Дарди ту аз дарди ҳар шоир гузашт, Дарди аввал шуд, зи ҳар охир гузашт. Он ҳама буд аз қазо дарди дигар, Ин бувад дарди дилу дарди ҷигар… Рустамӣ, гум кардаӣ суҳробҳо, Чашм дар обиву дил дар тобҳо… Эй азиз, аз чоҳ, инак, сар бикаш, Сӯи Мисри сарфарозӣ пар бикаш… Дар ду дунё, эй аламдори алам, […]Идома...
(Аз фаъолияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон) Муҳити адабии мо дар соли 2024 рангоранг буд ва дар маҷмуъ метавон онро хуб баҳогузорӣ кард. Нависандагонамон чун собиқа ҳамқадаму ҳамнафаси замон буданду ҳастанд ва аз пешравиҳои ҷомеа болида, аз ногувориҳо эҳсоси нороҳатӣ кардаанд. Нисбат ба ҳеҷ як рӯйдод бетараф набуда, албатта, вокуниш ҳам нишон додаанд. Дар ибтидои сол бо […]Идома...
Нахустин қиссаи даврони нави адабиёти тоҷик – “Одина”-и устод Садриддин Айнӣ сад сола шуд. “Одина” натанҳо повести аввалини нависанда аст, балки нахустин повест дар таърихи адабиёти муосири тоҷик мебошад. Ин повестро устод Айнӣ соли 1924 навишта буд ва “худи ҳамон сол чанд порчаи он бо сарлавҳаи “Саргузашти як тоҷики камбағал ё ки “Одина” дар саҳифаҳои […]Идома...
Дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати 90-солагии таъсиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки аҳли адаби вилояти Суғд ҳамоиши идона баргузор гардид. Пеш аз оғози тантана аҳли адаб Қалъаи Хуҷандро тамошо карданд. Толорҳои васеи пазироӣ ва дастовардҳои маънавии гузаштагони мо ҳамагонро ба сайри таърихи сарзамини мо бурд. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ ва шодбошии котиби масъули шуъбаи суғдии […]Идома...
Муҳтарам Низом Қосим! Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун Шумо ва кулли адибони Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо фарорасии 90-солагии таъсиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон табрику таҳният менамоям. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон солҳои мавҷудияташ адибони номвареро ба камол расонд, ки офаридаҳояшон таҷассумгари андеша, ҷавҳар ва фитрати миллӣ ба ҳисоб рафта, дар […]Идома...
Ба назар чунин мерасад, ки ғалату иштибоҳҳо ба забони мо бо ду роҳи асосӣ ворид мешаванду паҳн мегарданд. Аввалан, аз қоидаҳои имлои нокомиламон, ки ба китобҳои дарсӣ, сипас ба матбуоту нашриёт мегузаранд. Сониян, аз қаламбадастони донотарош, ки барои забон хидмати хирсона мекунанд. Мо дар хусуси баъзе камбудҳои қоидаҳои имлои нав андешаҳои худро баён карда будем […]Идома...
Суҳбат бо адиби маъруф Абдураҳмон Абдуманнон – Устоди азиз, нахуст донистан мехоҳем, ки поягузорони тарҷумаи бадеии касбии мо киҳо буданд ва онҳо барои ҳамвор шудани роҳи тарҷумонҳои оянда чӣ корҳои муҳиме анҷом доданд? – Тарҷумаи бадеӣ дар адабиёт ва муҳити мардуми мо хеле таърихи қадима дорад. Гуфтан мумкин аст, ки пеш аз Ислом ҳам мардуми […]Идома...
Аз назари гурӯҳҳои ифротгароии динӣ бояд дар ҷаҳони ислом низомҳои давлатии демократӣ ва дунявӣ аз байн бурда шуда, ба ҷойи онҳо “давлати исломӣ” ҷорӣ карда шавад. Онҳо низоми дунявии демократиро барои мусулмонон нолозим ҳисобида, ба муқобили он мубориза мебаранд. Ин фикр дар тамоми адабиёт ва маводи таблиғотии ифротгароён расман баён шудааст ва онҳо ба таври […]Идома...
Истиқлоли давлатӣ ҳамчун оғози марҳалаи нави ташаккули миллати тоҷик муҳаққиқону мутахассисони соҳаи илму фарҳангро водор менамояд, ки арзишҳову суннатҳои миллиро ҳифз карда, дар роҳи эъмори ҷомеаи пешрафтаи дунявӣ тамоми талошу кӯшиши худро садоқатмандона сарф намоянд. Барои устувор кардани пояҳои давлати миллӣ бояд аз мероси гузашта ва имрӯзаи фарҳанги пурбору куҳани тоҷикон ончунон кор гирифт, ки […]Идома...
Ба муносибати 70-солагии адиби шинохта Мансур Суруш Муаллифи романи «Чала», қиссаву ҳикояҳои «Табъид», «Ду ранги тирамоҳ», асарҳои публитсистии «Гуноҳи деворбаст», «Нишони Азроил», «Намози бомдод», «Роҳ ба дуриҳо мерасад», «Ҳалвои оштӣ», «Ду боли як иқбол», «Паҳнои хотира», намоишномаҳои «Акси садои тӯлонӣ», «Ба куштани ман ҳанӯз фурсат хоҳед ёфт», «Шиквае аз ту надорам, асри ман», «Халифа – […]Идома...



