Китоби тозанашри «Чароғи сурхи танҳоӣ»-и Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор, ки рубоию дубайтӣ ва муфрадоти солҳои гуногун эҷодшудаи ӯро фаро гирифтааст, дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки адибону пажӯҳишгарон ва мухлисони шеър рӯнамоӣ шуд. Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа суҳбатро бо рубоии зери Гулрусхор, ки як навъ баёнгари симои эҷодию инсонии ӯст, оғоз намуд: Ман дар нафаси шитоби худ хоҳам зист, Дар ҳар […]
ХУДОӢ ШАРИФОВ, аз китоби “Савти аҷам”, Душанбе, 2002 Таҳсили ибтидоиашро Муъминшо дар ҳамон деҳаи Курговад сар кард. Мактаб дарсхонаи муқаррарии тоҷикӣ, барномаҳои расмии давлатӣ, дар оғоз бо алифбои лотинӣ пас аз соли 1940 бо алифбои русӣ буд. Ҷиҳати ҷолиби дарсҳо, бо иловаи ахбору нақлу ривоятҳои халқию адабӣ, таълими забони русӣ буд. Барои мардуми маҳаллӣ забони […]Идома...
Хабари реҳлати устод Бозор диламро реш кард. Бо шунидани хабари марги устод лолу музтар мондам. Гумон кардам як олами зебоӣ ботини маро тарк кард. Боварам намеояд, ки дигар ӯро намебинам, дар бораи шеъру шоирӣ бо ӯ баҳс намоям, асабонияш созам. Бори охир қабл аз сафараш ба Амрико телефонӣ суҳбат доштем. Арзи матлаб намуда, гуфтам, ки оид ба эҷодиёташ баъзе нофаҳмиҳо пайдо шудаанд, […]Идома...
Шоироне ҳастанд, ки ба майдони адабиёт бо як ҷӯшу хурӯш, суръат,ҳатто бо валвалаюҳангома ва баъзеи дигар баръакс, ором, ботамкин ва оҳиста-оҳиста дохил мешаванд. Ин ҳолат гоҳ на фақат махсуси як-ду шоир, балки хусусияти як давраи шеърҳам мешавад. Масалан, солҳои шастуми шеъри муосири тоҷик, ба назари ман,ҳамин гунна махсусият дошт. ҷавононе, ки дар он солҳо ба адабиёт дохил мешуданд, аксаран бо ҷӯшу […]Идома...
Ҳабибулло Нозирӣ беш аз 40 сол боз хомафарсоӣ мекунад, вале маҳсули «эҷодиёташ» чанд пораи ҳавоиву беҳадафи манзум ва чанд ба ном дубайтии тақлиди рӯиросту урёни Бобо Тоҳири Урён асту бас. Аз мисолҳо бармеояд, ки ӯ натанҳо аз табъу завқи ибтидоии адабӣ, аз мантиқу таносубу маънӣ фарсахҳо дур аст, балки вазну қофияро ҳам намедонаду саводи оддии […]Идома...
Дар ин олами азаливу абадӣ ҳар халқу ҳар сарзамин тақдири хоссаи хешро дорад, ки дар лаҳзаҳои ҳассосу қисматсоз бо кору пайкор ё бекориву бепайкории фарзандонаш хубтару равшантар ва ё бадтару тиратар мешавад. Дар оғози қарни 20 халқи тоҷик, халқе, ки дар фарҳанг ва бахусус ҷузъи муҳими он — сухани бадеӣ монандаш холиқ зиёд нест, дар […]Идома...
Ӯрун Кӯҳзод Садриддин Айнӣ, дар вақте ки бардаму бақувват буд, даъвати аморатро қабул накард ва ба хидмати амир нарафт. Аммо вақте ки воқеаҳои рӯзгор ва азобҳойи чӯбзаниву зиндон ӯро пиру каммадор карда буд, хоҳиши Ҳукумати мухтори Тоҷикистонро хуш қабул кард ва ба хидмат камар баст. Чаро? Аз ҳамин бобат суҳбат мекунем. Садриддин Саидмуродзода дар вилояти […]Идома...
Танзими расму ойинҳои мардумӣ мавзӯест, ки дар давраҳои мухталифи ҷомеаи суннатии тоҷик аз сӯи равшанфикрон матраҳ шудааст. Табиатан расму ойинҳо дар ҳар давру замоне дар шаклҳои гуногун арзи ҳастӣ карда бар зиндагии иҷтимоии мардум таъсироти худро мегузоштаанд. Расму ойин як навъ пӯшишест, ки бар асоси навъи боварҳои динӣ ва ё фарҳангии як ҷомеа шакл […]Идома...
Соли 2017 дар ҳаёти шумо чӣ нақше дошт? — суоле буд, ки хабарнигори ҳафтавори «АС» бо чанде аз адибон дар миён гузошт ва инак посухи эшонро манзури хонандагон мегардонем. Абдухолиқ НАБАВӢ: -Соли 2017 барои ман бисёр муҳиму хотирмон буд. Гарчанде дар назди адабиёту ҳунар як сол наметавонад тағйироти куллӣ ё сифатие ба вуҷуд орад, ба […]Идома...
Бозор СОБИP Мо, навқаламони побараҳнаи ҳаёту адабиёти солҳои шаст, дуздакони ашъори Нодири Нодирпур будем, ки ба унвони шеъри нави форсӣ мунташир шуда, моро ҳавою васваса медод. Яке сатре меканду яке лахте, яке мазмуне мерабуду яке ташбеҳе, яке вожае мебардошту яке ҷумлае. Аз вожааш вожаю аз суханаш сухану аз ҷумлааш ҷумлаю аз сатраш сатру аз байташ […]Идома...