Бозор СОБИP Мо, навқаламони побараҳнаи ҳаёту адабиёти солҳои шаст, дуздакони ашъори Нодири Нодирпур будем, ки ба унвони шеъри нави форсӣ мунташир шуда, моро ҳавою васваса медод. Яке сатре меканду яке лахте, яке мазмуне мерабуду яке ташбеҳе, яке вожае мебардошту яке ҷумлае. Аз вожааш вожаю аз суханаш сухану аз ҷумлааш ҷумлаю аз сатраш сатру аз байташ […]



