Адибони шинохтаамон Бахтиёр Муртазо, Шералӣ Мусо (бахши публитсистика), Давлати Раҳмониён, Мирзонасриддин (бахши адабиёт), Абдусаттори Раҳмон (бахши адабиёти кӯдак) ва Абдусалом Мамадназаров (бахши тарҷума) бо Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сарфароз гардонида шуданд. Муборак бод!Идома...
Субҳи 20 август Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова дар синни 86-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Аҳли адаб аз даргузашти шоира андӯҳгин буда, ба пайвандону наздиконаш таслият ва ҳамдардӣ баён мекунад. Ҳадиса Қурбонова 17 феврали соли 1940 дар деҳаи Шуркаҳаки Сарихосори ноҳияи Балҷувон дар оилаи оҳангар ба дунё омада, баъди аз падару модар ятим мондан, дар […]Идома...
Муҳтарам Абдуғаффор Абдуҷаббор! Боиси ифтихормандист, ки Шумо умри босамари хешро ҳамчун адиб ва рўзноманигор сарфи рушди адабиёту матбуоти тоҷик намуда, дар ин ҷода ба комёбиҳои назаррас ноил гардидед. Асарҳои бадеиву публитсистӣ ва тарҷумаҳоятонро хонандагон бозавқ мехонанд ва онҳо аз ҷониби мунаққидону адабиётшиносон баҳои баланд гирифтаанд. Фаъолиятатон пас аз итмоми факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (1979) […]Идома...
Дар шароити кунунӣ низоми муносибатҳои байналмилалӣ бо таҳаввулоти амиқи афзоиши муноқишаҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои фаромиллӣ, терроризму экстремизм, буҳрони иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим ва коҳиши сатҳи эътимод байни давлатҳо рӯ ба рӯ гардидааст, масъалаи таҳкими сулҳ дар ҷаҳон ҳамчун масъалаи меҳварӣ нақши муҳим пайдо мекунад. дар чунин вазъият қабули қатъномаи маҷмаи умумии созмони милали муттаҳид таҳти унвони «даҳсолаи […]Идома...
Яке аз пояҳои асосию устувори дӯстии халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва хосса халқҳои тоҷику ўзбек робитаҳои дерини адабии ду миллат мебошад. Дӯстие, ки бунёди пойдори онро бузургони илму ирфону адаб Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ гузоштанду он насл ба насл идома ёфт, инак, дар партави дӯстиву ҳамкориҳои усулии роҳбарони ду давлати ҳамсоя муҳтарам […]Идома...
Солҳост, як андешаи нодуруст дар ҷомеа реша давонидааст, ки мувофиқи он гӯё дар асрҳои миёна забони форсӣ забони адабиёт буду забони арабӣ забони илм. Ин ки забони арабӣ забони илм буду дар тамоми паҳнои хилофат забони давлатдорӣ ва коргузорӣ буд, ҷои баҳс нест. Инчунин, арабӣ забони адабиёт низ ҳаст, ки бо он на танҳо худи […]Идома...
Ба муносибати 85-солагии адиби зиндаёд Нурмуҳаммад Табарӣ «Вақти хеле зиёде ба кор омад, то ӯ вориди гулбоғи адабиёт ва билхосса, драматургия шаваду он ҷо муқимӣ гардад, – менигорад Ғулом Ҳайдар дар бораи дӯсти ҳамқаламаш Нурмуҳаммад Табарӣ. – Вагарна чандин дафъа аз нависандагони корозмуд шунидаам, ки мегуфтанд: ин кас қалами бурро ва махсусан тасвирҳои зебо доранд, […]Идома...
Дар саҳифаи таърихи халқи тоҷик боз як рӯйдоди муҳим бо ҳарфҳои заррин навишта шуд, ки аз ташаббуси бисёр одилона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Рӯзи 25 июни соли 2026 зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, […]Идома...
Ба муносибати 120-солагии зиндаёд Тоҷӣ Усмон Тоҷӣ Усмон аз ҷумлаи адибону публитсистонест, ки солҳои сиюми асри гузашта бо нигоштаҳои худ ба матбуот ворид гардидааст. Фаъолият дар матбуоти даврӣ боис шуда, ки Тоҷӣ Усмон дар баробари иҷрои вазифаи рӯзноманигорӣ ба эҷоди асарҳои публитсистӣ рӯй оварад, лавҳаву очерк ва ҳаҷвияҳои зиёдеро ба табъ расонад, ба таҳқиқи рӯзгору […]Идома...
— Салом, бузургмард, фарзанди тоҷик, аз насли Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синою Берунӣ ва Хоҷа Камолу Асирӣ! Ин нидо дар Исфисор, дар саҳни ҳавлии Осорхонаи ҷумҳуриявии аллома Бобоҷон Ғафуров беихтиёр аз вуҷудам берун шуд. Бо тааҷҷуб ба ҳамроҳонам нигаристам. Онҳо дар назди муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон, ки паҳлуи чапи онро шоҳасари ӯ – «Тоҷикон» зеб мебахшад, ба нишони […]Идома...



