“Шеърҳо бурданд ӯро дуртар – то ҷовидон…»

 “Шеърҳо бурданд ӯро дуртар – то ҷовидон…»

Вақте ки дар бораи устод Турсунзода меандешам, беихтиёр мисраъҳои воқеии устод Бозор Собир ба ёд мерасад, ки «Шеъри ӯро дӯш дар гаҳвора азбар кардаем, Шеъри ӯро нӯши ҷон бо шири модар кардаем». Дарвоқеъ, чандин насли миллат, аз ҷумла насли мо гӯё бо шунидану ҳифзи ин ному осори муҳташаму муътабару муборак по ба роҳи зиндагӣ ниҳодааст.

Аввалҳо ин ному осорро зуд-зуд аз забони акаву апаи мактабхону китобдӯстам мешунидам. Баъдтар дар хонаамон сеҷилдаи устод пайдо шуд ва аҷаб хосияте дошт ашъори он, ки бо як-ду хондан азбар мегашт.

Ман, чун бисёр ҳамсолу ҳамболонам, ғайр аз ашъори бисёр «Ҷони ширин»- ро ҳам азёд медонистам ва шахсан на қаблану на баъдтар достони дигареро он хел табиӣ ва комилан азёд карда натавонистаам… Воситаи дигари ҳифзи ашъори баландпояи устод Турсунзода сурудҳои дилрасу зебои ӯ буданд, ки бисёрашро бо оҳангҳои муносибу мутаносибашон азёд карда будам ва то ҳол муниси роҳу танҳоиҳои мананд.

Дар он замон Иттифоқи нависандагон, адибон, мулоқотҳои адабӣ, ҳар асару китоби бадеӣ, хуллас, ҳама рухдодҳои ба адабиёт марбут бӯи устод Турсунзода доштанду ёде аз ӯ медоданд. Аз ҷумла, дар Норак бисёр медидем адибони тоҷику дигар ҷумҳуриҳои шуравиро ва, аз чӣ  бошад, ки ҳамоно ва беихтиёр устод Турсунзодаро ёд мекардем. Рамзи адабиёту адибон, дар доираи васеътар шояд тимсоли тоҷику Тоҷикистон шуда буд ин ном!

Боре муаллими адабиётамон Абду Камол бо марди ношиносе ба синф даромаданд. «Ин касро шинохтед?» – пурсиданд табассумкунон. Касе посух надод. «Хокистари сӯзон»-ро надидаед?» – боз суол карданд. Ҳамон вақт ин кино нав пайдо ва зуд машҳур шуда буд. «Дидаем!», «Дидаем!» – аз ҳар сӯ овоз баланд карданд ҳамсинфон. «Сенарияи ҳамон филмро ана ҳамин кас – Муҳиддин Хоҷаев навиштаанд! – муаллим оҳи сабук кашиданд, ки барои идомаи суҳбат ақаллан риштаи наҳифи пайванде пайдо карданд. – Акнун ин кас дар шаҳри мо кор мекунанд, мехоҳанд, ки дар бораи бунёдкорони ГЭС китобе бинависанд…» Баъд Муҳиддин Хоҷаев дар бораи бачагии душвор, таҳсил ва корҳои эҷодиашон нақл карда, дар омади гап гуфтанд: «Маро ба Норак устод Турсунзода фиристоданд, супориш доданд, ки ҳаёти синфи коргарро омӯхта, асари ҳаққоние эҷод кунам.

Барои ҳамин ба бригадаи бетончиҳо ба кор даромадаам ва алҳол дар асл кӣ буданамро касе намедонад… – Каме таваққуф карда, идома доданд: – Инро танҳо ба шумо гуфтам,  боз  сирамро фош накунед!»

Мо аз ин хел қарин ва одиву самимӣ гап задани нависандае, ки чанд китобу кино дорад, ҳайрон шуда, табассум кардем. Китобхонтарини синфамон Бобоқул, ки аз боҷуръаттаринҳо ҳам буд, нимшӯхиву нимҷиддӣ гуфт: «Мо – пионер, сирри даркориро фош намекунем…». Аввал меҳмону муаллим, баъд ҳама аҳли синф хандиданд…

Кадоме аз ҳамсояҳои мактаб дастархону чой овард ва ҳамоно бӯи ҷонбахшу тавонбахши нони гарм хонаро пур кард. Муаллим Абду Камол нон шикаста, чой гардонданд. Меҳмон бурдае нон ба даҳон бурданӣ шуданд, вале ҳамоно, чизе ба ёдашон омад, ки даст боздошта, ба дастархон ишора карданд: «Шумо ҳам гиред, бачаҳо, нони сарҷамъӣ ширин мешавад…». Албатта, касе аз мо ҷуръати даст сӯи дастархон бурдан накард, лекин хоксорию самимияти адиб боз як риштаи пайванд шуд байни ӯву шунавандагонаш. «Шукр, ки имрӯз нон фаровон аст ва шумо, бачаҳои азиз, чӣ будани бенониро намедонед. Вале барои мо, бачаҳои солҳои ҷанг, нон бо нархи ҷон баробар буд. Аз китобҳо хондагистед, ки дар он айём ба сари ҳар кас ҳамагӣ чандграмӣ нон рост меомад ва аз гуруснагӣ ҳалокшудагон шояд, аз қурбониёни бевоситаи ҷанг камтар набошанд…».

Нависанда, шояд эҳсос намуданд, ки мавзуи ҷангу гуруснагиву қурбониён суҳбатро вазнин ва бачаҳоро зиқ мекунад, бо табассум пурсиданд: «Кӣ дар бораи нон шеър медонад?».

Чанд нафар хонданд, аз ҷумла касе «Нонреза»-ро азёд гуфт:

Аз замин нонрезаҳоро чида, мемолам ба чашм,
Нони гарми меҳнатиро дида, мемолам ба чашм,
Чунки ман ҳам дар замони худ даравгар будаам,
Хӯшачину боғбанду дос дар бар будаам…

«Шеъри устоди бузурги адабиётамон Мирзо Турсунзода… –  қаноатмандона гуфтанд муаллимамон. – Чунин шеърро танҳо шоире гуфта метавонад, ки аз байни мардуми оддии заҳматкаш баромада бошад, заҳмат кашидаву хӯша чида бошад, азоби бенонӣ дидаву бо шукр нонрезаҳоро ба чашм молида бошад! Шоире ин хел навишта метавонад, ки бо тамоми ҳастӣ қадри нону қадри офарандаи он – деҳқонро бидонад!»

Баъд боз Муҳиддин Хоҷаев, ба суҳбат ҳамроҳ шуда, дар бораи Иттифоқи нависандагон, ҳамкасбонашон, заҳмати қаламкашӣ, сарвари адибон – устод Турсунзода ва бузургиву хоксориҳояшон нақл карданд ва афзуданд: «Устод Турсунзода Норак ва бунёдкорони ҷонфидояшро бисёр дӯст медоранд, зуд-зуд ба ин ҷо меоянд ва аҳли қаламро тарғиб мекунанд, ки дар ин мавзуъ шеъру мақола, очерку ҳикояҳо бинависанд. Барои ман ҳам боиси ифтихор аст, ки чунин шоири забардаст ва инсони бузург ба Норак, ба ин сохтмони беназири аср фиристодаву супориши асар навиштанам додаанд. Вақту қувваамро дареғ надошта, ҷиддӣ меомӯзам ва мекӯшам, ки асари сазовори боварии устод биофарам… – ва, аз рӯи одат, боз лаҳзае таваққуф намуда, шӯхиомез афзуданд: – Дар ин кор, албатта, шумо, хонандаҳои азизам, тамоми ҳамшаҳриҳоям – норакиҳои номдор ёриам медиҳед, ҳамин тавр не?».

…Меҳмонро гусел мекардему дар дил ҳасад мебурдем, ки чӣ марди хушбахте – бо устод Мирзо Турсунзода ҳамкору ҳамкасбанд ва бо супориши бевоситаашон китоб менависанд!  Ин суҳбат бархурди дуюми банда буд бо ному мақоми баланду бегазанди устод Турсунзода ва бештар мафтуни кору корномаи он бузургмардам намуд.

Устод, ҳам ба сифати адиби фаъоли иҷтимоӣ ва ҳам ба ҳайси сарвари адибони ҷумҳурӣ, бо Норак зич марбут буданд. Ҳанӯз аз оғози сохтмон ба ин шаҳру неругоҳи оянда робитаи доимиву равуо доштанд. Ва, ба гумонам, яке аз аввалинҳо шуда, ҳамроҳи устод Боқӣ Раҳимзода манзумае ҳам навишта буданд бо номи «Роҳи нору нур». Натанҳо худ меомаданд, меомӯхтанд, бо бинокорон вомехӯрданд, балки мунтазам сафарҳои эҷодии шоирону нависандагони Тоҷикистону Иттифоқи Советиро ташкил мекарданд, рӯзномаву маҷаллаҳои адабии тамоми мамлакати беканори Шуравиро ба инъикоси ҳаёту фаъолияти бунёдкорони шаҳр ва сарбанди баландтарини ҷаҳону неругоҳи беназири барқ ҷалб менамуданд.

Яке аз сафарҳои муштаракашонро мо, мактабхонҳои онвақта ҳам, шоҳид будем. Намедонам, кадом сол буд ва дар синфи чанд мехондем, лекин, аҷиб, ки фазову манзара ва чеҳраҳо равшан дар ёдам мондаанд.

Омӯзгорони хуби адабиёт доштем: Абду Камол, ки зикрашон рафт, Бегим Назарова, Меъроҷ Юсуф ва бародари бузурги банда – Айём Қосим натанҳо батадриҷ ва моҳиронаву соҳирона ба дунёи рангину мармузи асарҳову образҳо воридамон мекарданд, балки мекӯшиданд, ки аз ягон маросиму маъракаи ба адабиёт алоқаманд дур намонем. Солҳои мактабхонии насли мо ба авҷи шуҳрати Нораку ГЭС-и овозадораш рост омад. Тамоми мамлакати беканори советӣ, намояндагони панҷоҳ миллат месохтанд «Норак»-ро ва ҳар ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳр, ноҳия, деҳу деҳкада, ташкилоту муассиса, балки ҳар як нафар мекӯшид, ки дар бунёди он саҳми дастраси хешро бигузорад. Аз ҷумла, Иттифоқҳои нависандагони СССР-у Тоҷикистон, ба қавли он солҳо, бунёдкорони ГЭС-и овозадори «Норак»-ро «ба шефӣ» гирифта буданд. Ягон газетаву журнали адабӣ набуд, ки ин номҳо зикр ва созандагонашон таърифу тавсиф нашаванд. Адибон барои ошноиву омӯзиши мавзуъ ва характерҳо зуд-зуд ба Норак меомаданд ва ҳар дафъа ҳатман бо адабиётдӯстон вомехӯрданд, маҳфилҳои адабӣ баргузор мекарданд.

Бунёдкорони «Норак» барои беҳтарин асарҳои адибони советӣ дар бораи синфи коргар мукофоти махсус ҳам таъсис дода буданд. Батадриҷ аз асарҳои машҳуру оламшумуле, ки бузургтарин шахсиятҳо ба китобхонаи шаҳр туҳфа мекарданд, китобхонаи беназири соядастҳо ташаккул ёфт. Китобхонае, ки ҳазорон адад китоби нодир дорад ва муҷассамаи бузурги қаробату ҳамкории ҳаёту адабиёт аст.

Боре омӯзгорони мазкурамон гуфтанд, ки дар ҷумҳуриамон Рӯзҳои адабиёти советӣ барпо мешавад ва адибо- ни номдори мамлакат ба Тоҷикистон, аз ҷумла ба Норак, меоянд. Дар рӯзи таъйиншуда дар «Хонаи маданият»-и шаҳр «сӯзан мепартофтӣ, рост меистод». Толори гуногунмиллат беқаророна ташрифи меҳмонҳои олиқадрро интизорӣ мекашид. Ногоҳ муаллим Меъроҷ Юсуф, ки дар наздикии мо буданд, бо ҳаяҷони самимӣ гуфтанд: «Фотеҳ, Фотеҳ Ниёзӣ!» Ҳама, ба сӯе, ки он кас мафтунона менигаристанд, гашта, марди зебои сарсафеду хандонсимоеро дидем, ки сӯи саҳна мерафт. Баъд аз ҳар сӯ пичир-пичирҳо ба гӯш расидан гирифтанд: «Қайсин Қулиев!», «Сергей Баруздин!», «Давид Кугултинов!», «Боқӣ Раҳимзода!», «Муъмин Қаноат!» ва… ногоҳ толор саршор аз пичир-пичирҳои шодонатару мафтунонатар шуд: «Мирзо Турсунзода!», «Мирзо Турсунзода!», «Мирзо Турсунзода!». Ин садо мавҷзанон боло мерафту поин, рост мерафту чап ва баробари он кафкӯбиҳо ҳам пурмавҷтару бардавомтар мешуд. Ин ҳол то дар саҳна ҷойгир шудани он мардони бузург давом кард.

Зиёд буданд он бузургмардон. Шояд чил сол ҳам гузашта бошад аз он даврон ва, мутаассифона, баъзеашон дақиқ дар ёд намондаанд, лекин як чиз аниқ дар хотирам нақш бастааст, ки ҳама барои мо, китобхону китобдӯстон, шинос, бузург, муҳташам, муътабар, азиз, воқеан азиз буданд… Чанд соат бисёр ҷолибу дилҷӯ суҳбат карданду шеър хонданд, дар хотирам нест, лекин чеҳраҳои гарму рӯшанашон то ҳол дар пеши чашмам ҷилвагар аст. Мирзо Турсунзода, ки дар пиндори мо як марди афсонавии осмонӣ буданд, бисёр одиву табиӣ суҳбат мекарданд, дилрас шеър мехонданд, барҷову зебо сухан дода, ҳамқаламони бузургашонро хеле дақиқ муаррифӣ менамуданд ва бо гуфтору рафтори табиии заминӣ, тамоман заминиашон ҳамаро моту ҳайрон мекарданд.

Ташнагиву хумореро, ки аҳли толор аз дидори он шоири озодаву ҳамроҳони ғайриодиашон дошт, шояд бо хумору ташнагии ҳазрати Яъқуб аз дидори Юсуфи дилбанду дилписанд монанд кардан муболиға набошад… Баъд аз мулоқот эшон як-як аз толор берун мешуданду садоҳои хушҳолонаву ифтихоромез то дер дар фазои толор мавҷ мезад: «Фотеҳ!» «Қайсин!», «Баруздин!», «Кугултинов!», «Боқӣ!», «Қаноат!» ва пурмавҷтару пуршӯртар – «Турсунзода!», «Турсунзода-а!», «Турсунзода-а-а!». Ин шахсиятҳои ба ҷону дилҳо қарин дар ин чанд соат бештар аниси мардуми китобхони Норак шуда буданд ва ҳамагон дигар онҳоро ҳамин хел одиву самимӣ, чун азизони худ ном мегирифтанд.

Солҳои донишҷӯӣ дар бораи адибони муосир, осорашон, ҳаёти шахсиашон, муносибатҳои эҷодиву инсониашон бештар дар дарсҳои муаллим Соҳиб Табаров мешунидем. Он кас дар бораи адибони маъруфу машҳур ҷузъиёти ҷолибу бешуморе медонистанд ва бо маҳорату санъати тамом нақл карда, моро батадриҷ ба он муҳиту доира ошно менамуданд. Боре эълон карданд, ки доир ба қарори Кумитаи марказии ҳизб дар бораи дастгирии ҷавонони эҷодкор дар маҳфилгоҳ (ба ибораи он рӯзҳо – лектория)-и ҷамъияти «Дониш», рӯбарӯи бинои (куҳнаи) Иттифоқи нависандагон (кӯчаи Орҷоникидзе (ҳоло Бохтар), 12), пленуми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барпо мешавад ва дарси ояндаи адабиётамон дар ҳамон ҷо мегузарад. Пештар омада, дар ҷойҳои гуфтаашон нишастем ва лолу мабҳут медидем, ки чӣ хел адибони дӯстдоштаамон ҷуфту танҳо, хомӯш ё суҳбаткунон, ҷиддӣ ва ё хандону шӯхикунон вориди толор мешаванд. Бо дидани ҳар яки онҳо диламон беихтиёр такони фораме мехӯрду вуҷудамонро ҳиссиёти гуворои пайванд бо чизе бузургу муқаддасу осмонӣ фаро мегирифт… Ана, Ғаффор Мирзо, танҳову андешаманд омада, ба курсие нишастанд; ана, Абдумалик Баҳорӣ, ба маънои томаш адиб: шоир, нависанда, драмнавис, публитсист, асосгузори фантастикаи тоҷикӣ, вориди толор шуданд, ҷониби чанд кас сар ҷунбонда, гӯшаеро ихтиёр карданд; ана, Фотеҳ Ниёзӣ, дар ҳалқаи чанд нафар баланд-баланд гап задаву хандида омаданд; Мастон Шералии ҳанӯз ҷавон, вале аллакай сарсафед лоқайду саросема дар охири толор ҷо гирифтанд ва баъд, ҳамчунон тунду пуршӯр, пештар рафта нишастанд; Лоиқ Шералӣ – кумири мо, донишҷӯён, расиданд, ба касе чизе гуфта ва ё шояд шеъре хонда, ҷавононаю шоирона хандиданд; Бозор Собир – ашрофзодаи доираи адабӣ, ки чанде пеш бо китоби навашон ҳамаро волаву шайдо карда буданд, вораставу озод ва хушлибосу хушандом, бафурсат толорро аз назар гузаронданду ҷоеро ихтиёр намуданд; Гулназар, Гулназари ҳанӯз сарсабз, тамоман сарсабз – шиму кастуми мӯди велвети сабз дар бар бо чанд шоири ҳамсолашон расиданд, касе гуфт, ки нав аз хизмати тарҷумонӣ дар Афғонистон баргашта ё рухсатӣ омадаанд… Инак, толор пур ва хомӯшӣ ҳукмфармо шуд ва ҳамагон дидем, ки дар ҳалқаи як гурӯҳ роҳбарони ҳизбу адабиёт устод Турсунзода меоянд, ҳамчунон зебову солору муҳташам меоянд… Он рӯз оид ба адабиёт, асарҳои мушаххас, мақому мавқеи адибон дар ҷомеа суҳбате сурат гирифт, ки ба солҳои таҳсил дар донишгоҳ баробараш кардан мумкин буд. Лоиқ Шералӣ он рӯз арзандаи хеш – зебову мармуз доир ба «ду гул» – Гулрухсору Гулназар суҳбат карданд; Бозор Собир, кебидаву шармида, лекин бисёр аниқу дақиқ дар бораи шеър ҳарф заданду ҷасурона мисолҳои нишонраси шеъру ношеър оварданд; Сорбон, муаллифи асарҳои хонданӣ, аз ҷумла ҳикояи воқеии «Панҷ сол», бо Соҳиб Табаров, ки норозӣ аз беғоягии баъзе асарҳои адибони ҷавон бисёр оташин сухан ронданд, аз байни толор баҳс оғоз намуда, ба мо сабақи мубоҳисаи адабӣ доданд; намояндаи СеКа хотиррасон кард, ки адабиёт адаб аст ва адибон бояд аввал худ адабро риоя кунанд, то ки ба мардум дарси адаб дода битавонанд… Ва дар охир устод Турсунзода, ки мегуфтанд нотобанд, бо виқори зебандаву салобати модарзод ва амиқандешиву дақиқбаёнии хеш мавзуи баҳси пленумро ҷамъбаст намуданд. Як нуктаи суханрониашон дар ёдам ҳаст, ки дар мавриди ҷавонони эҷодкор муносибати шахсиро ба ҳар нафар тақозо карданд.

Ҳақ буданд муаллими сахтгапу сахтгирамон Соҳиб Табаров: он рӯз дарси беназири адабиёти мо, ҷавононе буд, ки баъзе ошкору густохона ва баъзе тарсидаву пинҳонӣ, вале ҳама яксон, «сафедии кафанро дидаву аз азоби гӯр бехабар», орзуи қаламу коғаз мекардем… Мутаассифона, насли мо ба суҳбати бевоситаи устод Турсунзода мушарраф нашудааст. Лекин бандаро баъдан, як сол пеш аз вафоташон, бори дигар шахси устодро, хеле кӯтоҳ бошад ҳам, дидан ва садои дилнишинашонро шунидан муяссар гардид.

Фасли тирамоҳ буду хазонрез ҳукм меронд. Дафтари мактабии «шеърҳоям» зери каш, тарсидаву ларзида, назди мушовири назм Лоиқ Шералӣ омадаву он касро наёфта, бо маслиҳати Ҳабибулло Файзулло, ки кадом журнале дар даст дар кабинети кушода рӯи дивани куҳансохти фарсуда менишастанд («Ба ман ваъда кардааст, ҳозир меояд, биист, ки дигар боз кай меёбиаш?..»), дар даромадгоҳи бинои якошёнаи Иттифоқи нависандагон интизорашон будам.

Ногоҳ мошине омада, аз ҷӯи канори роҳ он сӯ истод ва шофираш, чолокона ин тараф гузашта, дарро кушод. Аз мошин устод Турсунзода берун омада, аз гузаргоҳча қадамзанон сӯи коргоҳашон равон шуданд. Акаи Сайфулло – ронандаи деринашон (ки баъдтар шофири муовини  раиси Иттифоқи нависандагон Ибод Файзулло шуданду бо мошинашон ба бисёр гӯшаҳои ҷумҳурӣ сафарҳо кардем) аз пас меомаданд. Ногоҳ он кас чолоктар шуданд ва ба устод расида, узромез ва бо эҳтиёт барги хазонеро аз сари китфашон бардоштанд. Устод Турсунзода, ки ин дам ба бино наздик шуда буданд ва тарҳи рӯяшон равшан менамуду суханҳояшон ба гӯш мерасид, лаҳзае истоданд, табассуми зебо, вале дардолуде чеҳраашонро фаро гирифт, маҳзун ба барги хазон нигаристанд ва гӯё ба шофирашон, дар асл беунвон гуфтанд: «Заҳмат накашед, мулло Сайфулло, фасли гулборонамон гузашта рафт, ба сарамон ҳамин хазон мерезад дигар…». Чунон самимиву муассир гуфтанд, ки дили ман такон хӯрд, гӯё шеъри таъсирбахшу дилрасе хонда бошанд… Баъд, ҳамон табассуми зебову дардолуди ошно бар андом, ҷониби даромадгоҳ равон шуданд ва бо камина низ, ки дасту по хӯрдаву мафтуну мабҳут ин манзараи аҷиби ногаҳониро мушоҳида мекард, даст дода, салом карданду ҳамчунон табассумкунон вориди бино шуданд… Вақте ки ба хобгоҳ баргашта, бо ҳаяҷон ин рухдодро ба ҳамсабақонам нақл кардам, Неъмати шӯху ширинсухан гуфт: «Ақлат бошад, дигар ин дастҳоро намешӯӣ, на ҳар даст ба он дастони табаррук мерасад…».

Мутаассифона, дигар рўи гарми устодро дидан даст надод ва бори охирин чеҳраи зебою фаромӯшнашуданиашонро дар ҷанозаашон, ки бошукӯҳтарину серодамтарин маросими он солҳо буд, дидем.

Мо, ҳама донишҷӯёни он солҳо, баробари аз он фоҷиаи бузурги халқамон огоҳ шудан, ба назди Театри опера ва балет омадем. Атрофи он чунон пуродам буд, ки аз ягон тараф ба даромадгоҳ наздик шудан имкон надошт. Ҳаракати нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳо манъ шуда буд. Анбӯҳи одамон гурӯҳ- гурӯҳ, гулчанбарҳои мотамӣ ба даст, аз тамоми корхонаву муассисаҳо ва ҳамаи шаҳру ноҳияҳо меомаданду меомаданд… Бемуболиға, ҳама мегиристанд.

Аз паси пардаи ашк чеҳраи азизу ошнои устод, мӯйҳои зебои аз зери тоқии чустӣ намоён, фарзандони чун қатраҳои софи борон ба худашон монанд, шоиру нависандагони аз акси китобҳову мулоқотҳои адабӣ шиноси мотамдору ғамзада, ғарами гулчанбарҳоро медидем, ки он толори бузургро пур карда буданд. Ҷӯрабек Мурод, ки умре ашъори зиндадилонаву зиндагисози устодро месуруду мардумро руҳбаланд менамуд, марсия мехонду дилҳоро рештар мекард… Вақте ки ҳамроҳи чанд рафиқу шарикдарсон аз маросими видоъ баромадем, хиёбони Ленин ба дарёи саршор шабоҳат дошт; фарқ ҳамин буд, ки дарё як сӯ меравад, сели одамон дар хиёбон дар як маҷро ба ду ҷониб равон буд. Раҳбараҳ мешунидем, ки издиҳоми мардум аз ҳад гузаштааст ва милисаҳо дигар касеро сӯи видоъгоҳ рафтан намемонанд; мегуфтанд, ки чанд кас аз ҳуш рафтааст; анбуҳи пурандуҳи одамон дару тирезаҳои театрро шикастаанд… Чун фаҳмида будем, ки ҷанозаро аз ҳамин роҳ мегузаронанд, дар назди Театри Лоҳутӣ интизор истодем. Ҳама лол буду касе ёрои ҳарфе задан надошт.

Ҳама мегирист, баъзеҳо бе ибо овоз меандохтанд. Як назар ҳамсабақам Ҷумъабой (Ҷумъа Қуддус – драмнависи маъруф), Ҷумъабойи ҳассосу ғамхорро дидам, ки дар худ фурӯ рафта, ба муҷассамаи ғаму андуҳ табдил ёфтааст; шарикдарсамон Сафар (Сафар Абдулло – адабиётшиноси шинохта), Сафаре, ки ба сахтгапию сахтгӯӣ ва гӯё бепарвоию сангдилӣ ном бароварда буд, гиряомезу аламовар мегуфт: «Зиндагиро бинед, шоире, ки тифл аз модар мондаву рӯи он меҳрубонро ёд надошт, бузург шуду даргузашт ва миллатро ятим кард…».

Мегуфтанд, ки устод солҳои охири ҳаёт ин байтро бисёр мехондаанд:

Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад,
Ин тифли нозпарвари ман дарбадар шавад…

Шояд ғамашон ҳамин миллат буд, тифли нозпарварашон ҳамин Ватан буд?..

Баъди чанд соат ҷанозаро гузаронданд. Пеш-пеш, аксу нишонҳои устод дар даст одамони маъруф мерафтанд. Чеҳраҳои коҳидаву пурандӯҳи Лоиқ Шераливу Маҳмудҷон Воҳидро, ки дар сафи аввал қадам мезаданд, хуб дар ёд дорам. Раҳбараҳ садҳо, ҳазорон нафар ба издиҳоми аз паси тобут равон мепайвастанд ва сели одамӣ чун ашъори устод пуртуғёну пуртӯфон сӯи Лучоб мерафт.

Дар марги ҳеҷ шахсияте чунин марсияи фаровон нахондаам. Шоирони маъруфу ҷавон, аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистону берун аз он менавиштанду менавиштанд. Номаву барқияҳои ҳамдардии абармардони тамоми кишварҳои олам пайиҳам меомаду меомад. Минҷумла аз Ғамзатови бисёр машҳуру Айтматови беҳад овозадор.

Лоиқу Бозори худамон сатрҳои ҷонсӯзтарин гуфтанд.

Банда низ марсияе шоҳиди ҳоли худ гуфта будам, лекин ҷуръати ба ягон нашрия бурдан накардам ва, намедонам, дар он парешонӣ куҷо шуд, ки дигар наёфтамаш. Баъдан (нимаи солҳои ҳаштодум) аз бисёр адибон дар бораи хислатҳои фарзонаи устод Турсунзода – дардошноиву дастгирӣ, ҷавонмардиву хайрхоҳиашон қиссаҳои ҷолиб шунида, ба худ андешидам, ки чаро имрӯз нест он хислатҳо? Магар ворисони дастдарози адабии устод мардиву ҳамдардиашонро бо кабобу арақ хӯрдаанд, ки он сифатҳои ҳамида тухми анқову қиссаву афсона шудааст?!

Дар айёми парешонии кишвар, дар «Ароба» ном шеър зикр кардам, ки агар «он шоире, ки «Қиссаи сайёҳи Ҳинд» гуфт», зинда мешуду хориву зории кӯдакону наврасони диёрашро медид, тоқат накарда, дубора ҷон медод…». Ва боз ин қитъа, ки хулосаи назари банда аст аз шахсияту шеъри устод:

Дар ҷаҳон роҳе агар манзилбар асту сода аст,
Роҳи сатри содаи устод Турсунзода аст.

Хешро дар роҳи умр аз ранҷи роҳ огоҳ кард,
Роҳҳоро шеър карду шеърҳоро роҳ кард.

Роҳҳо бурданд ӯро то ба дурии ҷаҳон,
Шеърҳо бурданд ӯро дуртар – то ҷовидон.

Чунонки зикр шуд, замони барҳаётии устод мо тамоман ҷавон, шогирдони донишгоҳ будем ва бо ҳавас мешунидем, ки нисбат ба ҳамқаламон, бахусус адибони ҷавон, бисёр меҳрубон будаанд. Шахсан ман, агарчи гоҳ-гоҳ навиштаҳоямро назди Лоиқ Шералӣ ва баъдан Бозор Собир (мушовирони назми Иттифоқи нависандагон) мебурдам, нахустин шеърҳоямро танҳо баъди хатми донишгоҳ чоп кардам.

Вале, аз меҳрубониву ғамхории шахсашон баҳравар нашуда бошем ҳам, аз лутфу марҳамати эҷодиёташон, аз файзу баракати ашъорашон ҳамеша бархурдор будем. Насли моро ошиқи шеъри устод Турсунзода, мафтуни халқияти табиию самимияти модарзодии эҷодиёт ва шефтаю миннатдори шахсияти беназиру оламгири ӯ гуфтан мумкин аст.

Чунон ки зикр шуд, дар бораи устод Турсунзода шеърҳои бешумор эҷод шудаанд ва боз мешаванд. Аз он ҷумла шеърҳои устод Бозор Собир андар бузургдошту ёдбудашон бисёр амиқу дақиқ ва дилрасанд:

Ҳар куҷое буд Турсунзода Мирзо, халқ буд,
Ҳар куҷое халқ буд, Мирзои Турсунзода буд.

Ё худ:

Ман намегӯям, ки ӯ аз дори дунё рафтааст,
Ҷои ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст.

Ҳамин шоири насли «пайрави Айниву Турсунзода» нақл мекарданд, ки боре шоирони ҷавон дар бустонсарои Иттифоқи нависандаҳо, дар Варзоб нишаста будаанд, ки устод Турсунзода омадаанд. Ба маҳфили ҷавоншоирон ҳамроҳ шуда, аз хотираҳояшон гуфтаанд, дар бораи ҳаёту адабиёт нақлҳои ҷолиб кардаанд. Ногоҳ пои курсӣ лағжидаасту қариб меафтодаанд, ки шогирдон чаққонӣ карда, мувозинати курсиро нигоҳ доштаанд.

Устод Турсунзода, чун ҳамеша бисёр зебо табассум карда, нимшӯхиву нимҷиддӣ гуфтаанд: «Гумон кардед, ки Турсунзода осон Турсунзода шудааст? Не, ана, ҳамин хел афтодаву бархоста, Турсунзода шудааст…» Бо ин суханон натанҳо шогирдонро аз хиҷолату ногуворӣ раҳондаанд, балки як сабақи устуворӣ, собитӣ, мушкилнописандӣ, матонат ва сабру таҳаммул додаанд. Кӣ медонад, шояд бузургворона ба тақдири миллату давлати тоҷик ишора кардаанд, ки афтодаву бархоста, аз шарофати хидматҳои чунон бузургфарзандонаш собиту устувор мондааст? Ба ин маънӣ Турсунзода шоири советӣ не, шоири Тоҷикистони советӣ не, шоири Тоҷикистон аст. Шоирест, ки барои ҳамин миллат хидмат кардааст, забону фарҳанги ҳамин миллатро равнақу ривоҷ додааст, номи ҳамин миллатро ба паҳнои ҷаҳон бурдааст, ғуруру ифтихори ҳамин миллатро бедор кардааст, ҳамин миллатро ба бедорию худогоҳӣ талқину тарғиб намудааст, дирӯз хидмати ҳамин миллатро мекард, имрӯз дар хидмати ҳамин миллат аст ва то ҷовидон хидматгузору ифтихори ҳамин миллат хоҳад буд.

Бузургии дигари устод он буд, ки дар замони имконнопазирии ҷаҳонгардиву ҷаҳонбинии мардум миллаташро ҷаҳонгарду ҷаҳонбин кард. Ва, аз ҷониби дигар, миллаташро сазовор ба ҷаҳон муаррифӣ намуд, ки хидмати камтар аз эҷодкориаш нест.

Хусусиятҳои ҷолибе дорад шеъри устод. Пеш аз ҳама, бо бисёр равон, мавзун, хуб қофиянок ва самимиву таъсирбахш буданаш ба дилҳову хотирҳо роҳ меёбад. Яке аз таърифҳои классикии шеър низ маҳз ҳамин ҷиҳатҳоро дарбар мегирад. Сухан – табиӣ, забон – зинда, баён – зебову дилрас, ҳеҷ намегӯӣ, ки ин ё он пора бо заҳматҳо офарида шудааст, гумон мекунӣ, ки муаллиф табииву муассиру ҷолиб бо ту машғули суҳбат аст.

Яъне, шеър мавқеи муайян ва ҳадафи мушаххас дорад, шахсияти шоир ҳамеша эҳсос мешавад. «Ватан», «Савганд», «Шоиро!», «Тара Чандри», «Ситораи ман», «Замин», «Дили модар», «Илоҷам чист?», «Ҳалқаи заррин», «Ҳамин кофист», «Кулоҳи профессор Ахвледиани»… Беохир, чун асарҳои дилнишини хотирмон номбар карда метавонам шеъру манзумаву достонҳои устодро, ки бо самимияти аёну бадеияти бегумон дар ёдам мондаанд.

Шаб надидам туро, Ситораи ман,
Шуълавар дар ҳаво, Ситораи ман,
Дар ҳисоби ситораҳои фазо
Бе ту кардам хато, Ситораи ман.

Ин тасвиру ҳолати барҷастаро бинед: ошиқ шабзиндадор аст, интизор аст, беқарор аст, бо хаёли Ситораи хеш ситора мешумурад (ишора ба ибораи машҳури халқии «шаб то саҳар ситора шумурдан», ки ифодаи ҳадди интизориву беқарориву беҳудакорист) ва бе ӯ, албатта, ҳисобро хато мекунад. Ҳолату муҳити қаҳрамони лирикӣ бисёр дақиқ тасвир шудааст.

Боз як мисол, ки бисёр маълуму машҳур аст ва набудагист тоҷике, ки аз устод Турсунзода ақаллан ҳамин байтро надонад:

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун,
Ин қадар беҳуда дилтангам макун…

Мақсад муроҷиати халқии «ҷони ширин» аст ва ифодаи маъмули халқии «ҷангам накун», ки ба шарофати онҳо баробари хондан байт азбар ва ҳарфи худи хонанда мешавад.

Ё худ, бубинед, дар муроҷиат ба кӯдаке, ки «дар хиёбони лаби баҳри кабуд» машғули пок кардани хоки пои истилогарони аҷнабист, онҳоро чӣ гуна қатъиву ҳадафрас маҳкум мекунад:

Хоки пояшро набояд пок кард,
Пок мебояд аз ӯ ин хок кард!

Ба гумонам, ин ду сатр ҳа стии устод Турсунзода – шоиреро ифода мекунад, ки ягон зарра тоби ноҳаққӣ, беадолатӣ, зулму бедодӣ надорад ва маҳз ҳамин хислат ӯро пешрави адибони сулҳгаро ва маҳбуби милёнҳо карда буд.

Мисоли дигар:

Гул миёни мову аммо бӯи гул ояд зи ту,
Рангу бӯи ин гули бишкуфта афзояд зи ту.

Ва боз як байт, ки ба фикрам, ҳанӯз солҳои сиюм, дар авҷи урёнбаёниву умумигӯиву шиорпартоӣ, эҷод шудааст:

Танашро дода бо пироҳани абрешимин оро,
Гумон созӣ, ки гул дар барги гул печида меояд!

Ё худ, ин сатри зебои тасвирӣ, ки ин қадар нозук, ин қадар тоҷикона аст ва як субҳи дилҷӯи воқеиву маҷозиро пеши назар ҷилвагар мекунад:

Дамиданҳои субҳ аз омаданҳои ту сар мешуд…

Шеър ҳамин қадар мешавад!

Чунин намунаҳо зиёд овардан мумкин аст.

Ғайр аз шоирӣ устод Турсунзода сужетсозу характерофари бузург буданд. «Ҳасани аробакаш»-ро аз рӯи амиқии образҳову вусъати эпикӣ метавон романи манзум номид, дар «Чароғи абадӣ» симои устод Айнӣ бисёр гарму ҷаззобу хотирмон тасвир шудааст, «Духтари муқаддас», «Сайёҳи ҳинд», «Кулоҳи профессор Ахвледиани», «Тара Чандри» бо тасвирҳо, ҳолатҳо, симоҳо, хислатҳо филмҳои тайёранд. Агар ба ин ҷиҳатҳои дигари фаъолияти адабиашон – таҳияи осори классикону эҷодиёти шифоҳии халқ, асарҳо барои театру кино, суруду таронаҳо, таҳлилҳои амиқи навиштаҳои адибони муосир ва публитсистикаи муассирашонро зам кунем, симои адиби бисёрҳунаре пеши назар меояд, ки фидокорона хидмат карда, барҳақ худ пайкараву муҷассама, кӯчаву хиёбон, ноҳияву шаҳр, шеъру достон шудааст. Яъне, дар ин мулку макон ёдашону эҷодашон ҷовидона зинда аст.

Низом ҚОСИМ

Дигар хабарҳо