Ҷашни зебои Турсунзода дар шаҳри зебои Турсунзода

 Ҷашни зебои Турсунзода дар шаҳри зебои Турсунзода

Рўзи 30-юми апрел дар шаҳри Турсунзода ба ифтихори 115-солагии шоири бузурги миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода конфронси илмию назарӣ ва як силсила маҳфилҳои фарҳангӣ баргузор шуданд. Ин барномаҳо бо ибтикори Кумитаи марказии иҷроияи ҲХДТ ва МИҲД шаҳри Турсунзода созмон ёфта, рангину хотирмон доир гардиданд.
Субҳи он рўз меҳмонони пойтахт – муовини аввали Раиси ҲХДТ Маликшоҳ Неъматзода, Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, духтари устод Мирзо Турсунзода, номзади илми фалсафа Фирўза Турсунзода, муовини аввали Раиси ИНТ Толиби Луқмон, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” Абдуллоҳи Раҳнамо, корманди Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ Љамолиддин Саидзодаро мизбонон гарму самимӣ ва дар ҳолу ҳавои идона пешвоз гирифтанд. Наврасони шаҳр бо қироати шеърҳои устод Мирзо Турсунзода табъи меҳмононро болида гардониданд. Сипас Раиси шаҳри Турсунзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Акрамзода ва масъулони КИМ ҲХДТ меҳмононро ба сайри боғи марказӣ даъват карданд. Дар саҳни ин боғ муҷассамаи барқаду дидании устод Мирзо Турсунзода бо шукўҳи хос қомат афрохта, ҳусни шаҳрро назарработар кардааст. Шеъру сурудхонӣ ва ҳунарнамоии наврасон дар домани сабзу шодоби бог меҳмононро болидахотир намуд.
Сипас дар маҷлисгоҳи ҳукумати шаҳр конфронси илмию назарӣ оғоз ёфт.
Муовини аввали Раиси ҲХДТ Маликшоҳ Неъматзода дар суханронияш аз бузургию наҷобат ва осори гаронқадри устод Мирзо Турсунзода ёд карда, таъкид намуд, ки ашъори ширину рангини шоир ҳамеша ба хонандагон сабақи ватанпарастиву инсондўстӣ хоҳад дод.
Дар суханронии Раиси ИНТ Низом Қосим ҷанбаҳои гуногуни ашъори устод, талошу муборизањои ў барои барқарории сулҳу салоҳу адолат, шахсияти дурахшону бемисли вай бо мисолҳову далелҳои мушаххас зикр гардиданд.
Фирўза Турсунзода ғамхориву меҳрубонии устодро ба ёд оварда, падари беҳтарину муттакои хонавода буданашро махсус зикр намуд.
Меҳмонони дигари ҳамоиш низ дар бораи шахсият ва эҷодиёти пурарзиши шоир суханронӣ ва шеърхонӣ карданд.
Қисми дигари маҳфил дар зодгоҳи устод – рустои биҳиштманзари Қаратоқ идома ёфт. Ҳавлии падарии устод Мирзо Турсунзода сарсабзу шодоб буд ва ин хуррамию зебоӣ бо оҳанги рўди канори он ҳамхонии табииву комил дошт. Тамошои осорхонаи шоир меҳмононро ба сайри рўзгори тифливу ҷавонии ў бурд.
Аз оғоз то анҷоми барнома мизбонон тавонистанд, ки рўзгору осори устод Мирзо Турсунзодаро пора-пораву лаҳза-лаҳза, ба таври зиндаву муассир ба намоиш гузоранд ва ба меҳмонон таассуроти амиқ бахшанд.

Дигар хабарҳо