Назм низом металабад

Назм низом металабад

Соҳиб ТАБАРОВ

Адабиёти советии тоҷикро бе номи яке аз саркорони асарҳои бадеӣ барои бачагон Мирсаид Миршакар тасаввур кардан муҳол аст. Ин шоири хушкалом ва эҷодкори моҳири асарҳои бачагона дар байни хонандагони хурдсоли тамоми Иттифоқи Советӣ ном баровардааст. Даҳҳо шеъру достонҳои Мирсаид Миршакар ва махсусан «Қишлоқи тиллоӣ», «Ленин дар Помир», «Мо аз Помир омадем» барин асарҳои баландмазмуни реалистии ӯ дар қалби хонандагони советӣ ва махсусан ҷавонон мустаҳкам ҷой гирифтаанд. Аз ин ҷост, ки хонандагони адабиётдӯсти советӣ ҳар як асари нави хоҳ барои калонсолон ва хоҳ барои хурдсолон навиштаи шоирро гарму ҷӯшон истиқбол мегиранд ва мутолиа мекунанд.

Мирсаид Миршакар бачагони хурдсоли томактабӣ ва хонандагони синни хурди мактабиро бо китобчаи «Бачагони Ҳиндустон» боз шод гардонд. Ин асари пурмазмун бо мавзуъ ва масъалагузории худ аз аксари асарҳои бачагонаи то имрӯзаи дигар шоирони тоҷик тафовути калон дорад.

Чи навъе ки маълум аст, адабиёти бачагонаи тоҷик дар тасвири ҳаёти халқҳои хориҷӣ, кору меҳнат, таҳсил ва муборизаи бачагони мамлакатҳои гуногуни олам чандон бой нест. Агар шеърҳои ҷудогонаи Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзодаро истисно намоем, барои бачагони тоҷик ягон асари ба назар намоёне дар мавзуи хориҷӣ навишта нашудааст. «Бачагони Ҳиндустон» дар ҳалли ин масъала қадами нахустин ва таҷрибаи ибратбахш буда, дар оянда самараи хубе хоҳад бахшид.

Мирсаид Миршакар ҳамчун донандаи моҳири руҳия ва хислати бачагон воқеа ва ҳодисаҳои зиндагиро мувофиқи тафаккур ва ҷаҳоншиносии худи онҳо баён ва тасвир мекунад. Масалан, шеъри «Магар санг ҳам дил дорад?» ҳайкали яғмогари калтакбадасти англисро, ки дар Деҳли гузошта шудааст, тасвир мекунад. Бачаи хурдсоли ҳинду пас аз он ки кӣ будани он ҳайкали сангини яғмогарро мефаҳмад, аз бобояш мепурсад:

Набера чун аз бобо

Бишунид ин ҷавобро,

Пурсид аз вай дубора:

— Санг ҳам дил дорад?

Ин чунин панҷ шеъре, ки дар боби «Мансури кунҷкову гапдон» гирд оварда шудаанд, аз ҳар ҷиҳат хубанд. Дар онҳо тарзи мулоҳизаронӣ, фикрбаёнкунии бачаи боақли ҳинду хеле равшан ифода ёфтааст. Гуфтан мумкин аст, ки дар образи Мансур бачагони озодидӯст, ҳақиқатҷӯ ва муборизони фаъолро барои ояндаи дурахшони Ҳиндустон мушоҳида кардан мумкин аст.

Мирсаид Миршакар дар шеърҳои барои бачагон навиштааш фикр ва ақидаи худро ба тарзи амру фармон, ба таври қатъӣ ба бачагон талқин намекунад, на ҳама вақт дар охири шеърҳояш хулоса мебарорад ва баъзан ҳалли мавзуъро ба ихтиёри худи бачагон мегузорад, ки дар натиҷа қимати мундариҷавӣ ва тарбиявии шеърҳои ӯ меафзояд. Ҳамин гуна тарзи баёни мавзуъ ва услуби эҷодии М. Миршакар сабаби бо ҳам наздикшавии хонандаи хурдсол ва шоир гардидаанд.

Дар маҷмуаи «Бачагони Ҳиндустон» чандин масъалаҳои иҷтимоӣ- ҳаётӣ, муносибатҳои инсонӣ, баъзе лавҳаҳои табиати зебои ин кишвар, хислатҳои неки бачагони он ва нақлу ривоятҳои аҷоиби халқҳои ҳинд баён карда шудаанд, ки барои хонандагони хурдсоли тоҷик хеле мароқовар мебошанд.

Барои бачагон асар навиштан кори мушкил ва мураккаб аст. Дар ин кор фақат ҳамон нависанда муваффақият ба даст меорад, ки бо олами бой ва пурасрори бачагон, бо завқу хоҳиши онҳо, бо кирдор ва меҳнати шавқовари онҳо натанҳо наздик, балки шарик ҳам бошад. Чунин шоири ҳаммаслаки бачагони тоҷик Мирсаид Миршакар аст. Аз ин сабаб аксари асарҳои барои бачагон навиштаи ӯ тез мақбули хонандагони хурдсол мегарданд.

Яке аз масъалаҳои мушкил ва то ҳол мубоҳисаноки асарҳои бачагона, аз он ҷумла асарҳои бачагонаи М. Миршакар тарзи баёни фикр, шаклу вазни чунин асарҳо мебошад.

Албатта —

Мо бачагони дилшод,

Озоду бахтёрем.

Дар ин диёри обод

Дар дил ғаме надорем.

барин мисраъҳо, ки қариб дар ҳар шумораи рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон», маҷаллаи «Машъал» ё аз радио мехонем ва мешунавем, ба хонандагони хурдсол таъсири идеявӣ-бадеӣ намебахшанд ва ҳам- чун асари бадеии бачагона қимате ҳам надоранд. Асарҳои Мирсаид Миршакар дар ин масъала бо чунин шеърҳои «бачагона» ҳеҷ муносибате надорад.

М. Миршакар қариб ҳама шеърҳои «Бачагони Ҳиндустон»-ро бо вазни шӯху сабук — бо вазни ҳиҷо навишта, дар ин роҳ ба баъзе комёбиҳо ноил гардидааст. Масалан, ҳар як мисраи шеъри «Гунҷишкак» 7-ҳиҷоӣ буда, қофияҳо низ хеле содаю рехта баромадаанд, ки ин барои ба хонандаи хурдсол тез таъсир расонидани шеър мадад мерасонад. Ба мисли ҳамин, ҳар як мисраи шеъри «Афсона» аз ҳафт ҳиҷо иборат мебошад, ки чунин вазни сабук ва равон барои оҳангнок ифода кардани фикр хеле зарур аст:

Шунида модар он ҷо

Арзи фарзандонашро,

Рафта мебӯсад дарҳол

Маҳтоби хушрӯяшро.

Аз Офтобу аз Шамол

Мегардонад рӯяшро.

Дар ҳамаи он шеърҳое, ки миқдори ҳиҷоҳо баробаранд ва тақтеъҳои мисраъҳо дуруст ва равон омадаанд, қофияҳо низ оҳангнок мебошанд. Чунин вазнҳои сабуки оҳангнок, қофияҳои солими шеърӣ барои зуд фаҳмидани мазмуни шеър ва тез аз ёд кардани он сабаб мешаванд. Аз ин ҷост, ки маҳз ҳамин гуна шеърҳои « Бачагони Ҳиндустон » бештар мақбули хонандагони хурдсол гардидаанд.

Асарҳои баландмазмун танҳо дар якҷоягӣ бо шакли баланди бадеӣ ба вуҷуд меоянд ва ин вазифаю талабот барои нависандагони бачагон низ ҳатмист.

Дигар хабарҳо