Мисбоҳиддини НАРЗИҚУЛ Романи ҷадиди Кароматуллоҳи Мирзо таҳти унвони “Моҷарои зиндагӣ” дар ду шумораи маҷаллаи “Садои Шарқ” (№ 5 ва 6) соли гузашта дастраси хонандагон гардид ва чунонки аз унвонаш бармеояд, дар мавзуи моҷарои зиндагӣ навишта шудааст. Нависанда заминаи асосии ҷустуҷӯҳои бадеии хешро дар ин асар аз доираи васеи муносиботи инсонӣ пайгирӣ карда, муҳити мушаххасеро бо […]
Ўрун КЎҲЗОД Убайд Раҷаб як одами ҳузарби паҳлавон буд. Паҳлавон ҳам дар қаду қомат, ҳам дар китфу бозу, ҳам дар кори рўзгор ва ҳам дар таҳриру такмилу тасҳеҳ. Вай ба ҳар коре, ки даст мезад, хоҳ побел кардани замину задани шохҳои зиёдатии дарахт, хоҳ куштану пўст кандани гову рондани мошин ва хоҳ таҳрири хабару мақолаву […]Идома...
Соҳиб ТАБАРОВ Адабиёти советии тоҷикро бе номи яке аз саркорони асарҳои бадеӣ барои бачагон Мирсаид Миршакар тасаввур кардан муҳол аст. Ин шоири хушкалом ва эҷодкори моҳири асарҳои бачагона дар байни хонандагони хурдсоли тамоми Иттифоқи Советӣ ном баровардааст. Даҳҳо шеъру достонҳои Мирсаид Миршакар ва махсусан «Қишлоқи тиллоӣ», «Ленин дар Помир», «Мо аз Помир омадем» барин асарҳои […]Идома...
Пайвастагии ин се мафҳуми калидӣ, ки дар унвони навишта канори ҳам чида шудаанд, танҳо як ҳамоҳангии лафзӣ набуда, балки дар воқеияти ҳаёт низ миёни онҳо пайванди унсурии ногусастанӣ вуҷуд дорад. Моҳияти ин занҷираи мантиқӣ чунин аст, ки танҳо маорифи илмбунёд ва моҳиятан миллӣ метавонад ҷаҳонбинии солиму ратсионалии фардро ташаккул дода, дарки амалгароёнаи (прагматикии) арзишҳо ва […]Идома...
Корбурди анвоъи суннатӣ, ба вижа ғазал, дар осори шоироне чун Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Аминҷон Шукўҳӣ, Муъмин Қаноат, Тилло Пўлодӣ, Мастон Шералӣ, Лоиқ Шералӣ ва дигарон, ки бо рўҳи пурзўру навоварона арзи вуҷуд кардааст, аз таҷрибаи андўхташон аз адабиёти гузашта дарак медод. Ғазал дар солҳои 60-ум дар осори бисёре аз шоирон истифодаи фаровон […]Идома...
БА ПЕШВОЗИ 9- МАЙ РӮЗИ ҒАЛАБА Боре, ҳангоми яке аз суҳбатҳои муқаррарии самимона бо дўстам Муъмин, баччагиҳои ба айёми ҷанг ростомадаамонро ба ёд овардем. Нағз дар ёд дорам, чӣ гуна нақлаш дар бораи маросими фоҷиабоу дил фишори ёдбуди ашкбори қурбониёни ҷанг, ки дар зодгоҳаш – Дарвоз роиҷ аст, моту мабҳутам карда буд. Дар хонае, ки […]Идома...
Имрӯз ба зодрӯзи намои адабиёти миллати тоҷик 144 сол пур шуд Имрӯз, 15 апрел ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, адиби оламшумул Садриддин Айнӣ 144 сол пур шуд. Устод Айнӣ миллати тоҷикро сарҷамъ кард, ба ин миллат шукӯҳу шаҳомат дод, ҷойгоҳи онро миёни дигар миллатҳои бумии Осиёи Марказӣ ба таври шоиста муайян кард, ҷавониву умри бобаракати худро […]Идома...
Муқаддима Беш аз дувуним ҳазор сол қабл Аристотел дар асари маъруфаш “Сиёсат” навишта буд: “Магар бошад касе шубҳа кунад, ки қонунгузор (давлат, ҳукумат–С.Я.) бояд ба масъалаи тарбияи ҷавонон бо таваҷҷуҳи фавқулода муносибат кунад, зеро дар давлате, ки чунин ғамхорӣ нест, худи сохти давлатдорӣ зарар мебинад” (Аристотель. Политика. -М.:РИПОЛ классик,2010. -С.535). Яъне ду масъалаи ҳаётан муҳим — алоқамандӣ ва вобастагии […]Идома...
Агар адабиётшиносон драматургияро низ ҷузъи соҳаи таҳқиқи худ ҳисоб мекарданду классикони онро низ муайян менамуданд, шояд се тан драманависи воқеии мо — Сотим Улуғзода, Ғанӣ Абдулло ва Файзулло Ансорӣ дар сатрҳои аввали он рўихат сабт мешуданд. Зеро асарҳои саҳнавии навиштаи онҳо ҳам аз нигоҳи ҳунари эҷодӣ, ҳам аз нигоҳи мавзўъ, ҳам аз нигоҳи забон ва […]Идома...
Омўзиш ва нақду баррасии эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Ўрун Кўҳзод собит месозад, ки воқеан, насри тоҷикии садаи ХХ баъди солҳои шастум ба таҳаввулоти ҷиддии ҳам мазмунӣ ва ҳам шаклию сабкӣ дучор гардидааст. Ҷустуҷўҳо ва кашфиётҳои адабии П. Толис ва махсусан, Ф. Муҳаммадиев ба тамоилҳои асосии насри тоҷикии он солҳо таъсири амиқ гузошта, барои зуҳури […]Идома...