ЮСУФҶОН АҲМАДЗОДА 29 декабри соли 1947 дар ҷамоати деҳоти Пӯлодониноҳияи Конибодом таваллуд ёфтааст. Соли 1965, баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш, таҳсилро дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин идома дода, ҳамзамон, дар нашриёти «Ирфон» машғули кори ноширӣ будааст. Дар тӯли чилу ҳафт соли заҳмат аз дараҷаи мусаҳҳеҳӣ то мақоми муҳаррири хурду муҳаррири калон, мудири […]Идома...
ЗУЛФИЯ АТОӢ (Атоуллоева Зулфия) 15 июни соли 1954 дар деҳаи Қалъаи Азими ноҳияи Ғончӣ таваллуд ёфта, маълумоти миёнаро дар мактаби зодгоҳаш фаро гирифтааст. Соли 1970 донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, аз соли 1971 таҳсилро дар Институти адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав) идома додааст. Фаъолияти кориро соли 1977 дар […]Идома...
САФАРМУҲАММАД АЙЮБӢ 20 декабри соли 1945 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд ёфта, дар ҳамон ҷой, соли 1976 Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро ба итмом расондааст. Баъдан мухбири рӯзномаю оҷонсиҳои «Бо роҳиЛенинӣ», «Хатлон», ТоҷикТА, ТАСС ва ИтарТАСС (1976-1993), сармуҳаррири шуъбаи фарҳангу адабиёти ТВС (1993-1995), сардори раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ (1995- 1997) ва мудири шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти […]Идома...
ФАЙЗИ АШӮР 7 ноябри соли 1965 дар шаҳри Кӯлоб, дар хонаводаи Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар, ба ҷаҳон омадааст. Соли 1983, баъд аз хатми мактаби миёнаи №9, шогирди факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин шуда, соли 1990 ба итмом расондааст. Солҳои 1985-1987 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1990-1991 […]Идома...
МУҲАММАДАЛИИ АҶАМӢ 21 январи соли 1954 дар рустои Ғайрати ноҳияи Бохтари вилояти Қӯрғонтеппа таваллуд шудааст. Соли 1981 факулати филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ муддате хабарнигори рӯзномаи ноҳиявии «Навиди Вахш», корманди масъули шуъбаи маорифи халқи шаҳри Қӯрғонтеппа, ходими шуъбаи вилоятии Ҷамъияти дӯстдорони китоб, раиси шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони […]Идома...
ЖОЛА БАДЕЪ соли 1922 дар шаҳри Исфаҳони Эрон ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаб дар Бонки миллӣ кор кардааст. Соли 1945 дар Табрез, дар мактаби ҳарбӣ, дарси адабиёт гуфтааст. Соли 1946 ба Иттиҳоди Шӯравӣ фирор карда, соли 1952 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Бокуро фарҷом бахшидааст. Соли 1959 вориди аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. […]Идома...
НАРИМОН БАҚОЗОДА 26 январи соли 1935 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1960 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро бо баҳои аъло хатм карда, ба рӯзноманигорӣ пардохтааст. Муддате ходими адабӣ ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», мудири шуъбаи адабиёти бачагон ва наврасони на-шриёти «Ирфон» будааст. Соли 1971 дар мактаби филмноманависии назди […]Идома...
АЛӢ БОБОҶОН 10 феврали соли 1936 дар маҳаллаи Гумбазии шаҳри Конибодом ба ҷаҳон омадааст. Аз соли 1959, баъди хатми факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе, фаъолияти меҳнатиро дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» сар карда, баъдан дар нашрияҳои гуногун ифои вазифа намудааст. Муддате корманди илмии Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҷумҳурӣ будааст. Аввалин чакидаҳои хомаи […]Идома...
НОЗИРҶОН БОҲИРӢ 12 августи соли 1940 дар деҳаи Пӯлодони ноҳияи Конибодом зода шудааст. Соли 1965 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Баъдан ходими адабии рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Пионери Тоҷикистон», моҳномаҳои «Машъал» ва «Истиқбол» будааст. Муддате дар Афғонистон тарҷумонӣ кардааст. Шеърҳояш аз соли 1958 чоп мешаванд. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Андеша» (1975), […]Идома...
ШИРИН БУНЁД (Қурбонмамадов Хушқадам Бунёдович) 14 декабри соли 1941 дар деҳаи Риҷисти ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ таваллуд ёфтааст. Падараш ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта, ӯ чун ятими ҷанг дар тарбияи модари колхозчияш мондааст. Бо вуҷуди душвориву нодориҳои сахти зиндагӣ, соли 1948 ба мактаб рафта, соли 1958 бо баҳои аъло хатмаш кардааст. Сипас вориди Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии Хоруғ […]Идома...