АҶИБ ҶӮРАҚУЛ

ҶӮРАҚУЛ АҶИБ 5 октябри соли 1950 дар деҳаи Чолтоши ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Пас аз итмоми мактаб-интернати №1 ноҳия, соли 1965, вориди Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб шуда, соли 1969 хатмаш кардааст.

Солҳои 1969-1971 дар хизмати ҳарбӣ буда, баъдан омӯзгорӣ кардааст.

Соли 1975 – Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро (ғоибона) хатм кардааст.

Аз соли 1990 бо матбуот сарукор дошта, дар рӯзномаҳои «Кулябская правда», «Элчӣ» ва «Дӯстлик» дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.

Аз апрели 1999 муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози», ҳамчунин, ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи «Нафосат» аст.

Муаллифи китобҳои «Таваллуди муҳаббат» (1990), «Хиёнат» (1992), «Ҷорӯбкӯл – зодгоҳи паҳлавонон» (1997), «Нафаси давр» (1999), «Фарзанди ҷасорат» (2000), «Таҳамтан» (2001), «Занҷири тилло» (2002), «Симои нексиришт» (2002), «Тоҷикистон – кишвари обҳои зулол» (2002), «Марди дарёдил» (2004), «Садои ҷовидон» (2005), «Оинаи дил» (2007), «Ошёни ишқ» (2010), «Лаҳзае, ки Офтоб сиёҳ шуда буд…» (2011), «Як қадами тақдирсоз» (2012), «Қисмати кишвари кӯҳсор» (2014) ва ғ. мебошад.

Асарҳои чанде аз адибони тоҷикро ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст.

Барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Аълочии матбуоти Тоҷикистон.

Аз соли 2002 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо