Дар талоши садоқату ростӣ

Дар талоши садоқату ростӣ

Мисбоҳиддини НАРЗИҚУЛ

Романи ҷадиди Кароматуллоҳи Мирзо таҳти унвони “Моҷарои зиндагӣ” дар ду шумораи маҷаллаи “Садои Шарқ” (№ 5 ва 6) соли гузашта дастраси хонандагон гардид ва чунонки аз унвонаш бармеояд, дар мавзуи моҷарои зиндагӣ навишта шудааст. Нависанда заминаи асосии ҷустуҷӯҳои бадеии хешро дар ин асар аз доираи васеи муносиботи инсонӣ пайгирӣ карда, муҳити мушаххасеро бо фарогирии маҳдудаи муайяни бархӯрдҳои фардию иҷтимоӣ ба доираи тасвир кашидааст. Ҷараёни воқеаҳо моҳиятан аз вазъияте, ҳолоте, ҳиссиётҳои руҳию равонии мухталифе дарак медиҳанд, ки, дар маҷмуъ, дар паёми аслии мушаххас ба ҳам омадаанд.

Паёми аслии асар дар фарогирии муносибатҳои миёни афрод дар ҷомеа, паёмадҳои аъмоли неку бади инсонӣ ва подоши замонии ҳар кадом мушаххас гардида, ҳомили чандин сархатҳои маънавие ҳам ҳаст, ки, дар маҷмуъ, моҳиятан ба ҳузури афрод дар ҷомеа, моҳияти зиндагӣ, таълиму тарбияи насли наврас ва ҳувияти инсонӣ иртибот доранд. Сухан аз баёни таъсири ҳирси молу дороӣ, ки натиҷааш аз масири зиндагии маъмулию осоишта хориҷ шудани инсони ҷоҳил аст, оғоз ва дар кӯшишҳои одамони огоҳ дар талоши садоқату ростӣ анҷом меёбад.

Фалсафаи ҳастии инсони огоҳ ва нақши ҳалкунандаи ӯ дар мушкилоти мавҷудро, ки дар асар бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи мушаххаси ҳаётӣ инъикос шудааст, дар мисоли таҷрибаи ҳаётии намояндагони яке аз қишрҳои асосии ҷомеа – омӯзгорон ба мушоҳида гирифтан мумкин аст. Омӯзгорон ҳомилони мафҳумҳои муқаддасе, ба мисли ростӣ (дар ҳама умур), покӣ (дар зоҳиру ботин), вафодорӣ (ба аҳд), садоқат (дар гуфтор, доираи муносибатҳо, дар ҷодаи ишқу муҳаббат) ҳастанд, ки онҳоро ба зеҳну шуури шогирдонашон интиқол медиҳанд. Чунонки аз ҷараёни воқеоти асар бармеояд, буҳрони бавуҷудомада, ки ҳосили амали ғайриинсонии нафари нохудогоҳи дур аз таълиму тарбия ба зиндагӣ ворид гардида аст, маҳз бо кӯшиши сарвари омӯзгорон, директори мактаб Кошифзода ва таъсири сухани нишонраси ӯ бартараф карда мешавад. Адолат барқарор мешавад, вале ба ивази марги талабаи мактаб, беҳтарин шогирде, ки ҳамеша дар хонишу муо- мила боиси ибрати ҳамсолон будааст. Марг дар натиҷаи гувоҳии содиқона дар баробари ноадолатӣ ба суроғи Зафар меояд, аммо ин марг марги муқаррарӣ нест, фавтест, ки боиси ҷовидонии ном гардидааст. Дар ҳақиқат, “Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост?!”.

Марги Зафар фавти танҳо ӯ нест, марги қотили вай – падари ҷоҳилаш ҳам ҳаст. Албатта, марги фарзанд, худ аз худ, барои падар фоҷиаи бузургест, ки таҳаммулаш душвор буда, гаронии дарди он аз санги хоро ҳам сангинтар аст. Тасвири зерин то андозае ба ҳамин маънӣ далолат мекунад: “Падар акнун сар ба дару девор мекӯфт, мушт ба шишаҳои дару тирезаҳо зада, ҳама чиро зеру забар, майда-майда мекард, дасту панҷаҳояшро шишаҳо бурида, ҳама ғарқи хун, ба назари падар олам дар рӯйи хун, ӯ хун мегирист. Садои “баламой”- гӯии модар баланд, фиғони хоҳаракони Зафар ба осмон” (саҳ. 44).

Аммо дар ин маврид марги иҷборӣ аз ҷаҳолати худи падар сар задааст, падар қотили фарзанди хеш аст! Чунин ҷаҳолат, тибқи меъёрҳои ҳастишиносӣ, дар ҳарду ҷаҳон подош дорад. Ба назари мо, дар романи мавриди назар ба ин масъала таваҷҷуҳи амиқ сурат нагирифта ва подоши инҷаҳонии аъмоли Холиқназар нокушода боқӣ мондааст. Вай гуноҳи саҳл накардааст, фарзанд куштааст ва бояд ба бадтарин ҷазо гирифтор бишавад! Нақши Холиқназар аз ин ҷиҳат такмил мехоҳад.

Дар романи “Моҷарои зиндагӣ”, пеш аз ҳама, ду масири ҳаётӣ дар мисоли ду насли одамӣ, аз оғоз то анҷом, ба андеша гирифта ва мисли ду узви ба ҳам пайванд ҳамбастагӣ ва нукоти ба ҳам мутазодде пайгирӣ мешавад ва дар миёна бозии тақдир ҳам нақш дорад. Ду насле, ки пайванди воқеот асосан ба рафтор ва чигунагии тафаккуру шахсияти онҳо бастагӣ дорад, яке насли падарон, дигаре насли фарзандон аст. Масири ҳаётии падарон, дар навбати худ, аз ду шаҷара: падарони фарзандон ва волидайни падарон иборат аст. Волидайни падарон моҳиятан нақши умумӣ дошта, аз гузаштагон намояндагӣ мекунанд. Давлатхӯҷа ва Мансурхӯҷа падароне ҳастанд, ки зиндагии муқаррарӣ ба сар бурдаанд, барои онҳо ҳаёт арсаи нангу номуси инсонӣ асту бас. Падарони фарзандон нақши рӯшану возеҳ доранд, бо истифода аз равиши тасвири қиёсӣ ба андеша гирифтани симои зоҳирию ботинии онҳо ғарази аслии нависандаро бозгӯ мекунад.

Ман зур аз падарони фарзандон дар роман симоҳои Холиқназар ва Зафарзода аст, ки онҳо аз ҳар ҷиҳат аз ҳамдигар тафовут доранд. Холиқназар тимсоли нафаронест, ки саргарми дағдағаи зиндагӣ ҳастанд, пулу моли ҳаром қалбашонро тираву чашмашонро кӯр гардонидааст, моҳияти ҳаётро танҳо аз бароварда кардани ниёзҳои шахсии худ иборат медонанд. Ин қабил шахсон дар зиндагии хонаводагӣ низ муваффақ нестанд. Баръакси вай, Зафарзода аз аҳли зиё, рӯшанфикрон ва омӯзгорони асил намояндагӣ мекунад. Вай дар зиндагӣ андешаи заррабин, замири рӯшан, дидаи дурбин ва раъйи накӯ дорад. Асоситарин меъёрҳои ҳувияти инсониро, ки наметавон дар симои Холиқназар дид, дар симои Зафарзода мушоҳида кардан мумкин аст.

Образи Зафарзода дар асар, дар миёни сойири чеҳраҳои мақбул, аз нигоҳи маърифати ахлоқ ва ҳувияти инсонӣ нодир аст, ҳамчунонки симоҳои ҳамгуни ӯро дар ҳаёт пайдо кардан душвор аст. Баръакс, Холиқназар барин типҳо дар ҷомеа зиёданд ва онҳо миёни худ ҳам иттифоқи раъй надоранд, дар бадӣ яке аз дигаре паст монданӣ нестанд. Аз ин ҷост, ки нависанда чандин персонажҳоро ба саҳнаи ҳаёт ворид кардааст, ки онҳо аз назари разолат ва пастфитратӣ аз ҷиҳате дар такмили чеҳраи шахсияти манфӣ мусоидат кардаанд. Яке аз чунин персонажҳо Ҷӯрақул аст, ки бо ҳама пастию фитрати разилонааш дар баробари Холиқназар ва паҳлу ба паҳлу бо вай қарор дорад. Чашми ӯро низ сарвати муфт кӯр гардонида, тамаъ ба молу дороии мардум дорад.

Албатта, муҳити рухдоди воқеаҳо ва моҳияти замонии моҷароҳоро ҳам бояд ба андеша гирифт. Замонае, ки дар асар ба тасвир омадааст, аз нигоҳи вазъи иҷтимоӣ аксар давраи нобасомонӣ ва қаҳрамонсозию қаҳрамонтарошиҳо мебошад. Чунин “қаҳрамонҳо” дар вазъияти ҳамгун ба вуҷуд омаданашон ногузир аст. Чунонки дар “Моҷарои зиндагӣ” тасвир шуда ва дар асарҳои дигари адибонамон ҳам тасвирҳои монанд ба онро хондаем, онҳо аз вазъият, агарчи ба муддати кӯтоҳе, ба фоидаи худ истифода бурда метавонанд. Ин тоифа касоне ҳастанд, ки аз табақаи ниёзманди ҷомеа истифода мекунанд. Кӯшиш мекунанд, то ба ҳар роҳу воситае номи худро дар таърих сабт намоянд, бақои исми худу гузаштагонашонро таъмин намоянд. Ба монанди Холиқназар дар бораи худу гузаштагонашон ҷилд-ҷилд китобҳо менависонанд. Ислоҳи чунин “қаҳрамонон” ба замона ва абармардони замонасоз бастагӣ дорад.

Яке дигар аз моҷароҳои асосии зиндагӣ ва таъсиррасон дар муносибатҳои миёни одамон, ки Кароматуллоҳи Мирзо ба он диққат додааст, масъалаи қарз додани сарватмандон ва вом гирифтани ниёзмандон мебошад. Дар урфи фарҳангии мардуми тоҷик ва тибқи омӯзаҳои ахлоқи накӯ, қарз додани бидуни тамаъ ва суд дар шумори аъмоли ҳасана ба ҳисоб меояд. Агар акси он ба зуҳур ояд, ки, мутаассифона, дар ҷаҳони имрӯз ғолибан ин равиш ҳукми умумӣ касб кардааст, сабаби бадбахтиҳои зиёде мегардад. Бадбахтиҳои ба сари холаи Зарафо ва хонаводаи вай омада дар натиҷаи қарзҳои гирифтааш ба вуқуъ пайвастаанд. Зарафо дар ин ҳолат ночор мондааст, касе нест, ки ба вай дасти имдод дароз кунад, ҳатто хоҳараш ҳам тоби тоқати чунин вазъиятро надорад. Чунин ҳолат дар зиндагӣ, воқеан, фоҷиа аст ва илоҷи он танҳо аз роҳи пешгирӣ кардан ба даст меояд.

Нақши волидайни падарон дар асар шомили омӯзаҳои ахлоқии зиёд аст. Гузаштагон, агарчи бо мушкилии зиёде ва боз бо чандин бархӯрду муносибатҳои бузургу кӯчак рӯ ба рӯ ҳастанд, зиндагиашонро бо меҳнати ҳалол таъмин менамоянд. Онҳо дар баробари масъулияте, ки ҷомеа ба уҳдаашон гузошта ва аз он тариқ касби маош мекунанд, муносибати содиқона доранд. Ҳатто дар ин ҷода, албатта, ба касофати дигарон, ки аз роҳи ғараз ба зиндагии онҳо ворид шудаанд, ҷони хешро ҳам аз даст медиҳанд, вале шарафи инсонии худро ҳифз мекунанд.

Нақши фарзандон дар асар, дар мисоли Зафар ва Заррина бо таваҷҷуҳ ба қалби софи онҳо ва таъсири муҳит дар аъмолашон шинохта мешавад. Аммо дар ин маврид чанд нуктаи шоистаи таъкид аст. Якум, хотираи фарзанд, дар ҳақиқат, бино ба андешаи маъруф, лавҳи поку бидуни олоишро мемонад ва нақши муҳит аст, ки онро оҳиста-оҳиста бо хатҳои сиёҳу сафеду ранг андар рангҳои дигар пур мекунад. Дуюм, нақши мактаб дар тарбияи фарзанд бениҳоят бузург аст. Аз ин ҷост, ки саҳм гузоштан дар ободӣ ва пешрафти мактабҳо вазифаи ҳар як фарди ҷомеа маҳсуб мешавад. Ба ин нукта ҳамеша бояд таваҷҷуҳ дошт. Сеюм, омӯзгори хуб ҳамеша дар баробари масъулияти касбии хеш ҷавобгӯ аст. Барои вай кулли шогирдони синф бояд мисли фарзандони худаш бошанд, ҳамаи онҳоро бо як чашм бубинад. Ҳамчунонки дар романи “Моҷарои зиндагӣ” тасвир шудааст, сарфи назар аз моҷарои миёни муаллим ва падари хонанда, омӯзгор миёни фарзанди худ ва фарзанди рақибаш фарқе намегузорад. Гузашта аз ин, таъсири омӯзгор ба ҳаддест, ки фарзанди хушахлоқи тарбиятёфта дар муҳити ахлоқии мактаб кирдори ношоистаи падари худро ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорад.

Омӯзгорон афроде ҳастанд, ки қаҳрамононро тарбия мекунанд. Ба шогирди онҳо ростгӯӣ марг оварда, аммо марги вай аз марги дигарон фарқ дорад: “Ҳама медиданд, мефаҳмиданд, ки ростгӯӣ ба Зафар марг оварда. Ӯ дурӯғ нагуфта, рост гуфта рӯ ба марг рафта, рост гуфта маргро ба гардан гирифта. Қавлу амалаш як буда, ки назди Кошифзода ӯ гуфта: “Аз ростгӯӣ рӯ наметобад, ситаму азоб чи ки, агар ӯро кушанд ҳам!” Бале, барои ростгӯияш ӯ кушта шуд, ба гуфтаи Кошифзода, ӯ қаҳрамон” (саҳ. 45).

Дар ҳақиқат, амале, ки аз Зафар сар задааст, қаҳрамониро мемонад. Аз он ҷиҳат, ки вай, пеш аз ҳама, ба шаъни инсонӣ иснод наоварда, балки онро гиромӣ дошта, аз тарафи дигар, симои ӯ аз назари ахлоқӣ аз ҳар нигоҳ омӯзанда тасвир шудааст.

Дар ҷомеа ҷустуҷӯи одамони хушахлоқ ва пайдо кардани онҳо кори саҳл нест, аммо нафарони бадахлоқ ва зиёноварро дар миёни аксари табақоти ҷомеа дучор шудан мумкин аст. Аз ин ҷост, ки нависанда бо мақсади намоёнидани вазъи равонии мардум доираи муносибатҳоро ҳамаҷониба ба андеша гирифта, дар он миён образҳоеро офарида ва симои онҳоро дар доираи тасвир гунҷонидааст, ки ҳар кадом нишонае, ҷиҳате аз вазъияти муайянро ба намоиш меоранд. Масалан, симои муаллима Шаҳло, ки рафтори вай ба ҳеҷ сурат ба шаъни омӯзгор зебанда нест. Ин персонаж, агарчи дар як лаҳзаи муайян ҳаққи ҳузур пайдо мекунад, барои ҳамаҷониба кушодани чеҳраи омӯзгор – Зафарзода ва маърифати дурусти тамкини вай мусоидат менамояд.

Кароматуллоҳи Мирзо дар инсиҷом ба доираи васеи муносиботи инсонҳо дар ҷомеа ва бо мақсади намоёнидани тафаккури умумӣ ва ҷаҳоншиносии баъзе шахсиятҳои асар ба масъалаҳои зиёди дигаре низ таваҷҷуҳ кардааст, ки ислоҳи онҳо боиси танзими доираи муайяни муносибатҳои иҷтимоӣ мегардад. Масалан, яке аз чунин масъалаҳо, ки дар тасвири нависанда бо паёмадҳои нохуши он ба қалам омадааст, зиёдаравӣ дар баргузории маъракаҳо ва расму ойинҳо мебошад. Холаи Зарафо, бинобар он ки худро дар назди “қавму ҷамъ, аҳли деҳа қарздор меҳисобида” ва тӯйи хатнасури фарзанди ягонааш – Ҳафизуллоҳ мувофиқи табъи дилаш нагузашта будааст, аз роҳи қарз гирифтан аз навкисае ва чандин нафарони дигар тӯйи арӯсии фарзандашро бо баргузории “базми осмонкаф” доир менамояд. Аммо бехабар аз паёмади қарз, ки дар натиҷа боиси аз даст додани фарзанди ягона, бева мондани арӯс ва бесарпараст мондани хонавода мегардад.

Ҳамин тавр, бо таваҷҷуҳ ба муҳтавои асари мавриди назар ва андешаҳои фавқ, метавон ба чунин натиҷа расид, ки нависандаи соҳибтаҷрибаи тоҷик Кароматуллоҳи Мирзо бо таснифи романи “Моҷарои зиндагӣ” дар такомули насри бадеии муосири тоҷик саҳми шоиста гузошта, бо руҷуъ ба арсаи васеи ҳаёт, муносибатҳои одамони мушаххасро дар ҷомеа тавъам бо вазъи иҷтимоию сиёсии замони мушаххас ба риштаи тасвир кашидааст. Ғарази аслии нависанда, ба назари мо, дар мақулаҳои садоқат ва ростӣ хулоса мешавад.

Дигар хабарҳо