«Роғун» – ҳамосаи рӯшноӣ
«Роғун» достони нур ва ҳамосаи рўшноист! «Роғун»-ро мешавад оғози қиссаи нави Фарҳод бо анҷоми ширин донист, ки дар он нур бар зулмот ғалаба хоҳад кард. «Роғун» муъҷизаи офаридаи одамҳост. Роғун ойинаест, ки дар он қудрати иродаи инсон худро ба тамошо гузоштааст. аз вожаи тақдирсози «Роғун» ифтихор суроғамон меояд, аз шунидани исми «Роғун» ваҷду ҳол вуҷудамонро такон медиҳад, «Роғун» мегўему дар лабонамон шеър меҷўшад:
Чархаи Роғун, ки мечархад,
Аз танинаш номи миллат мекашад қад,
Боз болотар,
Мешавад бар чарх наздик.
Чарх мегардад сари чарх
Аз чунин чархидани иқболи тоҷик!
Роғун аз «роғ» аст,
Яъне, решааш дар рўшноӣ мезанад чарх.
Ҳар ки андешад ба он,
Андешааш дар рўшноӣ мезанад чарх.
Чарх зан, эй чархаи иқболи миллат,
То бичархад дар лаби мо
Вожаҳои нусратафрўзи
«Ирода»
«Коргар»
«Ҳамбастагӣ»
«Ҳиммат»!
Чарх зан, эй чархаи нур,
Чарх зан, то дар самои мо занад чарх
Нуркафтарҳои Роғун!
Чарх зан, чархиданат бодо ҳумоюн!
Вожаи ифтихорбори «Роғун» дар Паёмҳои Роҳбари кишвар ҳамеша садо медиҳад, зеро тақдири ояндаи миллату давлат ба он пайванди устувор дорад. Мувофиқи таҳлили коршиносон, ин неругоҳ на танҳо энергияи сабз тавлид мекунад, балки дар сарфаи захираҳои об низ ёрӣ мерасонад.
Бояд хоки Тоҷикистонро гирифту бўсид, ки чандин рўди тавлидкунандаи энергияи сабз дорад. Бояд рўди Вахшро муқаддас донисту эҳтиром кард, ки илоҳаи нур парвардаи ўст.
Энергияи сабз неруест, ки бидуни ба фазо партоб кардани дуд ё чангу ғубор ба даст меояд. Истеҳсоли неруи барқ тавассути дигар воситаҳо, масалан ангиштсанг, дар баробари манфиатҳое, ки дорад, мутаассифона, сабаби олуда шудани фазо мегардад. Пайомади он хушксолӣ, обшавии пиряхҳо ва дар ин замина норасоии оби ошомиданист. Пас, Роғун на танҳо офарандаи фариштаи нур, балки поккунандаи фазо ҳам ҳаст.
Ҳамеша ҷорӣ бош, эй Вахш, ту Ганги Тоҷикистонӣ!
МОНЕАҲО: Дар дунё ҳар падидаи бузург баъди пушти сар гузоштани монеаҳои бузург ба вуқуъ меояд.
Шумо қиссаи зодани Рустами Дастонро хондаед? Ҳамсари Зол ва духтари Меҳроби Кобулӣ, ки Рўдоба ном дошт, гоҳи ҳамл ба душворӣ рў ба рў шуд. Тифли паҳлавонҷуссаро зодан осон набуд. Дам ба дам аз ҳуш мерафт. Табибон илоҷе карда наметавонистанд. Ба ёриашон Симурғ омад ва аввалин ҷарроҳиро дар таърихи инсоният иҷро кард. Беҳуда нест, ки Симурғро дар байни авом «Момаи Симурғ» ҳам мегўянд, зеро дар кўҳистон расм аст, ки фарзанд пиразанеро, ки ҳангоми зодани модар ёрӣ расонидааст, тамоми умр «мома» хондаву аз ҳолаш бохабар бошад.
Сохтмони «Роғун» соли 1976 оғоз шуда бошад ҳам, ба ҳар баҳона кор дар он пеш намерафт. Сабабгори аслии ба таъхир афтодани он ҳукуматдорони вақти собиқ Иттиҳоди Шуравӣ буданд. Ҳамеша узру сабабҳое пеш меомад, ки дигар маълум кардани росту дурўғ будани онҳо кори таърихнигорон аст.
Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва пайдо шудани шароити бунёдкорӣ Сарвари кишвари мо азм карданд, ки дар неругоҳ корҳои сохтмонӣ аз нав оғоз ёбанд. Ҳукумати мо бо мақсади санҷиши зарари экологии «Роғун» ба Бонки ҷаҳонӣ дархост равон кард. Давоми се сол онро мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ омўхтанд ва ниҳоят бехатарияшро барои минтақа эълон намуданд. Дар эъломия гуфта мешуд, ки «Роғун» на ин ки ба экология зарар намерасонад, балки ба покшавии муҳити он мусоидат менамояд ва хатари норасоии оби ошомиданиро дар минтақа ба маротиб камтар мекунад. Ин эъломия пирўзии ҳақиқат бар ботил ва ғалабаи рўшноӣ ба торикӣ буд.
Баъди бехатар эълон шудани неругоҳ ширкати итолиёвии «Солини импрегило» ба сохтмони он шуруъ кард. Собиқ сарвазири мамлакат Оқил Оқилов, ки худ шоҳиди воқеаҳои он давр аст, менависад: «Барои расидан ба яке аз ҳадафҳои миллӣ, яъне таъмини истиқлоли энергетикии мамлакат маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи сохтмони аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба вуқуъ пайваст.
Барои азнавсозӣ ва оғози сохтмони ин иншооти бузург ҶСК «Ориёнбонк» яке аз нахустинҳо шуда, иқдом пеша кард ва барои таъмини зиёда аз 240 адад автомашинаву техникаҳои пуриқтидор, аз ҷумла булдозеру экскваторҳо, компрессорҳо саҳми арзандаву бориз гузошт. Яъне, ҶСК «Ориёнбонк» шарики муътамади истеҳсоливу молиявии иншооти бузургтарини аср – НБО «Роғун» маҳсуб меёбад. Дар ҷаласаи Шурои нозирони иншооти мазкур фаъолона ширкат варзида, барои ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба бонк тадбирҳои саривақтӣ меандешад».
Дар айни ҳол ба ин сохтмони аср 15 ҳазор коргар ва зиёда аз 2100 техника, мошину механизмҳо ҷалб шудаанд. «Роғун» имрўз користонест, ки ҳазорон қаҳрамону паҳлавон дорад, «Роғун» китобест, ки аз ҳар сатри он нур фаввора мезанад, «Роғун» ифтихори коргарону муҳандисону соҳибкорон ва сарчашмаи илҳоми ҳунармандону эҷодкорон ҳасту хоҳад монд.
ОҒОЗ. Рўзи 29-уми моҳи октябри соли 2016. Санаи мавриди назарро бояд қадр кунем, зеро:
Он рўз рўзи фаромўшнашаванда буд.
Он рўз ҷои дастҳо бол рўида буд.
Он рўз ҳар чеҳраи пуртабассум офтобро мемонд.
Он рўз сонияҳо, дақиқаҳо, соатҳо нози абадият доштанд.
Он рўз пири суханварони муосир Бозор Собир дар ҳалқаи мардум бардаму ҷавон ба назар мерасид.
Он рўз садоҳо мутантан буданд.
Он рўз чангу уду таблаку рубоб нағмаҳои биҳиштӣ доштанд.
Он рўз рўзе буд аз саҳифаҳои зарнигори даврони навини Тоҷикистон!
Он рўзро ҳамагон дар хотир дорем. Аз дохили мусофирбарҳо намояндагони касбу корҳои гуногун, ки ҳамроҳашон зиёиҳо, рўзноманигорҳо ва эҷодкорон низ буданд, берун гардида, ба маҳалли сохтмон ҷамъ мешуданд. Дар чашмҳо нури шодӣ барқ мезад.
Президенти кишвар савори булдозери зард сангу шағалҳоро пеш бурда, роҳи маҷроро мебастанд.
Гўё Рустам савори Рахш буду хони ҳаштуми худро фатҳ мекард. Мисле, ки ҳамроҳи сангу шағал тамоми монеаҳои сохтаву бофта ва хастагиву дудилагиҳоро бо ғайрати таҳамтанонаи худ ба коми дарё меафканданд.
Мардум ҷасорати қаҳрамононаи он касро дида аҳсант мехонданд, каф мекўфтанд, акс мебардоштанд, гузориш медоданд, аз шодӣ ҳамдигарро ба оғўш мекашиданд, мерақсиданд.
Он рўз рўзи таҳаққуқ пазируфтани устура буд. Шумо устураи шоҳ Ҷамшед ва ҷашни Наврўзро ҳатман, ки хондаед. Устураеро, ки шоҳ Ҷамшед бар тахти тилло нишаст ва хуршед бар он тобиду аз партави он ҷаҳон равшан гашт ва мардум гуфтанд, ки «…нав рўз шуд». Чизе, ки мо он рўз медидем, мисли ҳамон ҳикоят буд, танҳо дар сурати дигар. Магар булдозери зард ҳамон тахти тилло набуд, ки равшаноияш аз ҷабини сарвари кишвар боло мешуд ва Наврўз ҳамон суруру шодмонӣ набуд, ки мавҷи табассумҳоро бо амвоҷи рўди Вахш пайванд мезад?!
Бале, он рўз рўзи пайванд хўрдани устура бо воқеият буд!
Ду сол баъд, яъне рўзи 16-уми моҳи ноябри соли 2018, чарха ё худ агрегати аввалини неругоҳ ба кор шуруъ кард. Хатти баландшиддати неруи барқи «Душанбе-Роғун» бо иқтидори 500 киловат ба истифода дода шуд.
Бо гузашти як соли дигар агрегати дуюм низ ба кор даромад. Афсона ба ҳақиқат пайваст. Ва дигар дур нест он лаҳзае, ки хуршеди офаридаи миллати тоҷик бо тамоми неруи худ Шарқро нурборон кунад. Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ Камол Насрулло дуруст мефармоянд:
Биё, созем «Роғун»-ро
Ба рўи тахтапушти худ,
Чу кохи орзуи ҳафтсаду ҳафтод пушти худ!
Озар САЛИМ,
Шоири халқии Тоҷикистон



