Номаи шодбошии ИНТ ба муносибати 90-солагии Истад Қосимзода

 Номаи шодбошии ИНТ ба муносибати 90-солагии Истад Қосимзода

Нависанда ва тарҷумони шинохта Истад Қосимзода ба синни мубораки навад расид. Ӯ баъди ба итмом расонидани бахши забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон муддате дар Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ фаъолият дошт ва сипас ба кори рӯзноманигорӣ пардохта, дар нашрияҳои гуногун, аз ҷумла маҷаллаи “Тоҷикистон”, муҳаррири идораи адабӣ-драмавии Радиои Тоҷикистон, мухбири рӯзномаҳои “Тоҷикистони советӣ”, “Овози тоҷик” ва сармуҳаррири “Садои Сурхон” фаъолияти  пурсамар дошт. Муддате дар кишвари Афғонистон ба сифати тарҷумон низ кор кардааст.

Алҳол дар шаҳри Деҳнави вилояти Сурхондарё ҳаёт ба сар мебарад.

Истад Қосимзода муаллифи маҷмуаи ҳикояву қисса ва романҳои “Янгаи соҳибҷамол”, “Ошиқ будаем рӯзе”, “Ялафкан”, “Тиллоҳои амакам”, “Гунҷишкаки лоло” мебошад. Ӯ ба тарҷумонӣ низ шуғл варзида, асарҳои адибони машҳури ҷаҳон Э. Ҳемингуэй “Ҷашн”, П. Коэло “Кимёгар”, А. Қодирӣ “Рӯзгори мозӣ”, Ч. Айтматов “Қиёмат”, А. Чаковский “Суратҳои нотамом” ва ҳоказоро ба тоҷикӣ гардонидааст.

Мо ҳамқалами хеш Истад Қосимзодаро ба навадум баҳори умраш муборакбод гуфта, барояш саломатӣ ва саодати рӯзгорро таманно мекунем.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо