• 02.05.2024

АСОЗОДА ХУДОЙНАЗАР

ХУДОЙНАЗАР АСОЗОДА 25 декабри соли 1941 дар деҳаи Момайии ноҳияи Балҷувони вилояти Кӯлоб (ҳозира Хатлон) ба ҷаҳон омадааст.

Соли 1960 Омӯзишгоҳи педагогии Кӯлобро хатм намуда, муддати се сол (1960-63) дар мактаби миёнаи шаҳраки Ҷилликӯли ноҳияи Колхозобод муаллимӣ кардааст.

Баъдан ба Душанбе омада таҳсилро, дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин идома дода, соли 1968 ба итмом расондааст.

Пас аз хатми таҳсил дар кафедраи забони тоҷикии факултаи мазкури донишгоҳ ба сифати лаборант кор кардааст.

Солҳои 1970-1971, 1973-1976 дар аспирантураи кафедраи адабиёти советии тоҷики факултаи номбурда таҳсил кардааст.

Ҳамчунин, солҳое чанд дар Афғонистон тарҷумонӣ кардааст.

Соли 1976 ба сифати ассистенти кафедраи адабиёти советии тоҷик пазируфта, соли 1978 бори дигар ба Афғонистон фиристода шудааст.

Солҳои 1985-1988 докторанти Институти шарқшиносии Иттиҳоди Шӯравӣ буда, ба тадқиқи илмии насри дарии Афғонистон машғул шудааст ва соли 1989 (дар Маскав) рисолаи докторӣ дифоъ кардааст.

Соли 1990 ба унвони професорӣ мушарраф гардидааст.

 Аз сентябри соли 1992 то марти 1993 вазифаи муовини аввали ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистонро бар уҳда доштааст.

Баъдан, аз апрели 1993 то майи 1996, мудирии кафедраи назария ва адабиёти тоҷик буда, моҳи майи соли 1996 декани факултаи филологияи тоҷики ДМТ интихоб гардида, то июни соли 1999 адои вазифа намудааст.

Аз сентябри соли 1999 то 2005 мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, аз соли 2005 то 2008 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, аз соли 2008 то дами фавташ профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будааст.

Нахустин мақолаву тақризҳо ва рисолаҳои Х.Асозода охири солҳои 60 ибтидои 70 эҷод шудаанд.

Дар оғози фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ба масъалаи тасвири симои коргар дар осори нависандагони муосири тоҷик таваҷҷӯҳ намуда, доир ба ин мавзӯъ китоби «Симои коргар» (1983)-аш аз чоп баромадааст.

Солҳои 80-90 садаи ХХ, баробари тадриси адабиёти муосири тоҷик дар факултаи филология, дойираи омӯзиш ва таҳқиқи худро васеъ намуда, ба пажӯҳиши масоили умдаи се ҳавзаи адабӣ – адабиёти шӯравии тоҷик, адабиёти даризабони ҳамзамони Афғонистон ва адабиёти муосири Эрон даст задааст.

Дар баробари силсилаи мақолаҳо, дар Кобул рисолаи ӯ «Нигарише ба насри муосири дарии Афғонистон» (1981) ба табъ расидааст.

Масъалаҳои пайдоиш ва ташаккули жанрҳои гуногуни насри даризабони Афғонистон дар китоби «Формирование жанровой системы прозы Афганистана на языке дари» («Инкишофи анвоъи насри адабиёти дарӣ дар Афғонистон», 1988) нахустин бор мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар тадқиқи дастовардаҳои се ҳавзаи адабии форсизабон нахуст рисолаи «Адабиёти форсӣ ва се шохаи он» (1991), баъдан монографияҳои «Адабиёти садаи ХХ форсии тоҷикӣ» (1996, дар ду ҷилд), «Адабиёти Эрон дар садаи ХХ» (1997) ва «Адабиёти тоҷик дар садаи ХХ» (1989) «Таърихи адабиёти тоҷик (Давраи нав)»(2014)-ашро ба табъ расондааст.

Нигоштаҳои Х.Асозода дар навъи адабии «чеҳрашиносӣ» дар рисолаи «Чеҳраҳои адабӣ ва фарҳангӣ» (1996) фароҳам омадаанд.

Ба сифати муҳаққиқу мутахассиси адабиёти муосири тоҷик доир ба ҳаёт ва эҷодиёти аксари нависандагон асар таълиф намудааст, ки рисолаҳои «Абулқосим Фирдавсӣ дар шинохти Сотим Улуғзода» (1999), «Устод Айнӣ дар шинохти Сотим Улуғзода» (2001), «Иловаҳо ба шарҳи ҳоли Устод Айнӣ» (2004), «Воқеият, сиёсат ва С.Айнӣ» (2010) ва ғ. ҷузъе аз корҳои анҷомдодаи ӯ дар ин бобатанд.

Таълифи ёддошту сафарномаҳо ҷанбаи дигари фаъолияти илмиву эҷодии Х.Асозода буда, дар ин бобат ду китоби бузургҳаҷми ӯ – «Афғонистони шоҳӣ» (2002) ва «Афғонистони инқилобӣ» (2003) ҷолиби диққатанд.

Ҳамчунин, ба тадқиқи фаъолияти адабиётшиносии мунаққид С.Табаров машғул гардида, рисолаи «Кашшофи рози адабиёт»-ро (2004) рӯи чоп овардааст.

Рисолаи дигари Х.Асозода «Сотим Улуғзода ва фоҷиаи ӯ»-ст, ки соли 2004 ба табъ расидааст.

Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

18 феврали соли 2014 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо