Чиҳил сол?… — На, хеле бештар!

 Чиҳил сол?… — На, хеле бештар!

9-уми августи соли ҷорӣ шоири бузурги Эрон Ҳушанг Ибтиҳоҷи Соя дар синни 95-солагӣ аз олам даргузашт. Соя, бинобар гуфтаҳои мунаққидону пажуҳишгарони шеъри муосири форсии тоҷикӣ, аз тавонотарин ва барҷастатарин шоироне буд, ки мактаби ғазали суннатиро намояндагӣ мекард ва дар таҳаввул ёфтани ин қолаби шеър нақши басо равшан дошт. Дар дигар анвои назм низ тавонмандии ин шоири маъруф ошкор аст. Ашъори Соя дар Тоҷикистон низ ҳаводорони бисёр дорад ва ғазалҳои машҳураш ҳамеша вирди забонанд. Ғазали «Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ», ки аз сӯи сарояндаи мумтози тоҷик зиндаёд Зафар Нозим сароида шудааст, аз сурудҳои машҳур ва дӯстдоштаи мардуми тоҷик мебошад.

Ёди шоири бузург бахайр бод!

Дар зер ёддошти Симини Беҳбаҳонӣ дар бораи Соя пешкаши хонандагон мегардад.

Наздик ба чиҳил сол (на, хеле бештар) аз нахустин дидорам бо Соя мегузарад. Ангор, ки хоб мебинам. Ҳарчи менависам, чандон дақиқ нест, меҳолуд аст. Аммо реша дар воқеият дорад, аз пушти ғубори замону замона пайдост.

Соли 26 ё 27 аст. Бо духтаре аз хонаводаҳои асили Рашт дӯстӣ дорам. Дар мадрасаи Момоӣ бо ӯ ҳамклос будаам. Он қадар бо ӯ ягона ва меҳрубон ҳастем, ки ба гуфтан дарнамеояд. Ӯ дар кори гирифтани дипломи Момоист. Аммо ман ду сол пештар аз мадраса ихроҷ шудаам ва дар ҳамон ҳангом шавҳар кардаам, то достони мадраса ва ихроҷро ба фаромӯшӣ бисупорам.

Ихроҷам ба сабаби бархӯрдест, ки бо дуктур Ҷаҳоншоҳи Солеҳ, раиси мадраса доштам. Ба ман силӣ зад ва аз ман силӣ хӯрд. Устоду шогирд дастугиребон шудем. Нораво зад! Мехост тақсирро ба гардани касе биандозад ва маро интихоб кард. Ниме аз чашму суратам нилӣ шуд. Баъд ҳам ҳизби «Тӯда» ва рӯзномаҳои тӯдаӣ ва ғайритӯдаӣ масъаларо матраҳ карданд. Навиштанду навиштанд ва достони рӯз шуд. Митингҳои хиёбонӣ ба роҳ афтод ва кор чандон боло гирифт, ки мавқеияти се вазири тӯдаӣ дар кобинаи «Қавом» ба хатар афтод. Ва ҷанҷол ба иқтизои авзоъ фурӯ нишаст ё фурӯ нишондандаш!

Бигзарем. Қасдам гуфтани инҳо набуд. Пеш омад. Ба унвони муътариза бипазиред. Доштам аз соли 26 ва 27 мегуфтам. Ҳамклос ва дӯсти меҳрубони ман Меҳрии Озарсимо, ки ҳоло равонаш ба абадият пайвастааст, пас аз он ки аз мадраса ихроҷ шудам, маро раҳо накард. Як рӯз чанд шеър аз шоире бароям овард ва хонд. Гуфт: «Исмаш Ҳушанги Ибтиҳоҷ аст. Соя тахаллус мекунад. Хеле бошууру аҳли мутолиа ва барозанда аст. Бист сол бештар надорад». Он замон ману Меҳрӣ ҳам бист сол бештар надоштем. Шеърҳои Ҳамидӣ, Нимо, Таваллулӣ, Рашиди Ёсамӣ, Раҳии Муайярӣ ва бештар аз ҳама Шаҳриёр ва чандин тани дигарро, ки саршинос буданд, мехондем. Аммо ин ки миёни ҳамсинну солҳои худамон шоире арзанда пайдо шавад, бароямон муғтанам буд.

Меҳрӣ мегуфт: «Ҳамаи хонаводаҳои Рашт, махсусан духтарҳо, Сояро дӯст доранд. Аммо ӯ ба ҳеч духтар эътиное намекунад, ҷуз яке, ки исмаш Парвин аст. Як китоб шеър барояш сурудааст».

Ин шоири ҷавони гелонӣ, ки ин қадар дар миёни духтарҳои Рашт маҳбуб буд, хеле зуд дар миёни ҳамаи адабшиносон ва шеърдӯстони кишвар шуҳрате ба ҳам зад. Ёдам меояд, ки дуктур Маҳдии Ҳа- мидӣ дар муқаддимае, ки барои китоби ӯ навишта буд, зимни ташвиқи шоири ҷавон иборате ҳам навишта буд, ки мазмунаш чунин буд: Шеъри ман наргиси Шероз аст ва шеъри Соя наргиси Гелон. Наргисҳои Шероз хушатранд, наргисҳои Гелон мумкин аст шодобтар бошанд, аммо ҳаргиз атри наргисҳои Шерозро надоранд!

Ин даъвои Ҳамидӣ (равонаш шод бод!) номунтазир набуд. Ӯ ба ҳеч шеъре аз гузашта ё ҳол ба андозаи шеъри худаш ишқ намеварзид ва шояд «норсисисм»1-и ӯ дар муқоисаи шеъраш бо наргис намудори ин ҳолат бошад.

Вақте ман сархӯрда аз мадраса ба хонаи шавҳарам омадам, аз анҷумане, ки дар хонаи модарам ва ҳамсараш ташкил мешуд, бехабар мондам. Ману ҳамсарам ба фикр афтодем, ки дар хонаи худамон анҷумане барпо кунем ва исмашро «Анҷумани адабиёти нав» бигузорем. Дар хиёбони Фахробод манзил доштем. Ҳаёте буд ва ҳавзе пур аз об ва боғчаҳое пур аз атласӣ ва мино ва шабҳои тобистон. Чанде нагузашт, ки шоирони ҷавон ва донишҷӯёни донишкадаи адабиёт, ки дар он ҳангом то хонаи мо фосилаи зиёде надошт, аз анҷуман истиқбол карданд. Дуктур Муҳаммадамини Раёҳӣ ва дуктур Бостонии Порезӣ, ки он ҳангом донишҷӯи риштаи дуктурӣ буданд, ғолибан бо шеърҳошон ба маҷлис равнақ медоданд. Ҳар шаби ҷумъа як устод, масалан, Алиасғари Ҳикмат, дуктур Машоихи Фаридунӣ, дуктур Вораста (номи кӯчаки ӯ ҳоло ёдам нест), дуктур Исои Сипаҳбадӣ, Муҳаммади Ҳиҷозӣ ва ҳар ки дастамон ба доманаш мерасид, бароямон суханронӣ мекард. Зеҳнам ёрӣ намекунад, ки ҳамаро ба хотир биёварам. Ёди ҳамаашон бахайр!

Зимистонҳо дар толори дорулфунун ҷамъ мешудем, гоҳе ҳам дар толори донишҷӯёни донишкадаи адабиёт. Дар яке аз ҳамин ҷаласот Соя аз Рашт ба Теҳрон омада буд. Худро муаррифӣ кард. Хушсимо буд ва борикандом ва сиёҳчашм ва шармрӯву наҷиб. Аз ӯ хостем шеъре бихонад ва хонд ва мавриди таваҷҷуҳ воқеъ шуд. Ин оғози ошноии ман бо ӯ буд.

Соли бисту ҳашт аст. Аз Соя ғазалҳое бар забонҳо мегузарад ва аз ҳама бештар ин ғазал:

Нашавад фоши касе он чи миёни ману туст,

То ишороти назар номарасони ману туст.

Гӯш кун, бо лаби хомӯш сухан мегӯям,

Посухам гӯ ба нигоҳе, ки забони ману туст.

Рӯзгоре шуду кас марди раҳи ишқ надид,

Ҳолиё чашми ҷаҳоне нигарони ману туст.

Гарчи дар хилвати рози дили мо кас нарасид,

Ҳама ҷо замзамаи ишқи ниҳони ману туст.

Гӯ, баҳори дилу ҷон бошу хазон бош, арна

Эй басо боғу баҳорон, ки хазони ману туст.

Ин ҳама қиссаи фирдавсу таманнои биҳишт

Гуфтугӯеву хаёле зи ҷаҳони ману туст.

Нақши мо, гӯ, нанигоранд ба дебочаи ақл,

Ҳар куҷо номаи ишқ аст, нишони ману туст.

Соя, з-оташкадаи мост фурӯғи маҳу меҳр,

Ваҳ аз ин оташи равшан, ки ба ҷони ману туст.

Хонум Дилкаш онро дар мояи «сегоҳ» хондааст ва баъзе дигар хонандагон ҳам. Ва инсофан ғазалест тамомиёр.

Соли сӣ ӯро дар хиёбон мебинам. Бо Шаҳрошӯби Амиршоҳӣ барои харид омадаанд. Салому алайке мекунем. Аз анҷумани адабиёти нав мепурсад. Мегӯям: «Таътилаш кардаем». Ҳоло дигар ба анҷуманҳои сиёсӣ рӯй овардаам. Ӯ низ ҳамин тавр. Неруҳоямонро дар роҳҳои дигар масраф мекунем. Ҳавои ҷаҳони нав ба сар дорем, ки адабиёти нав худ ҷузъе аз он ҷаҳон аст. Худоҳофизӣ мекунам.

Чанде баъд дар хонаи Саид Нафисӣ ҷамъ шудаем. Хонаи кӯчакест дар хиёбони Ҳидоят. Мехоҳанд ба ононе, ки беҳтарин шеърро барои сулҳ сурудаанд, ҷоиза бидиҳанд. Нимо ҳам ҳузур дорад. Ҷоизаҳоро ҳам овардаанд: ҳар кадом як ситораи тилоист, ки рӯйи рӯбонии2 обиранг насб шудааст. Ахавону Соя ва Касроӣ ва Гӯё Осимӣ баранда мешаванд. Ва ман дар гӯшае буғзи худро фурӯ мебарам.

Нимо ба Нафисӣ мегӯяд: «Намоишнома, ки надорем. Касе нанавиштааст. Ҷоизаи онро ба шеър бидиҳем!» Нафисӣ истиқбол мекунад ва як ҷоизаи ситораи тилоӣ ҳам ба ман медиҳанд ва сигармаам 3боз мешавад ва механдам.

…Оғози даҳаи чиҳил аст. Шабе бо Фаридуни Муширӣ ва чанд тани дигар дар маҳфиле ҳастем. Фаридун мегӯяд, ғазале тоза аз Соя ба дастам расидааст ва мехонад:

Шаб омаду дили тангам ҳавои хона гирифт,

Дубора гиряи бетоқатам баҳона гирифт.

Шикеби дарди хамӯшонаам дубора шикаст,

Дубора хирмани хокистарам забона гирифт.

Нишоти замзама зорӣ шуду ба шеър нишаст,

Садои ханда фиғон гашту дар тарона гирифт.

Зиҳӣ писанди камондори фитна, к-аз буни тир

Нигоҳ карду ду чашми маро нишона гирифт…

Ба ин ҷо, ки мерасад, ишора мекунад, ки Соя ин шеърро ҳангоме навиштааст, ки барои чашми писараш Кайвон оризаи сахт пеш омадааст ва ӯро барои муолиҷа ба хориҷ аз кишвар бурдааст. Ва баъд бо ҳамон ҳоли ҳамешагии худ, ки аз хондани шеъри хуб лаззат мебарад ва саховатмандона мехоҳад дигаронро дар ин лаззат саҳим кунад, мегӯяд: Бубинед! Диққат кунед: Зиҳӣ, писанди камондори фитна… ва баъд мегӯяд: таҷассуми тире, ки раҳо шуда ва ба чашми фарзанд нишастааст, фарзанде, ки худ ду чашми Соя аст, чи танзи талхе дорад: Зиҳӣ, писанди камондори фитна…! Авҷи дард аст. Ва боз мехонад:

Умеди офиятам буд, рӯзгор нахост,

Қарори айшу амон доштам, замона гирифт…

Ва ман мебинам, ки чеҳра ва доманам аз ашк хис (тар) аст ва алъон ҳам, ки ин сатрҳоро менависам, ҳамин тавр…

Солҳо баъд… Шояд соли панҷоҳ аст. Дар утоқи шурои мусиқии родиё бо Соя ва Муширӣ ва Маҳмуди Тафаззулӣ нишастаем ва аз ҳар даре сухан пеш мекашем. Ишора ба ҳамон ғазалаш мекунам. Мегӯяд: «Намедонӣ, дар чи ҳоле онро навиштам. Шаб буду хона дилгир ва ғурбати ваҳшатнок ва занам обистан ва писаракам гирифтори мусибати чашм. Аз хона берун задам, ки ба хонаи дӯстам биравам барои машварате. Якбора дидам ғазалеро, ки замзама кардаам дар тӯли хиёбон ва зери ҳамон борон ба поён расондаам:

Дили гирифтаи ман ҳамчу абри боронӣ

Кушоише магар аз гиряи шабона гирифт.

Соя, мисли худи ман, бо ғазал шуруъ карда ва баъд ба шеъри нимоӣ рӯй овардааст, бе он ки даст аз ғазал боздорад. Имрӯзи шеваи кори ӯ бештар ғазал аст, ки дар он ба камол расида.

Дилгармӣ ва иштиғоли дигари Соя дар зиндагӣ ошиқӣ бо Ҳофиз аст. Тардид надорам, ки Ҳофиз нахустин устоди шеъри Соя будааст.

Ман бо шеваи тасҳеҳи девонҳо ошноӣ надорам. Ин қадар ҳаст, ки солҳо бо Ҳофизи аллома Қазвинӣ хӯ кардаам. Чанд девони Ҳофизи дигар ба тасҳеҳи Фарзод ва Пажмон ва Анҷавӣ ва Ҷалоливу Хонларӣ дорам, ки гаҳ-гоҳ ба сабабе аз асбоб ба онҳо муроҷиа мекунам ва ахиран Ҳофиз ба саъйи Сояро дорам, ки медонам ҳосили чиҳилу чанд соли кори мудовим ва ошиқонаи ӯст.

Соя чунон бо ғазали Ҳофиз даромехта ва чунон бо каломи ӯ улфат гирифтааст, ки бегумон ғазалаш ҳамон шева ва ҳамон забону ҳамон вожагон ва таъбиротро тадоӣ мекунад.

Бисёр касон дар тӯли таърих баъд аз Ҳофиз хостаанд ғазалҳое бисароянд, ки ҳамарҷ ва ҳамшеваи ғазали Ҳофиз бошад ва натавонистаанд. Яъне агар ҳам яке ду ғазал аз ин даст арза карда бошанд, ба ҳи- соби нудрат ва иттифоқ аст, на ба ҳисоби мумкин ва маъмул. Аммо вақте ғазалҳои Соя бе имзо хонда шавад, шунаванда бояд тамоми ғазалҳои Ҳофизро дар пеши чашм ва дар зеҳн дошта бошад, то битавонад ҳукм кунад, ки он чи мешунавад, аз Ҳофиз нест.

Шаҳриёр, аз ғазалсароёни бузурги мо, ки худро шогирди Ҳофиз медонист, шева дигар кард ва бо пардохтан ба масоили малмуси зиндагӣ ва истифода аз таъбироти маъмул ва забони содаву оммаписанд хусусияти дигаргуна ба ғазали худ бахшид.

Амирии Фирӯзкӯҳӣ, ғазалсарои хуби муосир низ бо суд ҷустан аз борикандешиҳои сабки ҳиндӣ ва шайънигориҳои он ва талфиқи отифӣ ва мазмун ғазали худро дар марзи миёни сабки ҳиндӣ ва сабки ироқӣ мустақар кард.

Раҳии Муайярӣ низ бо таъбироти зебоишинохтӣ ва қофияву радифҳои хушоҳанг ғазали маҳфилӣ ва шӯрангез ба адабиёт тақдим кард.

Соя аммо то марзи ҳамзамонӣ ба Ҳофиз наздик шуд ва то ин ҳад наздик шудан ба шеъре аз гузаштагон бо ҳифзи хусусиёт ва рӯйдодҳои замона корест, ки ман медонам то чӣ андоза мушкил аст ва мусталзими тавонест дар ҳадди тавони Соя.               

1.Норсисисм – худшефтагӣ

2. Рӯбонӣ – наворе, ки барои зебоӣ даври чизе мебанданд.

3.Сигарма –чини пешонӣ

Симини БЕҲБАҲОНӢ, аз китоби «Ёди баъзе нафарот», таҳияи Толиби ЛУҚМОН

Дигар хабарҳо