• 02.05.2024

АТОӢ ЗУЛФИЯ

ЗУЛФИЯ АТОӢ (Атоуллоева Зулфия) 15 июни соли 1954 дар деҳаи Қалъаи Азими ноҳияи Ғончӣ таваллуд ёфта, маълумоти миёнаро дар мактаби зодгоҳаш фаро гирифтааст.

Соли 1970 донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, аз соли 1971 таҳсилро дар Институти адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав) идома додааст.

Фаъолияти кориро соли 1977 дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» оғоз карда, то соли 1983 корманди адабии ҳамин рӯзнома будааст. Баъдан, аз соли 1985, дар маҷаллаи «Занони Тоҷикистон»         (ҳозира     «Фирӯза»)          ба         ҳайси мудири шуъба, сипас      дар   ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба сифати муовини сардабир кор кардааст.

Солҳои 1990-1993 машғули фаъолияти эҷодӣ ва тарбияти фарзандон будааст.

Аз соли 1993 сардабири маҷаллаи «Фирӯза» мебошад.

Хеле барвақт ба шеърнависӣ сар кардааст.

Дар давоми сӣ соли ахир офаридаҳояш дар авроқи маҷмӯаҳои «Ҷиҳоз» (1977), «Дидор» (1980), Меваи сабр» (1982), «Зочаи хушрӯи ман» (1984), «Духтари дарё» (1986), «Ишқи як зан» (1992), «Ситораи ваҳшӣ» (ба ҳуруфи форсӣ, 1997), «Ситораи Муштарӣ» (1998), «Зан агар ошиқ шавад…» (2000), «Зулфи парешон»  (дар  ду  ҷилд,  2002),  «Парандаҳои баҳорӣ» (ба забони русӣ, 2004), «Сояи зулф» (2005), «Девони зулф» (2009) ба табъ расида, мақбули ҳамагон гардидаанд.

Намунаҳое аз ашъораш ба забонҳои русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, арабӣ, украинӣ, руминӣ, қирғизӣ ва ғ. тарҷума ва дар баёзу китобҳои дастҷамъӣ, рӯзномаву маҷаллаҳои гуногун интишор ёфтаанд.

Зулфия Атоӣ дар наср низ қувва меозмояд.

Қиссаи ӯ «Ғамро намефурӯшанд» ва дигар мақолоту ҳикоёташ дар қисми дувуми дуҷилдаи «Зулфи парешон» фароҳам омадаанд.

Дар маҷмӯаи «Зиндагӣ дар шеър» (2012) мақолаю мусоҳиба, тақризу андешаву навиштаҳои шахсиятҳои маъруфи адабиёт, фарҳанг, журналистикаи муосир доир ба паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти Зулфия Атоӣ ба табъ расидаанд.

Дар ҳайати гурӯҳҳои эҷодӣ ба кишварҳои Русия, Эрон, ИМА, Покистон, Белҷиқ, Олмониё, Туркманистон, Украина, Ҳолландия, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Гурҷистон сафар кардааст.

Барандаи Ҷоизаи адабии «Парвини Эътисомӣ» (Эрон), узви ифтихории Академияи байналхалқии фарҳанг, илм ва тиҷорати Санкт-Петербург (2011), дипломанти Озмуни байналхалқии ЮНЕСКО «Ҷабҳаҳои муосири назм», барандаи Мукофоти адабӣ- фарҳангии «Товуси тиллоӣ» (Санкт- Петербург, 2013), Ҷоизаи Созмони ҷавонони ҷумҳурӣ (1995), Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2005).

Дорандаи орденҳои «Шараф» (1997) ва «Дили Данко» (Русия, 2011). Шоираи халқии Тоҷикистон.

Узви Иттифоқи нависандагон (1979) ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1980) мебошад.

Дигар хабарҳо