Номаи шодбошӣ ба муносибати 75-солагии тарҷумони варзида Азим Амин
Азим Амин баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) риштаи фаъолиятҳои адабиву илмии худро ба Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ пайваст ва дар солҳои 1981-1998 ходими илмии ин пажуҳишгоҳ буд. Мавзуи худро таҳти унвони «Жанри рубоӣ ва лирикаи фалсафии советӣ» дар Донишкадаи адабиёти ҷаҳон ба номи М. Горкийи Маскав дифоъ кард ва номзади илмҳои филологӣ шуд. Баъдҳо ба ҳайси ноиби ректори ДДСТ ба номи М. Турсунзода (2003-2006) ва ДДЗТ ба номи С. Улуғзода (2006-2008) кор кард. Аз соли 2005 то ба ҳол ба ҳайси дотсенти кафедраи назария ва амалияи ВАО-и Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия кору фаъолият мекунад ва бо таҳқиқу пажуҳиши адабиёти муосир, бахусус раванди шеъри кўдаки Тоҷикистон ва чигунагии он робитаи худро бо ИНТ мустаҳкам намудааст. Вай аз соли 1992 узви Иттифоқи нависандагон аст.
Китобу рисолаҳои Азим Амин «Жанри рубоӣ ва лирикаи фалсафии советӣ» (1980), «Рубоӣ ва лирикаи фалсафӣ дар шеъри тоҷики даврони шуравӣ» (1988), «Руководство по сотрудничеству НПО и СМИ» (2009), «Теория и практика перевода: описание терминосистемы» (2007), «Очерк: генезис, развитие и современное состояние» (2012), «Притча и ее информационные потенциалы» (2011), «Проблемы художественного стихотворного эквивалентного перевода» (2012) ва ғайра дар Тоҷикистон ва Русия нашр гардида, барои хонандагони ин ду кишвар хидмат мекунанд.
Ҳамчунон зиёда аз панҷоҳ номгўй асарҳои шоирону нависандагони тоҷик, аз ҷумла романи Мирзонасриддин “Оташ дар хонаи қадим”, повести Атахон Сайфуллоев “Тақдир”, Меҳмон Бахтӣ “Исмоили Сомонӣ”, повести Абдулҳамид Самадов “Баъд аз сари падар” дар тарҷумаи ў ба забони русӣ дар дастраси хонандагон қарор доранд.
Заҳматҳои Азим Амин, дар адабиёти тоҷик шоистаи тақдир аст.
Ҷашни 75-солагии ў боиси шодмониву ифтихори хонандагон, аҳли адаб ва мо — ҳамдаму ҳамқаламонаш аст. Ўро ба ин муносибати фараҳбахш муборакбод мегўем ва дар ҳаёту эҷодиёташ авҷу барор мехоҳем!
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон



