АНЗУРАТИ МАЛИК­ЗОД

АНЗУРАТИ МАЛИК­ЗОД 15 апрели соли 1975 дар деҳаи Хуфари ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё ба ҷаҳон омадааст. Соли 1992 мактаби таҳсилоти ҳамагонии №8 зодгоҳашро хатм карда, соли 1997 ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳуҷҷат супурда, бо ихтисоси филолог ба итмомаш расонидааст. Сипас, бо роҳхати донишгоҳ ва тавсияи раиси имтиҳони давлатӣ профессор Расул Ҳодизода, барои идомаи таҳсил ба Душанбе омада, солҳои 1998-2001 дар аспирантураи Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакӣ таҳсил ва дар мавзӯи «Рӯзгору осори Абӯмансури Дақиқӣ» (2002) рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Пас аз дифоъи рисолаи илмӣ муддате дар пажӯҳишгоҳи мазкур, баъдан дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (2002-2009) масъулият доштааст.

Муаллифи китобу маҷмӯаҳои «Нигоҳе ба рӯзгору осори Робиаи Балхӣ» (2010), «Дарёи каронанопадид» (ашъори боқимондаи Робиаи Балхӣ, 2010), «Аз ғазали Рӯдакивор то шеъри Нимоӣ» (мунтахаби мақолаҳо; 2010) ва беш аз сад мақолаи илмӣ ва илмии оммавӣ мебошад.

Аз соли 2008 узви Иттиҳодияи рӯзноманигорон, аз соли 2011 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо