми ман.

Яъне шоир барои сувари хаёли меҳварии достон худ аз ибтидо мақоми олии маънавӣ медиҳад, онро дар радифи образи барҷастаи муҳити дилбастагӣ ва тафохури Ҳофиз мегузорад, сипас ба шарҳи ин маъно мепардозад.

Умуман, дар ҳамаи ашъоре низ, ки шоир дар васф ва тасвири асотир, фазоҳо ва ифтихороти муштараки таърихӣ суруда, ҳамеша лавҳаҳое аз Тоҷикистон ва нишонаҳое аз фарҳанги хос тоҷикӣ ҷой дорад. Аз ҷумла дар силсилаи “Созҳои Шероз”. Дар шеъри зебои “Зоиндарӯд” аз ин силсила аз Зарафшон ва Бухоро ёд мекунад:

Хушкидаем ҳамчу Зарафшон ба роҳи хеш,

То даштҳои паст

Гаштанд гулпараст.

Шаҳрӯди поки мо, ки Бухорост мадфанаш,

Чун беасар шавад,

Дунёи зар шавад…

Оғозу анҷоми шеъри достонмисоли “Тахти Ҷамшед” низ чунон аст, ки маълум мегардад шоир ҳамеша дар зеҳни худ ҳувияти мушахассе аз воқеияти муосирро ҳифз дорад, ки ӯро аз дунёи ормони ва маҷозӣ ба олами воқеъ бармегардонад.

Дар достони “Масъуднома” (2006) агарчи қаҳрамони достон як сардори тоҷик аст ва барои ҳамаи тоҷикҳо маҳбубияти хоссе дорад, хусусан пас аз саҳми барҷастаи ӯ дар таъмини сулҳу ваҳдати тоҷикон, то даме ки шоир дар хатти сужаи достон ӯро ба хоки Тоҷикистон иртиботи бевосита намедиҳад, достонро ба фарҷом намерасонад:

Ҷайҳун ба зери шаҳпару тайёра дар ҳаво,

Ҳангоми ин убур ҳаме ҷои ҷон шикаст.

Ин ишора ба он хабарест, ки Аҳмадшоҳи Масъудро баъди суиқасди маълум барои даво хостанд ба Тоҷикистон интиқол бидиҳанд, аммо дар роҳ ҷон дод. Ин хабар то куҷо воқеият дорад, мавзуи дигарест, аммо барои шоир муҳим таъкид ба пайванди таърихии тоҷикон аст, ки яке аз мазҳарҳои барҷастаи он Ҷайҳун – дарёи Омӯ мебошад.

Хулоса, осори Муъмин Қаноат гӯё лавҳест, ки дар он шоир чун хотамкоре чирадаст, ҳар нақшеро бо чаккуш рӯйи матни фарҳанги миллӣ мазруб мекунад, то аз он ҷудо нагардад.

Хушбахтона, ин суннати хубу созанда дар осори номитарин шоирони муосири мо, хусусан аз даҳаи 60 ба баъд идомаи босубот ва афзояндаи худро пайдо намуд ва мо бо итминон ва ҳаққи комил онро адабиёти тоҷик ва шеъри тоҷикӣ меномем. Шеъре, ки бо ҳамин вижагии худ барои ҳамзабонони мо ва дигарон низ симои ошно дорад.

Дигар хабарҳо