Пояи устувори одамият

 Пояи устувори одамият

Абдухолиқ НАБАВӢ, номзади илми филология

Рости гап, дар байни насрнависони тоҷик, ҳатто нависандагони миёнсолу баркамол онҳое ки дар кори эҷодӣ ҷустуҷӯҳояшон мустақим ва аз меъёри осори асил идома дошта бошад, хеле кам ба чашм мерасанд. Аз ин байн, хушбахтона, навиштаҳои Абдулҳамид Самад ҷолиби диққат мебошанд: онҳо аз ибтидо, аз айёме, ки нависанда бо ҳавас қалам меронд, ҳама дар такя ба савияи насри пешрави муосир таълиф шудаанд. Навиштаҳои ӯро дар замонаш хонандагони собиқ шуравӣ низ ба зудӣ (маҷ. «Мечта молодости», М:. 1986) ва ба хубӣ пазируфтанд. Ин ҳама аз нишонаҳои муносибати ҷиддӣ ва истеъдоди асили нависандаи ҷавон дар он замон гувоҳӣ медоданд.

То имрӯз чандин маҷмуаи ҳикояҳо ва қиссаҳои Абдулҳамид Самад ба табъ расидаанд. Аммо банда хостам чанд андешаи худро доир ба достонҳои калонҳаҷми (қиссаву румонҳо) нависанда, ки ҳар яке аз намунаҳои беҳтарини қисса ва румони муосир мебошанд, изҳор намоям. Ба назари ман, он чи осори ин нависандаро ҷолибу ҷозиб мегардонад, ҳамоно аз хуб донистани маводи тасвир ва хуб огоҳ будан ба ҷузъиёти ахлоқиву равонӣ ва миллии мундариҷаи тасвир ибтидо мегирад. Ин бошад, ба нигориши нависанда як сабукӣ ва самимият низ ато менамояд. Муҳиммаш он аст, ки нависанда бо қувваи қалами худ ҳамин сифатҳоро ба хонанда гузаронида метавонад.

Абдулҳамид Самад аз аввалин асарҳояш сар карда, пайваста дар бораи зиндагии ҷавонону наврасон, чи дар зиндагӣ ва чи дар хониш, фикру андешаи онҳо ва нуқтаи назарашон нисбат ба масъалаҳои ҳаёт диққати бештаре медиҳад. Вай ба масъалаи мазкур дар ҳар асар аз паҳлуи тоза ва бо маводи тозаву нав назар меандозад. Аз ҷумла, таҳлили вазъи инсони наврас дар ибтидои роҳи ҳаёт («Баъд аз сари падар»), ҷустуҷӯҳои ҷавонон дар ҷараёни донишандӯзӣ ва ибтидои худшиносӣ («Паррончакҳо») мавриди тадқиқи ҳамаҷабҳаи нависанда буданд. Вай ба омилҳои ташаккули масалан, Хусрав аз повести «Баъд аз сари падар» ва зимнан неку бадро тафовут додану ба мустақилият баромадани вай дар зиндагӣ бештар эътибор додааст.

«Баъд аз сари падар» (1979), ки аз нахустин қиссаи Абдулҳамид Самад аст, бо унвони худ диққати касро ҷалб менамояд. Кас якбора ба олами шахсе ворид мешавад, ки аз сарбони хонавода, аз падари меҳрубон маҳрум мондааст. Ин ҳодиса дар зиндагии инсонӣ хеле бисёр рух медиҳад, зоҳиран падарро бармаҳал аз даст додан як қонуни муқаррарии ҳаёт аст, лекин ба асар чунин унвон гузоштан худ хонандаро ба муҳим будани масъала мутаваҷҷеҳ месозад. Ва, дарвоқеъ, маълум мешавад, ки ҳамаи низоъу бархӯрдҳо пас аз ҳамин ибтидо мегиранд, ки Ҳайдар ин меҳнаткаши ҳалолкор — падари Хусрав, ногаҳон фавтиду ин заминаи ба ҳам бархӯрдани хислатҳо, дастурҳои ахлоқии иштирокдорони қисса гардид, ки меъёри асосии баҳо чӣ гуна одам будани онҳост ва дар ин ҳолат худро чӣ гуна зоҳир менамоянд.

Хусрав, модари ӯ Маҳингул, Шариф – раиси колхоз, бобои Саид, Қурбони подабон ҳама аз роҳи ростӣ, ҳалолкорӣ ва манфиат расонидан ба мардум, некӣ кардан амал мекунанд. Дар муқобил симои Аҷик ва ҳамдастони ӯ гузошта шудаанд, ки ба роҳи зиндагии нопок, хӯрдани нони ҳаром даромада, барои ба амал баровардани мақсаду ғаразҳои худхоҳонаи худ пӯст иваз мекунанд, ҳила ба кор мебаранд, хушомад мезананд ва ҳатто одам мекушанд. Муҳимтар аз ҳама, ин низоъ, чунонки дар асарҳои Абдулҳамид Самад ба мушоҳида мерасад, ба авлоду хешу пайвандӣ иртибот мегирад. Нависанда, ки зиндагии деҳотро хеле хуб медонад, аз савияи фикрӣ, равонӣ ва фаҳмишу фаросати эшон хеле огоҳ аст, онро дар асарҳояш пайваста ба тасвир мегирад. Воқеан, хеле аҷиб аст, ки Аҷики бераҳм – тағои Хусрав, бародари Маҳингул ва додарарӯси Ҳайдар аст. Зиёда аз он, Аҷик пас аз марги Ҳайдар хоҳарашро хост бо молу мансаб бифурӯшад. Ва ин ҳама ҳодисот аз пеши назари Хусрави хурдсолу покният ва дилсоф мегузарад, ки бар асари ин ҳама пайваста аз тағояш рӯ мегардонд.

Нависанда марҳала ба марҳала хислатҳои пасту касифи ин «ҳайвони» дар либоси одамиро (Аҷикро) нишон медиҳад. Воқеан, ин ҳама бадгавҳарӣ, аз ҷумла, дуздӣ аслан ба ӯ аз падар ба мерос мондааст.

Ва бисёр аҷибаш ин аст, ки дар халқ масале ҳаст: «Тағо ба ҷойи падар» ва «ҷиян одатан ба тағо» меравад. Аммо Абдулҳамид Самад бо таҳлили амиқи бадеӣ ва воқеънигории берӯю риё нишон додааст, чӣ тавр дастурҳои солими ахлоқӣ метавонанд урфу расм, масали рӯзгору таҷрибаро шикананд, балки дар вақти лозима онро ислоҳ намоянд, то бунёди одамгарӣ фақат ба расму одат маҳдуд намонда, дар заминаи мантиқи зиндагии инсонӣ ва ахлоқи ҳамида дар ҷомеа ҳамеша устувор бошад.

 Миқдори масъалаҳо, ҷузъиёти сужет ва сифати характерҳо дар қиссаи «Паррончакҳо» боз ҳам мураккабтару доро шудаанд. «Паррончакҳо» (1983) қиссаи дувуми Абдулҳамид Самад аст, ки ба ҳаёти донишҷӯёни соли аввал бахшида шудааст. Ба фикри банда, худи интихоби вақту замон дар ин қисса ҷолиби диққат аст. Чаро соли аввал? Чаро паррончакҳо?

Ин нукта маълум аст ва бахусус, аз зиндагии Тоҷикистони он солҳо равшан аст, ки аксари писарону духтарон аз ҳар маҳал, деҳу шаҳр пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳо меомаданд (ҳоло низ инчунин) ва муҳити донишгоҳӣ ин бачагону наврасони дирӯзаи бо феълу хӯ ва тасаввуроти гуногунро ба ҳам мепайваст, онҳоро ба ҳам қарин намуда, дониш меомӯхт ва баъди он ки соли аввал хатм гардид, пас бовари эшон ба худ бештар, балки боли парвози орзуҳошон мустаҳкам мегардид ва ба қавле «паридан меомӯхтанд», яъне паррончак мешуданд.

Дар олами туюр низ паррончак шудан ибтидои зиндагии мустақилона мебошад. Зоҳиран, унвони қисса низ рамзист.

Қиссаро ровии он Наим ҳикоят мекунад (ва шояд он ҷанбаи биографӣ низ дорад). Табиатан чунин осор масъалаи ташаккули хислату рафтори шахсро фаро мегирад. Ин навъ асарҳоро одатан «повести (қиссаи) монологӣ» меноманд, ки муҳтавои онро, пеш аз ҳама, зовияи диди ӯ муайян мекунад, одамон, ҳодисаву воқеаҳо аз назари вай ва бо таъсире, ки ба афкору ақоиди вай доштаанд, ба тасвир меоянд. Ин зеҳнгароӣ дуҷониба аст: қаҳрамон ба одамон баҳо медиҳад ва дар айни замон худ таъсир бардошта, таҳлилу андеша мекунад ва дар ин ҷараён хислаташ пайваста ташаккул меёбад. Ин асарест, ки ба таҳлил бунёд ёфтааст, бахусус таҳлили психологӣ ва онро бо субъективизм (зеҳнгароии) лирикӣ омехта, насри лирикӣ номзад кардан нашояд.

Қиссаи равонӣ пас аз «Тобистон»-и Толис дар насри мо роиҷ гардид ва ҳеҷ кас онро асари лирикӣ нагуфтааст ва гӯяд ҳам, ин тасаввур ғалат аст. Дар омади гап, қиссаи «Баъд аз сари падар» аз ҳайси муҳтаво ва «Паррончакҳо» аз ҳайси усули нақл ба «Тобистон» ҳамоҳангиҳо доранд.

Қаҳрамони асосии қиссаи «Паррончакҳо» Наим аз бачагӣ як андоза қайсарӣ дорад, бо бародараш Абдухолиқ унс намегирад, гарданшах аст. Бинобар ин, ӯро ба тарбияи амакаш Абдукарим ба шаҳр мефиристанд. Чи Абдукарим ва чи завҷааш (муаллимаи забони англисӣ) одамони хуб, маданӣ, ҳалолкору сахтгир ҳастанд, ки ин ҳама ба хислати Наим бетаъсир намондааст. Абдукарим ӯро, баъди имтиҳони қабул, ба хоҳиши занаш нигоҳ накарда, ба хобгоҳ гусел мекунад: то одамиву ноодамиаш хубтар зоҳир шавад. Вале Наим давоми як сол натанҳо таҳсил мекунад, балки аз рафтору муносибати ҳамсабақонаш – Насими хушодоб ва Қайси мағруру ҳавобаланд, Раҳимбеки бепарвои маишатпарасту Раҳматшоҳи баномус, Паканаи бемеҳру шафқат, духтарони меҳрубону зудбовар Назокат, Латофат, Гулсоро ошно мешавад, як сол бо олами рангин, нотакрор ва пурзиддияти ҷавонон, падару модарон ва наслҳои гуногун шинос гардида, барои ба мушкилоти зиндагӣ омода будан барои худ ибрат мегирад.

Зимнан ин асар яке аз китобҳои аввалину беҳтарин дар бораи ҳаёти донишҷӯён мебошад. Хонанда ба олами зиндаву пурҷӯшу хурӯши зиндагии толибилмон дохил мешавад, донишҷӯёни ҳақиқӣ ва «асобағалдор»-ро хубтар мешиносад, ба қаҳрамони повест Насим, ки дар зиндагӣ, ҳам дар хониш ва ҳам дар кору одамгарӣ, ба кулли сифатҳои наҷиб зоҳир мегардад, таваҷҷуҳи хосса менамояд. Хусусан ӯ ба ҷараёни қабул ба донишгоҳ ба таври воқеӣ нигариста, талошу кӯшиш ва дониши ҳақиқиро воситаи расидан ба мақсад меҳисобад.

Дар асарҳои Абдулҳамид Самад одатан низоъ байни касони хуб ва хулқу хӯи баддошта, одамони нек ва бадгуҳар, ҳалолкорону ғаммозон меравад. Нависанда ҳамеша қувваи нек, одамгарӣ ва ҳалолкориро талқин мекунад. Барои ӯ сарчашмаи ин хислатҳои нек зиндагии халқи меҳнаткаш аст. Инсони меҳнаткаш ҳамеша одами ҳалолкор мебошад, ростиву одамгарӣ ва меҳнаткашиву ҳалолкорӣ аз ҳам ҷудо нестанд. Образҳои Ҳайдар, Бобои Саид, умуман пирони зиндагидида дар навиштаҳои Абдулҳамид Самад дар худ неруи ахлоқии халқро ифода мекунанд. Воқеан, дар ҳар маврид нависанда ба зиндагӣ, ҳақиқати он, ғалабаи адолат эътимод дорад, хонандаро барои аз мураккабиҳо наҳаросида, ба ояндаи нек эътиқод бастан ҳидоят мекунад. Ин, дар айни замон, як нуқтаи пайванди наслҳо, меросбарии ҷавонону калонсолон мебошад, ки хоси тамоми навиштаҳои нависанда аст.

«Аспи бобом» (1986) низ як қиссаи бисёр самимист, ки дар он лавҳаҳои зебои зиндагӣ ва хумори гузаштаву ташвишҳои имрӯзаи зиндагиро дар симои Шараф- паҳлавон, зани ӯ, Фарҳод, Зикамоҳ ва ғайра дар бар гирифтааст. Тавассути «ёди таърихӣ» — қиссаи аспи Бобо, ки ҳар шаб туфайли момо ба Фарҳод нақл мешавад, нависанда ба таври ноаён пайванди наслҳо, идомаи хислатҳои наҷиб, тарбияи насли хурдсолро дар замони дигар шудани арзишҳои зиндагӣ (шаҳрнишинӣ, хонаҳои бисёрошёна, нигоҳубини кабк) бо маҳорати том тасвир менамояд. Ҳунари дар материали маҳаллӣ ва дар зиндагиву фикру зикри хурдсолон ғунҷонида тавонистани мазмунҳои калон, муҳим ва замонавӣ дар қиссаи охирини ӯ «Аспи бобом» низ ба мушоҳида меравад. Гӯё ин ҷо сухан аз орзуҳои хаёлии бачаи хурдсол, аз муҳаббати ӯ ба асп меравад, ки ваъдаи харидани асп, ки падараш дода буд, барояш афсона гаштааст. Дар паҳлуи он қиссаи дигаре дар бораи бобои дар ҷанг фавтидаву аспи ӯ аз тарафи модаркалонаш нақл мешавад ва бо он орзуҳо омехта, образи аспи боборо ба миён меорад, ки боди наҳси ҷанг боиси вайрон шудани он афсонаи ҳақиқии зиндагӣ гашта буд… Ба нависанда ин ҷо, баробари тасвири рӯзгори муқаррарӣ бо хушиву норасоиҳояш муяссар шудааст, ки ҷанг барин як қувваи манҳусро, ки дар рӯзгори мо ба қувваи хавфоваре табдил ёфтааст, маҳкум намояд.

Воқеан, асп зимнан дар қисса симои худро нишон медиҳад, дар он меҳру муҳаббати дуҷонибаи инсон ва ҳайвони ба инсон дӯсту ҳамроҳ ба ҳам омезиш ёфта, маънои рамзӣ касб мекунад.

Аслан, рамз гуфтан ё ба намоду сумбул расонидани тасвир як ҷиҳати насри инсонгароёнаи Абдулҳамид Самад аст, ки махсусан дар мисоли асп ба хубӣ таҷассум гардидааст. Ҳамин нуктаро қайд кардан лозим аст, ки асп яке аз намодҳои машҳур дар асотир ва эҷодиёти мардуми тоҷик ва урфу расми он мебошад, ки хеле бисёр вомехӯрад. Ҳам дар адабиёти қадими ориёӣ ва ҳам дар дини ислом ва ҳам дар осори адибони гузаштаву муосир асп мақоми муҳимме дорад. Инро шояд сабаб он бошад, ки дар таҳтушшуури мардуми мо архетипи асп ҳамеша зинда аст ва онро натанҳо ба сифати як ҷонвари корӣ, балки чун як ҳайвони боҳушу ҳамраҳи содиқи инсон дӯст медоранд. Ба қавли устурашиносон, масалан асп «яке аз ҷонварони намодине аст, ки дар «Шоҳнома» аз арзиши бунёдин бархӯрдор аст. Аз сӯяи (ҷониби, тарафи) кирдор гоҳ ҳамчун инсон рафтор мекунад ва забони дорандаи хешро дармеёбад. Аз сӯяи асотири гузашта аз «Шоҳнома» дар устураҳои дигар мамлакатҳо низ намод дорад. Асб ба гунае шигифтовар зеҳни ақвоми ҳиндуаврупоиро ба худ машқул доштааст ва дар афсонаҳои ҳиндуаврупоӣ аз асб ба унвони нишонаи вежаи эзади Офтоб, эзади Моҳ ва эзади Бод сухан рафтааст. Дар роҳи баъзе эзадҳо фақат асб қурбонӣ мекарданд. Тағйири шакли одамӣ ба асб аз мавзуъҳое аст, ки ба каррот дар афсонаҳо ва қисаси омиёна зикр шудааст. Шояд ҳиндуурупоиён нахустин қавме буданд, ки даст ба аҳлӣ (ром) кардани асб заданд. Бар асоси як эътиқоди ҷаҳонӣ асбро ба дарё муносибати вежае аст ва ҳамин пиндор аст, ки дар афсонаи эронӣ байни аспи сафеду сиёҳ (рӯзу шаб) дар каронаи уқёнуси осмонӣ барои дастёбӣ ба обҳои борвар бозтоб ёфтааст» (Авасто, Яшти 15, фиқраҳои 11-13 ва 27-29) . Абдулҳамид Самад аз оғози эҷодиёт ва то ҳоло, инчунин дигар нависандагони мо, амсоли Баҳманёр ва Саттор Турсун ва дигарон пайванд ва таваҷҷуҳе ба ин куҳанулгӯи ориёӣ дорад.

Ҳамин тавр, нависанда дар марҳалаи аввали эҷодиёташ нишон дод, ки ба кори нависандагӣ бо ҷиддияти том муносибат мекунад, мақсади тасвири бадеӣ ва сифати хосси онро дуруст пай бурдааст. Муҳимтар он будааст, ки ӯ аз моҳияти инсонгароии кори адабӣ огоҳ аст. Масъалаҳо ва ашхосро аз меъёри ахлоқи неку бад, одамгариву ноаслӣ ба тасвир мегирад ва таҳлил намудаву баҳо медиҳад. Маълум буд, ки ӯ зиндагии мардуми деҳот, ки дар замони карахтӣ ва кӯшишҳои маънавиятзудоӣ арзишҳои неки ахлоқиро ҳанӯз дар сурати аслӣ ва покизаашон нигоҳ дошта буданд, хеле хуб медонад, устухонаш дар дарку омӯзиш ва тафовут додани қазияҳои ахлоқӣ шах шудааст. Ва ин ҳамаро барои як нависандаи асилу воқеъгаро сифати бисёр хубе ба шумор овардан лозим аст.

Аз ин назар, Абдулҳамид Самад дар қиссаи «Косаи давр» комёбиҳои бештаре ба даст овардааст. Дар қиссаи мазкур, пеш аз ҳама, тасвири ҳаёт вусъат мегирад, адади иштирокдорони асар афзуда, хислат ва симояшон равшан ба зуҳур меояд, моҳияти миллии амали онҳо рӯшан садо медиҳад ва боиси афзудани ҷанбаи инсондӯстии онҳо ва пайванд хӯрданашон бо қонунҳои зиндагии умумиинсонӣ мегарданд. Барҳақ гуфтаанд, ки ҳар чизи асили миллӣ, албатта, моҳияти байналмилалӣ касб менамояд. Ба нависанда муяссар шудааст, ки дар симои Шоҳини даҳмарда як образи серғунҷоишу ибратбахше офарад, ки тавассути дороии маънавиаш арзиши калони адабӣ ва ахлоқиву эстектикӣ касб намояд.

Ба Абдулҳамид Самад маҳорати нодире насиб шудааст: вай руҳи халқ, пирону ҷавонон ва хурдсолон, табъи зарифи мардумро хеле хуб медонад, ба ҳар як сангу сабзаи диёраш меҳри беандоза дорад. Дар ин махлутӣ образҳои содаву табиӣ офаридаи ӯ хусусиятҳои амиқи таърихӣ ва рамзиву фаслафӣ касб мекунанд. «Навиштаҳои А. Самадов касро ба некӣ, андешамандӣ, одамгарӣ, ҳурмати инсон, забон, табиат ва умуман ба шинохти қадри зиндагӣ ҳидоят мекунанд».

Дар «Косаи давр» аз ҳаёти деҳот, зиндагӣ ва руҳияи онҳо, хусусан мардуми чорводор – даҳмардаҳо баҳс мекунад. Дар тасвири нависанда зиндагии Шоҳини чӯпон, оила ва психологияи вай бо зиндагии умумии мардуми деҳот ва умуман зиндагии ҳалолу пайванди наслҳо барин масъалаҳои умумӣ иртибот пайдо менамояд. Манзараи фардӣ, ҷиҳатҳои умумӣ касб карда, таҳлил вусъати иҷтимоӣ касб мекунанд. Маълум аст, ки нависанда муҳити иҷтимоӣ, касбу кор, ранҷу меҳнат ва олами ботинии қаҳрамонашро хуб медонад ва дар тасвири ҷиҳатҳои иҷтимоиву ахлоқии инсон ҳунараш бештар гардида истодааст.

Дар маркази диққати нависанда тасвири образи Шоҳин аст ва маҳз аз дидгоҳи ӯ, ки таҷрибаи зиёди зиндагӣ ва меҳнатӣ дораду ҳоло ба нафақа баромада, роҳи тайкардаашро аз назар гузаронидааст, ба ҳодисаҳову одамони гуногун чашми диққат дӯхта, ҳодисаҳои чанд соли дуру наздики деҳотро мавриди тасвир қарор медиҳад ва муносибати худашро ба зиндагии имрӯза, ҷавонон муайян менамояд. Барои Шоҳин ҳамеша инсон аз назари меҳнатдӯстӣ, ғаюриву баномусӣ ва масъулиятшиносиву хайрхоҳӣ нисбат ба одамону моликияти ҷамъият қимат пайдо намудааст. Вай ба кору бори зиндагии имрӯза низ аз ин меъёр назар карда, ба онҳо мудохила мекунад ва ба ҷавонон панд ҳам мегӯяд. Ӯ ба «писханди занаш» дар ин бобат гуфтааст: «Чашм бисёр бинаду гӯш шунавад, ақлу зеҳни солиму тез бошад, доно мешавӣ. Еҳе, даҳмарда-ку, мудом дар сафар аст, одаму олама мебинад. Нашунидаӣ: аз дунёхӯрда оламгашта беҳ, гуфтаанд»… (с. 30) Бино бар он, панду насиҳати Шоҳин ва тасаввуроти вай оид ба зиндагӣ аз бисёр ҷиҳатҳо солим мебошанд. Мисли он, ки гуфтааст: «Моли ҷамъият хуни ҷамъият», «Обрӯ гирифтанаш мушкил, рехтанаш дар як нафас» ва ғайра.

Нависанда Шоҳинро чун шахсе тасвир мекунад, ки касби худро аз ҷону дил дӯст медорад: охир як сол боз дасту пояш аз кори колхоз канда аст. Аммо дилаш, ҳушу ёдаш чӣ? Не, вай аз тоифаи одамони саҳлангори канорагир нест. Ба ҳар кирдору рафтори худ ва атрофиёнаш дар ҳама ҳолат ҷавобгарӣ ҳис мекунад. Давраҳои аввали нафақанишинӣ, ки ӯро хумори паҳнои дашту фазои беканор, ёди рамаву кору бори чӯпонӣ мегирифт, табиӣ ба тасвир омадаанд. Пас, лаҳзаҳои ба нафақа гусел кардан, манзараҳои ҷавонии Шоҳин ва ишқи ниҳониаш бо Гулбону, меҳнати пурмашаққати чӯпонӣ, ки нисфи зиёди умри ӯро ба худ бурдаанд, ҷо-ҷо бо маврид ёдовар мешаванд. Умуман, образи Шоҳинро аз муваффақиятҳои эҷодии Абдулҳамид Самад ба шумор овардан мумкин аст.

Абдулҳамид Самад дар қисса (повест) бошуурона воқеаҳоро тафсил медиҳад, чандин сарнавиштҳои дигарро, аз ҷумла Валии чӯпон, Фазилату фарзандонаш, тӯйи Латифи осиёбон ва тақдири сахти ҷавонии вайро ба доираи нақл дохил карда, инчунин масъалаи тӯю азо, қалин, ҷанҷолҳои қавмӣ ва ғайраро ба миён мегузорад. Агар инҳо барои паҳно гирифтани тасвир мадад карда бошанд, вале саргармии нависанда ба тасвири маъракаи тӯй ва ҷараёни он, маълумотҳои этнографӣ ва ғайра боиси кашол ёфтани риштаи сухан ва суст шудани ҳаракати сужети марказӣ гардидаанд. Сипас, вобаста ба масъалаи хонадоркунии Ҳошим ва муошиқати ӯ бо Мижгон воқеаву ҳодисаҳои нав оид ба таърихи муносибат ва кинаву ҷанҷолҳои авлодии байни қавми Шоҳон ва авлоди Тоҳириҳо (Мижгон набераи Амири Тоҳир аст), воқеаҳои замонҳои дур (пеш аз инқилоб) ва баҳсу талошҳои Шоҳин ва Амир ба доираи андешаҳои Шоҳин медароянд ва қиссаро аз ҷиҳати мундариҷа ғанӣ месозанд. Зимнан, нависанда то ба ҳоло вуҷуд доштани решаҳои ин кудуратро таъкид месозад ва шояд инро яке аз хусусиятҳои руҳияи як гурӯҳи мардуми тоҷик маҳсуб кард, ки баъзе сифатҳои равонии онҳоро то ба ҳол муайян мекунад (Ба хотир меоварем, ки нависанда Кароматулло Мирзоев низ дар повесташ «Шабе дар Кабудҷар» ҳамин «номусу шараф» ва кудурати авлодҳои Шодмону Асрорро дар деҳа таъкид намуда буд). Аммо Абдулҳамид Самад ҳар қадар таърихи дур доштан ва хеле тезу тунд шудани ин қабил ҷанҷолҳоро таъкид кунад ҳам (аҷибаш ин, ки ин авлодҳо дар айни замон ду тип – навъи сифатҳои одамон – нек ва бадро ифода карда, яке агар бадгуҳарии худро ҳақ бароварданӣ мешавад, дигаре, масалан, Шоҳинино одамгарии худро ҳимоя мекунад), мақсади асосиаш нишон додани он аст, ки замони нав чӣ гуна оҳиста ин дарди куҳнаро ба тадриҷ аз байн мебарад ва аз насл ба насл «хуни одамон» асосан тозатар мешавад. Аслан вобаста ба амиқ рафтани худшиносии мардум ва миллат бояд кинаву адовати оилавӣ, қабилавӣ ва музофотӣ аз байн равад, мардум ба зинаи баланди шинохти худ бирасад, ки барои сарҷамъии халқ ва ваҳдати миллат бисёр муҳим мебошад.

Ҳамин тавр, аз ҷиҳатҳои хуби повести «Косаи давр» тасвири бамавқеи ҷиҳатҳои маишӣ ва руҳи миллӣ мебошад. Онҳо тавассути тасвири ҷиддӣ, ҷузъиётбаёнии психологӣ нишон дода мешаванд. Руҳи миллӣ ва халқии повестро мутояба ва зарофати қаҳрамонони мусбат (Шоҳин ва Гулбону) боз ҳам тақвият додаанд.

Қиссаҳои дигари Абдулҳамид Самад «Маҳбус» (1999) ва «Сарлашкар» (1997-98) мебошанд, ки зоҳиран аз мавзуи асосӣ ва муҳтавои умумии навиштаҳои ӯ тафовут доранд, вале дар масъалагузорӣ ва нияти неки инсондӯстонаи нависанда ҳамдигарро тақвият медиҳанд.

Қиссаи «Маҳбус», ки қаҳрамони асосии ӯ Фил аст (номи аслиаш Сафар) як асари аз ҳайси мавзуъ ва таҳлилу таҳқиқ тоза, як кӯшиши дидани дунёи афроди гирифтори маҳбас, ки яке бо гуноҳу дигаре бо туҳмат ба ин даргоҳ афтодааст, мебошад. Маълум аст, ки маҳбас як оламест дар дохили олами беруна, зиндагӣ, шоҳу гадо, қонунҳои худро дорад, он ҷо низ меъёри адолат ва беадолатӣ, одамгарӣ ва пастиву разилӣ ҷой доранд. Нависанда, тавассути ин маводи дастнахӯрда, кӯшиш намекунад, ки ба мо воқеаҳои аҷиб ё сарнавиштҳои саргармкунандаро нақл карда бошад, зеро сарнавишти ҳар яке аз бошандагони ин макон ва ҳатто ҳар лаҳзаи он худ аз аҷобату моҷароҳо таркиб ёфтааст. Диққати нависанда, пеш аз ҳама, мутаваҷҷеҳи он аст, ки сабаб ва омилҳои ба маҳбас афтидани ин касон чист ва эшон дар ин «давлати дар давлат» асли инсонии худро чӣ тавр зоҳир мекунанд. Наметавон гуфт, ки нависанда дар асараш ҷинояткор ва ҷинояткориро ҳақ бароварданӣ мешуда бошад. Аммо назари ӯ ба аҳли маҳбас фақат сирф манфӣ нест. Вай ба муҳокима ва мантиқи онҳо гӯш мекунад, фикру зикри онҳоро таҳлил менамояд, гоҳо бо раҳму шафқат ва тараҳҳум ба сарнавишти онҳо менигарад. Масалан, Фил, ки «шоҳи дуздон» асту дар муҳокимаҳояш фикри солим хеле бисёр вомехӯрад, дар натиҷаи тарбияи бади оилавӣ ва бесариву сардор ва раҳнамо мондан, азобу шиканҷаи зиёд дидан ба роҳи ҷиноят қадам бардоштааст: падараш Ғаюршоҳ аз оилаву бачааш бехабар, саргарми айшу нӯш, бибиаш зани шаттоҳ, ҳар «корномае, ки Сафар мекард, ба ҳимояташ мехест. Бибӣ мурду Сафар ба шаҳр омад, ба дуздӣ ва зӯрдастӣ машғул гардиду ниҳоят бо номи Фил шуҳрат ёфт. Инак, дар маҳбас он паёмадҳои хунин, қатлу куштор ва ғайраро ба ёд меоварад, ки то ба имрӯз аз дасти ӯ рух додаанд.

Дар тасвири Абдулҳамид Самад Фил як инсони мураккабхислат аст, ӯ ба афтодагон дасти ёрӣ дароз мекунад, соҳибмансабонро ба хорӣ мекашад, ҳатто Носеҳ ном ҳамдиёрашро бо дасти худ мекушад. Баъд ӯро ба Сибир мефиристанд, он ҷо писанди Аждаҳо ном ҷиноятгари машҳури минтақа гардида, номи Сиёҳакро мегирад, зеро онҳо ҳамақида буданд, ҳокимони дузду ғоратгарро бад медиданд. Аммо эшон бо ин ҳама ҳокимият «дар давлати худ» аз шароити зиндагиашон ба танг омада буданд, ки инро худ як ҷузъиёти муҳим дар андешаҳои онҳо ба шумор овардан мумкин мебошад. Фил аз он норизост, ки нафси худро ҳоким шуда натавонист, кори неке накард (дар суҳбат бо Муш), вале акнун ба иҷрои он қодир нест.

Вай аз таъсири суханони домулло ва ҳикмати зиндагӣ ба андешае расидааст, ки то ин замон дар зиндагӣ ҳеҷ нақше нагузоштааст: на хона сохтаву на фарзанд тарбия кардааст ва ҳатто дарахте сабз нанамудааст.

Қиссаи «Маҳбус» аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳунари нигорандагии Абдулҳамид Самад дар тасвиргарӣ ба камол расидааст ва вай метавонад ҳар мавзуи мураккабу дастназадаро омӯхта, ба мантиқи бадеии боварбахш ва боэътимод ба тасвир гирад, дар зоҳир кардани олами андеша ва руҳияи инсони пурихтилоф, масалан дунёи кору андешаи зиндониён, онҳое, ки натанҳо дар зиндони воқеӣ, балки гирифтори зиндони маънавиянд, ҳунари воқеӣ нишон диҳад, умуман ӯ қодир аст, ки масъалаҳои номакшуфро ба тасвири бадеӣ кашад.

Бояд гуфт, ки дар ин миён нависанда чанд қиссаи хурдҳаҷми тамомиятёфтае бо унвони «Шаҳдрези садо» (1996), «Рӯдапо» (1996) ва «Ҳавои тирамоҳ» (1997)-ро навишт, ки ҳунари ӯро дар фишурдабаёнӣ зоҳир менамояд. Хусусан ду қиссаи охир дар мавзуи ҳозиразамон, танқиди замони рукуд мебошанд, ки образи одамонро дар шакли таъмимӣ — одами калон дар «Рӯдапо» ва «Ҳамшафат» фаро гирифтаанд. Ин шакли тасвири инсон дар насри тоҷик барои кашидани чеҳраҳои умумӣ ва дастнораси сарварони ҳизбиву давлатии замони шуравӣ роиҷ шуд (масалан, Он кас дар қиссаи Ӯрун Кӯҳзод «Тақвими раҳгум») ва шабеҳашро дар ҳар давру замон ёфтан мумкин аст…

Аммо қиссаи «Сарлашкар» (1997-98) дар такомули эҷодии Абдулҳамид Самад боз як қадами тозае гардид. Дар қиссаи мазкур паҳлуи дигари ҳаёти сотсиалистӣ, ки ҳамеша дурӯяву дуҳавоӣ буд, мазаммат мешавад. Аз як тараф, сарварони давлату ҳизбӣ, ки ба ҳақиқати кори худ бовари ҷиддӣ надоштанд ё онро ҷиддӣ қабул намекарданд ва ё аз уҳдаи кор намебаромаданд ва аз ҷониби дигар, талош ва ҷонкоҳонии содалавҳонаи одамони мансабхоҳ, ки барои расидан ба мақсади худ аз ҳеҷ кору амал ва «худқурбонӣ» рӯ наметофтанд, ба таври табиӣ ва боэтимод тасвир шудааст. Ин духӯрагӣ, бахусус содалавҳии Султон, ки лақаби «Сарлашкар»-ро гирифтааст, заминае барои тасвири истеҳзоомез гардидаанд. Аслан, Абдулҳамид Самад ба ҳаҷву ҳазл таваҷҷуҳи хосса дорад ва дар ин ришта ҳунари хубе дар мавридҳои лозима (қиссаҳо) ва мавзуъҳои алоҳида (ҳикояҳо) ба маърази хонанда гузоштааст.

Аммо нависанда таърихи ин талошу ташаккули фарди шуҳратталабу мансабхоҳро марҳала ба марҳала боварбахш ба тасвир мегирад ва чӣ тавр хандаовару бемаънӣ будани худхоҳии шахсро ба субут мерасонад. Ӯро аз бачагӣ ба ин роҳ тарбия карданд, дар мактаб низ ӯ танҳо сарвари пионерон набуд, балки аз он муҳимтар, «сарлашкар»-и лашкарбачаҳо ба шумор меомад. Ҳар як маъракаи одиро ба ҳангома табдил медод (масалан, оҳанғундорӣ), албатта, ба чашми одамон намудор мекард, то дар бораи ӯ чизе гуфта бошанд. Ва мегуфтанд ҳам. Роҳбарони мактаб ин амалҳои шуҳратталабии ӯро дастгирӣ мекарданд, ҳарчанд ӯ ин корро бо роҳи зӯрӣ ва гоҳо дуздӣ ва ғорат ба амал меовард, боз ӯро тавсиф менамуданд.

Ҳамин тавр, Сарлашкар зина ба зина боло мерафт ва шуҳраташ баробари мансабаш меафзуд ва ё баръакс, шиори ягонаи ӯ «Партия фармон диҳад, саф мекашем» буд. Ва сарварон ба ин сустиҳои Сарлашкар такя карда, фармон медоданд ва ба мақсадҳои худ ҳам мерасиданд. Сарлашкар аз барои ҳизб дар сармои сахт аз дарё базӯр гузашта, қариб буд, ки ҷон ба Ҷаббор супорад.

Вай соҳиби се диплом аст: «мактаби олӣ, мактаби комсомол ва ҳизбӣ»-ро хатм кардааст. Баробари ин ба зинаҳои мансаб мебарояд, шуҳраташ меафзояд, доираи амалаш вусъат мегирад… Аммо ин парвозҳо дар дили дӯстону ҳаводоронаш оҳиста-оҳиста ба тарсу ваҳм табдил ёфтанд, ки баъди ин оё Сарлашкар ҷойнишини онҳо намешавад, оё обрӯ ва мансаби эшон аз даст намеравад ва нишастанд ба дасисабозӣ. Ниҳоят, касе дипломи мактаби олии ҳизбӣ ва билети партиявиашро дуздид ва ӯ ҳамроҳ бо гум шудани онҳо аз баландии шӯҳрат ба хоки сиёҳ афтида, сари забони мардум ва қаҳрамони латифаҳо гардид. Гумон мекунам, ки то ба имрӯз ҳеҷ нависандаи тоҷик талоши мансабу шуҳрат ва оқибати фаҷеъу хандасори онро бо ин ҳунармандӣ ва мантиқи тавонову ҳаҷву ҳазли ҷоншикор тасвир карда бошад.

Роҳи эҷодӣ ва ҷусторҳои Абдулҳамид Самад пайваста ӯро ба тасвири доманадори зиндагӣ, инъикоси ҳамосии воқеаҳои асру замон во медоштанд. Ниҳоят, ӯ румони нахустини худро бо номи «Гардиши девбод» (2007) таълиф намуд.

«Гардиши девбод» аз бисёр ҷиҳат ба асарҳои пешинаи ӯ иртиботи ғоявию бадеӣ дорад. Пеш аз ҳама, нависанда ба мавзуи аслии асараш, ки тасвири зиндагии деҳот аст, содиқ мебошад. Дигар ин ки ин ҷо низ ҳамон масъалаи зуҳури одамияти инсон дар вазъи мураккабу ҳаводиси пурошӯб аз масоили асосӣ ба шумор меояд. Абдулҳамид Самад, боз ба одамони одӣ сару кор дорад, онҳое, ки ҳеҷ гоҳ ба сари мансаб нанишастаанд ва ё орзуи онро низ накардаанд, фақат дар садади иҷрои рисолати инсонии худ мебошанд, он рисолате, ки Худованд барояшон ба уҳда гузоштааст ва ин ҳам бошад, сомон додани хонавода, тарбияи фарзанд, хизмат ба диёр, кумак ба якдигар, дастгирии инсонҳои бекасу камбизоат, риояи одобу урфи бобоӣ, ки асрҳо инҷониб зиндагии дастаҷамъонаи аҳли деҳот бар он асос ёфтааст, гӯш додан ба ҳикмати халқ, фармудаи Худову Расул, аҳли фазлу фаросат ва дониш, ки одатан дар деҳа, бахусус деҳаҳои кӯҳистон ангуштшумор буданд. Аммо масъалаи марказӣ, ки дар ин асар маҷмуи масоили ахлоқиву маънавӣ мақоми аввалро дорад, ҳамоно аз даст надодани адолат ва одамият будааст, ки онро аз меъёрҳои олии ахлоқӣ ба шумор овардан мумкин аст. Ин буд дастурҳои асосии зиндагии мардум, ки ба шакли урфу расм ва одат даромада, риояи он, ҷараёни муқаррарию табии вай баёнгари осудагӣ ва оромии онҳо ба шумор меомад.

Аммо диққати нависандаро тадқиқу баррасии ин зиндагии урфӣ ба худ накашидааст, ҳол он ки ин ҳама риояи суннат ва одат шояд дар зимн олам-олам мушкила, низоъ ва баду неке дошт, ки зиндагии одамиро берун аз он тасаввур кардан имкон надорад. Мо шаклҳои зуҳури онро дар дигар асарҳои Абдулҳамид Самад ва ҳамқаламонаш мутолиа кардем ва кардаем.

Инак, румони «Гардиши девбод» ба масъалае бахшида шудааст, ки аз таъсири замони пурошӯб ба асосҳои зиндагии осуда ва урфии мардуми деҳот баҳс мекунад. Барои нависанда он лаҳзаҳое аз зиндагии мардум муҳимманд, ки дар ҳангоми ба қавли худаш, ба гардиш омадани девбод, чӣ гуна худро зоҳир менамоянд. Аслан девбод як намодест, рамзест, ки сабаби тағйири суннат ва муқаррароти зиндагӣ, шикастани қолабҳо ва тавозун, иваз шудани арзишҳо ва ба сари одами асил омадани сахтиҳои сангину ғайримунтазира мегардад, ӯро ба санҷишҳои ногаҳонӣ ва ғайримуқаррарӣ рӯ ба рӯ менамояд. Аммо иқтидори инсон ва тавоноии маънавию ахлоқии вай дар он зоҳир мешавад, ки дар ростои ин ҳама бадӣ, мушкилӣ ва сахтӣ чӣ гуна истодагарӣ менамояд, оё аз ҷодаи аслӣ ва воқеии худ, ки одамият аст, берун намеравад? Бояд гуфт, ки инсон бо он ҳама ҷисми кӯчаку нотавон ва иқтидори ками ҷисмониаш, боз ҳам тавону қудрате дорад, ки пеши тӯфону селоб ва девбодҳоро гирад, аз онҳо берун равад ва зиндагии асили инсониро бақо бахшад. Ва ин қувва ақл, фаросат, адолат, виҷдон ва имкони инсон аст, ки ҳам ҷанбаи ахлоқӣ ва ҳам ҷанбаи мазҳабиву иҷтимоӣ дорад.

Зоҳиран, дар маркази румон образи Дилёб ном бачае гузошта шудааст, ки аз шамоли девбоди сели мудҳиш танҳо худаш ва шояд барои дар гаҳвора баста буданаш, зинда мемонаду бас. Тарбияи ӯро тамоми деҳа ба уҳда мегиранд, дар ҳар хонадон азиз аст, чун фарзанд қабулаш мекунанд, обу нон медиҳанд… Дар айни замон Дилёб низ ба ин меҳрубониҳо бо меҳнату кумак ва дастёрӣ ҷавоб мегардонад. Зоҳиран, ӯ фарзанди деҳа буд ва мардум дигар аз он «сели сархӯр» ё девбоди табиӣ ягон-ягон ёд мекарданд. Яъне зиндагӣ асосан дар меъёри муқаррариву табиии худ гардиш дошт, то замоне расид, ки гардиши девбоди зиндагӣ ончунон ба чархиш даромад, ки аз он сел пеши он ҳеҷ буд, агар сел як хонаводаро барбод дода бошад, гардиши девбод «чархи замонро ончунон тобид, рӯзгори мардумро ба андозае печида ва дарҳам- барҳам кард, қолабҳои ҳазорсолаи ҳаёти одамонро ба панҷаи шахшулу дурушт бераҳмона шикасту пош дод, ки хурду бузург якбора гирифтори ҳазору як шиканҷа, ғаму андуҳ, тарсу бим ва фоҷиаҳои гӯшношуниди нав…» шудаанд. Ва ин гардиши девбод гардиши девбоди сиёсӣ буд, ки ҳамроҳи худ «гапи инқилобу аксулинқилоб», бою камбағал, болшевою командирро овард, салоти аҷнабӣ бо кулоҳи булаҷаби нӯгтез, яроқдор, бо пешсафони аҷнабипарвару оташинсухан мисли мӯру малах ба шаҳру деҳот рехт… ҳамроҳи худ фисқу бетамизӣ, харобкорӣ овард, бо ҷавру ситам «алови чашми мардумро гирифт» (саҳ. 27). Баръакс, ин тоифа «мардони боҷигар, бодиёнат, ватанхоҳу гарданшах, сарнофурор ва каму беш босаводу молу ҳолдор, соҳиби китобу мактаб»-ро бо «тамғаи ёғӣ ё ҷурми душману хоини сохти нав» бе пурсиш аз дами шамшер мегузарониданд.

Ба қавли мардум, замоне фаро расида буд, ки «калбуз шох баровардаву бедум думдор шуд» (саҳ. 27). Намунаи барҷастаи ин тағйир ҳамин буд, ки Гадои ҳамдеҳаашон, ки аз рӯйи «наҳсиву беҷогардӣ ва ҳаромкорӣ» бо ҳукми «роҳбари деҳа» Комилбой «радди маърака» эълон шудаву аз деҳа «бо сад изову алам» ба хар чаппа нишонда, ронда шуда буд, имрӯз сарвари ҳамин дастаи таҷовузгарон, Гадо-болшевой, савори асп аст, ки ҳукмаш ба ҳама равост. Ӯ на ба одамон раҳм дораду на ба асп. Ин ҳамон «Гадои худамон» буд, вале чунонки мегӯянд: «Омад аз Маккаву Мадина, Гадо ҳамон гадои порина» гуфтаанд одамон (саҳ. 37). Гадое, ки мехост алам ва қасдҳои гузаштаро ситонад, чунонки «руси болшевой» ҳам нисбат ба ӯ инсону худотарс буд» (саҳ. 39). Гадо чун як ҳокими мутлақ дар «ибтидо дари масҷида ба рӯйи мардум баст» ва онро ба ҷойи сиёсат, гӯшаи зулму фаҳш табдил дод (саҳ. 40), балки ин амалро ба ҳадди ифрот расонид.

Аммо чархи таърихро қафо бурдан кори содае набуд. Ба қавли домулло Латиф, ба ҷойи ҷанг ва он ҳам ҷанги нобаробар муросо роҳи дуруст аст (саҳ. 50). Аммо вазъият тангу набарди мафкуравӣ шиддат мегирифт, китобу маърифат ва ҳатто «Қуръон»-ро оташ заданд ва ин ҳама умедҳоро барбод дод. Мардум аз Ватан мегурехтанд, бо дороии нокифояву хурҷини китобҳо (саҳ. 52).

Дар дохил вазъи ноҳинҷори «враг народ» кофтан, қасосгирӣ, таъқиби аҳли савод, хабаркашӣ ривоҷ мегирифт, мисли «на ба худӣ бовар бикун, на ба бегона». Дилёб ҳам, ҳарчанд ба ин гирдоби ҳаводис овораву саргардон набуд, чун фарзанди азизи ҳама, аз ҳамдиёрон ҷудоӣ надошт…

Аммо мардум нав таҳлукаи душманковиро паси сар накарда буданд, ки девбоди нав ба чархиш даромад, ҷанги ҷаҳонӣ сар шуд. Зоҳиран чунин ба назар мерасид, ки мақсади нависанда дар ин румон ба тасвир гирифтани гардишҳои муҳимму сахти таърихӣ дар сарнавишти мардум аст ва бино бар ин, ба таҳқиқи характерҳои алоҳида, таърихи ташаккули онҳо камтар таваққуф карда, лаҳзаҳои муҳим, моҳияткушо, дигаргунсози зиндагиро бо иштироки умум ба ҷойи аввал гузоштааст. Гумон меравад, ки ин мақсади бошууронаи нависанда будааст. Аммо муҳиммаш ҳамин аст, ки ҳамаи ин мушкилот, дарку баҳои он, сахтиҳояш аз диди мардум тасвир мешавад, аз дили онҳо мегузарад, дар сари онҳо мешиканад. Маҳз ҳамин субот, матонат, бурдборӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҳамдастӣ буд, ки ба онҳо руҳ мебахшад, дилашонро қавӣ медорад, имкон медиҳад, ки бо риояи меъёри балан- ди одамгарӣ фоҷиаҳои гӯшношунидро паси сар намоянд.

Ҷанг воқеан, як ҳодисаи мудҳиш ва санҷиши бузурге буд, ки одамон худ бачагони худро ба коми марг равона мекарданд, мисли он ки Сифат писараш Зарифро ба ҷанг фиристод ва аз ӯ номаи марг гирифт. Ва ин фоҷиаҳо, ки бе дарду алам ва оҳу нолаҳо ҷигарсӯз ҳам нестанд, хеле ба тафсил ва муассир тасвир шудаанд. Ҳамчунин ҷараёни меҳнат, дарави умумӣ, ки аҳли деҳа дар он иштирок мекунанд, бо ҷузъиётҳои ин кор (дарав) ва радду бадали андешаҳо, шӯхиву байтхонии иштирокдорон, тағйири руҳи занон мушаххас мегардад.

Абдулҳамид Самад зимни тасвири зиндагии деҳот ва урфу расми онҳо аз маълумотҳои батафсили этнографӣ (нонпазӣ, пайвандкунӣ, ороиши асп ва ғайра) сарфи назар намекунад. Ин усул дар қиссаи «Сарлашкар» низ ба назар мерасид. Аммо онҳо гоҳо аз меъёр гузашта, чун мақсади намоиши урфу расм намудор мешаванд. Вале аз ин миён тафсилоти пайванд, пайвандкунӣ, боғи пайвандии кампири Гавҳар то охир идома пайдо карда, бо қиссаи Дилёбу зани русаш Мария (Маҳтоб) ҷанбаи амиқи бадеӣ ва рамзӣ мегирад.

 Нависанда имкон ёфтааст, ки як силсила чеҳраҳои аҷоибу азиз ва хотирмоне амсоли Дилёб, Некном, Мирак, Сифат, Заъфарон, Гулхумор, Гавҳар, Меҳрон, Гулҷамол, Нуқра ва дигаронро офарад, ки дар умум, хислатҳои наҷиби мардуми деҳоти тоҷикро таҷассум кардаанд. Воқеан, онҳо ҳама дар лаҳза ва мавриде ва гоҳо дар ҳама воқеаҳои асар (Некном ва Мирак) намудор мешаванд. Аммо сохтори румонро бастаи ҳеҷ кадоме аз онҳо шумурдан мум- кин нест. Ба фикри банда, сохтори асарро як андоза мушаххас кардан мумкин буд, яъне бар асари пайи ҳамдигар нақл карда шудани ҳаводиси вақту замонҳои зиёд ва мухталиф, банду басти он якнавохт ва суст шудааст, ҳудуди давраҳо рӯшан тасаввур намешавад. Ба бахшу қисматҳо ва таҳлили сарнавиштҳо, ҳатто аз зовияи диди Дилёб батартиб овардан, вақту замони бадеиро дақиқтар менамуд…

Зоҳиран, румон дар нуқтае тамом мешавад, ки одамон бояд ба санҷишҳои нави таърихӣ тайёр ва омода бошанд, ҳеҷ гоҳ аз сар бардоштани девбоди нав хотирҷамъ нагарданд…

Румони «Гардиши девбод» аз ҳайси забону баён, ҳунари тасвиргарӣ, истифодаи забони ширадори халқӣ, риояи лаҳни шевои он, зарбулмасалу мақол ва вожаҳои ноби нотакрор, шеър, шеъри халқӣ ва классикӣ (ин равиш дар дигар асарҳои нависанда фаровон ба кор рафта) низ мазиятҳои бисёр ҷолибе дорад…

Умуман, Абдулҳамид Самад аз нависандагонест, ки ба ҳақиқати ҳаёт, инсони асил, покният, одилу бурдбор ва босабру таҳаммул эътиқоди махсус дорад, табиати диёраш, таърихи он, урфу расми ӯро дӯст медорад, хуб медонад, бо самимияти том ба тасвир мекашад ва ҳамеша дар талоши тарбияи инсони худшинохта, ватандӯсту миллатпарвар ва инсонияташ баланд мебошад. Ин ниятҳои олӣ ӯро ба мақсадҳои наҷиб ва комёбиҳои олӣ хоҳад расонд.

Дигар хабарҳо