Нусхашиносӣ — самараи замони истиқлол

 Нусхашиносӣ — самараи замони истиқлол

Ихтисоси «Мероси хаттӣ», ки дар таркиби факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис шудаву аз соли 2013 қабули донишҷӯёнро оғоз кардааст, дар воқеъ самараи Истиқлоли миллии Тоҷикистон мебошад. Дар замони пеш аз Истиқлол дар Тоҷикистон илми «нусхашиносӣ» (кодикология)- ро аз матншиносӣ ҷудо намекарданд, дақиқтар бигӯем, ҳамчун илми алоҳида намешинохтанд ва уфуқи омӯзишу таҳқиқи онро намедонистанд. Маҳз дар замони Истиқлол имкон фароҳам омад, ки ин илмро бишносем ва дар омӯзиши мероси хаттии халқамон ба таври бояста истифода намоем. Ҳоло шароите фароҳам омадааст, ки тамоми нусхаҳои дастнависи асримиёнагӣ, аз ҷумла, нусхаҳои хаттии форсӣ-тоҷикии китобхонаҳои кишвар аз сари нав бо меъёрҳои охирини китобшиносӣ ва кодикологӣ тавсиф карда шуда, феҳристи онҳо омода ва нашр карда шаванд. Барои ин кори муҳим ихти- соси “мероси хаттӣ”, ки дар факултети филологияи ДМТ таъсис шудааст, мусоидат хоҳад кард. То ҳол аз рӯи ихтисоси мазкур чор навбат мутахассисони соҳибкасби нусхашиносу матншинос омода гардида, ба ҷомеа тақдим шудаанд.

Кафедраи таърихи адабиёти тоҷик, ки тайёр намудани мутахассисони соҳаи мазкурро дар салоҳияти худ дорад, азм намудааст тибқи барномаи қабулшуда мутахассисоне омода намояд, ки ҳамаи унсурҳои зоҳирии нусхаҳои хаттии форсӣ, аз қабили муқова, абраву астар, мағзӣ, турунҷу бодомакҳо, лачак, турунҷак, катибаи афзуда, занҷира, шамса, навъи коғаз, бадрақа, лавҳу сарлавҳ, басмала, ҳошия, рикоба, муҳр, анвои хат, ҷадвал, нигора, каманд, тарқима ва ғайраву ҳоказоро комилан азхуд намуда, нусхаро ҳам аз ҷиҳати китобшиносӣ ва ҳам аз лиҳози нусхашиносӣ баррасӣ намуда, арзиши онро таъйин карда тавонанд. Гузашта аз ин, хатмкунандагон дар баробари таълифи рисолаи хатм оид ба ин ё он нусхаи дастнависи форсӣ амалан он нусхаи дастнависи форсии тоҷикии асримиёнагии маҳфуз дар Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода (воқеъ дар ДМТ)-ро ба хатти имрӯзаи тоҷикӣ баргардон намоянд. Чунин кор ҳатман дорои муқаддимаест, ки дар он шогирдон тавсифи мухтасари китобшиносӣ  ва нусхашиносии матни интихобнамудаи худро меоранд ва ҳамчунин, дар шакли муҷаз усули кори худро дар ин раванд зикр менамоянд. Ҳамин кори мухтасари баргардони шогирдон натиҷаи татбиқи амалии донишҳои назарии онҳо дар амри нусхашиносию матншиносии осори асримиёнагӣ буда, нахустин таҷрибаи кори мустақилонаи илмии онҳо ба шумор меояд.

Шогирдон ба хубӣ фаҳмидаанд, ки кор рӯи асари дастнавис ба ҳафриёти бостоншиносӣ мемонад, матни онро бояд дақиқан омӯхт, зеро ҳар як нусхаи хаттии форсии тоҷикӣ мунҳасир ба фард буда, онро котибе мутобиқи ҷаҳонбинӣ, савод, донишу малака ва вазъи руҳию равонии худ дар шароити муайян китобат кардааст. Аз ин ҷиҳат як нусхаи хаттии асари муайян ба ҳеч ваҷҳ такрори нусхаи дигари он нест. Шогирдон бо дарки чунин воқеият, ҳини баргардони матн аз хатти асл ба ҳуруфи тоҷикии имрӯза ба ҳайси нусхашиносу матншиноси оянда бо матни асари дастнавис бархурди эҳтиёткоронаро пеш гирифта, саъй мекунанд, ки бидуни мудохила ба кори котиб нусхаро пешниҳод намоянд. Аммо агар аз рӯи зарурат мудохилае карда бошанд, онҳоро ба хатти уреб меоваранд.

Ҷои зикр аст, ки натиҷаи ин гуна корҳои мустақилонаи хатмкунандагони ихтисоси мазкур то ба имрӯз панҷ навбат (аввалӣ аз ҷониби профессор Мисбоҳиддини Нарзиқул, дуюмӣ аз тарафи профессор Муҳриддин Низомӣ, сеюмӣ аз ҷониби муаллими калони кафедра Алишер Афғонов, чорумӣ аз тарафи нависандаи ин са-трҳо ва панҷумӣ аз ҷониби муаллими калони кафедра Ҳамза Собиров) рӯи чопро дида ва онҳо аз аҳаммияти муайяни илмию амалӣ бархурдоранд. Аввалан, шогирдон натиҷаи заҳмати худро дар шакли чопшуда ва интишорёфта мебинанд ва ба корҳои илмии оянда ташвиқ мешаванд. Сониян, иддаи касири асарҳои дастнависи форсии тоҷикии асримиёнагии мо, ки дар гӯшаи фаромӯшӣ монда буданд, ба ин васила ба аҳли таҳқиқ ва дӯстдорони фарҳанги гузаштаи мо муаррифӣ мегарданд. Солисан, як миқдор аз ин гуна китобҳои дастнавис, ки чанд даҳсола пештар замони хариди онҳо дар таъйини унвонашон иштибоҳ рух додааст, рафъ карда мешаванд ва номи асили онҳо аз таркиби матни дастнавис ошкор карда мешаванд. Ҳамчунин омӯзиши интиқодии матни нусхаҳо аҳаммияти калони илмиро молик мебошад. Гузашта аз инҳо, иҷро шудани чунин корҳо барои хонандаи одӣ низ хеле муҳим мебошад, зеро мутуни илмию адабии гузаштаи мо бо забони беолоиши адабӣ ва сабкҳои гуногуни сухангустарӣ таълиф шудаанд ва ошно шудан бо онҳо ба хонанда кайфияти хоссе медиҳад ва илова бар донишдиҳӣ, захираи луғавии хонандагонро васеъ ва меҳри ононро ба забони модарӣ зиёда афзун мегардонанд.

Як нуктаи дигари шоистаи зикр он аст, ки маъмулан, шогирдони ихтисоси мазкур дар оғози таҳсили соли аввал хатти арабиасоси форсии тоҷикиро хонда наметавонанд ва аксарашон ба касби нусхашиносию матншиносӣ эътибори чандоне ҳам нишон намедиҳанд. Аммо, бо мурури замон, тақрибан аз соли дуюми таҳсил сар карда, ба омӯзиши хатти ниёкон ва шинохту тавсифи нусхаҳо шавқу завқ ва меҳру муҳаббат пайдо мекунанд. Тахмин дар охирҳои таҳсил онҳо дар кори қироати осори дастнавис ва дарку фаҳми маънои матни онҳо маҳорати аҷибе аз худ нишон медиҳанд. Чунин ҳолат мо, омӯзгоронро, дилгарму руҳбаланд намуда, ба ояндаи неки нусхашиносию матншиносии кишварамон мутмаин мегардонад.

Дар воқеъ, толибилмони ихтисоси мазкур дар раванди таълим бо истилоҳоти сершумору гуногуни нусхашиносӣ ошно мешаванд ва амалан бо навъҳои гуногуни ҷилди нусхаҳои хаттӣ ва истилоҳоти зиёди марбути онҳо (қисме аз онҳо дар боло номбар шуд) чунончи: мастар, мураккабот, шангарф, қалам, дафтар, тазҳиб, нусха, афшон, сохту андозаи нусхаҳои сохташуда дар минтақаҳои гуногуни ҷуғрофиёи васеи форсизабонон ва тарзи кори котибону лаввоҳон, мусаттирон, муҷаллидону саҳҳофону варроқон, музаҳҳибон, ҷадвалсозон, нигорасозон, наққошон, китобдорон ва ғайраю ҳоказо ва мафҳуму истилоҳоти зиёди марбут ба китобҳои дастнавис ошно мешаванд. Татбиқи амалии чунин донишҳоро дар қисматҳои гуногуни рисолаҳои хатми хатмкунандагони ихтисоси зикршуда ва аз ҳамин маҷмуаҳои ба нашррасидаи онҳо мушоҳида кардан мумкин аст.

Ҳамин тартиб, маҷмуаи мунтаха- би матнҳои нусахи дастнависи ман- зуму мансур, аз қабили “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, “Рисола оид ба офариниш”, достони “Юсуф ва Зулайхо”-и Нозими Ҳиротӣ, “Мактубот”-и Шайх Аҳмади Форуқи Нақшбандӣ, “Мақо- моти Авлиё”-и маҷҳулулмуаллиф, достони мансури ривоятии “Шерзод ва Гулшод”, қисмати оғозини “Тазкираи Буғрохонӣ”-и маҷҳулулмуаллиф, мунтахаби “Ҳаҷвиёт”-и Абдурраҳ- мони Мушфиқию “Рубоиёт”-и Умари Хайём, “Мунтахаби ғазалиёт”-и Нозими Ҳиротӣ, “Нафаҳот-ул-унс”-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, “Тазкират- уш-шуаро”-и Давлатшоҳ, “Девон”-и Ҳисомии Хоразмӣ, “Искандарнома”-и мансур, “Девон”-и Шӯхии Хуҷандӣ, “Девон”-и Имло ва ғайра фароҳам оварда шудаанд.

Хуллас, ихтисоси навтаъсиси “мероси хаттӣ”, ки коршиносони нусхашинос омода мекунад, мутобиқу мувофиқ бо руҳияи сиёсати фарҳангии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва аз ҷумлаи ҳалли барномаҳои дурнамои мавриди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарам, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бадриддин МАҚСУДЗОДА, профессор

Дигар хабарҳо