Рӯзи 23-юми майи соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти № 1180 дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ба тасвиб расид. Бо мақсади эътирофи дастовардҳои бузург дар соҳаи тиб фармон дода шуд, ки Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шавад, фонди Ҷоизаи байналмилалии мазкур ташкил ёбад ва […]Идома...
Дар саҳифаи таърихи халқи тоҷик боз як рӯйдоди пураҳаммияту таъсирманд ба вуҷуд омад. Ин саҳифаи пурҷило бо ҳиммати баланди инсонӣ, шуҷоати раҳмонӣ ва ташаббуси инсонгароёнаи абармарди дунёи сиёсат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад. Бо мақсади қадр кардани таърихи халқи тоҷик, зинда гардонидани руҳи бузургони миллат ва арҷ […]Идома...
Нависанда ва тарҷумони шинохта Истад Қосимзода ба синни мубораки навад расид. Ӯ баъди ба итмом расонидани бахши забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон муддате дар Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ фаъолият дошт ва сипас ба кори рӯзноманигорӣ пардохта, дар нашрияҳои гуногун, аз ҷумла маҷаллаи “Тоҷикистон”, муҳаррири идораи адабӣ-драмавии Радиои Тоҷикистон, мухбири […]Идома...
Мувофиқи барномаҳои ҷашнии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон моҳи майи соли ҷорӣ 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот таҷлил мегардад. Ба ин муносибат рўзи 8-уми май дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагон маҳфили бошукўҳи адабиву фарҳангӣ баргузор шуд. Маҳфилро раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим оғоз карда, бо табрики солгарди шоири навпардози миллат, ҳамаи […]Идома...
Рўзи 30-юми апрел дар шаҳри Турсунзода ба ифтихори 115-солагии шоири бузурги миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода конфронси илмию назарӣ ва як силсила маҳфилҳои фарҳангӣ баргузор шуданд. Ин барномаҳо бо ибтикори Кумитаи марказии иҷроияи ҲХДТ ва МИҲД шаҳри Турсунзода созмон ёфта, рангину хотирмон доир гардиданд. Субҳи он рўз меҳмонони пойтахт – муовини аввали Раиси ҲХДТ […]Идома...
Азим Амин баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) риштаи фаъолиятҳои адабиву илмии худро ба Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ пайваст ва дар солҳои 1981-1998 ходими илмии ин пажуҳишгоҳ буд. Мавзуи худро таҳти унвони «Жанри рубоӣ ва лирикаи фалсафии советӣ» дар Донишкадаи адабиёти ҷаҳон […]Идома...
Вақте ки дар бораи устод Турсунзода меандешам, беихтиёр мисраъҳои воқеии устод Бозор Собир ба ёд мерасад, ки «Шеъри ӯро дӯш дар гаҳвора азбар кардаем, Шеъри ӯро нӯши ҷон бо шири модар кардаем». Дарвоқеъ, чандин насли миллат, аз ҷумла насли мо гӯё бо шунидану ҳифзи ин ному осори муҳташаму муътабару муборак по ба роҳи зиндагӣ ниҳодааст. […]Идома...
Барои инсон ташаккули ҳисси худ шиносӣ ва ифтихори миллӣ бисёр муҳим будааст. Зеро набудани чунин эҳсос инсонро ба кӯчаи сарбастаи ҳирсу шаҳват ва бераҳмӣ ба ҳам навъон мебарад. Вазифаи масъулонаи донишмандону адибони бузурги миллатҳо дар зеҳни мардумашон парвардани эҳсоси раҳму шафқат ва ифтихори миллӣ будааст. Карл Маркс ақида дошт, ки тамоми бадиҳо аз ғайрият, яъне, […]Идома...
Соли равон ба шоҳасари Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» 100 сол пур шуд. Ба ин муносибат, 15-уми апрел дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили илмиву адабӣ баргузор гардид. Дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар бораи аҳаммият, вижагӣ ва паҳлуҳои мухталифи ин асари мондагор адибон ва донишмандони маъруф суҳбатҳои […]Идома...
Хабари даргузашти нависанда ва рӯзноманигори варзидаву хушқареҳа, узви Иттифоқи нависандагон Неъматуллоҳи Худойбахш дар синни 75-солагӣ ҳамқаламонашро андӯҳгин кард. Марҳум инсони шарифу фурӯтан ва қаламкаши заҳматкашу хушкор буд. Фаъолияти эҷодии Неъматуллоҳи Худойбахш аз давраи донишҷӯйӣ оғоз ёфта, аввалин ҳикояҳояш «Ду дона картошка», «Санҷиди каҷ» ва «Кӯтали Харкуш» дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон», «Тоҷикистони советӣ» ва «Комсомоли Тоҷикистон» […]Идома...



