2 феврали соли равон дар партави Паёми имсолаи Пешвои миллат Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявии ДМТ ва ИНТ таҳти унвони «Адабиётшиносӣ ва нақди матн дар замони Истиқлол» барпо гардид. Конфронсро декани факултаи филологияи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз бахшид. Муовини ректори ДМТ оид ба илм Сафармамад Сафармамадов аз номи раёсати таълимгоҳи бузургтарини мамлакат баргузории ин чорабинии […]
Ба адабиёт ворид шудани устод Саттор Турсун қиссаест шигифтангезу ғайримаъмулӣ. Он вақт донишҷў буду хонандаи одии асарҳои бадеӣ ва ҳанўз касе ўро чун нависанда намешинохт. Рўзе чашмаш иттифоқан ба ҳикояе афтод, ки дар рўзномаи девории донишгоҳ ҷой гирифта буд ва ба қалами донишҷўи навмашқе тааллуқ дошт. Ҳикояро ба диққати тамом хонд ва беибо, бо овози […]Идома...
Бо Шоҳмузаффар Ёдгорӣ хеле дер, ба хаёлам моҳҳои охири пеш аз хатми Донишкадаи давлатии омўзгории пойтахт тасодуфан ҳамсуҳбат шудам. Аз як деҳа будем, шогирди як мактаб, дар Душанбе мезистем , вале чунин ҳолат бори аввал рух дод. Вақти ғуруби хуршед сари тан ҳо аз гулгашти назди бинои муҳташами КМ (хиёбони он давраи ба номи Ленин) мегузаштам, […]Идома...
Маҳфилҳои адабӣ дар Иттифоқи нависандагон зуд-зуд баргузор мешаванд, аммо нишасте, ки ба 120-солагии Пайрав Сулаймонӣ ихтисос дошт, аз маҳофили пешин хеле тафовут дошт. Тафовуташ ҳамин буд, ки сари масъалаи мақоми Пайрав Сулаймонӣ дар адабиёти тоҷик ва ҳусну муаммоҳои шеъраш миёни адибону муҳаққиқон баҳси судманде ба вуҷуд омад. Маҳфилро муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа оғоз бахшида, […]Идома...
«Мардум бо нигоҳи зиракона ва хирадмандонаи Айнӣ аз барору нокомиҳои ниёгон дар набарди зиндагӣ огоҳ шуданд.» Эмомалӣ РАҲМОН Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ бисёр қаҳрамониҳо кардааст, вале яке аз нахустин ва бузургтарин қаҳрамониҳояш, бешубҳа, «Намунаи адабиёти тоҷик» аст, ки мисолҳои дурахшонеро қотеъона ба муддаиёни муғризу бебунёд расонид ва фарҳанги ҳазорсолаамонро бебокона аз турктозиҳои замон раҳонид. Аз […]Идома...
Бозор Собир шоири боистеъдод, лирики хуштабъ аст. Шеърҳои ӯро дӯст медорам… Сотим УЛУҒЗОДА Дар тасаввури шоир ин олами бебадал оғоз ва анҷоми ӯст. Пайвастагӣ ва дилбастагии шоир ба кӯҳ, деҳа ва рӯд чандон устувор аст, ки дар ҳар шеър зикри онҳо меравад. Муъмин ҚАНОАТ Дар қарни ХХ дар адабиёти тоҷик ва ҳатто форсизабонон шоире дар тасвир мисли […]Идома...
Имрӯз шоири бе гумон баландистеъдод, пайваста дар ҷустуҷӯ, бинобар ин назараш ба бисёр масъалаҳои зиндагӣ пуртазоди мо Бозор Собир 80-сола мешуд. Мулоҳизаҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор ТУРСУН дар бораи Устод Бозор СОБИР бисёр ҷолиб ва, билхосса, барои насли нави эҷодкор қобили таваҷҷуҳ ва омӯзиш хоҳанд буд… Набояд фаромӯш кард, ки ҳар як миллат, агар инсоне […]Идома...
Низом ҚОСИМ Шамсиддини Шоҳин аз охирин ҳалқаҳои заррини силсилаи шоирони классики мост, ки як давраи бузурги адабиётамонро анҷом мебахшад ва ҳамроҳ бо Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат, Нақибхони Туғрал, Ҳоҷӣ Ҳусайн ва Зуфархон Ҷавҳарӣ ҳусни хотимаи он мебошад. Дар ин ҳамоиши илмию адабӣ ҷиҳатҳои муҳимми ҳаёту эҷодиёти ў ҳатман мавриди таҳлил қарор мегиранд, мо танҳо як ҷиҳати он […]Идома...
(боз аз ғалатҳои фаҳш дар тақвимсозӣ) Солҳост, ки дар рӯйи мизи кормандони соҳаҳои гуногуни ҷомеа тақвимҳои рӯимизии аз ҷониби нашриёти «Шарқи озод» батабърасида гузошта мешаванд ва ҳазорҳо нафар гунаи ғалати байтҳои шоирони классикамонро аз онҳо мехонанду ҳифз менамоянд. Таҳиякунандагони ин тақвимҳо, ки аз муҳимтарин ҷузъиёти техникии шеър, ба мисли вазну қофия, огоҳӣ надоранд, бепарвоёна онҳоро […]Идома...
Нахустин китоби Фазлиддин Муҳаммадиев таҳти унвони «Муҳоҷирон» бист сол муқаддам интишор ёфта буд. Аз очерку ҳикояҳои ин маҷмӯа бармеомад, ки ба ҷодаи адабиёт як нависандаи баистеъдод қадам гузоштааст; нависандае, ки дили пурэҳтиросу ҳаҷви нозук ва ҷаҳонбиниву мавзӯи баландтар дорад, забон ва тарзи баёнаш покизаву ҳамвор аст. Инак, бист сол боз китобҳои Фазлиддин Муҳаммадиев пайиҳам ба […]Идома...