Шодбошӣ ба муносибати 70-солагии Абдуғаффор Абдуҷаббор
Муҳтарам Абдуғаффор Абдуҷаббор!
Боиси ифтихормандист, ки Шумо умри босамари хешро ҳамчун адиб ва рўзноманигор сарфи рушди адабиёту матбуоти тоҷик намуда, дар ин ҷода ба комёбиҳои назаррас ноил гардидед. Асарҳои бадеиву публитсистӣ ва тарҷумаҳоятонро хонандагон бозавқ мехонанд ва онҳо аз ҷониби мунаққидону адабиётшиносон баҳои баланд гирифтаанд.
Фаъолиятатон пас аз итмоми факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (1979) ба ҳайси корманди Телевизиони Тоҷикистон, Иттифоқи ходимони театрӣ, сармуҳаррири «Тоҷиктелефилм», роҳбари дастгоҳ, сардори шуъбаи байналмилалии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, мудири шуъба дар нашриёти «Адиб» пурбор аст.
Ҳамчун муаллифи осори гуногунжанри «Гавҳаре дораму соҳибназаре меҷўям», «Дили ман равшан аз сўзи дарун аст», «Ҳанўз андар замирам сад ҷаҳон аст», «Сўҳони қазо», «Барфи охирин», «Қаламрави зиндаҳо ва рафтагон», «Назаркарда», «Шарофат», «Масал бигў, Эзоп», «Аспи захмхўрда», «Зодрўзи рўбоҳаки содаяк», «Аспи озурда», «Суруди вопасин», «Зоопарк», «Ҷазираи беном» кайҳо дар қалби хонандагон ҷой гирифтаед.
Силсилаи китобҳоятон дар бораи чеҳраҳои маъруфи адабу ҳунар, аз ҷумла Чингиз Айтматов, Урун Кўҳзод, Акбар Турсун, Вафо Назаров, Асаналӣ Ашимов, Иброҳим Усмонов ва дигарон басо хонданист. Хонанда ба шарофати ин асарҳои Шумо бо паҳлуҳои гуногуни зиндагию эҷодиёти ин шахсиятҳои ҳунарманд ошно мегардад.
Шумо ҳамчун драматурги чирадаст низ дар байни мардум шинохта шудаед. Асарҳои саҳнавиатон дар театри шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кўлоб, Конибодом, Бўстон ва ноҳияҳои Данғара ва Деваштич ба саҳна гузошта шудаанд. Синамогарон дар асоси ҳикояҳои «Писараке, ки писта мефурўшад» ва «Ҳасад» филмҳои бадеии кўтоҳметраж ва аз рўи афсонаи «Садбарги адолатпеша»-атон филми тасвирӣ бардоштаанд.
Чун тарҷумон асарҳои адибони машҳури дунё – Г. Маркес «Сад соли танҳоӣ», «Ба полковник касе наменависад», В. Распутин «Дарсҳои франсавӣ», Н. Маҳфуз «Роҳ», С. Моэм «Моҳу фулус», А. Камю «Иштибоҳ», Т. Ҷуҷеноғлу «Тарма», М. Бойҷиев «Мо – мардҳо», Д. Исобеков «Ҳунарпеша», А. Дударев «Маро тарк макун!», Б. Брехт «Куражбибӣ ва фарзандони ў», Еврипид «Вакҳабонувон», Б. Шоу «Иоаннаи Муқаддас»-ро тарҷума намудаед, ки аз ҷониби хонандагон хуш пазируфта шудаанд.
Ҳикояву қиссаҳои худатон низ ба забонҳои русӣ, узбекӣ, қазоқӣ, англисӣ, ҳиндӣ, украинӣ, қирғизӣ ва ғайра тарҷума ва чоп гардидаанд.
Заҳматҳоятон дар рушди адабиёту матбуот бо унвони баланди Нависандаи халқии Тоҷикистон, ордени “Шараф”, Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ қадр шудаанд.
Ҳамқалами азиз, 70-солагии рўзи мавлудатонро табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатии бардавом, илҳоми саршор ва саодати рўзгорро орзумандем!
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон



