Эй қаҳрамоншаҳидон, васли Ватан муборак!
Дар саҳифаи таърихи халқи тоҷик боз як рӯйдоди пураҳаммияту таъсирманд ба вуҷуд омад. Ин саҳифаи пурҷило бо ҳиммати баланди инсонӣ, шуҷоати раҳмонӣ ва ташаббуси инсонгароёнаи абармарди дунёи сиёсат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад.
Бо мақсади қадр кардани таърихи халқи тоҷик, зинда гардонидани руҳи бузургони миллат ва арҷ гузоштан ба шахсияти се симои барҷастаи миллат – Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад Пешвои миллат дастур доданд, ки аз Федератсияи Русия пораи хоку устухонҳои боқимондаи ҷасади аз ҷаври таърих заҷркашидаи ин чеҳраҳои сиёсиро, ки дар таъсиси Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар аввали садаи бистум нақши бемисл гузоштаанд, ба Ватан баргардонанд.
Ба поси хотири ин чеҳраҳои тобноки миллат шахсан Президенти мамлакат ба фурудгоҳи пойтахт ташриф оварда, бо ҳамроҳии қаровули фахрӣ дар фуровардани хокпораҳои муқаддас иштирок намуданд. Ҳамзамон, дастур доданд, ки дар оромгоҳи Лучоб чорабинӣ доир карда, бо иштироки аъзои Ҳукумат, намояндагони Парлумон ва зиёиёни кишвар капсулаҳои рамзиро дар Ватани бобоияшон ба хок супоранд.
Воқеан, ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ ҷавҳари бузурги инсонгароёна дошта, орзуи миллионҳо нафар ҳамватанони моро ҷомаи амал пӯшонид.
Дар баробари ин, амали мазкур ҷиҳати дарки муносибати неки инсонӣ ва маърифат намудани моҳияти амали солеҳ мақоми хос дошта, дар бедории насли ҷавон ва ҳувиятсозии миллӣ нақши бузург мебозад. Зеро ин шахсиятҳои таърихӣ дар таъсиси ҷумҳурии мустақили тоҷикон, ҳифзи халқи тоҷик, ҳимояи забони тоҷикӣ ва аз таъсири муноқишаҳои сангини сиёсӣ раҳоӣ додани миллати тоҷик хидмати босазо карда, қурбони ноадолатиҳои замон шуданд ва бо туҳмат ва фишору азобу шиканҷа ба қатл расиданд.
Ин чеҳраҳои сиёсӣ ба сарнавишти халқи тоҷик хуб ошно буданд, таърихи гузаштаро саҳеҳ медонистанд ва дар роҳи мубориза содиқ монданро шиори худ қарор дода, ба муқобили рақибони сиёсӣ беамон мубориза бурданд. Онҳо барои исботи мавҷудияти халқи тоҷик, забони тоҷикӣ ва мероси бузург доштани тоҷикон мақолаҳои бунёдӣ таълиф карда, ҳақиқати таърихиро бозгӯ намуданд. Ин се шоҳсутуни миллат ба ҳифзи манфиатҳои халқашон баромад карда, бо муш- килиҳои зиёд ва муборизаҳои ошкоро ба пирӯзӣ расиданд.
Ин талошу заҳматҳо, азобу шиканҷаҳо ва муқобилату зиддиятҳо роҳи осону ҳамвор набуда, аз худ мардонагӣ, шуҷоат, далерӣ ва нотарсиро тақозо менамуд. Аммо ин се ситораи пурҷилои миллат то нафаси охирин аз раъйи хеш барнагашта, ба муқобили душманони миллати тоҷик муборизаи беамон бурданд, ҳаққи озодии халқашонро аз мақомоти Кремл талаб карданд ва соҳиби музаффарият гардиданд.
Аввалин санадҳои тақдирсозро дар бораи таъсиси ҷумҳурии мустақили тоҷикон низ онҳо ба имзо расониданд ва дар бунёди давлати навтаъсиси тоҷикон нақши созгор бозиданд.
Маълум мешавад, ки муборизаи сиёсиву иҷтимоии ин абармардони роҳи озодӣ аз хотираи таърихии Пешвои миллат дур намонда будааст. Роҳбари давлат дар ин давра на танҳо номи онҳоро зиндаву абадӣ гардониданд, балки ба ҳар кадоми онҳо эҳтироми хосса зоҳир карда, ҳайкалҳои онҳоро дар марказҳои шаҳру минтақаҳои кишвар бунёд намуданд. Ба хотири абадӣ гаштани корномаҳояшон кӯчаву хиёбон, муассисаҳои илмиву маърифатиро ба номашон гузоштанд ва онҳоро дар миёни ҷомеа машҳур гардониданд. Ба ғайр аз ин, дастур доданд, ки дар бораашон филмҳои мустанад таҳия намуда, шуҷоату қаҳрамониашонро дар китобҳои алоҳида ба табъ расонанд. Ин супоришҳо дар кишвар амалӣ шуда, номи ин чеҳраҳои таърихӣ вирди забони мардум гардиданд ва имрӯзҳо халқи тоҷик ин чеҳраҳоро хуб шинохта, эҳтиромашонро баҷо меоранд.
Дар ниҳоят, хоки онҳоро аз ғурбат раҳоӣ дода, ба Ватан баргардониданд.
Ин амал марди қавлу вафо будани Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро исбот кард. Дар ҳақиқат, Сарвари давлат дили бузург, ҳиммати баланд ва хиради азалӣ дошта, ин рафтори ҷавонмардонаашон ному мартабаи Пешвои миллатро дар миёни ҷомеа боз ҳам боло бурд. Мутафаккирони халқи тоҷик ишора мекунанд, ки ҳар касе ба бузургони миллат ва намояндагони қавмаш хидмат кунад, дар подошаш соҳиби саодати дорайн мегардад. Бовар дорем, ки ҳамин ҳиммати Сарвари давлат он касро соҳиби саодатҳои бемисл гардонида, номашонро ҷовидонаву абадӣ мегардонад.
Абдуҷаббор Раҳмонзода,
академики АМИТ



