Чеҳранигори мумтози мо

 Чеҳранигори мумтози мо

Андешаҳо перомуни китоби А. Абдуманнон «Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик», 2022

Устод А. Абдуманнон дар китоби худ «Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик» дунёи ҳунарии адибон, таҷассуми шахсияти адабӣ ва нақши онҳо дар ҷомеаро нишон медиҳад. Дар тавсифот муносибати эҳтиёткоронаи муаллиф нисбат ба ҳар як ҷузъиёти тарҷумаи ҳоли қаҳрамонон эҳсос мешавад: ӯ таваҷҷуҳи худро ба зоҳир, рафтор, одат ва тарзи ҳаёти қаҳрамон ҷалб мекунад, то тасаввурот оид ба инсон, олами ботинии ӯ ва муносибат бо одамони дигарро барои хонанда фароҳам оварад.

Тавассути чеҳраи қаҳрамон дар адабиёт муаллиф инчунин муносибати шахсии худро нисбат ба персонаж нишон медиҳад: «Ҳар гоҳ, ки устод Муҳаммад Осимиро ба ёд меорам, чеҳраи кушоди нуронӣ, шакарханди намакин, чашмони рӯшану нурафканаш пеши назарам ҷилва мекунанд, канда-канда, то ҷое саросема, вале бо низому мураттаб сухан гуфтанҳояш дар гӯшам садо медиҳанд» (А. Абдуманнон. Ламҳае ба роҳи рӯзгор, с.169).

Лаҳзаи халлоқият бо интихоби номи асар оғоз мегардад. Масалан, “Абармарди таърихи тоҷикон” – мағзи маъноии чеҳраи Б. Ғафуров ба шумор меравад. Ҷумлаҳои аввал ба шарҳи он ихтисос дорад: «Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷумлаи мунаввартарин чеҳраҳои сиёсӣ, илмӣ ва мардумии халқи тоҷик натанҳо дар асри ХХ, балки умуман дар таърихи миллати мост» (А.Абдуманнон. Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик с. 16).

Ҷолиб он аст, ки маҳз унвонҳои мақолоти ин маҷмуа муаллифи онҳоро чун чеҳранигор намоиш медиҳад. Ҳар як унвон натанҳо матнро мекушояд, балки ба ҳайси “матни таҳтонӣ” хидмат мекунад, ки барои дуруст фаҳмидани ҳадафи муаллиф муҳим аст. Дар мисоли ҳар мақолаи ин китоб метавон робитаи жанрии онҳоро бо унвони пешбинишуда пайгирӣ кард, мисол, “Айнӣ рамзи миллат аст”, “Ситорае буд дар замин”, “Муҷассамаи маърифат”, “Шарофати бузургон”, “Пире буд равшанзамир”, “Сипоҳии ҷабҳаи фарҳанг”, “Поягузори драматургияи касбии тоҷик” ва ғ.

Чеҳраҳои адабии А. Абдуманнон самимона ва дорои ҷузъиёти муҳимманд, ӯ хусусиятҳои нонамоёнеро оид ба қаҳрамонон мушоҳида мекунад, ки таҳқиқоти муфассали якнавохт баъзан онҳоро ошкор карда наметавонад.

Агар ба эҷодиёти солҳои охири устод назар афканем, дидан мумкин аст, ки жанри чеҳранигорӣ мавқеи марказиро ишғол мекунад, дар тӯли зиндагии хеш ӯ борҳо ба ин шакли жанрӣ муроҷиат кардааст, ба фикрам, устод дар ин жанр ба масъалаҳои имрӯзаи ҷомеа посух дарёфт намуда, сарнавишти гузаштагонро мавриди таҳлил қарор дода, мехоҳад фаҳмад, ки имрӯз дар гирду атрофаш чӣ воқеаҳо рух медиҳанд, ба суолҳои худ посух меҷӯяд.

Гоҳе ба назар мерасад, ки бархе ҷузъиёту лаҳзаҳо чун як дастур, рамзу киноя дода мешаванд. Чунин чеҳраҳо дар тамоми китобҳои устод ҳастанд, ки ҳар кадом аз нигоҳи далелу маълумот метавонад дар раванди адабии тоҷик нақши муҳим дошта бошад.

Фазилати фавқулода, дақиқии мушоҳидаҳо, маҳорати баён ба устод имкон медиҳад, ки зиддиятҳои хислатҳои чеҳраҳои эҷодӣ ва дунёи  равонии қаҳрамонҳоро нишон диҳад, арзиши ин лаҳзаҳо аз чӣ иборат аст, дар мисоли таҳкияи баррасонии рисолаи доктории Баҳром Сируси 86-сола дар соли 1971 дар шурои диссертатсионӣ мебинем, ки дар он «Бобоҷон Ғафуров аз рӯи вазифаи директори институт ҳамзамон раиси шурои дифоъ буд, вале дар ҷаласа бештар муовинонаш раисӣ мекарданд. Аммо он рӯз худи Ғафуров омада, ҷаласаро оғоз кард ва Сирусро ба аъзои шуро ва ҳозирин муаррифӣ намуда, гуфт, ки унвонҷӯи имрӯза шахсияти содаву маъмулӣ нест, балки як инқилобии машҳури эронист, бо Ленин мулоқот ва суҳбат кардааст, шахсияти таърихист… аминам, ки аъзои шуро натанҳо рисолаи ешниҳодшуда, балки синну сол ва хизматҳои дигари унвонҷӯро ба инобат гирифта, ба ҷонибдории ӯ овоз медиҳанд … Дар толор дар қатори пеш аз қатори нишасти мо эроншиносони маъруф, муҳаққиқи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ Муҳаммаднурӣ  Усмонов ва Михаил Занд паҳлуи ҳам менишастанд. Баъди рафтани Ғафуров дарҳол Усмонов ба Занд гуфт (мазмунан): гумон мекунӣ, ки ӯ рафту тамом? На, ҳоло мераваду дар утоқи кораш касе чи мегӯяд, гӯш карда мешинад” («Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик», с.21).

Ин ҷузъиёти кӯчаки ҳазломез, аз як ҷониб ақидаи оид ба Бобоҷон Ғафуровро дар он замон, аз ҷониби дигар, маҳорати худи А.Абдуманнонро дар пешниҳоди кинояи ҳазломез ошкор месозад.Хотироти оид ба Носирҷон Маъсумӣ хеле зебову пур аз эҳтиром аст, ки бо лутфи ӯ устод бо Мирзо Турсунзода ошноӣ пайдо кардааст. Ин шиносоӣ дар дили ӯ меҳри тарҷумониро бедор кард.

Ҷолибияти ҳикояи мазкур дар он аст, ки ба ҳар ҳол маълумоте дар мавриди вазъи корҳо дар он замон ба таври фишурда баён шудааст. Ҳамин тариқ, чеҳраҳои адабии Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ, Носирҷон Маъсумӣ, Раҳим Ҳошим, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Абдураҳмон Бухоризода, Абдуқодир Маниёзов ва дигар шахсиятҳои наҷиб офарида шуда, дар китоби «Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик» тасвир ёфтаанд, дар онҳо меҳвари асосӣ ҷузъиёте ба шумор мераванд, ки муаллиф бо чашми худ дидааст.

Баъзе чеҳраҳои адабии А. Абдуманнон эссеи фалсафиро ба ёд меорад, аз қабили очерк дар бораи Ғанӣ Абдулло ва Раҳим Ҳошим. Дар очеркҳои А.Абдуманнон, чун дар эссеи фалсафӣ,  «назари худи ӯ» пешниҳод шудааст, ки барои муаллиф воқеият аст. Чунин очеркҳо зоҳиран аз лиҳози натанҳо  шакл, балки мазмун низ нисбатан озод ҳастанд – тамоми ин хусусиятҳо хоси эссеи фалсафӣ мебошанд. Дар ин чеҳраҳои адабӣ ӯ ҳамчун муаллиф «бархӯрд»-и андешаҳои собитшударо оид ба қаҳрамононаш бо он чизе, ки дар ҷараёни муошират бо ин шахсиятҳо аз ӯ бармеояд, ба вуҷуд меорад.

Ҳадафи А. Абдуманнон қаҳрамони худро ҳамон тавр, ки воқеан буд, нишон додан, ӯро бо тамоми хислатҳояш, аз ҷумла камбудиҳое, ки инсонҳои бузург камтар аз мо дар маърази он ҳастанд, тасвир кардан аст. Устод ганҷинаи хотираҳост ва агар ҳамаи хотироти ӯро ёддошт кунем, итминони комил дорам, ки онҳо метавонанд ҷанбаҳои бисёр ҷолиби рӯйдодҳо ва шахсиятҳоро, баъзан комилан ғайри чашмдошт, ошкор кунанд. Ҷузъиёт, лаҳзаҳоеро, ки устод А. Абдуманнон тасвир кардааст, — ҳар кадоме ҳикояҳои Чехов ё сенарияи филмеро мемонад. Баъзе аз онҳоро дар зер меорем:

дар бораи Мастон Шералӣ:

 « … инсони бисёр ҳалим, меҳрубон, зариф, зиндадил ва хушсуҳбат буд, кӯшиш мекард, ки дар ҷараёни мусоҳиба низоъ роҳ наёбад, хотири касе озурда нашавад. Хандаҳои муассир ва «сирояткунанда» дошт, натанҳо лабону чашмону абрӯвон, балки китфон ва тамоми андомаш механдиданд. Ба шеър хеле ҷиддӣ муносибат мекард»;

дар бораи Лоиқ:

 «Адибон дар ёд доранд, вақте ки охири марти соли 1991 дар рафти Анҷумани Х нависандагони Тоҷикистон сухан аз шоистагии устод Лоиқ ба унвони Шоири халқии Тоҷикистон рафт, ӯ аз ҷой баланд шуду изҳор намуд, ки шоирони калонсолтару шоистатаре ба ин унвон ҳастанд, мисли Убайд Раҷаб, Ашӯр Сафар ва Қутбӣ Киром, ки хизматашон ҳам барои адабиёт арзанда аст ва ман ин унвонро танҳо баъд аз онҳо метавонам бигирам».

А. Абдуманнон дақиқан ба ҳар чизе таваҷҷуҳ мекунад, ҳар ҷузъиётеро аз зиндагиномаи шоир интихоб менамояд, ки нишондиҳандаи дунёи маънавии худи чеҳранигор аст. Баъзе лаҳзаҳо қудрати шахсият ва миллатдӯстии воқеиро нишон медиҳад, аз ҷумла лаҳзаеро аз конфронси илмию амалии бахшида ба 1000-солагии Абуалӣ ибни Сино дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС дар соли 1980 мисол меорем, ки дар он котиби ҲК Тоҷикистон Бобосодиқова Г., раиси кумитаи ташкилӣ академики АИ ИҶШС Федосеев, президентҳои АИ Тоҷикистон Осимӣ ва АИ Ӯзбекистон Содиқов, ходимони машҳури илму фарҳанг иштирок доштанд. Тибқи барномаи тасдиқшуда дар навбати аввал бояд президенти АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Осимӣ баромад мекард ва баъди ӯ – президенти АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқов. Дар он лаҳзае, ки Федосеев “Сухан ба президенти Академияи илмҳои…” эълон кард, Осимӣ аз ҷояш хесту ба минбар баромад, вале ҳолати ногуворе ба миён омад, Федосеев ному насаби президенти АИ Ӯзбекистонро эълон кард. Ин ноҳинҷориҳо тасодуфӣ ба миён наомада буданд – гап дар сари он мерафт, ки Федосеев дар давраи омодагии чорабинӣ дар байни тоҷикону ӯзбекҳо дар мавриди мансубияти миллии Абуалӣ ибни Сино низоъ меангехт ва “Осимӣ лоилоҷ ба ҷояш баргашт, хиҷолатзада буд, ранги рӯяш суп-сурх шуд. Баробари нишастан ба Бобосодиқова ва аз пушти сари ӯ ба Шауро бо шасту ғазаб ким-чиҳо мегуфт, ба маърузаи ҳамтои сухангӯяш эътиборе намедод” ва вақте ба Осимӣ сухан доданд, “Устод ба минбар расиду коғазҳояшро як сӯ гузошт, бо асабонияти аёнӣ як лаҳза ба толор ва раёсати ҷаласа чашм давонду бо садои бурро ва андак ларзон суханро бидуни коғаз чунин оғоз кард: «Ибни Сино натанҳо даҳои беҳамтои илми ҷаҳонӣ, ӯ инчунин гуманисти (башардӯсти) бузург ва воқеӣ буд, дурӯғу фиреб, тамаллуқу косалесиро чашми дидан надошт. Барои ҳамин ҳам умраш дар таъқибу фирор гузашт…” Ин суханон, ки ӯ бо ҳаяҷони ғазаболуд ва садои хашмгин ироа дошт, ҳадафманду нишонрас буданд ва ҳам ба аҳли толор, ҳам ба раёсати ҷаласа бетаъсир намонданд”. Муаллиф, тавонистааст ҳам шахсияти Осимиро ба унвони як донишманд, фарди шоиста нишон диҳад ва ҳам ба мушкилоти фарҳангии байни миллатҳо, ки дар он солҳо вуҷуд доштанд, ишора бикунад. Иртибот бо чунин қаҳрамоне барои ҳар хонандае самаранок аст, ки тавассути нафаре “вориди” матн мешавад ва баъд аз мутолиаи асар чун шахси аз назари руҳӣ ғанӣ “берун” мегардад.

Устод замони таҳсил дар Москва, дар муҳити донишмандоне чун И.С.Брагинский, М.Занд, М.Усмонов, Р.Алиев, Д.С.Комиссаров, Е.П.Челишев, Н. А. Айзенштейн, В. Б. Кляшторина, Л. С. Переломов, Н. А. Дворняков, В. Б. Никитина қарор гирифта, таҷрибаи зиёде андӯхтааст. Агар гуфтаҳои устод дар бораи ҳар як қаҳрамон арзёбӣ шавад, аз шиносоӣ бо шахсиятҳое чун Б.Ғафуров, М.Турсунзода, М.Осимӣ, Н.Маъсумӣ, М.Шакурӣ, А.Маниёзов ва дигарон А.Абдуманнони ҳанӯз ҷавон таассуроти амиқ бардошта, дар дилу зеҳнаш ҷой додааст. Дар тавсифоти ӯ ҳам бадеият, ҳам таърихият ва ҳам ҳуҷҷатписандӣ вуҷуд дорад.

Ба нависандаи хуб мегӯянд, ки ӯ санъаткор аст. Абдураҳмон Абдуманнон чеҳранигор аст, ки чеҳраҳои мондагору дурахшон офаридааст. Хомаи ӯ оҳиста, ба таври мавзун дар рӯи коғаз ҳикояҳои воқеӣ, лаҳзаҳои пур аз гармиву муҳаббатро меофарад. Қобилияти таваҷчуҳ ба ҷузъиёти хурди хоси инсон – ман маъмулан онҳоро марворидчаҳо меномам – маҷмуи комили ягонагию ҳамоҳангии ҷузъҳоро эҷод мекунад, ки як куллро ташкил медиҳанд. Мулоҳизаҳои худи ӯ дар бораи чеҳраҳо мисли апарте садо медиҳанд – на дилбазан, на хастакунанда, на якнавохт. Ҳар андешаи муаллиф хислати худи ӯро инъикос мекунад – маҳорати мушоҳида кардан ва хулоса бароварда тавонистанро. Ин мавқеи муаллифро равшан нишон медиҳад: муносибати меҳромез нисбат ба қаҳрамонҳои худ, мафтунӣ ба таҷрибаи ҳаётӣ, шаъну шараф ва наҷобати онҳо. Тамоми ёддоштҳои муаллифи китоб дар заминаи хотироти шахсии ӯ офарида шудаанд, ки ба жанри чеҳранигории адабӣ мансуб будани ин асарҳоро таъкид мекунад.

«Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик» – ин идомаи мантиқии суҳбат оид ба шахсияти худи Абдураҳмони Абдуманнон аст. Чеҳраҳои шахсиятҳои бузург, ки дар фарҳанги мо осори амиқ гузоштаанд, аз ҷониби ӯ ба шеваи мунҳасир ба фард офарида шудаанд, ки дар онҳо вижагиҳои суннатии жанри чеҳранигорӣ ва услуби муаллиф ба таври шигифтоваре ба ҳам пайваста, шахсият ва ҷаҳонбинии ӯро ошкор месозанд.

Дар ҳар як ҳолати ҷудогона адабиётшинос нисбат ба қаҳрамон муносибати фардӣ пеш мегирад, то муҳимтарин ҷиҳати хислати ӯро намоён созад ва бо ҳамин композитсияи ғайриодии кори худро эҷод кунад. Маҳз асолати тарроҳии меъморона аст, ки симои ҳар чеҳраро барои хонанда беназир ва махсус мегардонад.

Ҷамила Мурувватиён,

доктори илми филология

Дигар хабарҳо