Бо ташаббусу талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни суннатии мо – “Меҳргон” расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид. Дар ин хусус намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО Дилшод Раҳимӣ хабар дод. Дар хабари […]Идома...
Ба муносибати 90-солагии фолклоршинос Баҳром Шермуҳаммадов Фолклоршиноси тоҷик, доктори илми филология, профессор, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Баҳром Шермуҳаммадов 10 декабри соли 1934 дар гузари Шайхҳои шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби ҳафтсола таҳсилро дар Омӯзишгоҳи тоҷикии омӯзгории Самарқанд идома додааст. Ӯ соли 1952 ба Душанбе омада, донишҷӯи бахши […]Идома...
Шахсияти шоирии Нозирҷон Боҳирӣ бо мавҷи пуршӯру шаафи навҷӯиҳои адабии солҳои 60-ум (асри сипаришуда) ба саҳнаи назм омад, чун дар ин давра Донишгоҳи давлатиро хатм намудаву дар маҳфилҳои адабии донишгоҳӣ ва муҳити эҷодии нашрияҳои марказӣ пару бол баровардаву дар мубоҳисаву гуфтугӯҳои ҷавонадибон ширкат мекард. Ашъори ин давра ва солҳои хеле баъд гуфтааш ин андешаро таъйид […]Идома...
Адабиёти тоҷик талафот дод. Рӯзи 6-уми декабри соли равон адиби соҳибноми тоҷик, шоири хушкалом ва рӯзноманигори шинохта Нозирҷон Боҳирӣ бо зиндагӣ падруд гуфт. Нозирҷон Боҳирӣ адиби хуб ва инсони маҳбубе буд. Ӯ 12 августи соли 1940 дар деҳаи Пӯлотони ноҳияи Конибодом ба дунё омад. Соли 1958, пас аз хатми мактаби миёнаи деҳа ба корхонаи бофандагии […]Идома...
Дар шаҳри Харкови Украина осори мунтахаби бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ба забони украинӣ бо шуморагони 1000 нусха интишор ёфт. Китоб бо эҳтимоми мудири Осорхонаи шаҳри Харков Андрей Парамонов, бо ёрии молии “Бунёди хайрияи Денис Парамонов” ба нашр расид. Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлат Назризода дар хусуси аҳаммияти китоб чунин таъкид […]Идома...
Хабари даргузашти нависандаи номошно Аюб Кенҷа, ки рӯзи 2-юми декабри соли равон дар 79-солагӣ дунёро падруд гуфт, пайвандону дӯстон ва ҷомеаи адабии Тоҷикистонро андӯҳгин кард. Марҳум аз нависандагони шинохтаи пуркор буд ва аз худ номи неку осори пуршумор ба ёдгор гузошт. Соли 1945 дар рустои Қистақӯзи ноҳияи Хуҷанд (ҳоло Бобоҷон Ғафуров) ба дунё омад ва […]Идома...
24-уми ноябр – Рӯзи Парчами давлатӣ Тасвири парчам дар шеъри имрӯзи тоҷик Дар ин мақола мо кӯшиш намудем, ки шеърҳои дар мавзуи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншокардаи чанде аз шоирони тоҷикро мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор диҳем. Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар роҷеъ ба ин рамзи миллӣ бо номи «Таронаи Парчам» шеъре дар шакли чаҳорпора навиштааст. Дар […]Идома...
Ба муносибати 100-солагии адабиётшинос Соҳиб Табаров Ин ҷо, ки сухан аз дарсҳои профессор Соҳиб Шуҳратиевич Табаров меравад, метавон эшонро ба ҳайси омӯзгор як шахсияти феномен (аъҷуба) ё фавқулодае донист, ки ба ҳеч кас монанд набуд. Тавре маълум аст, ӯ суханшиносе буд бисёрсоҳа. Дар нақди адабӣ, таърихи адабиёти давраи шуравии тоҷик, матншиносии осори адабии давраи мазкур, […]Идома...
Ба муносибати 100-солагии адабиётшинос Соҳиб Табаров Мизони суханро санҷидан, нақду баррасӣ кардан ва баҳои воқеӣ додан кори басо мушкил ва заҳматталаб буда, барои расидан ба дурри мақсуд дониши мукаммал, ҷаҳонбинии васеъ, қобилияти баланд, завқи латиф, иродаи мустаҳкам ва чашми ҳақбин бояд дошт. Чунин ҷавҳари хориқона ва отифона ба муҳаққиқи нозукбин имкон медиҳад, ки дунёи рангини […]Идома...
Ба муносибати 100-солагии адабиётшинос Соҳиб Табаров Моҳи ноябри соли 2024 ба зодрӯзи адабиётшиноси варзида ва мунаққиди саршиноси тоҷик Соҳиб Табаров (1924-2024) сад сол пур мешавад. Зиндагӣ ва фаъолияти илмию таълимии ин шахсияти машҳури фарҳангӣ ба роҳи душвору ноҳамвор, вале пурҷӯшу хурӯши Тоҷикистони азиз пайваста ва тавъам буда, месазад гӯем, ки устод ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон […]Идома...



