• 02.05.2024

БОБОЕВ ЮРИЙ

ЮРИЙ БОБОЕВ (Бобоев Юрий Израилович) 2 ноябри соли 1917 дар шаҳри Самарқанд таваллуд ёфтааст.

Соли 1945 шуъбаи забон ва адабиёти руси факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Ӯзбекистонро ба итмом расонда, ба Душанбе омадааст.

Муддате дар идораи рӯзномаҳо хидмат карда, сипас дар вазифаи котиби илмии Пажӯҳишгоҳи таърих, забон ва адабиёти Филиали Тоҷикистонии Академияи илмҳои СССР ва муаллими Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе фаъолият бурдааст.

Соли 1953 дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии АИ СССР оид ба эҷодиёти Мирзо Турсунзода рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, сазовори дараҷаи илмии номзади илми филология гардидааст.

Солҳои тӯлонӣ устоди Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе будааст.

Аввалин тақризу мақолаҳои адабию танқидияш дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ интишор ёфтаанд.

Як қатор мақолаву рисолаҳои ӯ ба таҳқиқи эҷодиёти Устод Айнӣ бахшида шудаанд, ки «Жанри таърихӣ ва романи «Ғуломон»-и Садриддин Айнӣ» (1948), «Айнӣ ва «Ёддоштҳо»-и ӯ» (1951), «С.Айнӣ» (1956) аз он ҷумлаанд.

Яке аз муаллифони китоби дарсии синфи даҳум «Адабиёти советӣ» (1952-1965) ва «Адабиёти рус» (барои синфи ҳаштуми мактабҳои тоҷикӣ; 1966), нахустин васоити дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ – «Муқаддимаи адабиётшиносӣ» (1974) ва «Назарияи адабиёт» (1987-1992) мебошад.

Доир ба ҳаёт ва эҷодиёти М. Турсунзода бештар аз сад мақолаву 8 рисола таълиф кардааст.

Дар хусуси масъалаҳои гуногуни адабиёти даврони шӯравии тоҷик ва эҷодиёти шоирону нависандагони муосири тоҷик қариби навад мақолаву тақриз навиштааст.

Муаллифу мураттибу муҳаррири маҷмӯаҳои алоҳидаву дастҷамъии «Асосгузори адабиёти советии тоҷик» (1958), «Тамоюлоти асосии инкишофи насри советии тоҷик» (1966), «Ҷалол Икромӣ» (1970, 1985), «Адабиёти советии тоҷик» (1954), «Ҳаёт ва адабиёт» (1958), «Масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик» (1970), «Мактаби Айнии романнавис ва анъанаҳои роман» (1974), «Эстетика ва қадамҳои насру назми тоҷик» (1988), «Ҳаёт, қаҳрамон ва адабиёт» (1978), «Образ ва маҳорат» (1979) ва ғ. мебошад.

Аълочии маорифи халқи РСС Тоҷикистон (1957), Муаллими хидматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1977).

Бо нишони «Барои ғалаба бар Германия дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ва Грамотаҳои фахрии Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Аз соли 1956 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 1996 дар ИМА аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо