Садои илҳомбахш
Абдуғаффор Абдуҷаббор пас аз хатми факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург нахуст дар Телевизиони “Тоҷикистон”, сипас дар Иттифоқи ходимони театр, Тоҷиктелефилм (сармуҳаррир), вазорати фарҳанг фаъолият намудааст. Он ҷо бо ҳунарпешагони машҳури замон Михаил Улянов, Олег Ефремов, Кирил Лавров, Ҳабибулло Абдуразоқов, Ато Муҳаммадҷонов ва дигарон шинос шудаву ҳамкорӣ мекунад. Дар ҳамон рўзҳо ба шарофати навҷўии ў нахустин телемости “Душанбе-Тошканд”-ро тамошо кардем.
Абдуғаффор ҳанўз вақте дар синфи нуҳ мехонд, бо шиносе филмеро ба навор мегирад. Ҳангоме ки онро ба тамошо мегузоранд, ў дар қатори дигар номҳо, номи худро мебинад: «Режиссёр Абдуғаффори Абдуҷаббор». Шояд ҳамон лаҳза дар вуҷудаш ба шинохти санъат ва хадафҳои бузург меҳреву илҳоме ҷой гашт ва пасон роҳ бинамуд. Китоби нахустинаш «Дили ман равшан аз сўзи дарун аст” соли 1994 нашр шудаву то имрўз зиёда аз сӣ китоб пешниҳоди хонанда кардааст.
Ҳикояву повестҳояш солҳои гуногун дар маҷаллаву нашриётҳои Москва, Берлин, Алмаато, Тошканд ва дигар шаҳрҳо ба табъ расидаанд. Намоишномаҳояш «Сўҳони қазо», «Масал бигў, Эзоп!», «Зодрўзи рўбоҳаки содаяк», «Суруди вопасин» «Назаркарда» ва ғайра дар театрҳо ба саҳна гузошта шудаанд. Повести «ЗОО-Парк» соли 2017 дар номинаи «Беҳтарин асари насрӣ» китоби сол эълон гашт.
Дар повести «Ҷазираи беном»-и ў (2024) рўзгори одамонеро мебинем, ки дар он ҷазира зиндагиашон бо фиреб, берўӣ, беинсофӣ ва ҷангҳои пайдарпай мегузарад. Ҳамон ҳолатест, ки имрўзҳо сайёраи моро фаро гирифтааст. Абдуғаффори Абдуҷаббор дар бораи ҳаёт ва зиндагии шахсиятҳои маъруфи илму адабу ҳунар академик Акбар Турсон, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шуравӣ Асаналӣ Ашимов, профессор Иброҳим Усмонов, нависандаи маъруф Чингиз Айтматов, Рассоми халқии Тоҷикистон Вафо Назаров, оҳангсоз Толиб Шаҳидӣ ва дигарон як силсила китобҳои хонданӣ низ навиштааст. Чунин китобҳоро шахсе менависад, ки фидоии фарҳанг буда, аз таърихи адабиёт ва маърифати замона бохабар мебошад.
Ин қаламкаши пуркор асарҳои номдортарин нависандаҳои ҷаҳонӣ Наҷиб Маҳфуз (Миср), Габриел Маркес (Колумбия), Соммерсет Моем (Британия), Алберт Камю (Фаронса) Валентин Распутин, Олег Ждан (Русия) ва монанди инҳоро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Якчанд намоишномаи драматургҳои машҳур низ аз ҷониби ў тарҷума гардидаанд.
Асарҳои публитсистии Президенти вақти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, китобҳои Сарвари Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпинро тарҷума намуда, ки на ҳар кас аз уҳдаи ин амал мебарояд. Дар солҳои охир нависанда ду романи дилангез «Қаламрави зиндаҳо ва рафтагон» ва «Ҷанг ва олами афғонҳо»-ро навишт. Романи «Қаламрави зиндаҳо ва рафтагон» аз таърихи дуру наздики диёри нависанда, ба гуфти худаш “шаҳри таърихаш қадим, руҳан қавӣ ва одамонаш ғаюр” – Конибодом мебошад. Ин китобест саршори воқеаҳои таърихӣ, ки онҳоро хонда, ҳам ифтихор мекунӣ, ҳам дилат аз дард фишурда мешавад. Фахр аз он мекунӣ, ки одамони ин гўшаи номдори диёр, ки “эътибори хату саводу китобро барвақт шинохта будаанд», баробари фарорасии инқилоби Ленинӣ, мактаби замонавӣ сохта, ҳам худашон дониш андўхтаанд ва ҳам донишро бо маърифати азалӣ, ки доштанд, баҳри донишомўзони шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ бурдаю ононро ба замона “наздик” оварданд. Аммо он нафароне, ки ба шаҳрҳои калон рафта, илм омўхта омаданд, ҷиҳати пешравӣ ва номдории ҷумҳуриамон корҳои намоёнеро анҷом доданд. Нависанда ном ва корҳои анҷомдодаи ононро дар китоб меорад.
Нахустин режиссёр Комил Ёрматов, нахустин муаллифи китоби «Алифбо», Ҳилол Карим, нахустин муаллима, нахустин олими кайҳоншинос… Он солҳо ин аввалинҳо чӣ шуҳрату номовариҳо доштанд… Ва ба тариқи маслиҳат меафзояд: «Месазад, ки пайкараи онҳоро дар шаҳр гузорем. То ки ояндаҳо донанд: Шаҳрашон чӣ гуна мардони майдонро доро буд.
Муаллиф тарзи зисту зиндагии ҳамдиёронро чунин тасвир мекунад: «Инҳо одамоне ҳастанд фарҳангпарвар, заҳматкаш, кишоварзу косиб, сиришташон тоза, ангезу анъанаҳои наҷиб ба вуҷуд оварданд. Ин ҷо алочаву беқасаббоф, адрасу атласбоф, ҷомаву тоқидўзони номбаровардаро дорост. Базму бозиҳои ҷаззоб мегузаронданд, боғҳоро яхоб мемонданд, коҳ тар карда, ем пошида, ба охури молҳо меандозанд».
Шояд ин овардаҳо дар назари касе сода ё нолозим намояд. Аммо инҳо ҳамон корҳоянд, ки инсон дар болояшон зиндагияшро сохта, орзу мепарварад, роҳ меҷўяд… Нодиртарин маълумотҳо ҳастанд, ки шояд баъзе минбаъд ба онҳо барнагардад.
Дар идома нависанда аз феълу хўи мардумонаш чунин меорад: «Дар ин диёр носазову фурўмояе сарвар шуда, корашро бо дўғу дағо шуруъ кунад ё овоза равад, ки фалониро дар маҷлисе шарманда карда аз толор рондааст ё аз касе пора талаб кардааст, дар кўча бинанд, сухани дар сари забонашон омадаро бо нигоҳи оби шарм дошта ба рўяш мепошанд: «Ту заҳр! Ту дўзах! Туро бад мебинам!» Нависанда аст, ки ба ҳолу ҳавои ҳамватанонаш ҳамроҳ аст, раванди неку бади замонаашро ҳуҷҷат мекунад. Ҳоло, ки дар фазои озоди Истиқлоли кишвар зиндагӣ дорем, китоби «Қаламрави зиндаҳо ва рафтагон» бароямон нуқтаи ибрат ва илҳом ба зиндагии оянда хоҳад буд.
Дар романи «Ҷанг ва олами афғонҳо нависанда (худ ровии достон аст) барои кори муҳимме ба Афғонистон меравад. Шиносаш Ҳайдарии Афғонистонӣ маслиҳат медиҳад: «Ғафур-соҳиб, аз номи ман ба назди генерал Сироҷиддин Сайёдӣ, ки шахсияти маъруф аст, меравӣ. Ў ба корҳоят ёрӣ медиҳад».
Ғафур-соҳиб як моҳ дар хонаи Сироҷиддин Сайёрӣ ба ҳайси меҳмон мемонад. Гоҳе ҳамроҳ ба дуру наздик сафар мекунанд. Дар ин муддат ба ҳаёти онвақтаи халқи Афғонистон шинос мешавад ва он чӣ дидааст, ба қалам меорад.
Сайёдиро понздаҳ соли ҷанг пухта кардааст. Дар табиати Ғафур-соҳиб ашрофият, маърифатнокиро мушоҳида карда, дар суҳбатҳо гоҳе бори андўҳи дар дилаш ҷамъшударо берун мерезад ва ба таъкид меафзояд: «Ғафур-соҳиб, ҳар чизе гуфтам, ба хотир бигир».
Сайёдӣ гузаштаашро ба ёд оварда, мегўяд: – Ғафур-соҳиб: «ман солиёни дароз кўҳ ба кўҳу дара ба дара гашта, рост ба рўйи марг нигаристанро ёд гирифтаам, ҳамроҳаш гуфтўгу мекунам, ҳаргуна тарсу ҳарос аз дилу ақлам берун рафту ман аз ин ҳол бехабар мондам.
Дар асар тақдири як халқи таърихи куҳан дошта, ки маҳди забону фарҳанги форсӣ буд, дар ин замона ба чӣ ҳол гирифтор аст, нишон дода шудааст.
Чуноне, ки мехонем, асарҳои Абдуғаффор ҳама аз зиндагии имрўза рўи сафҳа омадаанд. Осораш бо сидқ бо услуби худаш. Ин аз он сабаб аст, ки тақдир дар оғоз Абдуғаффорро бо одамони шуҳратманд ва некхоҳ ба ҳам овард, ҳамкорӣ карданд ва худ ҳам шуҳратёр шуд. Дўстии ин марди наҷиб ҳам ҳарорату наҷобати хоси худро дорад. Вақте ки романи банда «Оташ дар хонаи қадим» чоп шуд, рў ба рў омадем, дар лабонаш табассуми кўдакона садо баланд кард:
– Эй бародари азиз, ин қадар романи хуб навиштӣ! То хонда тамом накардам, аз даст намондам!
Баъд аз нашри романи «Нони шарикӣ» аз аввалинҳо буд, ки дар бораи ҳар персонаж фикрашро гуфта, ризоияташро баён дошт. Ҳамзамон зеҳни туғёнгараш нагузошту доир ҳарду мақоллаҳои хонданӣ навишт. …Понздаҳ сол пеш бо бародарам Абуғаффори Абдуҷаббор шинос шуда будам. Дар ин солҳо гоҳе, ки мабодо вақташро нагирам гуфта, дер занг занам, ҳамоно номи муборакаш дар лентаи телефонам рўшан мешавад ва садои илҳомбахшашро мешунавам:
– Ҳой марди Худо… Ва суҳбатамон қўр мегирад. Дўсти ҳамдил доштану ба як тараф равон будан неъмат аст.
Имсол нависандаи маҳбуби мо ба синни ҳафтод қадам ниҳод. Орзу мекунам, зиндагиаш мудом бо хушиҳо, бо ҳурмат ва саршори орзуву илҳом бошад!
Мирзонасриддин,
нависанда



