• 02.05.2024

БЕЧКА ИРЖ

ИРЖИ БЕЧКА ховаршиноси маъруфи чех, доктори илмҳои адлия ва фалсафа 16 октябри соли 1915 дар Прага ба ҷаҳон омадааст.

Соли 1945 Донишгоҳи Карли шаҳри Прагаро хатм карда, корманди Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Чехословакия шудааст.

Ҳамчун шогирди сазовори ховаршиноси машҳур Ян Рипка дар таҳқиқу тарғибу омӯзиши адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик саҳми арзанда гузоштааст.

Доир ба ҷанбаҳои гуногуни осори С.Айнӣ, М.Турсунзода, Пайрав, М.Раҳимӣ, Ҷ.Икромӣ ва дигарон асарҳои пурарзиш офаридааст.

Шеъру ҳикоя ва қиссаҳои бисёр адибони тоҷикро ба чехӣ тарҷума кардааст.

«Фарҳанги форсӣ ба чехӣ ва чехӣ ба форсӣ»-и мураттабнамудаи ӯ соли 2004 дар Теҳрон интишор ёфтааст.

Соли 1985 70-солагии зодрӯзи ӯ бо ширкати худаш дар Душанбе мутантан ҷашн гирифта шуд.

Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ.

Узвияти ифтихории Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо