Пешвои ҳаракати сулҳи ҷаҳонӣ
Дар шароити кунунӣ низоми муносибатҳои байналмилалӣ бо таҳаввулоти амиқи афзоиши муноқишаҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои фаромиллӣ, терроризму экстремизм, буҳрони иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим ва коҳиши сатҳи эътимод байни давлатҳо рӯ ба рӯ гардидааст, масъалаи таҳкими сулҳ дар ҷаҳон ҳамчун масъалаи меҳварӣ нақши муҳим пайдо мекунад. дар чунин вазъият қабули қатъномаи маҷмаи умумии созмони милали муттаҳид таҳти унвони «даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027-2036)» натанҳо рӯйдоди муҳим, балки оғози марҳалаи нави ташаккули меъмории ҷаҳонии сулҳ мебошад, ки дар он пешгирии низоъҳо, дипломатияи эътимод, масъулият дар назди наслҳои оянда ва ҳамкории созандаи байналмилалӣ ҳамчун афзалиятҳои асосии сиёсати ҷаҳонӣ муайян шудаанд.
Бешубҳа, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешниҳоди ташаббус ва қабули қатъномаи мазкур беназир буда, ин воқеа аз нуфузи рӯзафзуни байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эътирофи саҳми он дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ шаҳодат медиҳад. Ин амали арзишманд шахсияти Пешвои муаззами миллатро ҳамчун ташаббускори дипломатияи созанда ва пешбарандаи арзишҳои сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Дар навбати худ, ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар сулҳро ҳамчун арзиши олии тамаддуни инсонӣ ва заминаи ҳатмии рушди устувор эътироф намуд. Агар дар даҳсолаҳои гузашта масъалаҳои амният асосан аз мавқеи ҳарбӣ ва сиёсӣ баррасӣ мешуданд, ин қатънома ба гузариш аз дипломатияи вокуниш ба дипломатияи пешгирӣ асос мегузорад. Яъне, агар то имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ асосан пас аз сар задани буҳронҳо тадбир меандешид, акнун таваҷҷуҳи асосӣ ба пешгирии муноқишаҳо, таҳкими фарҳанги сулҳ, рушди таҳаммулпазирӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстӣ ва баланд бардоштани масъулияти давлатҳо нисбат ба наслҳои оянда равона мегардад.
Хусусияти муҳимми ин қатънома дар он аст, ки он масъалаи сулҳро бо манфиатҳои наслҳои оянда пайваст менамояд. Тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми шодбошӣ ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» ва Рӯзи ваҳдати миллӣ таъкид намуданд: “Қатънома зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд. Санади мазкур аз ҳамаи давлатҳо даъват менамояд, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар ҳамаи сатҳҳо – аз оила, ҷомеа, кишвар ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ талош варзанд. Таърих гувоҳ аст, ки бори аввал аз минбари ҷаҳонӣ дар чунин сатҳи баланд ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таъмини сулҳу суботи дарозмуддат нақши сулҳро барои наслҳои оянда расман таъкид менамояд. Таваҷҷуҳ ба масъалаи мазкур боис гардид, ки бори дигар Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори ташаккули рӯзномаи нави сулҳи ҷаҳонӣ эътироф гардад.
Дарвоқеъ, ин ташаббус натиҷаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон аст, ки дар давоми беш аз се даҳсолаи истиқлолият пайгирона амалӣ гардидааст. Зимнан, таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ҷиҳат нодир ва дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад, ки кишваре, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида, бо хатари аз байн рафтани давлатдорӣ рӯ ба рӯ гардида буд, имрӯз ба яке аз ташаббускорони фаъоли таҳкими сулҳу амнияти ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Дар меҳвари ин дастоварди муҳимми таърихӣ, пеш аз ҳама, сиёсати хирадмандона, иродаи қавии сиёсӣ ва фаъолияти пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Маҳз таҳти роҳбарии ӯ на танҳо сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор ва пояҳои давлатдории навини тоҷикон таҳким ёфтанд, балки таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба сифати як модели муваффақи ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди омӯзиш ва эътироф қарор гирифт.
Таҷрибаи Тоҷикистон дар амал собит намуд, ки сулҳи пойдор танҳо натиҷаи имзои созишномаи сиёсӣ нест, балки маҳсули сиёсати дуран дешонаи роҳбарияти давлат, таҳкими эътимоди миллӣ, ваҳдати ҷомеа, волоияти қонун, рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими ниҳодҳои давлатӣ ва татбиқи сиёсати хориҷии сулҳмеҳвар мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, имрӯз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ идомаи мантиқии таҷрибаи муваффақи сулҳофаринии дохилӣ буда, нақши Пешвои миллат ҳамчун меъмори сулҳи тоҷикон ва ташаббускори дипломатияи сулҳофар дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш эътироф мегардад. Боиси хушнудӣ аст, ки маҳз таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба тавлидкунандаи ташаббусҳои байналмилалӣ табдил ёфта, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун давлати ташаббускор дар масъалаҳои глобалӣ шинохта мешавад. Аз ҳамин ҷост, ки қабули қатъномаҳои вобаста ба масъалаҳои об, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор ва акнун таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ далели равшани болоравии эътибори байналмилалӣ ва таҳкими мавқеи геосиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Дарвоқеъ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори дипломатияи сулҳофар мебошанд. Бо дарназардошти ин, дар арзёбии нақши Пешвои миллат бояд аз доираи таҳлили фаъолияти роҳбари як давлат берун рафт. Зеро имрӯзҳо фаъолияти он кас ташаккулдиҳандаи мактаби дипломатияи сулҳофар дар фазои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад. Дар ин росто, хусусияти фарқкунандаи дипломатияи Сарвари давлат дар он ифода меёбад, ки он ба принсипҳои муколама, эътимод, эҳтироми мутақобила, ҳамбастагии байналмилалӣ ва масъулияти муштарак такя мекунад. Дар шароите ки низоми байналмилалӣ бо афзоиши низоъҳои геополитикӣ, таҳдидҳои амниятӣ ва буҳронҳои фаромиллӣ рӯ ба рӯ аст, Пешвои миллат бо муаррифӣ намудани нуфузи Тоҷикистон ҳамчун дипломатияи созанда ва сулҳофар, ташаббусҳои кишварро ба воситаи Созмони Милали Муттаҳид ба рӯзномаи ҷаҳонӣ ворид намуданд.
Ифтихори миллати сарбаланди тоҷик аст, ки дар шароити ноустувории стратегӣ Пешвои муаззами миллат тавонистанд таҷрибаи сулҳу ваҳдати миллии Тоҷикистонро аз сатҳи арзиши миллӣ ба сатҳи намунаи эътирофшудаи байналмилалӣ баланд бардоранд. Агар солҳои аввали истиқлол вазифаи асосӣ барқарор намудани сулҳ дар дохили кишвар буд, имрӯз ҳадафи сиёсати хориҷии Тоҷикистон саҳмгузорӣ дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ мебошад, ки чунин равиш дар арсаи ҷаҳонӣ аз рушди пайдарпайи тафаккури стратегии сиёсати хориҷии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Бахусус, ташаббуси «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» боз як далели он аст, ки Пешвои миллат масъалаҳои ҷаҳониро мунтазам аз мавқеи масъулияти умумии инсоният баррасӣ менамоянд. Ҳамзамон, ин бозгӯи эътирофи васеи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сиёсати сулҳпарварона ва ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо такя аз чунин зарфиятҳо Тоҷикистон пас ба барқарории сулҳу субот ба сиёсати хориҷии созанда, мутавозин ва сулҳмеҳвар рӯ оварда, қабули қатъномаи мазкур идомаи мантиқии ҳамин сиёсати давлатдорӣ мебошад.
Ин шаҳодати он аст, ки дидгоҳ ва ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, рушди муколамаи тамаддунҳо, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ ва масъулияти муштараки кишварҳо барои ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ ба як бахши муҳимми рӯзномаи Созмони Милали Муттаҳид табдил ёфтаанд.
Аз ин рӯ, метавон хулоса намуд, ки нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қабули ин қатънома танҳо ба ҳайси роҳбари давлат маҳдуд намешавад, балки ҳамчун ташаббускори сиёсати ҷаҳонии сулҳ, меъмори дипломатияи созанда ва муаррифигари модели муваффақи сулҳофаринии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад. Қатъномаи мазкур далели равшани он аст, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат дар самти сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байналмилалӣ мавриди эътироф ва пуштибонии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифта, мақому нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор ва шарики боэътимоди сулҳ дар низоми муносибатҳои байналмилалии муосир боз ҳам таҳким бахшидааст.
Ораз Муртазозода,
муовини якуми директори маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



