АНОРА

АНОРА (Остонова Норинисо) 2 декабри соли 1939 дар шаҳри Душанбе ба ҷаҳон омадааст. Соли 1962 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои тӯлонӣ дар нашриёти «Ирфон» адои вазифа намудааст. Мудири шуъба ва ҷонишини сармуҳаррир будааст. Чанд сол муовинии раиси Кумитаи табъу нашри ҷумҳуриро бар уҳда доштааст. Чанде сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ будааст.

Асосан ба тарҷумонӣ иштиғол варзида, осори Е. Снегирев «Медали тилло», О. Матюшин «Ҳикояҳо дар бораи Ленин», Н. Фрид «Ҷаллод ташнаи хун аст», О. Туманян «Гунаҳкор», Р. Файзӣ «Ҳазрати Одам», Буй Дик Ай «Зане аз Бай-Шао», Б. Лопес «Шакинё», А. Лупан «Боди мухолиф», В. Нуруллин «Зиндагӣ – оби равон», В.С. Иванов «Адоват», В. Делмар «Ғарибон», Ш. Ҳусейнов «Сухани вопасин», М. Шамхолов «Хушдоман» ва ғ.-ро ба тоҷикӣ гардондааст.

Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1985).

Бо ордени «Нишони фахрӣ» (1976) сазовор гардонида шудааст.

Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

29 ноябри соли 2004 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо